Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Синемои боБақо (Аз “Адонис” то “Имом Бухорӣ”)

Сарнавишти филмсози тоҷик Бақо Содиқ тақрибан шабеҳи филмҳои худаш аст. Як ҳаёти хеле сахту сангин ва пурпечутоб, фарру шукӯҳи ниҳон дар сиришт, арши шӯҳрат ва фарши нописандӣ, роҳи дарозе бо гирдбодҳо, парвозҳои баланд ва афтодан ба ҷазираи бекас. Бо авҷи шӯҳрати ногаҳонии ҷаҳонӣ ва талоши ронда шудан ба гӯшаи фаромӯшӣ. Корномаи ӯро, ки фарҳангшиноси тоҷик Муҳиддин Маҳмудов ба нашр расонд (“Кино Бако Садыкова”, Санкт-Петербург, 2016), варақ мезанам ва як зиндагии пурборро мебинаму як қадрношиносии дардоварро.

Китобест зиндагиномаи коргардони машҳур, аммо намепиндорам, ки ин ҷамъбасти роҳи ӯст, балки як исти кӯтоҳ дар шоҳроҳи дароз. Манзараҳои ватани азизам дар филмҳои Бақо Содиқ пеши назарам меояд. Зебоии худодод ва биҳиштосо! Вале андешае маро тарк намекунад, ки чаро дар ватанам ба бузургии Бақо Содиқ он гуна ки боист, ба чашмҳо намерасад ва чаро ӯ як чунин роҳеро паймуд, ки ба ин ҷо расондаш. Аз ӯ буд ё аз мо?

Меангорам, ки як сӯ фазо ва муҳит, як сӯ ғалаёни эҳсосу андеша ва ҷустуҷӯи беохири ҳақиқат, фурӯ рафтан ба умқи фалсафа ё шикасти интизориҳои беш аз ҳад ё ғами хонадон ё оромише аз лаззати кашфиёт, қаноатпешагӣ ё пеши по афтодани мӯъҷиза сабаби ин ҳол шудаанд, намедонам. Аз ӯ буд ё аз мо?

Филмсозӣ – офаридани дунёи дигарест, ки дар он инсонҳову ҷонварону кӯҳу дашту дарё бо хосту амри коргардон халқ мешаванд, зиндагӣ мекунанд ё мемиранд. Яъне офаридгорист. Бақо Содиқ гӯё бо асарҳояш пешопеш барномаи ҳаёти худро рехт, ҳарчанд ҳама чиз ба дасти Худованд аст. Аммо берун аз филмҳо чунин буда, ки гоҳе муҳит бар ӯ чира шуда ва гоҳе ӯ бар муҳит. Хост, шиор нагӯяд, аммо шиор ӯро гуфт. Хост, сиёсат дур бошад, аммо сиёсат ҳамеша ӯро дунболагирӣ кард. Сиёсатҳо мегузаранд, вале асарҳои асили ҳунармандон ҷовидона мемонанд.

Носипосист, агар гуфта нашавад, ки филми “Гирдбод”- и Бақо Содиқ пиндошти густардаро дар бораи “Тоҷикфилм”, ки дастикам дар паҳнои Шӯравии пешин “Басмачфилм” лақаб гирифта буд, аз беху бун дигар кард. Аз нигоҳи ман, ин беҳтарин ва мармузтарини филмҳои коргардони тоҷик аст. Нахустин филми тоҷикист, ки ба ҷашнвораи Канн роҳ ёфт. Ҳарчанд ҷоиза нагирифт, ширкати он дар озмун ва ба баҳси ҷаҳонии синамо дар Канн даъват шудани Бақо Содиқ дар як саф бо бузургтарин филмсозони ҷаҳон худ як ҷоиза буд. Ҷоиза нагирифт, шояд бештар барои он ки доварон ва сармоягузорони ҷашнвора аз коргардони тоҷик суханонеро, ки мехостанд, нашуниданд. “Ман аз сиёсат дурам ва манзурам на ягон кишвар асту на Сталин ё сохти шӯравӣ”. Агар инро намегуфт, ба ақидаи бисёриҳо ҳатман ҷоиза мегирифт. Сол ҳамин гуна соле буд – 1989! Соле, ки таърихи ҷаҳонро иваз мекард. Соле, ки ҳама аз Сталин ва ваҳшатҳои низоми коммунистӣ ҳарф мезаданд ва бо ин сармоя мерӯёнданд.

Саҳнаи гирдбод

Саҳнаи гирдбод

Он замон буд, ки “Гирдбод”-ро дар Душанбе дидам ва ин ҳама сол гузаштаву саҳнаҳои он пеши чашмам мондаанд. Бо ҳамон рангубор ва ҳамон шиддате, ки доштанд. Қавме сарсупурдаи идея таҳти сарварии доҳияш аз кӯҳу ҳомун мегузарад, то ба Кишвари Орзуи Худ расад. Қабилае рангоранг ва ҳар нафараш як дунёи дигар. Дар тобуте пири худро мебаранд ва ҳеч чиз онҳоро аз роҳ бознамедорад, на дарё, на кӯҳ, на тӯфон ва на марги инсонҳо… Агар Бақо Содиқ дар Канн як ишора мекард, ки тобут дар филми ӯ мақбараи Ленин аст, ҳатман ҷоизаро ба даст меовард. Гузашта аз он пас аз ду сол ӯро шахсе меномиданд, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро дар филмаш пешгӯӣ кард. Ҳоло шояд дар канори Ванда ҷой мегирифт. Гӯё гирдбод абрҳои тираро бар фарози як кишвари бузург ба чархиши хунин оварда буд.

Дар ин филм як марди руси баландқомате буд бо чанд дандони оҳанӣ, ки ӯро зери шаршараи кӯҳии овринге зане бо латта дар сари чӯбдасти фаршшӯӣ мешӯяд. Ҳангоми садогузории филм чанд русе дар студияи Маскав ба нишони эътироз корро тарк мекунанд. Онҳо гумон мекунанд, Бақо ба мисраъҳои таърихии Лермонтов (“Прощай, немытая Россия, Страна господь и рабов”) ишора кардааст. Бовар дорам, ҳазорон нафари дигар низ чунин пиндоштаанд. Боз ҳазор нафари дигар сафари қабилаи раҳгумзадаро ба суфия пайванд доданд, роҳе, ки танҳо бо фанои сӯфӣ ҳангоми расидан ба Ҳақ поён меёбад. Ва ҳазораи савум дар саргузашти сангини қавми муҳоҷир роҳи тайкардаи ахлоқ ва маънавияти инсонро диданд. Шояд дигаре дар он вазъи мамлакати худро бинад ва ҳамин гуна тафсирҳо беохиранд, чун филм чандқабатист ва ҳар кас бар пояи донишу идроки хеш қабати муайянеро мебинад ва дарк мекунад.

Киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров ҳанӯз ҳамон рӯзҳо навишта буд, ки ин филм бинандаи элитарӣ ё саромадиро мехоҳад. Вале шояд ин нахустин филми тоҷикӣ буд, ки фикр карданро талаб мекард, на дилхуширо. Бархе онро нофаҳмо мегуфтанд, бархи дигар, баръакс хеле рӯшану ошкор. Худи Бақо гуфтааст, ҳар филми худро барои як бинандаи хоси худ месохт ва ҳангоми ин офаридгорӣ ҳамеша ба завқу салиқаи ӯ менигарист. Бо назардошти он ки коргардон ҳамеша дар филмҳояш пӯшида ҳарф задааст, метавон ин гуфтаи ӯро чунин шарҳ дод, ки он ягона бинандаи Бақо ҳамон Офаридгори замину замон аст ва эҷодкоре, ки барои Ӯ меофарад, бешак, ба шоҳкорҳо даст меёбад.

Дар китоби Муҳиддин Маҳмудов яке паси дигар сарнавишти ҳар кадоме аз филмҳои Бақо Содиқ гоҳ аз забони рӯзноманигорону филмшиносон ва гоҳе дар гуфтумони ӯ бо худи коргардон ва гоҳе ҳам бо шаҳодати санаду ҳуҷҷатҳои расмӣ шарҳ дода мешавад. Ҳалқа андар ҳалқа, яке сухани дигареро идома медиҳад. Он гуна решапайванд, ки чунин гузорҳо аслан эҳсос намешавад. Алҳақ, кори боҳунаронае дар бораи шахси боҳунар! Бо ҳамон сабки хоси коргардоне, ки барои Худо асар меофарад.

Аз мукотибаи расмие, ки дар китоб нақл шудааст, дарёфтам, ки мақомоти синамои шӯравӣ панҷ сол роҳ надодаанд, филми “Гирдбод” ба навор гирифта шавад. Яке аз посухҳо ин буда, ки Бақо Содиқ ҳамчун коргардони тоҷик наметавонистааст, чунин филмеро ба навор гирад, гӯё аз уҳдааш намебаромадааст. Ин ҳам дар ҳоле ки худи ӯ филмномаро навиштааст ва диду андешаҳояшро дар он гунҷондааст. Талошҳои раҳбари Кумитаи давлатии синамои Тоҷикистон шодравон Шодӣ Саид барои ба дунё омадани филм шоистаи таҳсин аст. Бо машварати ӯ, Бақо Содиқ филномаро ба нависандаи забардаст Чингиз Айтматов мебарад ва ӯро ҳаммуаллиф мегирад, то роҳ барои оғози кор боз шавад. Айтматов он вақт раиси Кумитаи синамои Қирғизистон, ба гуфтаи яке аз рақибони сарсахти Бақо Содиқ, раиси вақти Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон Валерий Аҳадов, гӯё баъдан ҳаммуаллифии худро рад мекунад ва ҳеч коре барои боз шудани роҳи Бақо Содиқов намекунад.

Дар Маскав Никита Михалков, Сергей Соловйев ва дигарон аз Бақо пуштибонӣ мекунанд, аммо натитҷае намедиҳад. Ба ақидаи Муҳиддин Маҳмудов, бисёре аз ҳампешагони Бақо Содиқро дар Маскав ва Душанбе кори курсии ӯ – “Адониси XIV” нигарон карда буд. Ҳарчанд ин филми 9-дақиқаиро устодони Бақо “шоҳкор” номида буданд, раҳбарияти синамои шӯравӣ намоиши онро манъ карда буд ва филм 10 сол “зиндонӣ” буд. Танҳо дар соли 1986 яке аз мунаққидони синамо ин филмро пинҳонӣ ба ҷашнвораи Мангейм бурд ва он соҳиби ҷоизаи фахрии озмун гашта, як сол баъдаш Шоҳҷоизаи ҷашнвораи Берлини Ғарбиро ба даст овард.

“Адонис” воқеан шоҳкор аст ва дар бисёре аз донишномаҳои ҷаҳонии синамо номбар шуда, дар феҳрасти “15×15 of the Greatest Seeking of all Time” пас аз филмҳои Чаплин, Феллинӣ, Тарковский дар ҷойи 28-ум қарор дорад. Нависандаи ин сатрҳо онро соли 1989 дар Хонаи Кинои Душанбе дидааст ва ягон саҳнаи филм аз ёдаш нарафтааст. Дӯстони Бақо Содиқ менависанд, ӯ “Адонис”-ро гӯё аз ночорӣ, барои илоҷе карда, имтиҳонро супурдан ба навор гирифтааст. Вале чунин буда наметавонад. Филми кӯтоҳак як ҷаҳон маънӣ дорад ва ин мазмун бо саҳнаҳои хеле дақиқ ҳисобшуда рӯйи навор омадааст. Одамон дар ин филм кам намудор мешаванд ва дар маркази он бузест, ки бо як порча қанди сафед ром шудаву бо зангӯлаҳои шохҳояш гӯсфандонро ба саллоҳхона ё қассобӣ мебараду аз роҳи дигар берун меояд ва гову асбҳоро ҳам бо садои зангӯла ва роҳгардии солоронааш мафтуну гипноз карда, ба кушторгоҳ мебарад ва ҳар бор аз долони дигар зинда берун меояд, аммо боре роҳгум задаву мебинад, бо он ҷонвароне, ки аз паси худ овардааст, чӣ ваҳшате иттифоқ меафтад. Онҳоро забҳ мекунанд ва пӯст мекананд. Ин саҳна бузро он гуна ба ваҳшат меорад, чашмонаш аз косахона мебароянд, дигар ба порчаи қанд майле нишон намедиҳад ва сарнавишти қурбониёнаш ба сари ӯ ҳам меояд.

Гумон намекунам, ин сужа аз ночорӣ ба зеҳни Бақо Содиқ омада бошад. Намедонам, наворгирии бозии инсонҳо осонтар аст ё ба бозӣ овардани ҳайвоноти безабон, аммо коргардони машҳур Роллан Биков бузро “беҳтарин хунарпеша” номида буд. Зермаъно ва паёми филмро на ҳама гирифта буданд. Аз Бақо Содиқ пурсидаанд, оё ӯ гиёҳхор аст? Дар Олмон аз филми ӯ ҷумбиши зидди бадрафторӣ бо ҳайвонот ҳимоят кардааст.

Хабарнигори собиқи “Известия” дар Фаронса Нелля Исмоилова гуфта буд, агар Бақо “Адонис”-ро ба Канн меовард, ин “буз ҳамаро ба як шох мезад”. Аммо худи Бақо мегӯяд, “Адонис” сабаб шуд, ки ӯро даҳ соли дароз нагузоштанд, даст ба филми бадеи занад.

Филми баъдии Бақо Содиқ “Парандаҳои гилӣ”-ро низ хуб дар ёд дорам. Яке аз қабатҳои онро низ ривояти мармузе ташкил додааст. Марде гумон мекунад, ки дар хобаш море ба даруни ӯ даромадааст ва бино бар ривоят мор замоне хоҳад баромад, ки мурғи бузурги сафед бар сари дарахти маскани он мард нишинад. Ҷавононе ба ин макон меоянд, ки ҷонварҳоро меқапанд ва аз онҳо барои осорхона хуса месозанд. Дар коргоҳи онҳо гурге канори баррае баста шудааст, барра аз тарси гург чизе хӯрда наметавонад ва ресмони гург дароз нест, ки барраро нӯши ҷон кунад. Ҷавонон хусаи лаклакро сари дарахт мешинонанд, то мард гумон кунад, ки мор аз дарунаш баромадааст. Вале мард мемирад. Ҷавононро ҳушдор дода буданд, ки ин корро накунанд, чун инсон барои чизе зиндагӣ мекунад ва агар онро аз ӯ бигиранд, умраш маъние нахоҳад дошт.

Бақо Содиқ думболи филмҳое мерафт, ки рамзу маҷозу киноя ва истиора дошта бошанд. Вай аз қолабҳои аврупоии филмсозӣ, ки хоси он давраи синамои тоҷик буданд, дилгир буд ва ҳам аз мавзӯъҳои сабуку содаи таблиғотии шӯравӣ, ки якрангу каммазмун ба назар мерасиданд. Ва “Гирдбод” филмест, ки сабк ва консепсияҳои синамоии ӯро ба беҳтарин шева падид овардааст. Афсӯс, баъди рафтанам аз Ватан филмҳои нави ӯ “Бухорои шариф”, “Ҷосус”, “Ҷазира” ва ғайраро надидаам, аммо бовар дорам, онҳо ба навъе идомаи “Гирдбод”-анд, ҳарчанд синамошинос Виктор Демин менависад, ки “Гирдбод” ба ҳайси беҳтарин филми Бақо Содиқ бақо доштааст. Маг ҳам ошиқи “Гирдбод”мондаам. Вале бовар дорам, тандеми Бақо Содиқ- Ато Муҳаммадҷонов дар филмҳои нави ӯ ва бахусус “Имом Бухорӣ” бояд шоҳкорҳои тозаеро ба вуҷуд оварда бошад. Ҳис мекунам, Ато ҳамчун ҳунарпешаи бузург ниҳоят дар симоми Бақо коргардони худро пайдо карда буд, вале умр вафо накард. Ин ҳисро ба ман аксҳои Ато дар филмҳои Бақо дар китоби Муҳиддин Маҳмудов додаанд.

Аммо ҳисси дигари ман ин аст, ки Бақо Содиқ ба “Гирдбод”-е, ки бақо ёфт, содиқ намонд. Чун ба шахсиятҳои таърихӣ рӯй овард ё ин фармоиши замона буд ва онҳо ин филмсози нозукандеш ва суфимашрабро, ки замоне аз кори шоқаи синамои мустанад ба сутуҳ омадаву “Гирдбод”-ро сохта буд, дубора ба самти филмсозии бигзор ҳатто бадеии мустанад бурд. “Имом Бухорӣ”, “Амир Темур”, “Фидоиён” (дар бораи ҷадидҳо) ва оғози филмномаи “Камоли Хуҷандӣ” ба ман ин ҳисро меоранд, танҳо ҳис, чун филмҳоро надидаам, ҳисси инро, ки ӯ аз “Гирдбод”-и худ ва ситихияи хештан дурӣ ҷуст. Шояд барои он ки ин таҳтушшуур дигар барояш сангинӣ кард? Шояд роҳ вориди гирдбод гашту нопадид? Мумкин филмсози ҷашнӣ буданро ба худ раво донист? Боварам ин аст, ки муаллифи “Гирдбод” тӯфони худро дар синамо идома медод ва қораҳоро ба такон меовард. Коре, ки ӯ дар синамои тоҷик кард, кофист, ки дар таърихи ин синамо чун пайкараи тилоии ҷовид бимонад, аммо орзу дорам қаноат наёфта бошад. Хушбахтона, филмномаи “Қайс” ва либреттои “Шафтолуи заррини Самарқанд”, ки бо ҳамдастии писараш Улуғбек эҷод шудаанд, нишон медиҳад, ки чунин набуду нест.

“Қайс” метавонад, асаре беҳтар аз “Гирдбод” шавад. Ё Бақо Содиқ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба Ватан баргардад ва аз рӯйи филмномаи Муҳаммадзамони Солеҳ “Исмоили Сомонӣ”-ро ба навор гирад. Ин як рисолати Бақо Содиқ — зода ва парвардаи Бухорои Шариф хоҳад буд. Ҳамонгуна филме дар бораи Сино. Аммо ривоятҳои фалсафӣ чизҳое ҳастанд, ки ҳаргиз Бақоро ором гузошта наметавонанд. Ҳамон достони ишқ дар биёбон ё шафтолуи самарқандӣ дар Чин. Ва ҳамон кӯчаҳои пурасрори Бухоро!

Иттифоқан, таърихнигорони синамои тоҷик бо ин ҳама ба ӯ беэҳтиромӣ кардаанд. То ҷое, ки Муҳиддин Маҳмудов порчаҳои ғалат ва дарҳамубарҳами  “Донишномаи синамои Тоҷикистон”-ро (муаллиф Саъдулло Раҳимов) оварда ва ислоҳу веросторӣ кардааст, дида мешавад, хусумати шахсӣ ё фазои сиёсӣ сабаби ин беэҳтиромиҳо ва камбиниҳо шудаанд. Воқеан дар шигифтам, ки чаро дар расонаҳои Тоҷикистон чизе дар бораи Бақо Содиқ нашр намешавад ва дар ҷашнвораҳо филмҳои ӯро намоиш намедиҳанд? Шояд барои он ки беҳтарин филмҳои ӯро раҳбарони вақти “Тоҷикифилм” ба Қазоқистон бо пули пуче фурӯхтаанд. Он ҳам дар солҳои сахти студия? Вале шояд барои он ки Бақо Содиқ ба Тошканд кӯчид ва ин ҳама солҳо равобит бо Ӯзбакистони давраи Ислом Каримов сарду бад буд?

Дар китоби Муҳиддин Маҳмудов сабаби кӯч бастани филмсози маъруф шарҳ дода шудааст. Аммо чаро мақомоти кишвар он вақт ӯро аз роҳаш бознадоштаанд, номаълум аст. Шояд барои он ки ҳамроҳи чанде аз адибону ҳунармандони маъруфи Осиёи Марказӣ хостори ҳифзи равобити танотанги ин кишварҳо шуд ва номуродона, ташаббускорон минтақаро бо номи русии “Туркистон” ба забон гирифтанд? Рӯшан нест. Мақомот пеши роҳи гурези мағзҳои Тоҷикистонро ҳаргиз нагирифтаанд ва намегиранд. Он ҳам замоне ки кишвар оғушта ба хун буд. Валерий Аҳадов ба Русия рафт, Бахтиёр Худойназаров ба Олмон, Ҷамшед Усмонов ба Фаронса, ин феҳраст дароз аст. Вале матбуот ҳамеша аз онҳо ёд мекунад. Аммо на аз Бақо Содиқ, ки ба Ӯзбакистон рафт. Номбурдагон ҳам филмҳое барои “ватанҳо”-и нави худ гирифтанд, аммо аз онҳо истиқбол мешаваду нисбати Бақо Содиқ сукут меварзанд. Ҳол он ки рисолати ӯ дар Тошканд муҳимтар буду ҳаст ва аз ҳузуру шӯҳрати ӯ мешавад, барои наздикии бештар миёни ду мардум ва ду давлат истифода намуд. Эҳтироми ӯро ба ҷой овард ва ба ҷашну ҳамоишҳо даъваташ кард.

Ислоҳоти инқилобӣ дар низоми давлатии синамо дар охири солҳои 1980 фазоро барои Бақо Содиқ боз кард ва ӯро ба арсаи ҷаҳонӣ баровард, аммо дареғ, истиқлолияти синамои тоҷик натавонист, аз ному ҳунару таҷрибаи ӯ барои рушди ин соҳа истифода кунад. Вале шояд ҳанӯз ҳам дер нашудааст? Магар мактаби синамогарони ҷавони тоҷик ба чунин устоде чун Бақо Содиқ, ки филмҳояшро дар Амрико, Аврупо ё Ҷопон ба ҳунарпешагони ҷавон меомӯзонанд, ниёз надорад?

atobaqogirdbod
shoir-isfabndior-ghulomov

Advertisements

11.01.2017 - Posted by | Синемо, Фарҳанг, Ҳунар | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: