Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Корвожа дар+кор

harakatТавонмандии ҳар забон, ба пиндошти ман, зиёдтар аз ҳама ба шумора, гунҷоиш, корбурд ва маъниофаринии феълҳои он бастагӣ дорад. Забоне аз ҳама қавист, ки феъли бештар дорад. Дар забонҳои пешрафта, аз ҷумла инглисӣ, тақрибан ҳар исм метавонад, бино бар зарурат феъл шавад. Феъл кор аст. Амал, ҳаракат, тапу талош аст. Феъли бисёр – кори бисёр, кори бисёр — боздеҳи бисёр. Камшумории феълҳо нишонаи сустӣ, дармондагӣ, танбалӣ ва ғафлат аст.

Ин номаро навиштаву гӯё ба поён бурда будам, ки ногоҳ ҷусторҳои хуберо дар торнамои “Порсианҷуман” вохӯрдам. Ҳарчанд сафҳа ба душворӣ боз мешуд, ҳатто дар маркази Аврупо, “Баҳра аз корвожаҳои сода ба ҷои омехта”-ро хондам, вале “Фаргарди сохтмони феъл” аз устод Парвиз Нотили Хонлариро боз карда натавонистам. Хушоянд буд, ки торнамо ба ҷои “феъл” бештар “корвожа” гуфтааст, яъне вожаи кор, калимаи кор. Намунаҳои неки корвожаҳои ин торнаморо дар поён хоҳам овард, аммо ҳоло дар номаи худ “феъл”-ро, ки дар забоншиносии Тоҷикистон ниҳодина шудааст, ба кор мебарам.

Нақши бузурги феъл ин аст, ки агар хонанда ё шунаванда маънии онро медонад, вожаҳои дигарро ҳам надонад, метавонад мазмуни ҷумларо фаҳмад ва паёми онро бигирад, бигзор бар пояи ҳадсу гумон.

Вақте кас забони хориҷиеро омӯхтан мехоҳад, барояш гуфта мешавад, ки дар ҳар ҷумла пеш аз ҳама феълро пайдо ва маънии онро дарк кунад. Дар омади гап, феъл дар ҷумлаи инглисӣ дар ҷойи дувум баъд аз исм меояд, дар забони мо аввал агар исм ояд, феъл дар охири ҷумла ҷой дода хоҳад шуд, зеро баъд аз исм, сифату ҳолату ғайраву ғайра, яъне обуранги исм меояд. Мо ба феъл, яъне кору амал дар навбати охирин таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Аввал бояд исмро ин қадар шарҳу тафсир доду муайяну мушаххас кард, ки хонанда ба он сари таъзим фуруд орад.

Хуб, таърихан чунин будаву шуда ва бигзор исм подшоҳ ё президент бошад, аммо феъл мардум ва артиш аст, ки кори асосиро мекунанду натиҷаашро ба исм пайванд медиҳанд. Подшоҳ ё президент метавонанд, коҳилу ҷоҳилу гӯлу гаранг ҳатто нонамоёну бешахсу беном бошанд, вале мардум ва артиш на. Дувумиҳо бояд ҳамеша дар тапиш, кору талош, амал ва набард бошанд. Ин сирри, намегӯем, пирӯзӣ, балки зинда мондан дар ҳама шароит аст.

Аммо забон. Як нишонаи бӯҳрони забони модарии мо ин аст, ки суханварону қаламкашонаш асосан ба “кардан”-у “шудан”-у “намудан” такия задаанд. Ҳатто дар осори бадеӣ ҳеч гуна парвози сухану сабк дида намешавад. Вале оё забони мо фақат ҳамин ду феълро дорад? Ва ҳам чанди дигар, ки “ёрирасон” унвон шудаанд?

Як нигоҳи кӯтоҳ кофист, дида шавад, ки чи қадар аз феълҳои забони мо бо гузашти айём, хоста ё нохоста, аммо беш аз ҳама ба иллати худкамбинию бегонабузургбинии мо нобуд шудаанд. Талоше ҳам барои эҳёи онҳо дида намешавад. Монанди, барои намуна, “ғиревидан”, “сунбидан”, “ғежидан (ғеҷидан)”, “ғурунгидан”, “ғурунбидан”, “шипелидан”, “ғажидан”, “ғанавидан” ё “ғунудан”, “хусбидан”, “харҷидан”, “ханҷидан”, “пучидан (бучидан)”, “ғиличидан”, “сечидан”, “хамидан (хамбидан”, “лумбидан (ламбидан)”, “раҳидан”, “шоридан”,”куфтан (кубидан), “кебидан”, “кашондан”, “гирондан”, “кофтан”, “ғундоштан”, “дарёзидан”, “ёристан”, “жакидан”, “собидан (сойидан, суфтан),“сутудан” ва дигару дигар, ки дар матнҳои бостонӣ зиёд вомехӯрем ва дар бархе аз лаҳҷаҳо ҳанӯз зинданд.

Имрӯз корбурди онҳо гӯё шармовар аст ва аз ақибафтодагию куҳнапарастии муаллиф паём медиҳад. Барои ҳамин вақте “гузидан” мегуем ё менависем, ки дар осори ҳамаи бузургони гузаштаамон дида мешавад, навҷавонон механданд, ки ин оё ҳамон чизест, ки онҳо медонанд “гӯзидан” ё маънии дигаре дорад. Имрӯз мо шоҳиди “кушта шудан”-и феъли “ғалтидан” ҳастем, ки як вазир фармон дод, аз он истифода нашавад. Пас аз чанд сол ҷавонони мо ҳангоми хондани осори Рӯдакӣ ё Мавлоно маънии ин вожаро дар фарҳангномаҳо хоҳанд ҷуст.

Солҳои донишҷӯӣ ва оғози кори рӯзноманигориям дафтарчаҳое доштам, ки дар онҳо вожаҳои хушсадо ва бароям навро, ки аз забони мардум мешунидам, ғунд мекардам. Дар Файзобод, Масчо, Ғарм, Ромит, Фалғар, Кулоб, Фархор, Панҷекат, Сангвор, Ишкошим ва ғайра садҳо вожа, зарбулмасал ва ҷумлаҳои аҷибро гирд оварда будам. Он дафтарчаҳо дар солҳои ҷангу ғорат шудани манзилам ба тороҷи ғамон рафт. Дар ёдам мондааст, ки дар аксари ин манотиқ феъли “трушондан”, “трушидан”, гоҳе “рушондан” ва рушидан”-ро шунида будам. Ба маънии бо як ҳаракат кандану ҷамъ овардани баргҳо аз шоха ё навдае.

Ҳоло бубинед, “Порсианҷуман” чӣ менависад: 

Порсӣ Анҷуман: Корвожаҳои омехта [=афъоли мураккаб] дар порсии имрӯз ҷои бисёре аз корвожаҳои сода ва пешвандиро гирифтаанд ва шумори бисёре аз корвожаҳои сода дар порсии имрӯз аз ёд рафтаанд ва ба ҷои онҳо корвожаҳои омехта нишастааст.

Бар мост, ки ин корвожаҳои сода ва чим [=маънӣ] ва корбурди онҳоро бишносем ва ба ҷои корвожаҳои омехта ба кор барем.

Охтан = буланд кардан, дароз кардан
Огандан = пур кардан
Омехтан = махлут кардан, мамзуҷ кардан
Осудан = истироҳат кардан
Оғуштан = хис кардан
Олудан = олуда кардан
Оғолидан = таҳрик кардан
Алфахтан = ҷамъ кардан, тӯда кардан
Анбоштан = анбор кардан
Афрӯхтан = равшан кардан
Андӯдан = андӯд кардан
Афсурдан = ях задан, сард шудан
Авбоштан = балъ кардан
Гусастан = пора кардан
Гушодан = боз кардан, фатҳ кардан
Гумоштан = маъмур кардан
Гурехтан = фирор кардан
Гаравидан = имон овардан, моил шудан
Гудохтан = завб шудан, об шудан
Костан = кам шудан
Шикефтан = таҳаммул кардан, сабр кардан
Шитофтан = шитоб кардан, ъаҷала кардан
Шоистан = шоиста будан, мустаҳиққ будан
Ситадан = пас гирифтан
Сутурдан = пок кардан
Растан = халос шудан
Дурӯдан/даравидан = дурӯ/дарав кардан
Халидан = фурӯрафтан
Бисудан/пасудан = ламс кардан
Бехтан = алак/элак кардан
Баюсидан = мунтазир будан, мутаваққеъ будан

Корвожаҳои содаи фаромӯшида

Бисёре аз корвожаҳои сода [=афъоли басит]-и порсиро фаромӯшидаем ва ба ҷои онҳо аз корвожаҳои омехта [=мураккаб] ё гузораҳои корвожаӣ [=ъибороти феълӣ] баҳра мегирем. Бархе аз ин корвожаҳои фаромӯшида чунинанд:

Тӯфидан
Тӯхтан
Тосидан
Тафтан
Тафсидан
Навардидан
Ниюшидан
Варзидан
Носидан
Полудан
Пӯйидан
Перостан
Афсудан
Сириштан
Шикардан
Дамидан
Фарсудан
Фатолидан
Ғунудан/ғанавидан
Ёзидан
Ёристан
Чамидан

Оё чамҳои [=маъонӣ]-и корвожаҳои болоро медонед?

Барои огоҳии бештар нигоҳ кунед ба пӯшинаи дувуми “Торихи забон форсӣ”-и устоди зиндаёд Парвизи Нотили Хонларӣ, фаргарди сохтмони феъл. Онро метавонед аз «инҷо» боргиред.”

Ва дар поёни ин суҳбат чун ҳамеша пурсишҳои зиндаву тапанда! Оё мо луғати феъл ё корвожаҳои забони худро дорем? Ё феълномаи лаҳҷаҳои забонамонро? Нависандагони мо барои ҳифзи ҷони феълҳои забони мо ё эҳёи феълҳои канорафтода коре мекунанд. Дар зимн, маҳз эҳёи феълҳои гумшуда ҳар дафъа ин забонро аз марги яқин нигоҳ доштааст ва таври маълум забон худшиносии ин қавмро. Пас бояд чӣ кор кард, ай мардум?

Advertisements

27.01.2017 - Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Фарҳанг

3 Comments »

  1. Salim Aioubzod Дар чанд ҳолат феъл дарҳол баъд аз исм ҳам меояд, аммо ин зиёдтар иснисност, то қоида. Ҳоло чизи дигаре ба ёдам расид, ки бисёр вақт он феълҳои дӯстдоштаамонро бо “аст” пайванд мекунем: рафтааст, гуфтааст, кардааст. Мисли ин ки чандон бовар надорем ва аз “занакои лаби об” шунидаем…

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  2. Латиф Хадязода Кам нашавед Муло Салим, матлаби муфиду омузанда навиштаед, сипос, амалатон тибки рахнамоихои устод Айнист, агар хар нафари мо андак-андак хамчунин кореро анчом дихем забонамон бамаротиб доро хохад шуд. Муддати солхо чанд маротиба озмудам, ки хатто “мутахассисон” -и машгул бо забон аз “ном” будани “исм” огохи надоранд, яъне чун хазороне, ки намоз мегузоранд ва аз маънои хондахояшон бехабаранд, “исму”-у “феъл” гуфта талабахоро меомузанд, аммо аз маънояш бехабаранд. Дар мавриди феълхо метавон гуфт, ки дар гушахо, бахусус дар дехахои кухистон феълхои гуногуни содаю мураккаб вомехуранд, масалан, яла кардан(рахо гардидани асп аз кишан ё ягон хайвон аз ресмон, чилбур ё аргамчин), хавуч кардан -як дастро пур карда чизе гирифтан(талккон, гандумбирён, нухуд ё ………..). (дехаи Ёреи Панчекат) Бояд ин хамаро аз байни халк чамъ оварему ба кор бандем.
    Unlike · Reply · 1 · January 27 at 2:30pm

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  3. Шариф Холов Беҳтарин.
    Like · Reply · January 28 at 4:15pm

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: