Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бобониёзи озода

hamkurson1Дардхабари даргузашти Бобониёз маро такон дод. Хабаре боварнакарданӣ. Марги касе аз аҳли хонадон, аз аҳли дил. Рафтани нобаҳангоме мисли гирифтани офтоб, заминларза, сел, таркиш. Чаро чунин зуд? Чаро бе огаҳӣ? Чаро ба интизории дидор? Чаро? Чаро?

Бегумон, мо, шарикдарсон мисли як хонавода будем ва бо гузашти солҳо меҳри мо ба ҳамдигар на камтар, балки бештару бештар мешуд. Нақша доштам, ки ин тобистон, агар Худо насиб гардонаду сафари ватан кунам, ҳатман барояш занг мезанам ва ҳамроҳи дӯстонамон Илҳоми Ҷамолиёну Раҳмонбердии Кенҷа ва Ҷуманбойи Юлдош ба зиёраташон меравам. Пешопеш ангошти он ки чи гуна во хоҳем хӯрд ва аз чиҳо суҳбат хоҳем кард, диламро шукуфаборон мекард.

Дареғо, ки чунин дидор бо ин дӯсти азиз ва хирадманд ба қиёмат монд. Шояд мо дар назди покии ӯ ба андозае ғарқи гуноҳ будем, ки Яздон нахост моро канори ӯ бубинад? Эҳтимол вақту фурсатро аз даст додем ва қадрношиносӣ кардем? Ҳамеша ин тур аст, ки барои суханони нек ба ҳамдигар вақт намеёбем ё кибре дорем, ки пеши роҳамонро мегирад.

Вале банда ҳамеша аз шарикдарсони пешину дӯстони пайвандгар аҳволи Бобониёзро мепурсидам ва дар ҳаққаш дуо мекардам. Аз миёни ҳамкурсони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар солҳои 1977-82 Бобониёз Нодиров шояд аз он нафарони андаке буд, ки дар хотири аксарият ҳамчун симои нек ва шукӯҳманд нақш бастааст. Дар як саф бо Охун Бобо, Ҳомиди Малик, Зоя Мулкамонова, Шаҳид Аминов, Адҳам Ҳусейн ва дигарон.

Ин бесабаб набуд. Бобониёз ҳанӯз дар ҳамон даврони ҷавонии ҳамаи мо, ҳамдарсон, як инсони фаҳмида, ботамкин, хоксор ва ҳассос намудор мешуданд. Зиёд ҳарф намезаданд, аммо суханони каме, ки чида-чида мегуфтанд, маънии зиёд дошт. Дар миёни мо оқилтар аз ҳамсолони худ буданд ва бисёриҳо вақте бо мушкиле рӯбарӯ мегаштанд, барои машварат нахуст назди Бобониёз мерафтанд. Гӯӣ бобои ниёзҳои мо буданд.  Он кас мушкилоти ҳар яки моро мисли дарди худ мепазируфтанд, неку бади ҳар корро дар тарозуи таҳлил бармекашиданд ва беҳтарин роҳҳои ҳалли мушкилро нишон медоданд. Сару кор бо дарду азоби дигарон ҳатман дили он касро низ машаққат медод, чун мисли он ки лиф обро меҷабад, ғаму андӯҳои моро меҷабиданд. Бобониёз, ба фикрам, як навъ марҷаи виҷдонии курси мо буданд.

Гоҳе ин гуна ҳам мешуд, ки худашон тоби каҷравии шарикдарси худро дида, тоқат намекарданд ва дар суҳбате бо ишораи нозук ба камбуду кӯтоҳии мо падарвор насиҳат медоданд, ки бояд сари вақт аз роҳи нодуруст баргашт ва аз дурнамои ногувор пешгирӣ кард.

Ҷолиб буд, ки Бобониёз дар чунин мавридҳо мисли як равоншиноси доно, падари меҳрубон ва устоди сахтгир касро дар назди дигарон шармсор накарда, дар пайти муносиб, танҳо ба танҳо ноҳаққии ӯро барояш ба гунаи боварбахш собит мекарданд. Чун суханашон илмӣ ва бодалел буд, кам касоне метавонистанд, аз он қатъи назар кунанд.

Хуб ёд дорам, чунин ҳолат бо шахси ман ҳам рух дода буд. Дар айёми пахтачинӣ дар шаҳраки Уёлии ноҳияи собиқи Куйбеш моҷарое сар зад, ки дертар дарк кардам, худи ман сарманшаи он будаам. Вале он вақт масти ҷавонӣ дар ҳар фурсати мумкин сар ба дарё мезадам, то бубинам, ғарқ мешавам ё солим ба соҳили мурод мерасам.

Бархе аз шарикдарсон бо “ҳа-бале”-ҳои худ маро ангезаи бештар медоданд, ки бо омӯзгоре дастбагиребон шавам. Худхоҳии ман бароям мегуфт, шикастани он омӯзгор маро дар чашми ҳамагон зинае боло хоҳад бурд. Бадбахтона, устоди мо ҳам аз ман кам намеомад, бо ҳар роҳ хусумати худро нишон ва шиддат медод. Ин ҳол маро олуғда мекарду муноқишаро ба авҷ мерасонд. Маълум набуд, ин рӯёрӯӣ бо чӣ тамом хоҳад шуд. Одатан, дар мавсими пахтачинӣ донишҷӯён каме озодтару шӯридатар мешаванд, ки шояд устодон ин ҳолро хуб напазиранд.

Як бегоҳ дар поёни хӯроки шом, вақте ҳамраҳонам рафтанду ҳанӯз дар паси миз нишаста будам, Бобониёз оҳиста омаданду паҳлуям нишастанд ва аз ину он ҳарф зада, гапро сари ин ҷанҷол кашонданд. Дар он нимторикии шом ва ҳам бо он хирасарии худ чеҳраи он касро рӯшан намедидам ва ҳарф аз паси ҳарф гумон мекардам, як шахси солманду дунёдида бароям роҳ нишон медиҳад. Мани саркаш, ки ба касе тан намедодам, худ нафаҳмидам, ки чӣ гуна андак-андак ба далелҳои Бобониёз қойил шудам ва худи ҳамон шаб назди омӯзгор рафтаву бо нармӣ ва адаб мушкилро ҳал кардам. Донистам, ки омӯзгор низ интизори ин лаҳза будааст. Ҳоло фикр мекунам, шояд Бобониёз бо ӯ ҳам суҳбати дӯстонае дошта, роҳро барои тафоҳум ҳамвор кардааст. Бори сангине аз дӯши ҳардуи мо бо мадади Бобониёз бардошта шуд.

Дар таҳсил Бобониёз хеле донишманд ва пажӯҳанда буданд ва дониши эшон устодонро ҳайрон мекард. Як вижагии хоси ӯ ин буд, ки агар посухро дақиқ намедонистанд, мисли дигарон ба дурӯғпардозӣ намегузаштанд, балки рӯйирост мегуфтанд, ки намедонанд. Вале чунин лаҳзаҳо хеле кам рӯй медод, зеро Бобониёз кори имрӯзро ба фардо намегузоштанд, ба омӯзиш хеле ва хеле ҷиддӣ менигаристанд ва бисёр вақт бештар аз он медонистанд, ки омӯзгорон мехостанд.

На танҳо дониш, балки инсонгарии Бобониёз аз чашми устодон пинҳон намонда буд ва ин ду омил буд, ки онҳо ин шарикдарси моро на танҳо эҳтиром мекарданд, балки дӯст медоштанд ва муносибати вижаи онҳо бо Бобониёз рашки бархе аз ҳамкурсонро меовард.

Пахтачинӣ ба поён нарасида, хабаре ҳамаи моро ҳайрон кард, ки Бобониёз ногаҳон, сахт ва самимона ошиқ шудаанд. Вале агар барои бархе аз ҳамсолон ишқҳои донишҷӯӣ бештар тобиши булҳавасӣ доштанд (кӣ аз думи кӣ медавад?), хабари марбут ба Бобониёз танҳо эҳтиромро ба эшон бештар кард ва касе як ҳарфи ноҷо ва беҳуда дар ин бора гуфта наметавонист. Ман фикр мекунам, бонуи ҳамдарси мо беш аз ҳар каси дигар наҷобати Бобониёзро дарк ё ҳис карда буд. Ҷолиб буд, ки онҳо ҳусни таваҷҷӯҳро ба якдигар пинҳон намедоштанд, аммо нашунидаам, ки ин муносибатҳоро бо касе баррасӣ карда бошанд.

Эҳтироме, ки нисбати Бобониёз вуҷуд дошт, ин мавзӯъро хеле зуд хусусӣ ва маҳрамона кард. Албатта, шояд на ҳама ин рӯйдодро ба гунаи мусбат пазируфтанд ва ҳатман онҳое ҳам буданд, ки Бобониёз барояшон намунаи ибрат набуданд. Ҳоло фикр мекунам, оё ин инсон нуқсу кутоҳие низ доштанд? Бале, ҳатман. Яке аз онҳо ин буд, ки ҳама чиро хеле ҷиддӣ ва сахт мегирифтанд ва барояшон ҳеч чизи хурду резаву камаҳамият вуҷуд надошт.

Аз ин нигоҳ Бобониёз дар он дастаи ҳамдарсон буданд, ки ба таҳсилу зиндагӣ бархӯрди инзиботӣ ё илмию интизомӣ доштанд. Афроде мисли ман аз дастае будем, ки ба атрофу атрофиён нисбатан назари риндона доштем. Сониян, Бобониёз канораҷӯ набуданд, дар ҳоле ки фишори замона моро маҷбур мекард, гоҳе дар худ фурӯ равем ва гӯшанишин бошем. Шояд равиши мо барои Бобониёз хато ва кӯтоҳӣ дониста мешуд ва баръакс, барои сабки эшон барои мо.

Вале агар педантизми бархе аз ҳамдарсон то андозае дурию кароҳатро меангехт, ҳама чизи Бобониёз – таҳсил, ишқ, суханварӣ, роҳнамоӣ ва ҳатто либоспӯшию роҳгардию шинухези Бобониёз чизе ба ғайр аз эҳтироми бузургро бедор намекард. Эҳтиромеро, ки гузашти айём ба он асаре надошт ва акнун бакуллӣ нахоҳад дошт, чун симои эшон дигар бароямон ба як зарра тағйир, ҳамон гуна ки буд, хоҳад монд.

Ёдашон ба хайр, дӯсти рӯзгори тилоии мо, инсони намуна, бародари меҳрубон, ҷояшон дар биҳишти барин бод. Дареғо, дареғ. Дидори деринтизори мо дар қиёмат!

18.06.2016 - Posted by | Инсон, Сарнавишт, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳолнома |

1 Comment »

  1. Йодаш гиромӣ бод!..

    Comment by Мунаввар | 08.09.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: