Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёдҳо, фарёдҳо…

Пас аз ҳар сафарам ба Ватан рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо дидаву шунидаву озмудаҳои худро хостаю нохоста, гаштаю баргашта, гоҳу ногоҳ, шабу саҳар дубора мебинам ва мешунавам. Чеҳраҳо ва манзараҳо ҳамеша пеши нигоҳам ба ҷилва меоянд. Хотираҳои ман дар шаби хобам ба фарёдҳо табдил мешаванд. Аз садои худам бедор мешавам ва мефаҳмам, ки чашмонам пуробанду болинам тар.

Пилкҳоямро мебандам ва кӯчаву хиёбон, кӯҳу барзан, деҳу дарахтон, ёру дӯст, хешу табор пеши чашмам меоянд. Садоҳои бешумори ошнову ноошнову нимаошноро мешунавам ва бӯйи нони гарми модарам маро гушнаву садои ҷӯйборони деҳа ташнаам мекунад. Монанди ин аст, ки ман аз роҳи сафар танҳо танамро пас меорам, аммо рӯҳам он ҷо мемонад ва ҳамоно дар кӯчаҳо қадам мезанад, сари шахпораҳо мебарояд, сангро болин кардаву мехобад, дар авҷи тарс бедор мешавад, ки оё дар кадомин гӯшаи ҷаҳон бошад, шод мегардад, ки аз ҳавои ватан нафас мекашад, дӯстонро ба канор мегирад, бо раҳгузорон сӯҳбат мекунад, андӯҳгин мешавад, ки лаҳзаи видоъ тезу ногаҳон фаро мерасад. Рӯҳи ман хобгарди кӯю барзани диёрам аст. Аслан ман онҷоям ва гаҳ-гоҳе инҷо.

Оваҳ, ман худ хобгарди он кӯчаҳо будам. Мисли он ки дар хоб ба мулки афсонаҳо рафтаам. Ҳама чӣ – хонаҳо, одамон, дарахтон воқеӣ буданд, вале гумон мекардам, ин ҳама дар пиндори ман аст, на дар рӯйи замин. Ба фикрам, як равияи фалсафӣ низ ҳамин ақидаро талқин мекунад. Ҳамаи коинот дар зеҳни туст ва чизе берун аз зеҳни ту вуҷуд надорад. Вале ин дилдориест барои хештан. “Дастам намерасад, ба оғӯш гирамат”! Ғарибӣ маро дигар сарнавишт шуд. Ғарибе дар ғурбат ва ғарибе дар Ватан. Аммо бо ёди Ватан.

Шояд набоистӣ дигар ба он мулк сафар кард? Беҳтар буд, чех шавӣ, олмонӣ ё инглису амрикоӣ? Он гоҳ дар лаҳзаҳои шодии ин мардум ғам нахоҳӣ хӯрд, ки кай дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад? Осуда хоҳӣ буд,  ки ҷузве аз як ҷомеа ҳастӣ. Агар ғаме мехӯрӣ бояд ғами кӯчаеро бихӯрӣ, ки дар он зиндагӣ мекунӣ. 25 сол боз. Ончи пеш аз ин 25 буд, боистӣ аз ҳотират бо табар тарошӣ. Онро ишибоҳи тақдир донӣ, ки зода шуданат дар соҳили рӯди диёр хато буд. Охир, дигар дар он кӯчаҳо ҷойи по надорӣ. Ҳар бегонае дорад, вале ту надорӣ.

Дар пиёдароҳи Душанбе аз дур дӯст ё шиноси деринаро медидам. Чеҳраи ба андозаи дардовар ошно. Вале наметавонистам, номи шахсро ба ёд оварам. Тарс маро фаро мегирифт. Охир, ин касро мешинохтам, шояд садҳо бор, дар он умри пешина, ҳамдигарро канор гирифтаем, дасти якдигарро фишурдаем, бо ҳам баҳс кардаему созиш, аз ҳам омӯхтаем ва андӯхтаем, аммо номаш чӣ буд?

Шигифтовар аст, ки дар дуқадамии ҳамдигар дафъатан, ба як бор, ҳама чӣ ба ман бармегашт. Ном, номи хонаводагӣ, ҷойи кораш дар он замон, хотираҳои якҷоя, номи фарзандонаш. Ин магар тасдиқи он ақидаи фалсафӣ нест?

Ман намедонам, чунин вазъ чӣ гуна ба миён меояд ва ҳофизаи ман дар чунин лаҳзаҳо чӣ гуна кор мекунад. Ин ҳама ба мӯъҷиза мемонад. Дар охирин сония як уқёнус иттилоъ дар мағзи ман зинда мешуд, гӯё садҳо сафҳа китоб дар они воҳид хонда ва ҳазорон санаву таърих азбар мегашт.

Мо ҳамдигарро ба оғӯш мегирем ва ҳис мекунам, ки дилам мегиряд. Ба чашмони маҳзуни ӯ, ба мӯйҳои сафедгаштааш, ба тӯри ожангҳои чеҳрааш, ба сарулибоси хоксоронааш.

Касе ки аз берун меояд, дигаргуниҳо зуд ба чашмаш мехӯранд. Дарахтон пиртар шудаанд, сохмтонҳои нав ҷойи биноҳои куҳнаро гирифтаанд. Он гоҳ шабеҳи мӯре мешавӣ, ки дар ҷустуҷӯи роҳу рӯйи пешина раҳгум задааст. Чеҳраҳои қадима дар пасманзарҳои нав ин қадар осебпазир ва нопойдор метобанд. Аҷиб аст, ки пасманзари онҳо дар ҳофиза ҳамонест, ки солҳо пеш буд. Нигоҳи ман намоҳои навро ба сахтӣ азёд мекунад, зеро чашмонам чизҳои ошно ва азизро меҷӯянд ва дигаргуниҳоро нодида мегиранд. Хотираи дил қавитар аз хотираи чашм аст.

Аммо дидани ҷойи холии кинотеатри “Ҷомӣ” ё театри Маяковский дардовар аст. Мисли ин аст, ки навиштаҳои деринаро аз ҳофизаат пок мекунанд. Биноҳои дигари сари ҷодаи марказӣ нигоҳи маҳзуни ятимона доранд, гӯё медонанд, ки ба зудӣ ба шикастпораҳо табдил хоҳад шуд. Лек дар ҳофизаи мо хоҳанд монд, то замоне ки ҳастем. Навҷавонон аз канори биноҳои нави баланд мегузаранд ва ҳофизаи онҳо манзараҳои навро азиз хоҳад дошт.

Маро хотираҳоям мекушанд. Зиндагӣ гирдоварии ёдҳост. Хуш ва нохуш. Зебо ва зишт.

Милюнҳои хотираи реза-реза, мисли порчаҳои гулдони булӯрие, ки ногаҳон ва худ ба худ аз тори ҷевон ба фарш афтодааст, пеши назарам медурахшад. Ва ҳар дафъа ҳамин гуна. Даҳҳо гулдони шикаста ва миллиордҳо порчаи шаффофу дурахшон. Вақте онҳоро ба ҳам васл мекунам, гоҳе порчаҳои куҳна бо порчаҳои нав пайванд мешаванд ва дареғ, он гулдоне, ки ман мешинохтаму дӯст медоштам, дигар на дар он шакли ошнову диловез, балки ба сурати як ҳаюло зоҳир мешавад. Порчаҳои зебо дар байни тиккаҳои баднамо нопадид мегарданд ва фарёд мекашам, гулдони афсонагуни ман куҷо шуд?!

Гоҳи дигар хеле ҳушмандона ва аз канор ба хотираҳои наву куҳнаи худ менигарам ва бо тамоми нерӯ талош мекунам, бифаҳмам, ки ватани ман ба кадом самт ҳаракат дорад. Ҷолиб аст, ки бо вуҷуди як ҳамоҳангии умумӣ, ҳар дафъа онро ба ҳар рангу тоб мебинам ва метавонам, бигӯям, ки он сол чиҳо бештар ба чашмам мехӯрду имсол чиҳо.

Имсол дидам, ки мардум хашмгинтар ва норозитаранд. Ва аз баёни хашми худ намеҳаросанд. Соли 2006 як ронандаи токсӣ низ шикояти зиёд мекард. Аз рӯзгораш, аз бепулӣ, аз нархҳои баланд, аз ронандагоне, ки “ҳамлаварона” мошин меронанд, аз мансабдорони бепарво, аз зӯргӯиҳои ҳамсоя ва ғайра ва ҳоказо. Вақте маро ба манзил расонд ва дар пеши дарвоза шиносам интизори мо буд, ӯро берун хондам ва гуфтам, ин каси хушсарулибос, ки мебинӣ вакили порлумон аст, ҳамаи шикваҳои худро бигӯй, ёрдам мекунад. Мард дар ғояти ҳарос печутоб хӯрд ва гӯё ба маротиб хурдтар шуд. “На, ман ягон шикоят надорам, зиндагиям олист, ҳамту пеши Шумо нолидам, ки чойпулӣ зиёдтар шавад.”

Ин бор ронандае, ки маро то истгоҳи мошинҳое бурд, ки ба Хуҷанд мераванд, на танҳо шикояти зиёд кард, балки хост, аз ман нишонаҳои журналистон, радиоҳо ва мухолифонро гирад ва ҳодисаи ба 40 ҳазор доллар харидани хона барои оилае, ки фарзандонашонро писари ноиби сарвазир бо мошин зада буд ва ба духтари раисиҷумҳур дода шудани як кони ангишт ва ҳамзамон фармоиши давлатии таъмини ТЕТС бо ангишти ин кон ҳикоят кард. Гуфт омодааст, ба расонаҳо дар ин бора суҳбат кунад.

Ин раҳ дар кӯчаҳои Душанбе ва Хуҷанд одамони сархуш зиёдтар ба чашмам намуданд. Бархе аз онҳо ҳатто бо раҳгузарон арбада мекарданд, як нафарро дидам, ки дар гулгаште дароз хобида буд. Зоҳиран шаробнӯшӣ назар ба гузашта бештар шудааст. Баъзе шиносҳоям, ки солҳои пеш бо талоши зиёд тақводории худро намоиш медоданд, ин дафъа доди шаробро медоданд. Дар як манзил, нафаре пас аз ду ҷоми шароб, гуфт, шумоҳо биншинед, ман намози пешинро бихонам. Ба ман гуфтанд, аз ҳамаи чойхонаҳо лавҳаи “овардан ва нӯшидани машрубот манъ аст”,–ро маҷбурӣ, бо дастури намояндагони давлат кандаанд ва ҳоло шарбохорӣ дар ҳама чойхонаву ошхонаҳо мумкину осон аст.

Чанд сол пеш дида будам, ки бо сабаби пур шудани масҷид, сафи намозгузорон кӯчаву гулгаштҳои атрофи онро пур карда буд ва ҷавонон миёни онҳо зиёд буданд. Ин бор чунин манзараро надидам, балки як масҷиди қадимаро дидам, ки ба харобазор табдил шуда буд, ҳарчанд мегуфтанд, ваъда ин аст, ки дар ҷойи он масҷиди нав ва бузургтару зеботаре хоҳанд сохт.

Шояд, аммо раванди куллӣ ин аст, ки дин дар ҳаёти мардум бояд ҷойгоҳи хеле маҳдуд дошта бошад, зиёд ба чашм нахӯрад. Ба масҷиди валангор касе намеояд, маълум нест, масҷиди нав кай сохта хоҳад шуд, дар ин байн онҳое, ки ин ҷо намозгузорӣ меомаданд, бо ҳам вомехӯрданд, ҳамсӯҳбат мешуданд ва ба ин тартиб ҷомеа ваҳдати бештаре меёфт, як муддат аз ҳам дур хоҳанд буд.

Ман тарафдори динмеҳварии ҷомеа нестам, аммо талоши рӯшоди динзудоӣ чизест, ки як бор низоми шӯравӣ озмуда буд. Пайомадашро ҳам дид. Аз сӯе ҳам ончи дар солҳои охир дар ҷаҳон рӯй дод, то кадомин ҳад хатарзо ва хунхор будани тундгароии диниро ба намоиш гузошт. Вале бо ин ҳам намебоист бозгашт ба таҷрибаи шӯравӣ ягона роҳи мумкин бошад. Фишор хашмро дар муштҳо ҷамъ меораду бас.

Озмоиши нокоми шӯравиҳо ҳадафи фаротар дошт. Онҳое, ки мардумро беХудо мекарданд, мехостанд, онро бепуштибон кунанд ва ҷойгоҳи холиро барои худ соз намоянд. Бехудоӣ беахлоқист. Онҳо гӯл набуданд ва ин чизро мефаҳмиданд. Ин буд, ки ахлоқномаи вижаи бунёдкори коммунизмро навиштанд, то ҷойи китобҳои муқаддасро гирад ва ҷомеа беахлоқ нашавад. Баъзе аз муллоҳо он замон мегуфтанд, ки ин ахлоқнома гӯӣ аз Қуръон рӯбардор шудааст. Он даврон ҳам дин нимае давлатӣ ва нимае махфӣ буд.

Акнун бо ҳар роҳу васила ва ҳатто зӯроварии ошкоро мехоҳанд, мардумро аз динаш дур кунанд, аммо чизе надоранд, барои пур кардани ин холигоҳ ба миён ниҳанд. Ин чизе нест, ки ба дарозо кашад. Миллатпарварӣ ва миллатгароӣ низ дар айёми саёҳатҳои ҷаҳонӣ роҳи шукуфоне нест, вақте шиор якесту амалаш дигар. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, матбуоти озод, чандандешии сиёсӣ ҳоло пешдаргирони авторитаризм шудаанд.

Бо ҳама як сӯ, вале бо дин — ин бозии хатарнок ва ханҷари дудама аст. Пас аз шустанҳову шустанҳо танҳо дин мондааст, ки ҳувияте ба мардум медиҳад. Тоҷикон ифтихор доранд, ки нақше носутурданӣ дар Ислом гузоштаанд. Бо забонаш чиҳо мекунанд, ҳатто Бозор Собир медонад. Дар дарозои торих дин забонро наҷот дод ва забон динаро. Аммо ҳар миллатро меҳваре ҳаст, ки агар онро шикастӣ, дигар қомат барнахоҳад афрошт. Меҳвари имрӯзии ин мардум, чи мо хоҳем ва чи нахоҳем, динаш аст. Дини ӯ гулдонест, ки ба он гули забону фарҳангро мешавад гузошт. Талоши ба он гузоштани парчами шахсии худ беҳуда аст. Беҳ аст, масҷидашро обод ва ба хонаи хирад табдил диҳед, то ӯро дар тӯфонҳои садаи хатарноки 21 ба боди ҳаво гузоред.

Ҳофизаҳо шуста мешаванд. Аммо ба гулдон чӣ гуле мегузоранд, вақте он ба ҳазор порча шикастааст?

25.11.2016 - Posted by | Ватан, Ислом, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: