Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар кӯчаҳои холӣ… (Ёде аз Махсум Олимӣ)

Olimi 1Аҷаб симое гузошт аз худ дар ёдҳо Махсум Олимӣ – як сӯ шоири шоду сархушу ринду хандону ҳамешаҷавон ва як сӯ марди боимону оқилу инсондӯсту содиқу рӯҳоние, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонад. Чандбӯъдӣ ва фазоофарӣ танҳо хоси афродест, ки ҳиссу дарки амиқе аз андӯҳи зиндагӣ ва шебу фарози кавну макон доранд. Бардошти ман аз диду боздид ва нишасту бархостҳо бо Махсум Олимӣ ин буд, ки ӯ аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист.

Дар ботини ӯ ҳама чӣ буд – ишқи зиндагӣ, орзуи парвоз, накӯкорӣ, ҳамдилӣ, ҳамқадамӣ — ҳама чӣ, ба ғайр аз кинатузӣ, дурӯғ ва пастӣ. Меҳвари маҳкаме аз ростфитратӣ сару қомати ӯро баланд медошт, дилашро боз ва чеҳраашро шукуфон. Метавонист, дар баробари танаффур лабханд занад ва лабханди ӯ ба маънои томаш пирӯзии некӣ бар бадӣ буд. Ман бар инам, ки чунин инсонҳо дар рӯбарӯи марг низ лабханд мезананд, дар рӯбарӯи қотил низ табассум мекунанд ва бо ин зӯру зӯргӯии қотили номардро, ки танҳо силоҳи дасташ ба ӯ тавоноӣ додааст, ба махлуқи пасту нафратомез табдил медиҳанд.

Симое, ки ӯ гузошт, сода ва сатҳӣ нест, аммо дареғ, ки хеле ҷавон аз миёни мо рафт ва доғи носутурдание дар дили ёрон гузошт. Банда ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ шеъру чакомаҳои ӯро дар матбуот мехондам ва ҳарчанд ҳарфаш бо сухани бисёре аз ҳамовардонаш ҳамсиришту ҳамнаво буд, дурахшҳои хосе дошт, ки дар ёдҳо мемонд ва дар дилҳо менишаст.

“Маро обшорони Каздун шоир карданд,” – мегуфт Махсум Олимӣ дар посух ба ишораи атрофиён, ки гӯё “мактаби олии шеър”-ро хатм кардааст. Ҳамин тавр дар Итифоқи нависандагон ба ӯ ва шодравон Искандари Хатлонӣ ва ҳамчунин Алишер Қиёмов ва чанде дигар аз хатмкардагони Донишгоҳи адабии ба номи Горкийи Маскав ишора мекарданд. Бархе аз ҳампешагонаш танз ҳам мезаданд, ки магар мешавад, истеъдоди шоириро дар донишгоҳ ба даст овард. Вале рӯшан буд, ки донишгоҳи адабӣ истеъдоди ин суханваронро сайқал дода, онҳоро дар сухансанҷӣ як зина болотар буда буд, ҳарчанд шеър на илм, балки ботину сарнавишти ҳар яки онҳо буд.

Дидор бо Махсум дар Итифоқи нависандагон ё идораи “Адабиёт ва санъат”, дар маҳфил ё тарабхонаҳо бароям ба ҳайси лаҳзаҳои рӯшану пурнур хотирмон будаанд. Зиндаёд маро “бобо” мехитобид ва ҳамеша ба деҳааш даъват мекард ва мегуфт, ҳатман деҳааш бароям писанд хоҳад омад. Ҳанӯз дар гӯшам садои зебову марғуладори Махсум садо медиҳад: “Биёед, бобо, Шуморо Каздун барам…” Насиб накард. Магар дар он зиндагии пуршитоб, дар он давандагиҳои, ҳоло мебинам, беҳуда, медонистем, ки ҳама чиз ин гуна зуд баҳам мехӯрад. Замонае расид, ки бадбахтӣ ҳар сонияашро пур карда буд ва вақт фишор хурдаву танг шудаву пур аз сиёҳӣ буду тирвор мепарид…

Шояд дили ҳассоси ӯ беҳтар аз дигарон пешомади ватан ва худашро ҳис мекард, ки он рӯзҳо ин порчаи ӯ ба гӯши ҳамагон нишаста буд:

Дар кӯчаҳои холӣ,
Мегаштам хаёлӣ.
Тарсам, ки мекушандам
Як рӯз чун Ҳилолӣ

Талмеҳи мисраи охир байти машҳури Ҳилолиро ёдрас мекард, ки “ин қатраи хун ба рӯи ту чист, Ҳилолӣ? Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида.”

Муҳтавои диду боздидҳоямро бо Махсум чандон дақиқ дар хотир надорам, танҳо ин ки ҳар яке аз онҳо мисли гулбуне буданд, бо хушгӯиҳои шодонаю дӯстонаю мастонаю ростона. Шоир набудам, ки мисли Муҳаммадюсуфи Давронзод бо ӯ мушоираву бадеҳагӯӣ кунам, аммо ёд дорам, баъди чоп шудани ҳикояам — “Ғамбода” дар “Адабиёт ва санъат” дар хиёбоне бо ҳам рӯбарӯ шудем ва гуфт: “Бобо, ин ҳикоя не, шеър аст, саропо шеър аст. Шумо достон нависед.” Сипосаш гузоштам ва гуфтам, хеле мехостам, шоир бошам, аммо килограмму грамми назмро намедонам. “Шеъри сафед” нависед, Нимоӣ нависед.” Ин суханонаш дар ёдам ҳаст, ҳарчанд бароям нерӯ медод, аммо медонистам, лутфи шоиронаи ӯст. “На, нони Шуморо нимта намекунам, Махсум.” “Каздун кай мерем”? “Худо хоҳад мерем.”

Махсум ба ҳама меҳрубон буд, талош мекард, ҳар нафареро бо сухани хуш ё лутфе дилшод кунад. Вале як бор шоҳиди ин будам, ки як нафари зоҳиран таҳсилдидаи олиму қаламкаш ба шӯхии дилсофонаи Махсум бо итобу ситеза посух дод. Маълум буд, ки ин кас ҳоли хуш надошт ва алами Исоро аз Мусо, яъне Махсум гирифт. Бо азобе онҳоро аз ҳам ҷудо ва дур кардем. Аз Махсум хоҳиш кардем, ба дил нагирад. Хандиду гуфт, одат дорад, ба дил намегирад, зеро чунин ҳолат зиёд иттифоқ меафтад. Пас ӯ касе буд, ки дарди дигаронро мегирифт, ба дигарон имкон медод, хашми худро сари ӯ бирезанд.

Аммо аз ин ҳам қавитар хотираи дигаре ҳамеша ба ман баргаштааст, ки шояд муҳимтарин ёдбуди ман аз ӯст. Лаҳзаб саҳнаест достонзеб.

Боре мо, ҳафт-ҳашт нафар дар чойхонаи таърихии “Роҳат” сари мизе давра нишаставу баҳси адабӣ доштем. Ба фикрам, устодоне мисли Мирзо Боқӣ, Сармад ва Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам он ҷо буданд. Махсум ҳам дар баҳс бо ҷадали хос ширкат мекард. Дар байни сухани ӯ, ногаҳон, яке аз шунавандагони суҳбат ба Махсум эроде гирифт, ки мисли тарошае аз бом рабте ба мавзӯи баҳс надошт ва ба шахси Махсум, дақиқтараш боданӯшии ӯ ишора мекард. Махсум дилсофона лабханд зад ва дар посух ғазале аз Ҳофиз овард, ки радифаш “ин ҳама нест” буд.

Порчаҳои он ғазал солҳо дар хотирам мавҷ мезаданд, аммо танҳо ҳоло, ҳамин чанд рӯз пеш, ба нийяти навиштани ин хотира бо дархости шоҳписари Махсум – Шаҳриёри Олим, ниҳоят онро аз девони Лисонулғайб дарёфтам ва ҳангоме ки онро мехондам, Худо шоҳид, аз нав садои пурошӯбу гӯшнавози Махсумро мешунидам. Гӯё ҳамоно як давра одам дар чойхона нишастаему Махсум баъд аз шунидани сухани марди носеҳ аз ҷой бармехезад, ҳарчанд аз домани пиҷакаш мегиранд, нахезӣ ҳам мешавад, шиштагӣ гап зан, мегӯяд, шеъри Ҳазрати Ҳофизро наметавонад, шиштагӣ бихонад ва бо эҳсосоти баланд, гоҳе бо сарудастафшонӣ ин мисраъҳоро қироат мекунад:

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,
Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.
Аз дилу ҷон шарафи сӯҳбати ҷонон ғараз аст,
Ғараз ин аст вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.
Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала мӯҳлат дорӣ,
Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест.
Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест.

Агар дар оғози ғазал ҳанӯз сарусадое дар ин қисмати чойхона ба гӯш мерасид, пас аз байти дувум гӯё пашшае дар ҳаво пар намезад, ҳама, нишастагони сари мизҳои ҳамсоя ва давру бар низ сокиту ором шудаву ба тарафи мо менигаристанд ва гӯш ба садои шаҳоматдори Махсум дода буданд. Ва бо поён ёфтани ғазал нидоҳои “аҳсант” ва кафкӯбиҳо аз сари мизҳои ҳамсоя баланд шуд. Махсум ба онҳо рӯ оварда, нимтаъзим мекард ва пайиҳам мегуфт: “Ман не, Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз гуфтааст!”

Ҳамнишини мо, он шахси носеҳ ду дасташро бардошту гуфт, таслим, чӣ хатое буд, ки ман кардам, хостам, ба шоир ва шахси донотаре аз худ насиҳат гӯям.

Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест.

Умри Махсум низ ҳамин фурсати аз лаб то даҳон бурдани як қатраи талх буд. Аммо, гумон намекунам, ки худи ӯ пайте ёфт, ки ғарази худро аз ин зиндагӣ бигирад. Бояд мезисту мезист ва месуруду месуруд. Онгуна ки шеърҳояш ба суруди Хосият ва аз забони ӯ ба суруди ҳамагон табдил меёфт.

Дареғо, дар ҷанги хонагии тоҷикон кушта шуд. Муше, ки силоҳ дар даст дошт, филро ба қатл расонд. Муше, ки бе силоҳ аз мушхонааш берун намеомад, он замон дунёро ба даст гирифта буд. Ман сад дар сад бовар ба ин дорам, касеро, ки ба сӯи шоир тир андохт, даст хушкидааст ё мисли саг кушта шудаву мурдааш бесоҳиб мондааст. Ва аммо дар сари қабри Махсум баҳорон лолаҳо мешукуфанд. Ва ин қадар инсонҳои нек аз ӯ зикри хайр мекунанд.

Агар роҳи биҳишт на аз рӯйи намозу рӯзаву ҳаҷҷест, ки баъди онҳо риёву дилозорӣ меояд, балки аз рӯйи он аст, ки нек зиҳӣ, дилеро наранҷонӣ, балки ҳазорон дилро ба даст орӣ, пас ҷойи Махсум Олимӣ бо ҳамаи ҷурмҳои беозораш дар биҳишти барин аст. Ман ба ин шакке надорам. Равонат шод, Махсуми азиз!

17.08.2016 - Posted by | Адабиёт, Душанбе, Сарнавишт, Ҳолнома |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: