Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гелоси Муҳаммадшарифи III

PragueГелоси ҷопоние дидам дар ин кӯчаи Прог, ки ба ду ранг шукуфтааст. Дидаму амаки Муҳаммадшарифам ба ёдам омад, ки айёми кӯдакии ман садбаргро ба гелоси боғамон найчапайванд карда буд. Одамон аз деҳу кӯйи атроф ба дидани гелосе меомаданд, ки дар як шохи баландаш садбарг шукуфта буд.

Муҳаммадшариф номи бобои бобоямро дошт ва он бобои бобоям ин номро аз бобокалонашон гирифта буданд, ки ҳафт пушт пеш аз бобои ман – Муллоаюб гузаштаанд. Падарам бо шӯхӣ додарашонро Муҳаммадшарифи III меномиданд.

Амакам зиндагии сахтеро ба сар бурданд ва ду моҳ пеш бо ҳамон сахтию машаққат ҷаҳони фониро тарк намуданд. Шикасти аввал замоне рух дод, ки як ҳамдеҳаамон — аспиранти донишгоҳ дар Душанбе бо ваъдаи кумак дар имтиҳонҳои қабул, Муҳаммадшариф – ин ҷавонмарди ҳузарб, шӯх, китобхону донишманд ва боғурурро фиреб додаву дар сохтмони хонааш истифода кард ва ҷавон ба умеди ҳамдиёраш бе омодагӣ ба имтиҳон рафту сарозер шуд. Аз дарду алам он шаб аввалин бор май нушиду сармаст ба дари хонаи барҳавои сохтааш омад ва бо душномҳои зану духтар аспирантро берун хост, то бо муште ба сураташ дил холӣ кунад. Баъд ӯро ба хидмати аскарӣ бурданд. Аскарон ӯро латукӯб карданд ва ба болояш афсари рус бо муза сарашро лагадҳо зад. Аз артиш фирор кард, маҳбус шуд. Аз ҳабс баромад. Дар кашокаше зери туҳмат монду дубора ба зиндон афтод. Манзараи дидор дар зиндон, ки бо падарам ба аёдаташ рафта будем, аз пеши чашмам дур намешавад. Дигар натавонист, дар диёр бимонад, ба Тошканд кӯчид ва он ҷо хонадор шуд. Яке аз чаҳор бародари ҳамсараш он вақт дар Узбакистон вазир буд. Таъну маломати он шахс ҳаёти оилаи ҷавонро шикаст. Баргашт ва бо отряди комсомолони Тоҷикистон ба сохтмони роҳи оҳани БАМ, ба Сибир рафт. То ҳол номаҳояшро бо тасвири ҷангалистонҳои касногузар ва пашшаҳои ҳар яке мисли гунҷишк, хонумҳои ишқташнаи рус, ботлоқҳои одамхӯр ҳифз кардаам. Танҳо барои ман нома менавиштанд ва беҳтарин тӯҳфаҳо мефиристоданд. Боз оиладор шуд ва ҳам соҳиби як писар, ки ӯро Ориф ном гузошт.

Барояшон ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро мефиристодам. Боре хоҳиш кардам тоҷикони БАМ-ро ба “Адабиёт ва санъат” обуна кунанд. Посух ин гуна буд: “Тоҷикони ин ҷоро обуна кунондан ба “Адабиёт ва санъат” имконнопазир аст, чунки ҳаваси онҳо ба ғайр аз танцаю кино ва духтаракони рус дигар ба чизе нест. Худам обуна ҳастам ва ҳар моҳ 4 шумораи онро мегирам. Ғайр аз ин ба газетаи афғонии “Анис” обуна ҳастам, хеле чизҳои хуб нашр мекунад. Бисёр нағз мешуд, ки газетаи Шумо аз осори классикони гузашта дар ҳар шумора чизе чоп мекард. Хусусан аз осори насрӣ, ки дар ҳеҷ куҷо нест. Орзуманд ва мунтазири асарҳои нави туям. Писаронатро бибӯс, ба ҳама ёру дӯст саломи маро бирасон. Марҳамат, ба шаҳри мо ба меҳмонӣ! Боқӣ бо саломи Шариф. 14-11-1985.”

Суҳбатҳои он кас маро ба андешидан водор мекард. “Чаро Искандари Мақдунии истилогар мавриди мадҳу сано ва “искандарномаҳо”-и адабиётамон шудааст? Кадом қавми дигар кушандаи худро ин гуна меситояд?” “Чаро дар нашри осори  бузургон ба хатти сириллик ҳама чизи марбут ба Худо ва динро ихтисор мекунанд, магар аз инҳо метарсанд?” “Аз чӣ тоҷикон ба техника шавқу ҳавас надоранд, каланд бошаду замини колхоз?” Шояд аташи суҳбатҳои он кас сабаби мукотибаи давомдори мо шуд. Вале магар нома ҷойи дидорро мегирад?

Вақте модарашон – бибиям ба бистари беморӣ афтоданд, бо вуҷуди барқияи оҷил амакам наомаданд. Бибиям дард мекашиданд, вале зинда буданд ва интизори писари хурдтарини дӯстдоштаашон. Аммо амакам наомаданд. Ҳафтаҳо гузашт ва бибиям умедашонро канданду бо алам аз дори дунё рафтанд. Муҳаммадшариф баъд аз чиҳили бибиям омаданд. Бо асобағал, даст ва пойи докапеч. Рӯзи гирифтани барқия ба роҳ меафтанд ва барои нишастан ба кабинаи КамАЗ пеш аз дигарон ба сӯйи мошине, ки аз ҳаракат истоданӣ буд, медаванд, аммо лағжида ба зери он мераванд ва як дасту як пояшон зери чарх мемонад. Рӯйи ҳавлӣ дар курсие бо ҳамон дасту пойи докапеч нишаставу мегиристанд. Худро маломат мекарданд, ки рӯҳи гарми модарро надиданд…

Чӣ менависам, Худоё… Мехостам фақат нависам, ки сипос аз пайвандгари ин гелос, ки хотираҳои маро зинда кард… Фақат ҳамин…

07.05.2016 - Posted by | Инсон, Рӯзгор, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳолнома, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: