Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Миллати раққос

Вақте ки калонсолони хонадони  мо барои камтарин кӯтоҳӣ ба ман ё додару хоҳаронам эрод мегирифтанд, бароям нофорам буд ва инро хӯрдагирии пирона номида, ба худ қавл медодам, ки гоҳе пир шавам, ба ҷавонон бо чашми худашон хоҳам нигарист ва иштибоҳҳои хурду резаи онҳоро нодида хоҳам гирифт. Аммо ҳаёт ин гуна набудааст. Гоҳе тамоми талошро кунӣ ҳам, аз ишора ба камбуди насли наврас худдорӣ карда наметавонӣ.

Хеле хештандорӣ кардам, баҳона ҷустам, ки ин мавзӯи ман нест, шояд замона дигар шудааст, эҳтимол пир шудааму тоби хушнудии ҷавононро надорам ва ғайра ва ҳоказо, аммо дигар тоқат намонд ва эълом медорам, ки рақсу бозии ҷавонони имрӯза маро ба даҳшат меорад!

Дар сафари охиринам ба Душанбе, дӯсте маро ба як арӯсӣ даъват кард ва гуфт, чизҳое хоҳӣ дид, ки дар ҳеч куҷо надидаӣ. Дудил шудам. Воқеан солҳост, дар ягон сури ҳамватанон набудаам, магар ман танҳо барои сурудани фоҷиаҳои онҳо офарида шудаам. Биё, равам, бо мардум нишинам, суханони наздикони арӯсу домодро шунавам, шояд худам низ аз дил барои онҳо чизе бигӯям. Аммо, вақтам хеле ва хеле танг буд. Гуфтам, узр, дӯстам, шояд бори дигар, чун ҳазор кор занҷири гарданам аст.

Ҳоло фикр мекунам, шояд ҷойи дареғ хӯрдан ҳам нест. Инсони оқил бояд ба чунин ҷамъомадҳо наравад. Ҷашнҳои арӯсӣ акнун дигар хел мегузаранд. Бархе аз онҳоро тасодуфан дар Ютюб дидам ва мӯйи баданам рост хест. Хушо, ки дар ёди ман арӯсиҳо дар бисёре аз манотиқи кишвар ба гунаи дигар нақш бастаанд. Вале онҳо ба таърихи дунёи қадим табдил ёфтаанд. Навбат ба “фарҳанг”-и нави ҷашнҳои арӯсӣ расидааст.

Шояд ҳамаро набоист яксон гуморид, вале агар дар ҷӯяндаи Ютюб вожаи “тӯй”-ро занеду даҳ навори пайдо шавад, аксарияти онҳо манзараи ваҳшатангезро намоиш медиҳанд. Сарояндаи бузовозе маъос мезанад ва зери мусиқии тундутез раққосаи ӯ ҳаракатҳои аҳмақона мекунад ва издиҳом аз ин ҷунбишҳои нохушоянд ба фиғон меояд. Ба назар мерасад ё аксари ин раққосаҳо сархушанд ё шояд ноқисулақл. Маълум нест, чунин ҳаракатҳои аблаҳонаро дар кадом мактаби рақс ёд гирифтаанд.

Чунин раққосаро гурӯҳе аз ҷавонон дар ҳалқа мегиранд ва ҳар кадом талош мекунад, ба раққоса наздиктар равад ва коре карда, зери бағалаш дарояд. Раққосаҳо дар чунин маврид ду гуна рафтор мекунанд: ё бағал боз карда, ҷавонро, ангор, оғӯш мегиранд ва ё худро ба нодонӣ задаву бо чашмони холӣ гирди меҳвари хеш мечарханд.

Оҳ, ин мавзӯи ман нест ва набоист ба ин сатҳ поин оям. Аммо дилам дард мекунад ва ҳафтаҳост, ки мехоҳам, чизе нагӯяму фикр ҳам накунам, наметавонам. Зеро ин рақсҳо то рафт ба эпидемияи миллӣ табдил меёбанд. Чанд сол пеш наворе, ки ҳамкоронам нишон доданд, оре, “човандоз” буд ё чӣ номаш, аз ёдам нарафтааст. Дар он як раққосаи беҳунар — духтари ҷавон ҳар лаҳза меҷаҳид ва ба ҷавони раққос савор мешуд. Ин ҳаракати ӯ доду фиғони хушҳолонаи даҳҳо ҷавону кӯдакро ба вуҷуд меовард. Он вақт лаънат бар сарояндаву раққосон гуфтему мондем. Ангоштам, ки он духтар бемори равонӣ дорад.

Чанд сол аз байн гузашт, ошкор шуд, ки на он духтарча бемор будаву на он шеваи нави рақс тасодуф. Ҳоло гӯё ҳамаи раққосаҳои тӯйгард човандоз шудаанд. “Ҳунар”-и онҳо гуфтаи як файласуфро исбот мекунад: “майнаи онҳое, ки рақсро аз ҳад зиёд дӯст медоранд, аз миёнашон поёнтар аст.”

Дар ин навор мебинед, ки рақсҳои тӯёна чи ҳолати шаҳвоние гирифтаанд ва чӣ гуна марзҳои ахлоқии ҷавонону наврасони моро ба хок яксон мекунанд. Дил мехоҳад, аз соҳиби тӯй пурсад, ки ин чист? Оё ин ҷавонон падару модар доранд? Ягон калонсоле ҳаст, ки пеши роҳи чунин аҳмақиҳоро бигирад?

Дареғу дард, ки тӯйҳои оянда аз ин ҳам ваҳшатангезтар хоҳанд шуд. Вақте ки мешавад, ҳама чизи ҷашнҳои хонаводагиро аз шумораи меҳмонон гирифта, то теъдоди сурудҳо танзим кард, чаро танзимгарон ахлоқу фарҳанги тӯю ҷамъомадҳоро ба низом намеоранд. Оё “миллатсозон” ҳамин гуна миллате сохтан мехоҳанд ва оё ин аст фарҳанги нав, асил ва бостонӣ? Магар ниёкони мо ҳамин гуна рафтор мекарданд?

На, ман зидди рақсидани одамон дар ҷашнҳои шодмонияшон нестам. Наворҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки зебоии арғуштҳоро нишон медиҳанд ва касро қойил мекунанд. Бо вуҷуди ин аз дидани онҳо низ шахсан ман дилгазон шудаам, зеро вақте ки онҳоро бо рақси ақвому миллатҳои дигар қиёс мекунам, мебинам, ин қадар берабту бемаънӣ ва бечораҳолонаанд. Кам андар ками онҳо шаҳомат ва назокат доранд. Чӣ монад ба маъниҳои баланду зебо! Ин ҷо рақси марду зани Бадахшонро бояд истисно шумурд.

Як нафарро, ки боздошти занони сатрпӯшро дар Ютюб гузошт, дар се рӯз пайдо ва боздошт карданд. Додгоҳ барои нашри наворе, ки ба гуфтаи он, таҳрикдиҳанда ва обрӯрез буд, ба чандин соли зиндон маҳкум намуд. Ҳол он ки муаллифи навор танҳо воқеиятро нашр кард ва гуноҳе бештар аз ин надошт. Аммо наворҳои бадахлоқона аз Тоҷикистон ҳар рӯзи Худо нашр мешаванд ва як миллату фарҳанги онро хандахариши ҷаҳон мекунанд, касе ҳатто фикр намекунад, ки ин ҷинояти сангин зидди ахлоқ ва фарҳанг аст.

Қонуну талаботи наве, ки ҳар рӯз садо медиҳанд, ангор, танҳо ба зоҳири одамон рабт доранд. Адрасу чакан пӯшанд! Пошна бояд фулон қадар баландӣ дошта бошад ва ғайра. Вале агар дар фикри онанд, ки ҳатто ранги таҳпӯши одамонро муқаррар кунанд, оё фурсате нарасидааст, ки як бор ба ботини онҳо нигаранд, ба ахлоқи онҳо? Чӣ мардумеро ба воя расонданд? Андаруни мағзҳо чӣ ҳаст? Беҳтарин ахлоқу одобу нангу номусро чӣ гуна бояд ёд дод? Беҳтар нест, ба ҷойи формаи ягона мактабӣ сад китоби беҳтаринро нашр ва ройгон тақсим кард? Арзишҳои ахлоқиро магар сарулибос меофаранд ё андешаву дину фарҳанг?

Метавон ба раққосону тӯйдорон нафрин фиристод, аммо лаънати алоҳида ба онҳое, ки ин шармсорӣ ва бадахлоқиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Охир чунин наворҳоро мардуми тамоми дунё хоҳад дид. Ҳоло мегӯед, чаро ҷаҳон моро эҳтиром намекунад.

Advertisements

05.02.2017 - Posted by | Баҳс, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй, Ҷомеа |

15 Comments »

  1. Умар Умаров Хеле дуруст кайд кардед акаи Салим… Шояд маро баъди суханхоям ба махалгарои айбдор кунанд. Лекин бояд хакикатро бигуям. Хамаи хамин “харигарихоро” хамватанони чанубии мо мекунанд….Тамоми дашному хакоратхои нестандар чахон дар зери шаҳрҳои ягон видеоролик ё сурат бо лаҳҷаи ҳамватанони ҷанубӣ…мана мисоли боз як “харигари” https://www.youtube.com/watch?v=YtrHydLeMHI

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  2. Muslihidin Ulmasov · 18 mutual friends
    Ана ,,фарханг”у ана ,,маданият”!))

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  3. Малика-Бону Хусейн-Заде · 11 mutual friends
    Ужас! Шок! Арийцы!
    See Translation
    Like · Reply · February 5 at 2:07pm

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  4. Salim Aioubzod
    Salim Aioubzod Ба ин суханони Шумо розӣ нестам, ин ҳолат дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад, ба истиснои Бадахшон, тавре ки навиштам. Аз замони бозгашт то ҳоло ин масъаларо тақрибан аз 20 нафар суол кардам, ки аз манотиқи гуногуни кишваранд ва матлаб бар пояи суханони онҳо такмил шудааст. Наметавонем, ин ё он маҳалли кишварро муттаҳам кунем, чун дуруст нест. Шумо худ як бор таҳқиқ кунед.
    Like · Reply · 7 · February 5 at 8:02am

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  5. Dilovar Valizoda Не хато мекунед Салим ако.
    Дар туйхои Конибодом раккосахо намешаванд.
    Like · Reply · February 5 at 5:36pm

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Диловари азиз, аслан ҳоло дуруст нест, пажӯҳиш кунем, ки дар куҷо ҳасту дар куҷо нест. Мақсади сухан ҳам ин набуду нест. Вақте ҷаҳониён ин наворҳоро зери номи “Таджикская свадъба” мебинанд, барояшон фарқ надорад, ин Конибодом аст ё нест. Ба ман дӯстоне, ки худ дар ин ё он маҳал шоҳиди ҳол будаанд, гуфтанд ва натиҷа ин аст, ки дар аксари манотиқ дида мешавад. Аммо ин ҳам муҳим нест.
      Like · Reply · 2 · February 5 at 7:51pm

      Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  6. Умар Умаров Рости гап чунин раксхои шаҳвониро дар дигар манотиқи Ҷумҳури вонахурдаам…Дар бораи ҳақоратҳои берун аз инсони, ки ақли инсон намегирад, метавонед дар гурӯҳи РО дар сайти Одноклассники бихонед…
    Like · Reply · February 5 at 8:05am

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Сониян, муҳим нест, ки чунин ҳолат дар кадом маҳаллу минтақа иттифоқ меафтад, муҳим он аст, ки ҳамватанони мо аз доираи одобу ахлоқи ҳамида берун мераванд ва он ҳам дар мазҳари ом.
      Like · Reply · 9 · February 5 at 8:47am

      Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  7. Eso Musoev Мувофиқам. Аммо ҷои тааҷҷуб надорад, ки рақсҳо инчунинӣ шудаанд. Дигар анвоъи санъату ҳунар ҳам ба сатҳи бисёр паст фуруд омадаанд. Дар кулл фарҳанги мо дигар он фарҳанге нест, ки будаасту дар борааш хондаем. Мутаассифона бояд иқрор кард…
    Like · Reply · 4 · February 5 at 8:24am · Edited

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  8. Бахрулло Тошпулотов БИСЬЁРИХО МИЛЛАТАМОНРО ТАЪРИФ МЕКУНАНД ! МЕГУЯНД, КИ МИЛЛАТИ МО БОФАРХАГУ КАДИМА ! БАЛЕ БОФАРХАНГ БУД ВА КАДИМА ХАСТ ! АММО ИМРУЗ НАФРАТАМ МЕОЯД ЧУНКИ НАВОРХОИ ТУЙХОИ ТОЧИКОНРО ТАМОШО КАРДА БА ХУЛОСА МЕОЯМ, КИ АЗ ФАРХАНГ АСАРЕ НЕСТ ! ХАМА БАДАХЛОК ВАХШИ ВА БЕМАЪНИ ! МАН НАВОРИ ОН ТУЙХОЕ КИ БАДАХЛОКИ МЕКУНАНДУ РАКОСАРО БА ОГУШ МЕГИРАНД ДАР НАЗАР ДОРАМ! НАХОД ДАР ДОХИЛИ ОН ТУЙ ЯГОН БО ФАРХАНГЕ ЁФТ НАШАВАД , КИ ОДАМОНРО БА ТАРТИБ БИЁРАД?, ГУЯД КИ ДАР ТУЙ ЗАНУ МОДАРХО ВА ДУХТАРОНИ НОБОЛИГ НИЗ ХАСТАНД ИН КОРИ ХУБ НЕСТ ! МУЙСАФЕДОНИ РИШАШОН САП САФЕД БО РАКОСА РАКСХОИ БАДАХЛОКИ МЕКУНАНД! МАРГ БА ТУ БАРИН МУЙСАФЕД ! ИМРУЗ ДАР ТОЧИКИСТОН ФОХИША АЗ ЗАНИ БОДОБ ОБРУЯШ БАЛАНД ! ДАР ДАХР БА КОМИ ДИЛ РАСИДАН МУШКИЛ АЗ НОКАСУ КАС СУХАН ШУНИДАН МУШКИЛ. ГАР САГЕ ГАЗАД КАФИ ПОИ ТУРО БАРГАШТАНУ ПОИ САГ ГАЗИДАН МУШКИЛ . АГАР БА КАСЕ ЭРОД ГИРИ ТУРО ИСЛОМИ , САЛАФИ ВА БЕФАРХАГ МЕХОНАНД , ЧУНКИ ТУ АЗ ОН ТОИФА НЕСТИ ! ДАР ВАКТИ ШУРАВИ ИСЛОМ МАНЪ БУД АММО АХЛОКУ ОДОБ БАЛАНД, БУД ! КОММУНИСТХО БА ИН НИГОХ МЕКАРДАНД ! ИМРУЗ ЧИ ? ИМРУЗ ХАМА ГУНОХРО БА САРИ ИСЛОМ БОР МЕКУНАНД ! ТУ ГАРЧАНДЕ, КИ БО ИСЛОМ ЗИНДАГИ НАКУНИ ХАМ АКАЛАН БООДОБ БОШ !
    Like · Reply · 7 · February 5 at 8:22am · Edited

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  9. Kamol Abdullaev Бубинед ки ягон муйсафед на назар на расид дар ин навор. Чавонон бо пули худашон, мувофики фахмишу фархангашон маъракохоро мегузаронанд. Пролемаи насли ва молияви аст ин дар аввал. Кто платит – тот заказывает музыку
    Like · Reply · 3 · February 5 at 8:22am · Edited

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Ако Камолиддин, наворҳое ҳаст, ки солхӯрдагон низ аз худ чунин ҳаракатҳои, мягко говоря, ношинам нишон медиҳанд.
      Like · Reply · 2 · February 5 at 8:48am

      Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

      • Kamol Abdullaev Мусафедхо мавкъяшонро дар чомеъа кайхо аз даст доданд. Захира надоранд ки гапашонро гузаронанд. Чавонхо бошанд мурда-мурда кор карда дор Русия пул пайдо мекунанд. Девонаги мекунанду боз ба Россия рахаки мешаванд. Чархофалак, однако
        Unlike · Reply · 4 · February 5 at 8:56am · Edited

        Comment by aioubzod | 08.02.2017

  10. Умар Умаров https://www.youtube.com/watch?v=NgEmfRaRGJ0 ана аҳволи баъзе муйсафедҳо…

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply

  11. Asadullo Valizoda Метавон ба раққосону тӯйдорон нафрин фиристод, …….ки ин шармсорӣ ва бадахлоқиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Охир чунин наворҳоро мардуми тамоми дунё хоҳад дид. Ҳоло мегӯед, чаро ҷаҳон моро эҳтиром намекунад.
    Like · Reply · 1 · February 5 at 8:44am · Edited

    Comment by aioubzod | 08.02.2017 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: