Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Рӯзи Гулрухсор, Хурмо, Қутбӣ ва Моёншо

Зодрӯзи шоири нозукбаён Қутбӣ Киромро пайдо нахоҳед кард. Ҳарчанд онро гоҳо расман 22 ва баъзан 23, ҳатто 24-уми декабр мешуморанд, худи ӯ зодрӯзашро ба 17-уми декабр тиргак мегузошт, ба эҳтимоли зиёд барои он ки дар миёни ду бонуи зебо – Хурмо  ва Гулрухсор бошад.

Аммо бино бар санаду мӯҳру васиқа дар он курсии байни ду гул бояд профессор Моёншо Назаршоев нишинад, ки воқеан 17-уми декабр ба дунё омадааст.

Як сухани устод Назаршоев дар ёдҳо мондааст, ки гуфта буд, «ман на хидмати хирсона, балки хукона кардам». Албатта, манзур хидматҳояш ба илму маорифи кишвар на, балки ба шахсе буд, ки бо пешниҳоди ӯ барои муддате раҳбари кишвар шуд ва дар ғояти корношоямӣ онро ба вартаи хунини ҷанг кашонд.

Зодрӯзи Хурмо Ширинова ҳатман зери сояи зодрӯзи «Гули Яхч» — бонуи Гулрухсор рафтааст. Ҳол он ки сарнавишти Хурмо ба андозаи зиёд сарнавишти фарҳанг ва ҳунари тоҷикро ба ёд меорад. Духтаре аз рустои дурдасти Бадахшон танҳо бо такия ба овози худодод ва ҳунари хонандагияш тавонист ба яке аз баландтарин қуллаҳои шӯҳрат расад ва дар авҷи камолоти ин ҳунар ҷаҳони фониро тарк кунад. Ҳамон гуна ки дар охирин солҳои аҳди Шӯравӣ Тоҷикистон ба болотарин нуқтаи рушди худ расид, на танҳо дар рақсу суруд, имрӯз ҳам, шукр, базму бозӣ муҳимтарин дастоварди мост, балки дар бисёре аз арсаҳо, ҳатто дар футбол ва аз ҳама асосияш дар рушди башарӣ, яъне пешрафти инсон ҳамчун як воҳиди ҷомеа.

Фарзанди давраи, ба истилоҳ Эҳёи Тоҷик, Хурмо Ширинова таҷассумгари як давраи томи таърихи фарҳанг ва ҳунари кишвари хеш аст. Вай на танҳо дастаи машҳури “Гулшан”-ро ба ёди мо меорад ва даҳҳо ҳамовардашро, ба монанди Орифшо Орифов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, балки дастаи рақси “Зебо”, ансамбли “Лола”-и Ғаффор Валаматзода, бурузи наққошоне чун Сабзалӣ Шариф, Комил Ёдгор ва Сӯҳроб Қурбонов, шеъри Қаноату Лоиқу Гулрухсору Бозору Гулназар ва даҳҳо комёбии дигарро дар хотирҳо зинда мекунад.

Ва нахустин талошҳои роҳкушоии фарҳангӣ ба Афғонистону Эрон, эҳё ва эъмори пайвандҳои гусаста.

Вале ин ҳама мисли суқуте ба назар мерасад, ки дар авҷи парвози баланд ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ин лиҳоз наметавонад, танҳо носталжии гузашта бошад. Шоираи шаҳир Гулрухсор талош дорад, бо шеъру румонҳояш он мавҷи эҳёро акнун дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, пас аз ҷанги хунини солҳои 1992-97 идома диҳад. Як худи “Сакарот” кӯҳпораи адабиёти мост, нагуфта чизе аз “Зан ва ҷанг” ё сурудаҳои ахираш. Рӯзи пурбору борвари 17-уми декабр зодрӯзи ӯст ва бояд ба ҳастияш шукр гузошту самимона табрикаш кард.

Ӯст, ки баъд аз Улуғзодаву Лоиқ рисолати як рӯшанфикрро дар бадтарин шароит бо сари баланд идома медиҳад. Як нигоҳ ба чанде аз гуфтаҳояш кофист, ки пешаш сари таъзим фуруд овард:

Гулрухсор дар зимистони сахти солҳои 2007-08 гуфта буд, ҳукуматеро мардумӣ намешуморад, ки мардумаш дар сардию торикӣ ба сар мебаранд. Хуб, агар ӯ намебуд, оё онҳое, ки барои як ҳарфаш аз ӯ озурда шуданд, шод мегаштанд? Агар ӯ намебуд, ин ҳама ҳақиқатро дигар кӣ дар мазҳари ом ба забон меовард? Шери нар куҷо меҷӯед? Ӯст, ки шер аст! Ва шеъраш ҳам наърaи шерона аст. Шерҳои дигар кайҳо ба рӯбоҳ табдил ёфтаанд.

Аммо Назаршоев. Доктори илми таърих, узв ва яке аз сарони пешини Шӯрои Олии пешини Тоҷикистон, Моёншо Назаршоев низ дар ҳамин рӯзи 17-уми декабр, дар соли 1929 ба дунё омадааст. Вай солҳо ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва баъд аз вакили маҷлис интихоб шуданаш бо сиёсат омехт. Вай касе буд, ки бо вуҷуди бузургияш, иштибоҳҳои худро дарк кардаву барои чунин иштибоҳ аз мардумаш узр пурсидааст. Бипазиред, ки дар замони мо чунин ҳол хеле кам рӯй медиҳад ё тамоман рӯй намедиҳад. Моёншо Назаршоев аз ташнагони сулҳи Тоҷикистон буд дар миёни оташи хонумонсӯзи ҷанги дохилӣ.

Мегӯянд, яке аз сабабҳои куштори номардонаи ӯ ин аст, ки ду тарафи ҷанги Тоҷикистон мехостанд, маҳз Назаршоев раҳбари раванди сулҳи кишвар шавад. Ҳоло ин ба фоидаи кӣ буду бар зарари кӣ худатон ғарқи ҳадсу гумон шавед.

Дареғо, ки аз Назаршоев ва даҳҳо тани шабеҳи ӯ имрӯз хеле кам ёд мекунанд. Ё аз шоире мисли Қутбӣ Киром, ки бисёриҳо мегӯянд, дар ҳақиқат  17-уми декабри соли 1932 зода шуда, ҳамаи умраш як достони шуниданиест ва шеъру ғазалашро даҳҳо овозхон месароянд. Пас имрӯз пайтест, ки ин гуна таронаҳоро пахш кард, шунид ва ба равони онҳо дуруд фиристод. Хоса, ки Хурмо худ як таронаи беинтиҳост ва ҳаргиз наметавон аз шунидани садояш сер кард.

Бо ҳам ёде кунем аз Хурмои Ширин ва аз рӯзҳои рафтаву инсонҳои рафта…

Advertisements

17.12.2016 - Posted by | Адабиёт, Рӯзгор, Таърих, Фарҳанг, Ҳунар | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: