Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фарҷоми нобаҳангоми Улҷабоев

Турсун Улҷабоев дар моҳи майи соли 1956, баъд аз он ки Бобоҷон Ғафуров раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии СССР таъйин шуд, дар ҷои ӯ ба курсии раҳбари Тоҷикистон нишаст. Ҳарчанд даврони раҳбарии Улҷабоев ҳамагӣ панҷ сол давом кард, пас аз барканорияш низ солҳои зиёде номи ӯ сари забонҳо монд. Ҳоло, бо гузашти зиёда аз ним қарн Турсун Улҷабоев ба як симои наҷибу нодири таърих табдил ёфтааст.

Бархе бар инанд, ки бештар моҷарои истеъфои ӯ сабаби шӯҳраташ гашт, то фаъолияташ ҳамчун сарвари мамлакат, зеро бисёриҳо Улҷабоевро “қурбонии бегуноҳ” мешуморанд. Худи шеваи барканории ӯ, аз ҷумла ихроҷ шуданаш аз сафи Ҳизби коммунист дафъатан хотираи ҳанӯз сарзиндаи таъқибҳои сталинии солҳои 1937-40-ро дар зинда кард ва ҷомеаро ба ҳарос андохт. Аз сӯе ҳам баъд аз ронда шуданаш аз ҳизбу ҳукумат овозаҳои зиёди беобрӯкунанда ва гӯшношунид гирди номаш ба гардиш даромад. Мисли он ки гӯё Улҷабоев сутуни хонаҳояшро аз тило сохта буд, аҳли байташ дар шир оббозӣ мекарданд ва монанди инҳо.

Ба эҳтимоли зиёд ин овозаҳоро КГБ – Кумитаи амнияти давлатии СССР паҳн мекард, то барканории Улҷабоевро ҷомаи қонунӣ пӯшонад ва аз ҳама гуна норозигиҳои мумкин чӣ дар сатҳи ҳукумат ва чи мардум пешгирӣ кунад. Чунин овозаҳо пештар ҳангоми барканории раҳбари вақти Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов низ паҳн шудаанд. Хрушев соли 1961 ба ҷои ӯ Турдакун Усубалиевро раҳбари аввали ин кишвар таъин кард. Агар ба назар гирем, ки ҳамон солҳо сарвари Қазоқистон ҳам аз мақомаш барканор шуд, метавон ҳадс зад, ки Хрушев зидди раҳбарони ҷумҳуриҳои миллӣ як маъракаи ба таври худ “поккорӣ”-ро дар пеш гирифта буд. Бино бар он сарварони барояш нофорам, зиёда аз ҳад ғаюр, ҳақталош ва ҳатто комёбро бо баҳонаҳои гуногун аз мақомашон барканор мекард ва афроди содиқи худро ба қудрат мерасонд. Барои “задан”-и Улҷабоев парвандаи “изофанависӣ ё тағйири амдии навъи пахта”-ро ба миён гузоштанд, ки бо ёрии мухолифони дохилии Улҷабоев сохта шуд.

Султон Мирзошоев, шоҳиди ҷаласаҳои барканории Улҷабоев, ки он вақт раҳбари созмони ҷавонони коммунисти Тоҷикистон буд, мегӯяд, ягон нуктаи айбномаи зидди Улҷабоев ҳақиқат надошт ва далеле пеш оварда нашуд, ки даст доштани ӯро дар ин ҷиноятҳо исбот кунад. Аммо рӯзноманигор Федор Раззоқов дар китоби “Коррупция в Политбюро. Дело красного узбека” (Москва, Алгоритм, 2010) менависад, айбномаи Улҷабоев, бино бар асноди мавҷуда воқеият дошт ва як падидаи барои тамоми Шӯравии вақт муқаррарӣ буд. “Вале, — менависад Раззоқов, — адл ин хоҳад буд, ки гуфта шавад, бо чунин айбнома мебоист худи Хрушев барканор карда мешуд, чунки маҳз ӯ сабабгори густариши изофанависиҳо дар ҳамаи Шӯравӣ буд. Ин қазия аз суханронии Хрушев дар анҷумани XXI-уми ҲКИШ дар аввалҳои соли 1959 маншаъ гирифт, ки амр дод, мамлакат бояд дар кӯтоҳтарин фурсат “аз лиҳози тавлиди саронаи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба сатҳи кишварҳои асосии капилатистӣ, аз ҷумла ИМА расад ва аз онҳо гузарад” (“догнать и перегнать”).

Аз сӯи дигар Хрушев, бино бар ёддоштҳои сиёсатмадорони шӯравӣ, онҳоеро дӯст намедошт, ки дастурҳои ӯро зери суол мебурданд. Чунончӣ сабаби асосии барканории раҳбари вақти Қазоқистонро ба мухолифташ бо як нақшаи Хрушев пайванд медонанд, ки мехост, ду ноҳияи вилояти Чимканди ин кишварро ба Узбакистон диҳад. Барои раҳбари шӯравӣ, ки чанде пеш Қримро аз Русия гирифтаву ба Украина “тақдим” карда буд, марзи байни ҷамоҳир маъние надошт. Вай ҳамчунин бовар дошт, ки раҳбари аввали ин ё он ҷумҳурӣ метавонад намояндаи он ҷумҳурӣ ва қавме, ки ҷумҳурӣ ба номаш аст, набошад. Бино бар ёддоштҳои котиби дуюми КМ ҲКИШ Фрол Козлов, Хрушев мегуфт: “Ба зудӣ дар Иттиҳод як забони умумӣ мемонад. Марзҳо барҳам мехӯранд. Муҳим нахоҳад буд, ки дар садри ҷумҳуриҳо киҳо таъйин мешаанд.”

Зоҳиран, Хрушев бо раҳбари Тоҷикистон Турсун Улҷабоев низ “ҳисобу китоб”-е дошт, Улҷабоев ҳарчанд замоне раҳбар шуда буд, ки Хрушев се сол ба ин сӯ сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба гуфтаи шоҳидон, худро аз шогирдони Бобоҷон Ғафуров медонист ва роҳи ӯро идома додаву аксари барномаҳои асосии худро бо Ғафуров ҳамоҳанг мекард. Дар навбати худ Ғафуров аз раҳбарони мавриди иштиёқи Хрушев набуд.

Таърихнигори тоҷик Усмонҷон Ғаффоров мегӯяд, “замоне ки Маскав як намояндаи худ, Иван Ковалро ба сифати котиби дуюми Кумитаи марказии ҳизб ба Душанбе фиристоду Улҷабоев ӯро қабул накард, муносибати Хрушев бо Улҷабоев сард шуд. Ковал ба ин вазифа таъйин нашуд, аммо дар худи Маскав вазифа гирифт, вале, ба назар мерасад, кинае дар дилаш монд. Вай сари ҳар фурсат дасисаҳоеро зидди Улҷабоев пиёда мекард ва шояд дар фикри интиқомгирӣ буд.”

“Шахси дуюм”-и Тоҷикистон таъйин шудани Ковал дар чаҳорчӯби барномае сурат мегирифт, ки бино бар он аз сатҳи олӣ то шаҳру ноҳияҳо нафари дуюм бояд аз русҳо мебуд. Дар бойгонии ҲКИШ чунин санад ё дастуре дида нашудааст ва Кумитаи марказӣ ҳаргиз ин равандро шарҳ надодааст. Ҷойгир шудани намояндагони “халқи кабири рус” дар мақоми дувуми ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ин овозаҳоро ба бор овард, ки Маскав мехоҳад, дар ҳам ҷо ҷосусҳои худро дошта бошад. Бархе бар ин буданд, ки котибони дуюм қарор аст, аз ҳаққи мардуми рус дар ҷумҳуриҳои миллӣ ҳимоят кунанд. Вале чунин котибон ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистонӣ, ҷое, ки ягон нафар рус зиндагӣ намекард, низ таъйин мешуданд ва бартарии шубҳаии аввалро бештар мекарданд. Байни онҳо ва раҳбари аввал гоҳе ихтилоф сар мезад, аммо ба сурати умум сухани ҳарду тақрибан ҳамвазн буд.

Улҷабоев пешниҳоди Маскавро барои таъйини Ковал ба мақоми котиби дуюм напазируфт ва далелаш ин буд, ки агар дар ин курсӣ нишастани намояндаи халқ и рус ҳатмист, Тоҷикистон кадрҳои русе дорад, ки дар ин кишвар ба воя расидаанд, тоҷикиро медонанд ва Тоҷикистонро дӯст медоранд. Манзури ӯ Петр Степанович Обносов буд, солҳо дар ин кишвар кор карда, акнун мебоист, ба хотири Ковал курсии котиби дуюмро холӣ мекард. Моҳи апрели соли 1961 ӯ низ ҳамроҳ бо Улҷабоев аз мақомаш барканор карда шуд.

Пешниҳоди Улҷабоев на ошӯби зидди Маскав, балки талоше барои беҳбуди кишвараш буд. Таваҷҷӯҳи хоси ӯро ба рушди миллӣ аз хислатҳое медонанд, ки корномаи Ғафуров барояш омӯзондааст. Вале ба фарқ аз Ғафуров, Улҷабоев, ки пеш аз расиданаш ба мақоми сарвари кишвар ба вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб раҳбарӣ карда, як соли охир сарвазири кишвар буд, бештар ба иқтисод, саноат ва сохтмон диққат медод.

Духтари Турсун Улҷабоев — Мавҷуда бону аз баъзе хислатҳои падараш чунин ёд мекунад: “Падарам бо сардорон дар Маскав ҳамеша сари масъалаҳои Тоҷикистон баҳсу кашокаш доштанд. Ҳар дафъа мехостанд, барои кишвари худ чизе канонанд.”

Ин гуфтаҳоро яке аз ҳамкорони вақти Улҷабоев, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Султон Мирзошоев низ тасдиқ мекунад: “Турсун Улҷабоев дар сатҳи боло, яъне раҳбарияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати Шӯравӣ дар Маскав, аз манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оқилона ва ҷасурона ҳимоят мекарданд. Ман хуб дар хотир дорам, ки дар ин замина бо чанде аз муншиҳои ҳизби коммунист, раҳбарони вазорату идораҳои марказӣ дастбагиребон шуда, масъалаҳои умдаи пешрафти Тоҷикистонро ҳал карданд. “

Ба унвони намуна, Мирзошоев ёдовар шуд, ки бо сармоягузории марказ дар Душанбе ситоди нерӯҳои марзбони СССР сохта шуд, аммо Улҷабоев бо таъкид сари он ки ҷумҳурӣ ба мутахассисони техникӣ ниёзи фаврӣ дорад, дар ин бино Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро ҷойгир кард. Пештар Маскав ба таъсиси чунин донишкада мухолиф буд ва набуди макони муносибро баҳона меовард. “Парваришгоҳи ятимон, ки дар аст, дар вақташ ҳамчун бӯстонсарои ҳукуматӣ сохта шудааст, вале Турсун Улҷабоев қарор карданд, ки кӯдакони ятим ба он эҳтиёҷи  бештар доранд, зеро онҳо фарзандони Иттиҳоди Шӯравиянд,” – мегӯяд Мирзошоев.

Бо талошҳои Улҷабоев, дар соли 1959 Телевизиони Тоҷикистон ба пахши намоишҳои худ сар кард, даҳҳои бинои маъмурӣ сохта шуд ва Маскав бунёди панҷ нерӯгоҳи барқи обиро дар Тоҷикистон ба нақша гирифт.

Кремл розӣ буд, аз Тоҷикистон як витрина ё намоишгоҳи дастовардҳои шӯравиро барои кишварҳои “Шарқи мазлум” ба вуҷуд орад. Аммо зиёдаравиҳои сарони Тоҷикистон ва сабқати онҳоро бо Тошканд салоҳ намедонист. Улҷабоев ҳатто талош мекард, ҳар ордену медале, ки ба Узбакистон дода мешавад, ба Тоҷикистон ҳам тақдим гардад.

Таърихнигори тоҷик Усмонҷон Ғаффоров мегӯяд, номгӯи барномаҳои азими Тоҷикистон, ба монанди бунёди нерӯгоҳи “Норак”, корхонаи алюмин, комбинати қолинбофии Қайроққум, бинои Кумитаи Марказӣ, чойхонаи “Роҳат”, фурудгоҳи Душанбе, меҳмонхонаи “Душанбе”, маҷмӯаи бемористони Қарияи Боло, донишгоҳҳои политехникӣ ва кишоварзӣ кофист, ки талошҳои муштараки Ғафуров ва Улҷабоев барои рушди Тоҷикистон нишон дода шаванд.

Ин таърихнавис меафзояд, ки Улҷабоев як одати наҷиб дошт: ҳамеша, дар ҳама ҷо одамони боистеъдодро ҷустуҷӯ мекард ва онҳоро ба Душанбе меовард. Айни коре, ки пеш аз ӯ Бобоҷон Ғафуров мекард.

Даврони Улҷабоев як фарқ низ дошт, ки бо насими нармиши хрушевӣ дар ҷомеаи тоҷик низ як озоодии нисбии фикру андеша ба вуҷуд омада буд.

(Порча аз варианти нав ё бознавишти “Сад ранг”)

18.04.2016 - Posted by | Сиёсат, Таърих, Тоҷик, Тоҷикистон | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: