Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тори мӯйи озодӣ

torАндешаҳои андӯҳомези рӯзи иди пурфараҳ

Аҷиб аст. Баъзеҳо танҳо баъд аз 25 сол лаззати истиқлолиятро чашиданд. Онҳое, ки 25-30 ё 50 сол пеш ин андешaро ба зеҳни мардум ҷой мекарданд, бе кафан мурданд, маҳбус ё ғарибанд. Ба қадри онҳо шояд баъд аз 25 соли дигар расанд.

Нагӯед, ки истиқлол муфт буд. Даҳҳо ҳазор нафаре, ки дар ҷанги дохилӣ кушта шуданд, ҳазорон нафаре, ки барои камтарин мухолифат ба фарҳангзудоӣ ва атеизми шӯравӣ бадарға шудан, қурбониёни роҳи озодиянд. Нагӯед, ки шӯравӣ чи асале буд. Имрӯзаи шуморо талх карданд, то шӯрии дирӯза бароятон ширин тобад. Онҳое, ки озодии шуморо мехостанд,  ҳаргиз гумон надоштанд, ки рӯзгоратон ба даҳ соли ҷангу хун ва понздаҳ соли тарсу бим табдил хоҳад ёфт.

Вақте ки номи чизҳо ба забони бегона аст, маънии онҳо дар хуни мо пажвок намедиҳад ва чашми мо он ҳама хунеро, ки барои озодӣ рехт, намебинад. Ҳоло ҳама “истиқлол – истиқлол” мегӯянд, шояд зеҳнашон як миқдоре мефаҳмад, ки манзур чист, аммо ҷонашон аз шаҳди ин вожа бехабар аст. Ҷонашон ба лабашон эътироз мекунад.

Озодӣ вожаи ширинест. Таъми онро касе медонад, ки дар маҳбас зистааст. Аммо миллате наметавонад, худро озод шуморад, агар хоки ватанашро мӯзаи сарбози бегона пахш мекунад. Ё натавонистааст, қаламрави худро ҳифз кунад ва як ваҷаби онро ҳам ба касе надиҳад. Ё агар ҳатто як нафараш дар мулки бегона бардагӣ мекунад, чи монад ба садҳо ҳазор ё як миллион. Ё вақте ки мансабдоронаш пули миллати худро медузданд, то бо он кишварҳои дигарро обод ва дороиҳои шахсии худро афзун кунанд.

Миллатҳое, ки ба ин роҳ рафтанд, дар ниҳояти кор нерӯи ботинии худро аз даст доданд ва нобуд шуданд. Зеро озодӣ шарафу шуҷоат ва ҳушмандиро меангезад ва ғуломӣ пастию тамаллуқу фасодро.

Миллати озод аз ҳукуматаш наметарсад ва ҳукуматаш аз миллаташ. Миллати озодро дар тамоми ҷаҳон эҳтиром мекунанд. Агар шуморо эҳтиром намекунанд, биандешед, ки чаро? Чӣ зиёданд миллатҳои хурде, ки ҷаҳон онҳоро ҳурмат мекунад.

Оре, озодии комил дар дунёи муосир номумкин аст, аммо дурӯғ аст, ки кишварҳои хурд бояд зери бол ё патронажи қудратҳои бузургтар бошанд, вагарна маҳв мешаванд. Чӣ ангезаи пурқудрате бояд бошад, ки кас ғуломии ихтиёриро бартар аз озодӣ донад? Такия задан ба бозуи дигарон танҳо барои он аст, ки озодии як гурӯҳи болонишин тазмин дошта бошад. Озодӣ аз кӣ ё чӣ? Пас ин истиқлол миллӣ нест, балки гурӯҳист.

Вале бигзор, он ҳифз шавад. Бигзор ид шавад. Шояд насле ояд, ки ба калима маънӣ бахшад. Ин мафҳум як тори нозукест, ки як миллатро дар сари варта нигоҳ медорад, ба умеде, ки рӯзе нерӯ гирад ва худро аз варта ба қулла кашад. Ин тораки борикро набуред, чун ҳама ба партгоҳ хоҳем парид ва дигар ниёзе ба ин баҳсҳо нахоҳад монд. Чун мо дигар нахоҳем монд.

09.09.2016 - Posted by | Ватан, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҷомеа |

16 Comments »

  1. Умед Ҷайҳонӣ Тоҷикистон дар ин 25 сол дастоварде ҷуз лофу газоф надоштааст..

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  2. Solex Tursunov copy past karda moned honem. nashudost Honda

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  3. Muhammadi Jahongir Бале устод дар хакикат дуруст фармудед !

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  4. Amrullohi Nizom “Вақте ки номи чизҳо ба забони бегона аст, маънии онҳо дар хуни мо пажвок намедиҳад ва чашми мо он ҳама хунеро, ки барои озодӣ рехт, намебинад. Ҳоло ҳама “истиқлол – истиқлол” мегӯянд, шояд зеҳнашон як миқдоре мефаҳмад, ки манзур чист, аммо ҷонашон аз шаҳди ин вожа бехабар аст. Ҷонашон ба лабашон эътироз мекунад.” Беҳтарин андешаи имрӯз дар ин бора хондам. Зиҳӣ устод!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  5. Sun Taj ВОВ закончился в 1945 году и через 25 лет в 1970 году СССР был крепкой державой. 25 лет это мало? Я просто промолчу про ФРГ в 1970 году.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  6. Маҳмудхон Бурҳонов Аммо миллате наметавонад, худро озод шуморад, агар хоки ватанашро мӯзаи сарбози бегона пахш мекунад..

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  7. Ҳикматери Рӯҳуламин Ҳикматзод Истиклоле гурухе истиклоли миллат набуду нест ,чун гурухаке наметавонад миллат бошад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  8. Азимхон Малахов Ин мардум аз истиклол харф мезананду сари хар мушкиле мегуянд”Балоша гирум Саюза,камунизм будаю нафахмидем.Як бори дига Саюз мешид!”

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  9. Сорбони Ошик · Friends with Шахриёр Олими and 39 others
    Он касоне,ки имрузхо аз минбархои баланд,аз боби истиклолияту озоди сухан мекунанд,он шабу рузхо чузьиете буданд,ки хеч ягон сухани хакро гуш кардан намехостанд.Худ дар мафкураи гуломи суханхои озодихохонро намефахмиданд.Дар таьрих чунин соатхои хандаоварро сабташро надидаам,ки арбобони зидди истиклолият буда,яку якбора рузи дигар бо чомаву токии озодихову истиклолиятхох омада,аз минбархо бо хурсандиву чаппакзани эьлом доштани истиклолияти ватанашро изхор созанд.Морро дидам,ки чи хел пусташро иваз мекунад.Вале хеч гох андеша намекардам,ки инсон хам дар як чанд соат пусташро дигар гуна иваз мекардааст.Ин воизони давр хамон шахсони пусти худро иваз кардаанд.Ин истиклолияти ин гурухи пустивазкардахо нестанд,ин махсули ранчи хазорон фавтидахову зиндонихову гурезахои аср,мухочирону модарони фарзандхояшон курбон шуда ва занхои беваву бечора шуда мебошад.Дар мухочират кариб хеч гох намехандам.Вале вакте ки мебинам он шахсоне,ки аз ибораи демократия ва истиклолият бо фахр сухан меронанд,баланд хандаам меояд..Дар гирду атрофам будахо намефахманд ва мегуянд,” акаи Сорбон комедия тамошо дори?”.Бале,тамошо дорам,серияи 25–уми онро!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  10. Haramgul Kodir “Истиклол он нест ки хукумат аз мардумаш ва мардумаш аз хукуматаш натарсад” бехтарин устод! Бардошту шинохти хуб!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  11. Лоик Кенчаев · Friends with Nurali Nurzad and 8 others
    ” акаи Сорбон комедия тамошо дори?”.Бале,тамошо дорам,серияи 25–уми онро!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  12. Абдукахор Шарипов · 29 mutual friends
    Озодиву тинчи мешуд халк тарсида намегашт аз хак ва хукуки худ дифоь карда наметавонанд..

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  13. Izzat Amon Устод, билохира таркидед. Гумонам, он чи аз калбатон ки медонам моломоли дард аст ин чо коридед, солхои тулони нухуфта буд ва холо…
    Бо масъулияти тамом изхор менамоям, ки хар ки дарди шуморо надорад, ё одам нест, ё аз ин олам нест…

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  14. Salim Aioubzod Ягон таркише нест, бародар, балки идеяҳоест, ки пештар ҳам ин ҷову он ҷо ба ҳар шакле гуфтаам, танҳо аз он нигаронам, ки дар рӯзи ҷашн гуфтани онҳо оё дуруст бошад ё не. Яке аз ҳадафҳоям ин аст, ки набояд истиқлолро танқид кард ва аз он рӯ тофт ё барояш бад гуфт, ин ягона чизест, ки ҳасту мо ҳастем ва агар нест, мо ҳам нестем.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  15. Asadullo Valizoda Истиклол орзуи деринтизори огохони миллатхои шурави буд, аммо бо шикасти ГКЧП он хаичун “муфт” ба дасташон афтид, вале дар кишвари точикон нерухои равшанфикру озодихох ин мургу хумоюнро ром карда натавонистанд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  16. Nekfar Kosimi Дар руи когаз Истиклолем, дар хакикат бошад дар катори давлатхои Вобастатарин!!!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: