Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Ибораи “исломи сиёсӣ” хатост

Ба муносибати 70-солагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, раиси Кумисюни Оштии Миллии Тоҷикистон.

10-уми июни соли 2005 ба аёдати мӯҳтарам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Мюнхен сафар кардам. Бадгӯиҳоеро шунидаам, ки гӯё аз хабари бемории эшон шитобзада шудаам, ки шояд вазъашон хуб набошаду рӯзҳои охири умрро ба сар мебаранд ва охирин мусоҳибаро ман гирам. Хуб, “неши ақраб на аз раҳи кин аст”, ба чунин бадҳарфиҳо одат дорам. Ҷаноб Нурӣ шахсе буданд, ки кас аз ҳар суҳбати эшон як ҷаҳон хираду дониш мегирифт ва аз сӯи дигар пурсишҳои зиёде маро монда буд, ки дар дидорҳои гузашта барояшон фурсат нарасидааст. Вале, оре, мусоҳиба баҳона буду дидор ғанимат. Ин дувумин дидори мо дар Олмон буд.

Инак, порчае аз он гуфтугӯ.

Мюнхен, 10-уми июни соли 2005.

“Устод Нурӣ, мову Шумо қариб ҳамеша аз масъалаҳои Тоҷикистон, ҷангу сулҳ, равишҳои сиёсӣ ва дурнамои кишвар сӯҳбат кардаем, аммо боре нашудааст, назари Шуморо дар робита ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, исломи сиёсӣ дар ҷаҳон, эҳсосоту идроки мусулмонон аз зиндагии муҳити худ бифаҳмам. Чӣ мебуд, агар ин бор бештар рӯйи ин масъалаҳо таваққуф мекардем.”

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Бо саволҳои монанди ҳамешагӣ мушкили Шумо ва талаби Шумо, ки сӯҳбат бе муқаддима бошад?»

«На, ман кӯшиш мекунам, аз мавзӯъҳои сода шурӯъ кунем ва сипас бубинем, ба куҷо меравем. Албатта, боз ҳам ҳамаи ин масъалаҳо ба Тоҷикистон пайванд мегирад ва ончи гуфтам, як марзбандӣ нест, балки шояд бештар ба сӯҳбат шомил кардани мавзӯъҳои ҷаҳонист аз нигоҳи як шахси мусулмон, ки худ ба сиёсат пайвастааст.»

«Хеле хуб, ман, дарвоқеъ, кам шудааст, ки дар чунин масъалаҳо изҳори назар кунам, зеро масъалаҳои Тоҷикистон худ он қадар зиёд ва бузургу ҳалталаб будаанд, ки фурсат ба масъалаҳои дигар ҳамеша камтар будааст. Хуб, намедонам, ҳол Шумо забт карда истодаед ё не, аммо бо назардошти ҳамон саволҳои умумие, ки ишора кардед, мехостам, пеш аз ҳама як муқаддима пешниҳод кунам. Ҳар дафъа бе муқаддима мехостед, ин бор ман пешниҳод кунам. Баъд аз муқаддима мегузарем ба суолу ҷавоб, ки кор осонтар шавад.»

«Бифармоед, лутфан, ихтиёри Шумо.»

«Ташаккур. Пеш аз ҳама ман мехоҳам, муносибати худро ба ҷомеае, ки ман дар он зиндагӣ мекунам, баён дорам. Чун дар бисёре аз марвидҳо ҳамин чиз боиси ташвиши доираҳои гуногуни ҷомеа мешавад. Муносибати ман ба инсонҳое, ки онҳо пойбанди ҳеҷ гуна дин нестанд, муносибати инсон бо инсон аст. Яъне агар, дарвоқеъ, онҳо ба маънои дурусти инсонияш инсон бошанд, мо метавонем, ки бо ҳам ҳамчун инсон ҳамзистӣ кунем ва ҳеҷ гуна мушкиле байни ману онҳо вуҷуд надошта бошад. Ва муносибати ман бо намояндагони динҳои мухталиф. Ман ҳамчун як мусулмон бо адёни мухталиф чӣ муносибат дорам? Ин ҳам як чизест, ки доимо боиси суол мешавад. Муносибати ман бо онҳо аввал муносибати инсон бо инсон аст, чун онҳо ҳам башаранд, инсонанд, дар ин дунё Худо онҳоро ҳам халқ кардааст, бояд ман бо онҳо битавонам, ки зиндагӣ кунам. Чун онҳо мӯътақиданд, ҳоло ҳар дине ки аз нуқтаи назари динҳои дигар шояд онҳо ноҳақ бошанд, вале аз нуқтаи назари худашон динҳои дуруст ҳисоб мешаванд, вале дар ҳар ҳол дар маҷмӯъ метавонем, бигӯем, ки онҳо мӯътақиданд, эътиқод доранд. Ин эътиқод ва эътиқоде, ки мо дорем, яъне дар эътиқод доштан, дар дин доштан ин ҳам як муносибате мешавад, ки байни мо ва онҳо як манфиатҳои муштаракеро эҷод мекунад ва метавонем, ки мо бо онҳо муошират ва ҳамзистӣ дошта бошем ва бидуни ҳеҷ мушкиле ин зиндагиро пеш барем.

Хуб, ҷомеае, ки моро иҳота мекунад, албатта, иборат аз мусулмонҳост. Муносибати ман бо дигар мусулмонҳо ҳамчун мусулмон, албатта, муносибати ҷиддист, ҳам муносибати инсонист, ҳам эътиқодмандӣ ва ҳам муносибати исломӣ, ки ман ҳам мусулмонам ва онҳо ҳам мусулмонанд, қатъи назар аз он ки онҳо аз кадом миллат, қишр, маҳалланд, аз кадом забону кадом нажод, инаш ҳеч фарқе намекунад. Онҳо ки мусулмонанд, хоҳ форсизабонанд ё туркзабонанд, ё ки олмониву инглисанд, аслан ҳеч фарқе надорад, онҳо бародарони моянд, бо ҳар забон, бо ҳар шакл ва ранги пӯст.

Албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки муносибати мо бо ҳаммиллатонамон як фарқе низ дорад. Бо онҳо мо ҳамчун бо инсонҳо, мусулмонон, эътиқодмандони динҳои дигар ва ниҳоят ҳамчун тоҷик муносибат мекунем. Тоҷик будан як риштаест байни ҳамаи мо, ки моро ба ҳам пайвандтар месозад. Яъне манзурам ин аст, ки бо вуҷуди чунин муносибатҳо ва пайвандҳои мусулмонӣ, ки маро маҷбур месозад, бо мусулмонон аз назари забону миллату нажод фарқ нагузорам, инро ҳам бояд қоил бошам, ки худованд маро тоҷик халқ кардааст ва муносибати ман бо ҳаммилату ҳамзабону ҳамватанам аз муносибати ман бо дигарон нисбатан фарқ мекунад. Ин ҳам хости Худост, ки ман тоҷик таваллуд шудаам ва дар ҷомеаи тоҷикон ба сар мебарам ва гузаштаи миллии ин қавм бо ман аст. Бинобар ин манофеъи ҳамватан ва ҳамзабони худам барои ман муҳимтар аст, бо вуҷуди он ки ба мардумони дигар низ эҳтиром қоилам ва бо онҳо ҳам метавонам, ҳамзистӣ дшта бошам. Масалан, метавонам бигӯям, ки мо табобати аввалро дар Эрон, ки кишвари ҳамзабонони худи моянд, ҳамдину ҳамкеши моянд, гирифтем ва ҳоло табобати дувумро, ки барои он ман дар Олмонам, ки бароям аслан ҳеч гуна фарқе надорад ва ҳеҷ мушкилеро на дар муносибати худам ба онҳо ва муносибати онҳо ба ман намебинам. Манзури асосии ман ин аст, ки агар мардуми ҷаҳон бо ҳам ҳамин гуна рафтор ва муносибат кунанд, шояд ки бисёре аз мушкилоти имрӯза осон гашта, мардум хоҳанд тавонист дар як ҳамзистии осоишта ва мусолиматомез ба сар баранд.»

«Шумо муносибати хеш бо мардуми ақшори гуногунро аз ҳам ҷудо кардед. Яъне бо ҳаммиллатони худ, афроди қавми дигар ва адёни дигар. Аммо бароятон муносибат бо афроде, ки ҳеч эътиқод ба дину Худое надоранд, масалан, атеист ҳастанд ва афроде, ки пайрави адёни мухталифанд, аз ҷумла динҳои навбаромад. Барои намуна, муносибат бо фалунгуниҳои Чин ё сайентолоҷистҳои Амрико, Бритониё ва мамолики дигар. Муносибататон ба инҳо то куҷо фарқ мекунад?»

«Хуб, ман ин ҷо рӯшан гуфтам ва метавонам мисол биёрам. Муносибати ман бо онҳое ки дин надоранд, муносибати инсон бо инсон аст. Яъне метавонам, бигӯям ки ин ҷо байни ман ин қишри ҷомеа як занҷир аст, ки робита эҷод мекунад ва мо метавонем, ки бо ҳам зиндагӣ кунем. Вале онҳое ки эътиқод доранд, қатъи назар аз он ки онҳо ба чӣ эътиқод доранд, эътиқодманд ҳастан ва ҳар чизеро барои худашон маъбуд интихоб кардаанд, бигзор об аст, оташ аст ё кадом чизи дигар. Ин ҷо муносибати ман бо онҳо дузанҷираӣ мешавад, яъне ману онҳоро ду занҷир ба ҳам пайваст мекунад. Яке ин ки ман онҳоро ҳамчун инсон эҳтиром мекунам, агар он ҳам инсон бошанд. Ва дигар ин ки ҳамчун эътиқодманд, ҳоло фарқ намекунад, онҳо чӣ эътиқоде доранд, зеро онҳо дар ҷустуҷӯи ҳамон маъбуди барҳақ ҳастанд, вале масалан, аз нуқтаи назари дигарон ва ё ҳатто аз нуқтаи назари мо, иштибоҳ мекунанд. Аммо аз он ҷо ки онҳо аз нуқтаи назари худашон худро ҳақ медонанд ва эътиқод доранд, қобили эҳтироми ман ҳастанд. Яъне ман наметавонам, бо онҳо кинаву адоват дошта бошам.»

«Ташаккур, устоди арҷманд. Ва дар ҳамин пасманзар нигоҳе ба аҳолии Тоҷикистон, ҷомеаи тоҷик. Дуруст аст, ки Шумо мегӯед, дар ҷомеае зиндагӣ мекунед, ки ғолибан аз мусулмонҳо иборат аст. Лекин ин ҷомеа бо сабабҳои маълум ва таърихӣ аз лиҳози эътиқод гирифтори бӯҳрон аст ва ё дар ҳоли гузор қарор дорад. Дақиқ гуфта намешавад, вале вақте мепурсед, ки масалан, дини шумо чист, мегӯянд, алҳамдуллилаҳ, мусулмонем. Аммо тақрибан ним ё шояд аз ним бештари онҳо кам иттифоқ меафтад, ки заруриёти динияро иҷро кунанд. Аксаран, мегӯянд, аз падару модар мусулмон зода шудаам, калимаи шаҳодатро медонам ва ҳамин кофист. Ва як бахши аҳолӣ талабҳои дини худро мӯ ба мӯ ба ҷо меоранд. Дар байни ин ду гурӯҳ, яке онҳое ки бештар ба ном мусулмонанд ва онҳое, ки дарвоқеъ эътиқод доранд, тафовуте қойил ҳастед?»

«Бале, дуруст аст. Албатта, мусулмон шудан бо ҳамон гуфтани калимаи шаҳодат ба амал меояд. Яъне кас агар калимаи шаҳодатро ба забон овард ва гувоҳӣ дод, ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад расули барҳаққи ӯст, ӯ дигар мусулмон мешавад. Ҳар кас, ки инро гуфт, дигар дар таҳти исмат ва муҳофизати Худову Пайғамбар ва қонуни онҳо дохил мешавад ва аз ин нуқтаи назар ба ҳамаи мусулмонон баробар мешавад. Тамоми ҳаққу ҳуқуқе, ки дар ҷомеаи исломӣ ҳаст, барои як шахсияти бисёр олиму боломартаба ва барои як шахсе ки ҳанӯз фақат ҳамин калимаро гуфтааст ва ҳеч чизе аз қонунҳои ислом намедонад, як хел аст ва ин ҳарду комилан баробаранд. Вале метавон гуфт, ки меъёри мартаба дар ислом илм нест. Меъёри мартаба дар ислом нажод нест, забон нест, ранги пӯст нест, балки тақвост. “Тақво” маъниҳои зиёд дорад. Як маънои он дар шароити имрӯзаи мо оммафаҳм аст. Ин эҳтироми қонун ва итоъат кардан аз он аст. Барои ҳамин аст, ки Худои таборак ва таъоло гуфтааст, ки “Эй мардум!”, нагуфтааст, ки “Эй мусулмонон!” ва дар вожаи “мардум” ҳамаро дар назар дорад, қатъи назар, ки онҳо дине доранд ё надоранд. Сипас Худованд мегӯяд, мо шуморо аз як марду зан офаридем, баъд шуморо гурӯҳҳову шоха-шохаҳо кардем, то ки ҳамдигарро бишиносед. Яъне дар ҳоле ки гурӯҳҳову шохаҳо набошанд ва ҳама якнавохт бошанд, шиносоӣ ва муъошират камтар мешавад. Ин як баҳси дигар аст. Вале ҳамин шоха-шохаҳову гурӯҳ-гурӯҳҳову қавм-қавмҳо барои маърифати якдигар аст. Барои зарурати муошират дар ҷомеъа.

Масалан, барои он ки шояд як қавм дар табибӣ бештар маҳорат пайдо мекунад, як қавми дигар, масалан, дар дуредгарӣ ё дӯзандагӣ ва қавми савум дар кулолгарӣ ва дигар чизҳо. Ин боис мешавад, ки онҳо ба ҳам эҳтиёҷ пайдо кунанд ва дар муъошират бошанд. Ва Худои таъоло мегӯяд, шумо инро бояд дуруст бифаҳмед, ки назди Худо аз ҳама мӯҳтарамтар касест, ки парҳезгортар бошад. Яъне атқо бошад. “Атқо”-ро бештар ба маънои парҳезгор тарҷима мекунанд, вале ман мехоҳам, дар тафсири он бигӯям, ки мурод эҳтироми қонун ва итоъат аз он аст. Ҳар кас ки бештар ба қонуни Худо арҷ бигузорад ва аз он итобат кунад, ҳамин одам назди Худо мӯҳтарам аст ва ба Худо наздиктар аст. Дигар ин фарқ надорад, ки ӯ тоҷик аст, узбак аст, форсизабон аст, туркизабону арабизабон аст ва ғайра. Ҳазрати Расулаллоҳ дар як ҳадисашон мегӯянд, ҳеч фазле арабиро бар болои аҷамӣ нест ва ҳеч фазле аҷамиро бар болои арабӣ нест ва ҳеч фазле сафедпӯст бар сиёҳпӯст надорад ва ҳеч фазле сиёҳпӯст бар сафедпӯст надорад, магар ки ба тақво. Яъне ҳамон эҳтироми қонун ва итоъат аз он. Яъне ҳар кас, бигзор арабист ё аҷамӣ, тоҷик ё турк, инглис ё олмонӣ ва ғайра аслан фарқе намекунад. Фарқе намекунад, ки ӯ пеш мусулмон шудааст ё баъд, олим аст ё одист, фарқ танҳо аз рӯи тақво хоҳад буд. Ва билохира мегӯем, ки ҳамаи шумо аз одам ҳастед ва одам ҳам аз хок. Яъне маншаи вуҷуди шумо аз як ҷост ва ҳамаи шумо бародар ҳастед. Тамоми дунё ҳамааш бародар аст.

Барои ҳамин ҳам ман фикр мекунам, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон, биравем бар сари мавзӯи асосӣ, албатта, ҳастанд афроди дорои дараҷаи гуногуни тақво. Ҳар кас ки иддаъои мусулмонӣ мекунад, маҷмӯан мусулмон шумурда мешавад. Вале ин мусулмонон дар асоси тақво мартабаҳо доранд. Чун ҳам Худо ва ҳам Пайғамбар гуфтаанд, онҳое ки тақвояшон зиёдтар аст, ба Худо наздиктаранд. Аз ин нуқтаи назар мо ҳам дар ҷомеъаи Тоҷикистон мебинем, ки оммаи мардум онҳоеро, ки аз рӯйи тақво ба дараҷае баромадаанд, эҳтиром мекунанд. Ҳамин чизро ба худ қабул кардаанд. Ва мардумеро мебинем, ки дар сатҳи аввали тақвоянд. Аммо ҳамаи онҳо ҳамчун мусулмон баробаранд. Ҳамзамон як гурӯҳе ҳастанд, ки аз рӯйи умум мусулмонанд ва пеши Худо қадру қимат доранд ва пеши мардум ҳам, таҳти исмату муҳофизати қонуни Худо ҳастанд ва дар қиёмат ҳам шояд ҷойгоҳҳои хуб дошта бошанд. Вале як қисми дигар ҳаст, ки ба гурӯҳи олимону донишмандон шомиланд, таълим медиҳанд, мавъиза мекунанд ва монанди инҳо. Ин дар назари аввал метавонад, қишри олии ҷомеъаи исломӣ ба шумор биравад, вале ин ҳам аз нуқтаи назари баъзе одамҳои дигар, баъзе ашхосе ки боз ба Худо бисёр наздик ҳастанд, ин қишри ниҳоӣ нест. Ин қишр, ки масалан, дар бораи зоту сифоти Худованду ин чизҳо ҳамеша дарс медиҳад, таълим медиҳад, мавъиза мекунад, хидмат мекунад, вале ба гуфтаи Мавлавии Румӣ “ин сано гуфтани ман тарки саност, Чун далелит ҳастию ҳастӣ хатост.” Аз нуқтаи назари ин орифони роҳи Худо, одам ҳатто ки санои Худоро мегӯяд, ин тарки сано, тарки ҳамду васфу шукри Худо ҳисоб мешавад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, одаме ки бо Худо наздик бошад, бояд ки ҳастии худашро надошта бошад ва вақте ки ӯ ҳастии Худоро мебинад, бояд худаш вуҷуд надошта бошад. Вақте ки ту ҳоло ҳуш дорӣ, худатро инсон ҳисоб мекунӣ ва тасаввури гап задан, васфи Худоро гуфтан мекунӣ, пас фаҳмида мешавад, ки ту ҳам дар пеши вуҷуди Худо арзи вуҷуд дорӣ.

Пас ин як гуна беадабист, ки ӯст вуҷуди мутлақ, ту кистӣ, ки худро мавҷуд мегирӣ? Агар мехоҳӣ, ба он мартабаи олитар бирасӣ, бояд ки вақте вуҷуди Худоро тасаввур мекунӣ. бояд вуҷуди худатро тасаввур накунӣ. Агар ба ин нигарем, боз як мартабаи баландтаре пайдо мешавад, ки бояд ки эҳтиром карда шаванд ва дар назар ҳам гирифта мешаванд ва дар ҷомеъаи Тоҷикистон мо ҳам эҳтиром карда мешаванд. Ва аз нуқтаи назари дигар ҳам мешавад, мусулмононро дар Тоҷикистон бастабандӣ кард. Хуб (оҳ кашида) ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон мусулмононҳо тақсим мешаванд, хуб мусулмонҳои умумӣ ҳастанд, яъне ом, ки аз уламое пайравӣ мекунанд. Аммо ин уламо низ тақсиманд. Як гурӯҳ уламои мардумӣ ҳастанд, намедонам чунин гуфтан дуруст аст ё не, вале олимони мардумӣ ҳастанд, ки онҳо ба ҳеҷ созмон ё ниҳод дахл надоранд. Аммо онҳо аксарияти уламо ва донишмандони динии Тоҷикистонро ташкил мекунанд. Ва маҳз ҳаминҳо ҳастанд, ки таълимоти исломиро аз аввал хеле устувор ҳифз карданд бо вуҷуди он фишорҳео, ки аз болшевикҳо омада, он қатлу кушторе, ки карданд, масҷидҳоро хароб карданд, китобҳоро сӯхтанд, вале инҳо дини худро муҳофизат карданд, ба дигарҳо расонданд, таълим доданд ва хидмати онҳост, ки имрӯз дин зиндааст ва улуми динӣ ба дараҷаҳои баланд расидааст. Хуб ин хидмати умумии онҳост. Аз дохили инҳо уламое баромаданд, ки расман дар масоҷид кор мекунанд. Агарчи дар ваҷҳи умум ҳама яканд ва ҳама мусулмонанд, аммо инҳо боз аҳдофи худашонро доранд. Ва ин уламое, ки дар масоҷид кор мекунанд, бо низоми ҳамонвақтаи давлатӣ иртибот доранд. Шумо медонед, ки дар замони шӯравӣ ва низоми коммунистӣ ҳам ин уламо ва кормандони масоҷид бо давлат робита доштанд ва имрӯз ҳам агарчӣ гуфта мешавад, дин аз давлат ҷудост, ҷамъиятҳои динӣ аз давлат ҷудоянд, дар амал имрӯз ҳам чунин равобит дар миён аст. Аз тарафи давлат назорат ва контрол ҳаст ва инҳо ҳам бо давлат иртиботи муайяне доранд. Ин як қишри ҷомеъа аст, гурӯҳи дувум, ки пайравони худро дорад. Онҳо бо намозгузорон сари кор доранд, аммо намешавад гуфт, ки аксарияти намозгузорон аз пайравони онҳоянд. Савум, аҳли тасаввуф дорем. Тасаввуф ва ирфон, ки мегӯум дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз пеш буд ва махсусан тариқати Нақшбандия дар Тоҷикистон хеле муассир аст ва пайравони худро дорад. Ва Қодирия ҳам ҳаст, ки дар байни мардум бо Ҷаҳрия машҳур аст. Дигар равияҳои ирфонӣ низ дар Тоҷикистон ҳастанд, вале онҳо хеле камшуморанд, муассир нестанд ва пайравони каме доранд, вале ин ду равияи ирфонӣ муриду мухлиси хеле зиёде дар Тоҷикистон доранд ва дар ҳақиқат метавон гуфт, ки дар Шӯравии собиқ маҳз дар Тоҷикистон он ҳифз шудааст ва ба шакли тозаву дурусташ ва дар дигар қисматҳои Шӯравии собиқ шояд ба ин шеакл боқӣ намонда бошад.

Ман, албатта, таҳқиқоти махсус нагузарондаам, вале ба ҳар ҳол аз рӯи он робитаҳо ва дидаву шунидаҳое, ки аз дигар манотиқи Шӯравии собиқ доштам, метавонам инро бигӯям. Ва махсусан дар ҳоли ҳозир равияҳои ирфонӣ дар Тоҷикистон назар ба ҳар қишри дигар пешрафти хосе доранд. Мо медидем, ки тасаввуф дар замони шӯравӣ ҳам буд ва онҳо ҳам як гуна иртибот бо Кумитаи давлатии бехатарӣ доштанд ва он чизе ки онҳоро фарқ мекунонд, камилмии онҳо буд. Вале дар замони мо, хушбахтона, махсусан раҳбарон ва пешвоёни аҳли тариқат ашхосе ҳастанд, ки аксаран илм доранд. Ин ба фоидаи ҷомеъа мебошад, зеро дар ҳолати ғайр имкони ба гумроҳӣ бурдани мардум мумкин буд, вале дар ҳоли ҳозир чун аз улуми исломӣ ва чаҳорчӯби шариъат хабар доранд, бино бар ин дида мешавад, ки дар он ҷо ин иштибоҳот камтар аст. Масалан, аз нуқтаи назари ман, хеле хуб аст, ки ин равия ҳам дорои уламои хеле хуб аст. Ва дар охир ҳам метавон гуфт, ки қисмати дигаре аз мусулмонҳо гурӯҳҳои сиёсиянд, ки метавон гуфт, ҳудудан сӣ сол шудааст, ки арзи вуҷуд кардаанд. Инҳо ҳам таълимро аз ҳамон уламои мардумӣ гирифтанд, вале дар натиҷаи омӯзиши Қуръон, фаҳмидани маънои Қуръон, аҳодис ва китобҳои диние, ки аксаран бо забони арабӣ буданд, инҳо дигар он чизеро, ки хонданд ва он чизеро, ки диданд, аз ҳамдигар фарқ мекард. Яъне одамон худашонро мусулмон мегиранд, вале кори джигар мекунанд. Ҷомеъа худашро мусулмон мегирад, вале аслан ҳеч гуна иртиботе бо ислом надорад. Ва фишору тазъйиқе аз тарафи низоми онвақте ба болои мусулмонон буд, беҳуқуқиҳо, маҳдудиятҳо…

Ҳамин чизҳо боис шуд, ки як гурӯҳе ба вуҷуд биёяд, ки онҳо сиёсати исломиро таъсис бидиҳанд. Хуб, намедонам, инро чӣ ном гузорем, исломи сиёсӣ ё сиёсатгароии исломӣ, зеро “сиёсати исломӣ” шояд он қадар маъние надорад, аммо мақсад эҳё кардани сиёсати ислом, барои он ки аз нуқтаи назари мо, ислом худаш сиёсат аст, ҳеч гуна аз сиёсат берун нест, ҷудо карданаш намешавад. Ин як чизе буд, ки ба тавассути душманони дин, душманони ислом ва бо пайравӣ аз Ғарбу, Урупову инҳо, аз ислом дур карда шуда буд, вале инро ҳамон соли 1973, шурӯъ аз ҳамон давра ҷаласаҳое шурӯъ шуду як гурӯҳе аз ҷавонон бо номи Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон пинҳонӣ аввалин ҷаласаҳои худро дар шакли созмон ва додани масъулиятҳо барои афроде ки дар ин ҷаласа ширкат мекунанд, шурӯъ карданд ва онҳо дигар на ба услубе ки дар масҷид ва гирифтани муриду ин чизҳо, балки ба услуби таълиму тарбия ва даъват, яъне барои расидан ба ҳадафҳояшон ду роҳро дар пеш гирифтанд, яъне якуми н ки таълиму тарбия медоданд, албатта, ба тарзу услуби ҷадид ва даъват мекарданд. Даъват барои озодиҳо буд, пеш аз ҳама озодии дин ва ҳамчунин даъват барои ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон, ки салб шуда буд, махсусан аз тарафи касоне ки мусаллат шуда буданд бар болои онҳо. Ин чизҳо ҳам буд ва ҳамчунин мафҳуми истиқлолият низ. Яъне талаби ин ки тоҷикон бояд мустақил бошанд, ҳамон вақт тақвият ёфта буд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки кори пинҳонӣ ба миён меорад, ин ҳаракат дар муддати кӯтоҳ пайравони зиёд пайдо кард ва махсусан диққати ҷавононро ба худ кашид. Шумо худатон шоҳид будаед ва медонед, ки низоми онвақта чанд қишри мусулмононро бар зидди ин ҳаракат ба по хезонд, на танҳо бар зидди он, балки куллан бар зидди исломи сиёсӣ, вале ба ҳар ҳол чун як тартибу танзими кор ва садоқат дар миёен буд, бо вуҷуди фишору тазъйиқи ҳаматарафа ин ҷумбиш боқӣ монад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеъа пайдо кард. Хуб дар ин бора агар боз суоле дошта бошед, ба тариқи муколама сӯҳбат кунем, беҳтар мешавад.»

«Бале, ташаккур, дар зеҳни ман ин суол мегашт, ки Шумо дар сари ҳамин истилоҳ, яъне “сиёсати исломӣ” онро аз “исломи сиёсӣ” ҷудо кардед ва мегӯед, ки он начандон саҳеҳ аст ва манзур бештар сиёсати исломист. Аммо дар тамоми пажӯҳишҳое, ки ҷомеъашиносону сиёсатдонҳои Ғарб кардаанду мекунанд, аз истилоҳи “исломи сиёсӣ” кор мегиранд ва зери ин ибора бахши фаъолу таҳрикдиҳандаи мусулмононро дар назар доранд. Шумо ишорае кардед, ки ислом худ сиёсат аст. Яъне, ба назар мерасад, истилоҳи “исломи сиёсӣ”-ро комил намедонед. Сабаб чист?»

«Воқеан дуруст дарёфтед. Ба фикри ман, истилоҳи “исломи сиёсӣ” ё аз нафаҳмидан ва аз рӯи иштибоҳ пайдо шудааст ва ё қасдану амдан. Ва ман бештар моилам, бигӯям, ки ин як корест, ки қасдан шудааст, зеро бештар дар сари ин кор шахсони хеле огоҳе истодаанд, ки масалан, “исломи сиёсӣ” мегӯянд. Аммо баъзан мо ин ибораро аз уламои дини худ ва фақеҳони мусулмон ва мусулмонони одӣ низ мешунавем. Вале бояд инро дарк кард, ки вақте мо “исломи сиёсӣ” мегӯем, дафъатан исломро ба ду тақсим мекунем. Яъне мусулмононро ба ду гурӯҳи бузург ҷудо мекунем. Аввал онҳое, ки аслан ба сиёсат сари коре надоранд ва дигар онҳое, ки ҳам мусулмонанд ва ҳам бо сиёсат сари кор доранд. Воқеъият ин гуна нест. Мо агар аз рӯзи аввале ки Пайғамбари Худо ба даъват сар кард, ҳамон рӯзи аввалаш сиёсат буд. Омаду гуфт, ки шумо ба ман бовар доред, Гуфтанд, оре, ту аминӣ, ту каримӣ ва аз ту ҳеч вақт дурӯғ нашунидаем. Сипас, пайғамбар гуфт, маро Худо фиристод, то ба шумо бирасонам, ки ӯ холиқи дунё ва ҷаҳониён аст, ӯ якка ва ягонааст ва инҳое, ки шумо парастиш мекунед, инҳо худо нестанд. Инҳо на қудрати зарар расондан доранд ва на қудрати фоида расондан. Кизб ва дурӯғанд. Шумо бубинед, ки сиёсати онрӯзаи давлатдории қурайш дар асоси ҳамон бисёрхудоиву ҳамон бутҳо буд. Яъне он сиёсаташ буд ва ҷомеъаро дар асоси он идора мекард. Ва пайғамбари Худо омаду ногаҳон аз ҳамон шурӯъ кард. Пас магар ин фаъолияти сиёсӣ нест?

Баъдаш ҳазрати пайғамбар, салли оллоҳу алайҳи вассалам, бо аҳли Мадина мулоқот кард ва ин як гирдиҳамоӣ буд ва қурайшиҳо хостанд, ӯро аз байн бубаранд ва ӯ маҷбур ба ҳиҷрат шуд, оё инҳо ҳама фаъолиятҳои сиёсӣ нестанд. Рафт дар Мадинаву дар он ҷо давлати худро бар пояи сиёсати худ — сиёсати навин ба вуҷуд овард, ин оё сиёсат нест? Оё равон кардани, масалан, элчиён ё ки намояндагону сафирон ба кишварҳои бисёр бузург, масалан, Форсу Руму инҳо — оё ин низ сиёсат нест? Оё омода сохтани лашкар барои дифоъ аз ҳувият ва пайравонаш… Инҳо ҳама сиёсат ва давлатанд. Аслан Пайғамбар ин тавр набуд, ки монанди дигарҳо, ки калисо ҷудо бошаду давлат ҷудо. Ба ҳеч ваҷҳ ингуна набуд. Ҳамон Пайғамбар худаш ҳам роҳбари давлат буд, ҳам роҳбари масҷид ва ҳам роҳбари мардум. Агар баъд аз ӯ ҳам, ҳар кас ки халифаи Пайғамбар шуд, он ҳам ҳамин гуна буд ва ҳамин гуна баъд аз хулафо боз дигар шахсиятҳои исломӣ, ки ба қудрат мерасиданд, низ дар ҳамин гуна мавқеъ буданд, яъне ҳам роҳбари давлат ва ҳам роҳбари масҷид.

Бинобар ин дар ҷомеаи исломӣ ҳеч зарурати ҷудоии дин аз давлат вуҷуд надошт ва надорад. Барои ҳамин мо “исломи сиёсӣ” гуфта наметавонем. Яъне агар ин тавр бигӯем, ба ин маънӣ хоҳад буд, ки гӯё як қисме аз ҷомеа сиёсӣ буда, қисми дигар сиёсӣ набудааст. Вале ин мушкил дар ҷомеъаҳои урупоӣ вуҷуд дорад. Вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад. Рушди илм ҳақиқат набудани бисёре аз баёнот ва дастурҳои калисоро исбот кард. Ин сабаби ҷанги илм ва калисо гардид. Ва калисо ба хотири бақои худ маҷбур ба ин иддаъо шуд, ки он аз номи Худо гап мезанад. Яъне ҳар он чизе ки он мегӯяд, сухани Худост. Он метавонад, гуноҳҳои касеро бишӯяд, ба касе омурзишнома бидиҳад ва ин шустану омурзиш гӯё аз тарафи Худо анҷом мегиранд.

Агар амиқ андеша кунем, ин суханон на мантиқиянд ва на мазҳабӣ. Ин сухани дин набуд, зеро кори як гурӯҳе аз рӯҳониёну пайравони дин буд, ки ба хотири ҳифзи қудраташон ин нукотро бар дини худ изофа карданд. Хуб, то ҷое рафтанд, вале мавзеъи динро заъиф карданд ва муқовиматҳо зиёд шуду илм ҳам тадриҷан ҷойгоҳ ва пуштибонони худро пайдо кард ва бо ҳамин ҳолати наве ба миён омад. Онҳо, албатта, наметавонистанд, динро батамом аз байн баранд, зеро пайравони зиёд дошт, вале тавонистанд, ба он бигӯянд, ки шумо кори худоро кунед, мо кори давлатро. Аз он мавқеъ дин аз давлат ҷудо шуд. Вале чунин мушкил дар ҷомеаи исломӣ вуҷуд надорад. Барои он ки дар ҷомеаи исломӣ ва дар таълимоти исломӣ ҳама гуна пешрафт, ҳама гуна тараққиёт, ҳама гуна инкишоф бо вуҷуде ки дар худи “Қуръон” ҳам ба ин чизҳо ишора ҳаст, вале “Қуръон”, масалан, китоби техникӣ, тиббӣ ё монанди инҳо нест, “Қуръон” як китоби раҳнамуд аст пеш аз ҳама, яъне он инсонро месозад, инсон месозад, то инсон ҷомеъа бисозад ва ҳеч гуна мухолифате ба тараққиёту пешрафт надорад. Бинобар ин, дар ҷомеъаи исломӣ, ҳоло агар мову шумо ба таърих баргардем, бисёр асосии ҳамаи ин пешрафту тараққиёте, ки имрӯз дар дигар ҷойҳо густариш пайдо кардааст, асоси аксарияташ аз ҷомеаъаҳои исломӣ аст, дар ҷомеаҳои исломӣ ба вуҷуд омадааст.

Масалан, каҳрабо, ин каҳрабо боз ҳатто вожаи форсӣ ҳам ҳаст, ки маънияш барқ аст, ҷараёни электрик, ки дар ҷомеъа ва муҳити исломӣ ба вуҷуд омадааст, чун мардум озод буданд. Ҳоло нисбати Абӯалии Сино, масалан, ё бузургони дигар тазъйиқу фишорҳо буд, ин тазйиқу фишорҳо аз ислом набуд. Ин бештар аз ҳасодат ва хусумат буд, ки масалан, агар як кас ном барораду соҳибэҳтиром шавад ва ё илмаш зиёд бошад, аз тарафи рақибони ҳампешаи худ зери фишор қарор мегирад ва пеши ҳокимони давр тӯҳмату буӯҳтонҳо мешавад ва онҳо саркӯб мегарданд. Агар ин фишору тазъйиқҳо аз нуқтаи назари ислом мебуд, Абӯалӣ Сино аслан наметавоист ба вуҷуд ояд, Берунӣ наметавонист ба ин поя бирасад, Форобӣ пайдо намешуд. Биноъан дар ҷомеъаи исломӣ дин ҳеч маҳдудияте барои илм ба миён наовардааст ва ҳангоме ки мо имрӯз дар Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигари исломӣ дин аз давлат ҷудост мегӯем, ҳамон тӯтивор тақлиди Ғарбро мекунем, дар ҳоле ки дар мо чунин мушкила аслан вуҷуд надорад. Ҳар кас метавонад, ки раҳбари давлат бошад, мӯъмину мусулмон бошад ва ҳама чизе ки ҳаст, таҳти раҳбарии ӯ дохил мешавад. Ва ҳеч мушкиле дар миён нест.»

(идома дорад)

Advertisements

16.03.2017 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Дин, Таърих, Фарҳанг | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: