Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тобути оташин

bachai saqoИмрӯз, 1 сентябри соли 2016, дар Кобул турбати Амир Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, машҳур ба Бачаи Сақоро, ки 9 моҳ подшоҳи Афғонистон буд, бо риояти расму ойини мусалмонӣ ба хок супурданд. Тирамоҳи соли 1929, вақте амири нави Афғонистон, Нодиршоҳ, ки бо ёрии Бритониё ва Русия, қудратро ба даст оварда буд, Ҳабибуллоҳхон ва ёрони ӯро ба қатл расонд, аммо иҷоза надод, ки бино бар ойини мусалмонӣ дафн карда шаванд.

Вақте хабарҳои имрӯзаро мехондаму медидаму мешунидам ва аз он нороҳат мешудам, ки афроде маросими дафнро ба хушунат кашонданд, як мусоҳибаи устод Халилуллоҳи Халилӣ ба ёдам расид, ки дар соли 1986 аз Би-би-сӣ шунидаву барои худ ёддошт карда будам. Ин мусоҳиба, ки чанд моҳ пеш аз фавти устод Халилӣ забт шудааст, дар рӯзи даргузашти ӯ сари ҳар соат пахш мешуд ва ҳар дафъа то ҷое, ки метавонистам, онро шитобон конспект мекардам ва дертар рӯйи коғаз овардам. Аммо натавонистам мусоҳибаро то охир сабт кунам. Дареғо, нотамом аст. Инак, порчаҳое аз он гуфтугӯ, ки шояд ба хабарҳои имрӯза рӯшание афкананд:

“Ман ҳафт сол умр доштам, ки модари бузургворам чашм аз ҷаҳон баст. Ҳанӯз гарм бувад ҷойи бӯсае, ки дар он ниҳода модари мушфиқ ба рӯйи чашму сарам, Ёздаҳ сол аз умр маро нагузашта буд, ки падари маро Амонуллохон бидуни маҳкамаву муҳокима ба қатл расонд. Падари ман яке аз риҷоли бузурги давраи амир Ҳабибуллоҳхон буд ва лақаби ӯ мустуфулмамолик, шояд охирин касе дар Афғонистон лақаби мустуфулмамолик дошт, падари ман буд. Ба ғайр аз вазифаи мустуфулмамолик хони як қабилаи бузурги Афғонистон ҳам буд ва вақте ки падари маро куштанд, тамоми ҳастию зиндагонию дороии моро забт карданд ва маро дар як ҳавелӣ маҳбус сохтанд ва дами дари ҳавелӣ посбону муқаррар карданд, ки ҳеч кас ба ҳавелӣ дохил нашавад ва ман ҳам иҷозаи баромадан надошта бошам.

Ман ва ду бародари кӯчакам ва хоҳарам дар он ҳавелӣ ду сол ба танҳоӣ, бечорагӣ, гуруснагӣ дар камоли фақру зиллат ба сар бурдем. Нафаҳмидам, ман дар умри ёздаҳсолаам чӣ гуноҳ карда будам, ки дар зиндон бошам. Пас аз ёздаҳсолагӣ ба шафоати мардум маро аз Кобул табъид карданд, дар яке аз рустоҳои панҷоҳкилуметрии шимоли Кобул, дар қалъаи модарии ман ба номи Сидқобод.

Боз ҳам амри ҳукумат буд, ки ҳеч кас бо ман рафтуомад накунад ва ҳама хешоне, ки аз падар ва модари ман буданд, аз тарси ҳукумат ҳеч ба мо кӯмак карда наметавонистанд. Ман худ гӯсфанд мечарондам, барои зимистон хор медурудам ва дар камоли зиллату парешонӣ он ҷо будам. Аз мадраса, китоб ва ҳама чиз маҳрум будам ва ман дуруси ибтидоиро дар вақти падари худ, дар манзили худмон хонда будам. Он вақт нав мактаби “Ҳабибия” дар Кобул таъсис шуда буд ва тарҳи ин мактабро падарам ба хонаамон оварда буд. Ман дар он ҷо ду-се сол дарс хондам ва кутуби сарфро фуроварда будам, наҳвро то чанд моҳ ва ҳисобро ҳам то як қисме хонда будам, ки ҷавонаки босавод шуда будам.

Баъд аз он ки Амонуллохон амр дод, маро ба мактаб бурданд ва ду солро ба сар бурдам. Ва  аввалин вазифае, ки ба ман дода шуд, ман муаллим будам дар як мактаб. Ва моҳе сӣ рупияи кобулӣ ба ман маош дода мешуд, ки хеле кам буд. Бо ин 30 рупия ман зиндагии худ ва бародарони худро таъмин мекардам ва баъди зӯромад миқдоре аз замини падарии моро пас доданд ва он ҳам ниҳоят кам буд.

Аз рӯйи ман ба ҳукумат ропур (рапорт – С.А.) рафт, ки ин муаллим аст ва дар айни дарс кӯшиш мекунад, ки зеҳни бачаҳоро зидди ҳукумат тарбия ва таҳрик кунад ва ин душмани ҳукумат аст. Пас маро ба Кобул бурданд ва дар вазорати молия ба ҳайси як котиб, яъне корманди вазорати молия муқаррар карданд, ки дар ҳақиқат аз рӯйи нигаронрӣ буд ва дар даҳ соли ҳукумат оқои Амонуллохон бо камоли парешонӣ ва маҳрумият аз тамоми ҳуқуқи инсонӣ дар Кобул ба сар бурдам. То ки инқилобе дар Афғонистон шуд ва миллати Афғонистон дар хилофи Амонуллохон шуданд ва иллати бузурги ихтилофи миллати Афғонистон тамоюли шадиде буд, ки Амонуллохон ба Русиё дошт ва ин давлати Русиё Бухорову Самарқандро истило карда буд ва подшоҳи Бухоро ба Афғонистон омада буд ва дар ҳудуди 1 милюн аз аҳли Бухорову Самарқанд ба Афғонистон муҳоҷират карда буданд. Дидани атфоли хурди уно, дидани ятимони уно, дидани занҳои беваи уно сабаби хашми миллати Афғонистон шуда буд ва миллати Афғонистон гуфт, мо тааҷҷуб мекунем, ки подшоҳи ислом монанди Амонуллохон миллати Бухорора ба ин мусибат бубинад ва ба ҷойи душманӣ дасти дӯстӣ ба Русиё бидиҳад. Ва ин додани дасти муросову дӯстӣ ба Русиё сабаб шудааст, ки дигар қисматҳои Туркманистону Тотористону инҷоҳора давлати шимолӣ тасарруф кунад.

Албатта, зеҳни содаи мардуми мо дуруст ба мушкилоти ҳукумат намефаҳмиданд. Ин хашми миллати Афғонистон сабаб шуд, ки як ҷавоне аз кӯҳдомани шимоли Кобул бо номи Ҳабибулло, машҳур ба Бачаи Сақо омад ва тахту тоҷи Амонуллохона гирифт ва Амонуллохона сарнагун кард.

Мову ун Ҳабибулло ду алоқа доштем. Алоқаи аввал ин буд, ки дар боғи падари ман – Ҳусейнкат боғбон буд. Алоқаи дувум ин буд, ки Амонуллохонро аз тахту тоҷ андохта ва он ҷое ки ӯ омад ба Кобул ва сари тахт нишаст.

Ӯ одами бесавод, аммо бовафо, ӯ одами бесавод, аммо боимон, ӯ одами бесавод, аммо шуҷоъ маро бар дарбори худ эҳзор кард ва ба ҳайси сармуншии худ муқаррар намуд. Ман чанд вақте ҳамроҳи Ҳабибулло будам дар Кобул, баъд аз он рафтам ба Мазори Шариф ва то охир дар Мазори Шариф будам.

Он ҷо русҳо як ҳаракате карданду омаданд, ки Мазори Шарифро бигиранд ва бо номи тарафдорӣ аз Амонуллохон ва Амонуллохон як ҷавонмардӣ ба харҷ дод ва гуфт, ман намехоҳам, тахту тоҷи худа ба зарияи русҳо бигирам ва русҳо аз Афғонистон вопас рафтанд.

Вақте ки ҳукумати Ҳабибуллохон суқут кард, ман ба Ҳирот рафтам. Ҳирот шаҳри илм буд, шаҳри фазилат ва дониш буд ва воқеан ҳанӯз ҳам чароғи ҷомеа дар Ҳирот рушан ва мардуми шеърдон ва шеърфаҳм ва олим ва донишманд ва закӣ дар Ҳирот зиёд аст. Андак-андак шурӯъ кардам дар Ҳирот ба шеър гуфтан ва табъи шоирии ман дар Ҳирот оғоз шуд. Агарчӣ шеъри ман н буд, ки баъде ки падарамро куштанд, нолаҳое, ки мехостам, бикунам, он нолаҳоро мавзун мекардам, шеър мешуд, аммо ҳанӯз шеъри қобили зикру қобили сабт набуд…”

Дар ҳамин мусоҳиба устод Халилӣ як порча шеъри худро низ мехонад:

“Ёрон, куҷост кишвари зебои ман? Дареғ!
К-ин ҷони нимаҷот ба пои гиромиш биспурам.
Чун кушташамъ сар ба рваоқаш фурӯ ниҳам,
Чун паршикаста мурғ ба бомаш фаро парам.
Тобути оташин шуда дар чашми ман ҷаҳон,
Аз ҳар ҷиҳат гирифта саропо дар ахгарам.
Гар мурдаам, тапидани беҷо барои чист?
В-ар зиндаам, чӣ гуна ба тобут андарам?”

Устод Халилӣ мегӯяд, ин  ғазалаш “Тобути оташин” ном дорад. Аҷаб, айнан мисли тобути Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ.

01.09.2016 - Posted by | Адабиёт, Афғонистон, Таърих, Тоҷик | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: