Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Агар шаҳри шумо дарвоза дорад…

Бале, агар Душанбе имрӯз чаҳор дарвоза дорад, бояд ба Адаш Истад сипос гуфт. Мақолаи ӯ дар поёни солҳои 1980-ум “Шаҳри бедарвоза” ғавғое бапо карда буд. Баъд аз нашр шудани он раҳбарони ҳизбӣ ба ёд оварданд, ки нависанда ҳамчунин Кохи кинову консертиро “кулоҳи туркӣ” номидааст ва дар мақолаи дигараш гуфтааст, интернатсионализм пеш аз ҳама маънии баробарии тоҷикон бо русҳоро дорад…

Котиби дувуми ҳизб, аммо де-факто раҳбари Тоҷикистон Петр Лучинский “ҳадаф”-и нав пайдо кард. Бояд сари чунин нависандаеро хӯрд, ки дарҳои шаҳрашро бастанисту ҳақталошиҳо мекунад. Аммо тираш хок хӯрд, бозсозӣ сар шуда буду ошкорбаёнӣ…

Бовар дорам, идеяи сохтани дарвозаҳои Душанбе, ки ҳатман дар зеҳни устод Адаш аз дарвозаҳои Бухоро монда буд ва ӯву даҳҳо рӯшанфикрон мехостанд, Душанбе як Бухорои навини тоҷикон шавад, аз ҳамон мақолаи таърихӣ дар хотири афроди муайяне нақш баста, дар солҳои истиқлолият ҷомаи амал пӯшид. Худи Адаш мегуфт, “идеяҳои ман минаҳои оҳистакоранд, ба як ниҳонхонаи мағзи касе меафтанду он ҷо мемонанд ва рӯзе метарканду чизеро иваз мекунанд”. Устод Адаш кони идеяҳои “Адабиёт ва санъат” буданд!

“Кулоҳи туркӣ” ҳам дертар корашро кард. Адаш пас аз кандукови зиёд ошкор сохт, ки ин тарҳ дар яке аз ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳамин далел нагузаштааст ва онро ба сари Тоҷикистон бор кардаанд, яъне ба сари Душанбе “кулоҳи туркӣ” гузоштаанд. Вале ҳокимон роҳи бозгашт надоштанд, 80 дарсади бино сохта шуд ва Адаш ба онҳо пузханд мезад, ки як пӯпак ҳам дар тори бомаш ба он илова кунанд. Аммо замоне ки Адаш ба яке аз муборизони таҷлил аз 1100-солагии ромишгари бузург Борбади Марвазӣ табдил ёфт ва Академияи улумро маҷбур ба баргузории симпозиум намуду мақолаҳо ва китобҳоеро дар бораи Борбад нашр кард, мақомот ба Кохи кино-консертии лаби кӯли Комсомол номи Борбадро гузоштанд. “Кохи Борбад”. Адаш дар он айёме ки даҳҳо олимнамои тоҷик зидди ҷашни Борбад буданду ин бунёдгузори системаи мусиқии классикии тоҷику форсро араб ё турк мебароварданд, розӣ шуд, дигар ин бинои безебро “кулоҳи туркӣ” наномад.

Ман корманди шӯъбае будам, ки раҳбари он устод Адаш буд. Дар ин кашокашҳо як чиро дидам ва омӯхтам, ки дар масъалаҳои марбут ба манофеи миллӣ дӯсту рафиқ вуҷуд надорад. Адаш бе ягон ист аз онҳое бурид, ки зидди ҷашни Борбад буданд. Рафоқаташро бо онҳое кам кард, ки дар ивази дархостҳои ӯ чизе дар бораи Борбад нанавиштанд. Шоҳиди онам, ки номи Борбад маҳз бо талошҳои ду нафар – нависанда Адаш Истад ва муҳаққиқ Аскаралии Раҷаб вориди забону ҳаёти мо шуд, вагарна бисёриҳо намедонистанд, ки Борбад кисту онро аз “барбат” як сози мусиқӣ фарқ намекарданд.

Адаш Истад як душмани сарсахти Борбадро, ки бархилофи садҳо рисолаи таърихӣ, ӯро “як афсона” номиду буд, то охир ором нагузошт ва дар ниҳоят ӯро хандахриши мардум кард, чун дар ҳикояи нешдори “Наполеонча” шахсияти ӯро ба қалам кашид ва ба андозае хашми ин нафарро овард, ки мехост, Адашро ба додгоҳ кашонад. Вақте ки ман аз ӯ пурсидам, охир, ин як асари бадеист, чаро фикр мекунед, Адаш шуморо дар назар дорад, гуфт, медонад, ки дар ҷойи кораш ӯро пушти сараш “Наполеонча” ном мебаранд.

Рақобатҳо беасар намемонд ва рақибон ҳам ба Адаш “посух” медоданд. Аммо чизе барои гуфтану куфтан надоштанд, биноан, аз нописандӣ, беэҳтиромӣ ва таҳқири нонамоён кор мегирифтанд. “Фантастика адабиёт нест”, — мегуфтанд онҳо ё ба камияш “Фантастика чандон ҳам адабиёт нест”. Қисми дигар: “Фантастика адабиёти ҷиддӣ нест”.

Ин дар ҳоле ки дар он даврон ҷиддитарин ва муҳимтарин жанри наср маҳз фантастика буд, зеро ба воситаи он ҳама чиро гуфта мешуд. То ба андозае, ки наполеончаҳо худро дар ин ойина шинохта метавонистанд. Мо, ҷавонон, моту мабҳут мешудем, ки чӣ гуна Адаш Истад мавзӯъҳои дардомези маҳалгароӣ, ландаҳурии раҳбарон, ситами яккаҳизбӣ ва якказироатӣ, ноозодии инсон, рушди дурӯғу фасод, мустамликадории шӯравӣ ва монанди инҳоро дар ҳикояҳои илмию хаёлии худ барҷаста ва борикбинона тасвир мекард. Фантастика чунин имкониятро медод ва сензураи шӯравӣ зидди он чизе карда наметавонист, чунки ҳодиса на дар шаҳр ё кишвари мо, балки дар сайёраи Эпсилон ба вуқӯъ мепайваст, аммо, аҷаб, ин эпсилониҳо ин қадар ба мардуми худамон монанд буданд, ки беҳисоб!

Чизҳое ки устод Адаш дар ҳикоёташ мегуфт, он замон Лоиқу Бозор ё Гулрухсор дар шеъри худ гуфта наметавонистанд. Шояд ба ҳамин сабаб Адаш бар ин буд, ки ба ҷойи шеър бояд насрро равнақ дод, чун ба миллат на ғалаёни эҳсосот, балки шеваи андешиданро меомӯзонад. “Бинед, ҳар миллате, ки насри пурқувват дорад, пешрафт мекунад,” – мегуфт ӯ.

Бо ин ҳам дар як давра Адаш Истад ба натиҷае расид, ки беш аз ҳама ба мардум ҳунарҳои бинишвар ё визуал таъсири амиқ мегузоранд. Монанди кино, театр, наққошӣ ва меъморӣ. Рӯйи мизаш пур аз китобҳои илмӣ роҷеъ ба ин риштаҳо буд. Пас аз чопи мақолаи навбатии ӯ дар бораи ғалатҳои меъморӣ дар шаҳри Душанбе ё сабку раванди тарҳҳои нави ғайримиллӣ, коргоҳи мо гӯё ба маҳалли симпозиуми меъморон табдил меёфт. Аз сармеъмори шаҳр Рустам Каримов гирифта, то меъморони ҷавон ин ҷо меомаданд ва бо Адаш вориди баҳс мешуданд. Дар аксар ҳолат онҳо шикаст мехӯрданд, зеро далели асосии Адаш, ки меъмории Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон миллӣ нест,  балки қолабе аз шаҳрҳои дигари шӯравист, раднашаванда буд.

Аз меъморӣ, ҳамзамон бо густариш ёфтани марзҳои ошкорбаёнӣ Адаш ба мавзӯъҳои дигар гузашт, ки ҳар кадом барои бақои як қавм аҳамияти аввалиндараҷа доштанд. Мо кистем? Либоси миллии мо кадом аст ва чаро зери по афтодааст? Ба фарзандонамон чи номҳое гузорем? Бузургони динии мо киҳоянд? Забони миллат – пояи миллат! Чаро расмулхатти бобоӣ бояд эҳё карда шавад? Миллати тоҷикро тақсим накунед? Ва монанди инҳо. Замони сухани рӯшод фаро расида буд. Агар дар авҷи сензураи шӯравӣ Адаш на танҳо ҳикояҳои фантастикӣ ва ҳатто афсонаҳои бадеӣ менавишт, акнун ҳамчун публитсист муаллифи арҷманди чандин нашрияи кишвар буд. Вале эҷодиётро низ канор намегузошт ва дар ин солҳо ба ғайр аз як силсила ҳикояҳои ҷолиб, бо риштаафсонаҳояш ба Нахӯдак умри тоза бахшид. Китобҳои ӯ пайиҳам дар Маскав ва шаҳрҳои дигар ба нашр мерасид.

Баъд ӯ Душанбеи азизашро тарк кард. Дар айни авҷи ҷанги хонагии тоҷикон. Ҳамватаноне, ки ӯ барояшон месӯхт, ҷон меканд, мехост, онҳоро муваффақу сарбаланд бинад, таҳдидаш карданд: “Рав акнун ба ватани худат!” Вақте ҳамсарашро дар мағоза таҳқиру нафрин карданд ва гуфтанд, “нест шав аз ватани мо!” ва дидани модари фарзандон бо ашки шашқатор тоқаташро шикаст, бору бунаашро бар дӯш гирифту баргашт ба Самарқанд. Солҳои зиёде мақомоти Узбакистон барояш иҷозаи иқомат дар хонаи падарияшро намедоданд, паспорт надошт ва азият мекашид. Аммо навиштанро канор нагузошт ва ҳамоно барои мардуми тоҷик менавишту менависад.

Адаш Истад ба ман ҳаққи устодӣ дорад ва то ҳоло маро роҳнамоӣ мекунад. Вақте ки таҳқиру тавҳини телевизиони Русия бо номи “Равшан и Джамшут” ба авҷ расида буд, устод бароям номае навишт ва гуфт, ки бояд раҳбари диаспораи арманиҳои Русияро ёфт ва бо ӯ сӯҳбат кард. Чун ҳамаи дастандаркорони ин намоишҳо арманиянд. Гарик Мартиросян (раҳбарашон), Михаил (Ншан) Галустян, Артур Ҷанибекян, Вартанов ва дигарон. Аммо, гуфтанд, устод Адаш, хуб аст, агар ягон армании машҳур бо раҳбари диаспораи арманиҳо дар ин бора гуфтугу кунад. Ман ба ҳамкорам дар бахши армании радиои мо Армен Доулян, ки миёни арманиҳо машҳур аст, рӯ овардам. Вай бо сардори Иттиҳоди арманиҳои Русия Самвел Ғарибян масъаларо дар миён гузошт ва пас аз чанде, дар моҳи июли соли 2010, ин иттиҳод аз муаллифону бозигарони барнома талаб кард, ба сияҳкориҳо, яъне “ҷанг андохтани арманиҳову тоҷикон хотима гузоранд ва аз тоҷикон узрхоҳӣ кунанд.” Узре садо надод, вале барнома қатъ шуд. Ин ҳам яке аз даҳҳо роҳнамоиҳои устод Адаш буд.

Нависанда, мутафаккир ва публитсисти машҳури тоҷик Адаш Истад ба синни мубораки 70 даромад. Дигар дилбазанам шудааст, ки бубинам мақомоти Тоҷикистон ё ҳатто Иттифоқи нависандагони он паёме ба чунин шахси мӯътабару арзанда дар зодрӯзашон фиристоданд ё не, ҷашну маҳфиле баргузор карданд ё не, аммо шоистаи таҳсин аст, ки журналисти саршинос, намояндаи насли ҷавони мо — Раҷаби Мирзо дар ин рӯз аз устод Адаш ёдовар шуд. Сипос, некиҳо фаромӯш нашудаанд. Пас шаҳр дарвозае дорад, ки на танҳо аз он берун мераванд, балки низ бармегарданд…

07.09.2016 - Posted by | Адабиёт, Тоҷикистон, Худшиносй | ,

25 Comments »

  1. Maryam Davlatova Мехоҳам Ҳукумати кишвар устоди арҷманди моро боз оварад ба Душанбеяш. Намедонам ройи устод чӣ бошад, вале даъвате ин ҷо бояд бошад! МЕХОҲАМ! Биёед инро дастаҷамъӣ бихоҳем, ақаллан дар диламон, дар ин шабака.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  2. Rajab Mirzo дастатон дард набинад, Салими Аюбзод, то ин замон хаел мекардам, дар бораи Адаш Истад хеле медонам, холо мебинам, ки ними ними ним хам не((

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  3. Salim Aioubzod Сипсо аз заҳмат ва диққати Шумо, ки ба ёдамон овардед ва ин субҳ саридастӣ, пеш аз рафтан ба коргоҳ ин порчаро навиштам. Худро коҳиш додам, ки пешопеш фикрашро накардаам. Устод Адаш ба сад баробари ин ҳақ доранд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  4. Write a reply…
    Choose File
    Розия Шарофиён
    Розия Шарофиён Бо устод Адаш Истад дар родиои Чумхури кор мекардем…. Хотироти хубе дорам. . Вале нотинчихои кишвар хамаро хар су пош дод… Поянда бошед устоди гироми!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  5. Шахриёр Олими Раҳмати Худо, устоди азиз! Ростӣ, насли мо ва инҷониб ба ин гуна навиштаҳо бисёр ниёз дорем. Маҳз ба воситаи ҳамин навиштаҳо бисёр чеҳраҳои мондагорро, ки воқеан барои миллати тоҷик хизмат кардаанд, мо мефаҳмем ва ҳеҷ набошад, агар нафаре пурсад, сурх нашуда, чизе дар бораи онҳо гуфта метавонем… Ҷашни милодашон фархунда бод!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  6. Shavkat Bade’zadeh Агар Душанбе барои самарканди ватан набуда, пас “Вой бар ман!….” ба кавли Устод Бозор Собир. Самарканд ва Бухоро, ки Душанбе вориси онхост.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  7. Адибаи Азиз Адаш Истад нависандаи дардхои мардум аст. Бисер нуктахоро аз нигоштаи муаллиф дарёфтам. Рости, як чахони ботини ва пайрохахои торики зиндагии адиб равшан шуданд. Чи кадархо шаммае аз рузгори у намедонистанд. Бояд ба Душанбе биёяд, хох мехмони, хох барои сукунат, чун аз ин чо рахташро бо ранчхои равони кашида буд. Сипос, устод!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  8. Sadulloh Nosirov Худованд умри дароз ато кунад хамеша сарбаланд бошанд усто д Адаш Истад

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  9. Гульсифат Шахиди Адаш Истад бояд дар Душанбе бошад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  10. Salim Aioubzod 100%!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  11. Умар Умаров Дар Душанбе холо “бобои файзхо” кадр доранд на Адаш Истад…Табиати пасти хукуматдорони хозира кодири кадрнамоии чунин фарзанди фарзонаи миллатро надорад.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  12. Rahim Rahimov Дуне ба умед дусти азиз. Фархангу одамгари чои худро албатта мегирад. Ва устод Адаш Истад ва хама нобигахои миллат бояд ин чо бошанд! Ва Самарканди дигаре бояд сохт.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  13. Mavjuda Sohibnazarova Худованд барои Устод умри дарози пурбаракат ато намояд!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  14. Faizullo Nasrulloev Salim Aioubzod, акои азиз, ба кавли гапхо, бо як дами нафас мутолиа кардам. Дастатон дардро набинад. Оличаноб!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  15. Hakim Rabbimpur Рузу замоне буд, ки ватандорон дар хар ду чумхури беватан ва дарбадар будаанд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  16. Firdavsi Firdavsi Аз хурди бо навиштахои ин шахсияти механпараст ошнои дорам. Вале суоле дорам: чаро махз хозир? Пас аз марги И. Каримов? Чаро тарк кард? Шахсе, ки дар рузхои вазнинам пахлуям набошад дар рузхои фархундаам даркор нест. Касеро хафа кардан намехохам. Бо эхтиром.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  17. Salim Aioubzod Шумо навиштаи бандаро хонед. Устод на ҳоло, балки дар соли 1993 Душанберо тарк карданд. Чанд бор ба фикри бозгашт афтоданд, аммо дастгирӣ наёфтанд. Умедвор буданд, ки ҳамчун узви Иттифоқи нависандагон он касро ба анҷуман даъват мекунанд, ба ёди касе нарасиданд. Барои он тарк кард, ки ҳар рӯз таҳдидаш мекарданд. Мумкин ин таҳдиду фишорҳо барои ҳамон мақолаҳои тезутундаш буданд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  18. Firdavsi Firdavsi Устод, ман фахмидам. Рузхои вазнин гуфта ман хамон рузхоро дар назар дорам. Фишор болои хама буд (кариб).

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  19. Salim Aioubzod … ва бисёр одамон рафтанд, зеро хостанд, ҷони аёлу фарзандони худро эмин доранд. Рӯйхатте вуҷуд дошт, ки як қатор одамон бояд аз байн бурда мешуданд. Оё медонед, ки он рӯзҳо қариб буд, Акбар Турсонро мекуштанд. Рафт ба Амрико. Мондани онҳо, агар бо марги онҳо тамом мешуд, магар оқилона мебуд?

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  20. Firdavsi Firdavsi Гавгоро барпо кардаанд гурехтанд. Хуни бегунохони бисёре рехт. Ман устод Адаш Истадро дар назар надорам. Бисёре аз “Ватандустон”-и мансабпарастро. Ман нагз ёд дорам он даврахоро.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  21. Salim Aioubzod Шумо, дӯстам, қурбонии таблиғоти ғалат шудаед. Кош онҳое, ки ғавғоро андохтанд, мансабдуст мебуданду ҳокимияти дар рӯйи роҳ афтодаи Тоҷикистонро ба даст мегирифтанд! Онҳо танҳо орзуҳои нек доштанд, дигар ҳеч — на мансаб, на таҷриба, на артиш, на силоҳ, на пуштибон, на хоҷагонги хориҷӣ, на хоҷагони дохилӣ. Ва мардумашон ҳам онҳоро намефаҳиду фаҳмидан ҳам намехост, зеро қанду рӯғану шакару орд мехост, тамом.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  22. Firdavsi Firdavsi Он вактхо ман наврас будам. 15-16 сола. Шояд дуруст намедонистам. Таърихро голиб менависад. Вале, тули хашт соли охири дар сохтори давлати кор карданам хама чизро аз дигар сарчашмахо фахмидаам. Аз ин ру, Устод, хочати чизеро ба ман фахмондан нест.🙂

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  23. Salim Aioubzod Ихтиёр доред, бародар. Ман бовари комил дорам, ки ин таърих рӯзе аз нав навишта хоҳад шуд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  24. Умар Умаров Фирдавс Фирдавс Бародари азиз баъди аз кудрат рафтани ин хукумат шумо чизхоеро хохед фахмид, ки холо намедонед. Онхое, ки он давраи хассос овоз баланд карда буданд интеллигенцияву бехтарин фарзандони миллат ва точикони хакикие буданд, ки мехостанд дар хакикат Точикистони сохибистиклол ва демокративу хукукбунёд созанд. На ба монанди “истиклолияти” хозира….Афсус душманони миллати точик, инро дарк намуда нахостанд ва аз берун истода бо танку тупи Руссия, самолетхои Узбакистон бо истифода аз ба ном “фронти халки”,ки 80 фоизаш узбаку лакай буд, ва бокимонда аз точикони гумрох, точикони хакикии кухистониро саркуб намуда сари кудрат омаданд…Натичааш холо ба хама маълум. Сохае нест, ки мо окибмондатарин набошем, Истиклолияту волоии конун бошад, танхо дар руи варак ва барои як гурух…

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  25. Firdavsi Firdavsi Умар Умаров, вакте инкилоб шуду шох аз тахт сарнагун шуд хама маддохи коммунистон шуданд. Вакте шурави бархамхурду демократхо болои кудрат омадан, хама маддохи демократхо шуданд. Боз шохро болобардор карданд. Ленину Сталин душмани халк баромаданд. Болотар гуфта будам: “Таърихро голиб менависад” (Историю пишет победитель). Инаш равад дигараш ояд хама маддохи у мешаванд. Сиёсат баробар ба ФОХИШАГИСТ! На аз рафтани инаш хурсанд мешаваму на аз омадани дигараш. Факат хаминро мехохам, ки он рузхои гузашта бар сари миллати Точик наояд!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: