Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Иауоэяӣ ё “вая вай кунед, ки вай шавад”

Паём расид, ки аз ин ба баъд Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ғалатнависӣ дар расонаҳои ҳамагонӣ ҷазо муқаррар мекунад. Вале барои ин нахуст шояд зарур аст, ки дастури имло ниҳоӣ ва марзи байни дурусту ғалат рӯшан шавад. Ҳоло ин марз начандон ошкор аст, ҳарчанд қоидаҳои имло ба андозаи зиёд онро нишона задаанд.

Вале ёрони зиёде бар инанд, ки дониши онҳо бартар аз ин дастуранд, ки акнун борҳост, бознависӣ мешавад. Ҳоло ҳар нависанда ва ҳар нашрия имлои хоси худро дорад. Бархе аз расонаҳо беибо ибора ва ҷумлаҳоеро ба забони бегона, ки дар гуфтори мардум нишастаанд, ба кор мебаранд ва бархе аз суханварон ба лаҳҷаи деҳаи худ нома менависанд.

Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, ки тарҳи нави қоидаҳои имло омода шудааст. Кош, тарҳи нав баҳси имлоро нуқтаи таммат бигузорад! Дар зимн, ин навиштаро ҳамчунин ба кумита низ хоҳам фиристод ва умедворам, дер нашудаасту шояд дар ин амри хайр хурдтарин мададе карда бошам.

Дар бораи костагиҳои имлои нав борҳо гуфтаанду навиштаанд, банда ҳам аз он ҷумла ( “Имолаи имло”– 22.08.2010 ва “Бори дигар дар бораи имло” – 29.09.2010), аммо як нуктаи ошкорои зиддияти он бо табиати забони модарии мо ногуфта мондааст ва кайҳост, мехостам, онро ёдрас кунам.

ИМЛОИ “Ӣ”

Дар банди дувуми имло, нуктаи шашум ба имлои садонки “ӣ” бахшида шудааст:

“6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:

а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғ.;

б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғ.;

в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғ.;

г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғ.”

Оре, эроде нест, ҳарчанд таҳти таъсири равондани “ӯ” (бояд гӯям аз ҳаводорони ин садонок нестам, аммо мавридҳое ҳаст, ки бе он намешавад навишт) қаламкашони мо “ӣ”-ро ҳам, барои намуна аз “чӣ” партофтаанд ва онро “чи” менависанд. Ҷолиб аст, ки “чӣ шуд?” бояд нависем, вале дар пайти дигар бояд “ҳарчи” навишта шавад. “Чӣ шуд, ки наомадӣ?” ва “Бояд ҳарчи зудтар ин кор анҷом дода шавад.”

Ин ҳам дарди бахайр. Душвори банда бо “ӣ” ба ҳолати дигар пайванд дорад. Ҳолате, ки ду банд пештар аз ин нақли қавл ба ҳангоми қаламдоди имлои ҳарфи “и” навишта шудааст:

“И” БА ҶОЙИ “Ӣ”

“4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғ.;

б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.;

в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он кива ғ.;

г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.;”

Ба чизе пай бурдед? Бале,

Леонардо да Винчи

Ганди

Паганини

Ибарури

Сочи

Тбилиси

Миссисипи

Ин вожаҳо мебоист бо ҳарфи “ӣ” поён меёфтанд. Дар қоидаҳои пешинаи имло дар давраи шӯравӣ ҳамин гуна буд ва мо онҳоро ҳамин гуна менавиштем: Леонардо да Винчӣ, Гандӣ, Паганинӣ, Ибарурӣ, Сочӣ, Тбилисӣ, Миссисипӣ, Батумӣ, Муссолинӣ ва ғайра.

Чаро? Зеро табиати забони мо ҳаминро мехост ва “ӣ” дар охири ин вожаҳо ҳамон “и”-ест, ки дар “моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ, дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ, омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғайра” меояд. Ин “ӣ” ҷойи задаро дар калима муайян мекунад. Вақте ки онро бо “и” иваз мекунед, зада метавонад, ба иллати бесаводӣ ва беэҳтиромии мо ба табиати забонамон, дар ҳиҷои аввал ҳам ояд: “Вѝнчи, Га̀нди, Па̀ганини (ё Пага̀нини), Иба̀рури, Со̀чи, Тбѝлиси, Миссѝсипи ва ғайра.

ЧИЗЕ НЕСТ?

На, хеле чиз аст. Агар барномаҳои радиоро гӯш кунед ё намоишҳои телевизионро бинед, дарк мекунед, ин хеле чиз аст. Банда ҳам солҳо пеш ба задаи вожа таваҷҷӯҳ намекардам. Бори аввал ин нуктаро бароям устоди журналистон, шодравон Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ дар нимаи солҳои 1990 ёдрас кард. Дар як гуфтугӯи телефонӣ ӯ аз барномаҳои мо ситоиш намуд, вале афзуд, гоҳе задаро дар ҷойи зарурии вожа намегузорем. Дар натиҷа баёни мо ноқис, бесаводона, бегонамаъоб ва хандадор ба гӯш мерасад. Ёд дорам, баъд аз он сари задаи бечора дар номи “қассоби Балкан” — Милошевич баҳси зиёде доштам. Бархе аз ҳамкорон онро “Мѝлошевич”, бархи дигар “Мило̀шевич” ва савумиҳо “Милошѐвич” ба забон меоварданд, ҳол он ки зада дар забони модарии мо ҳамеша дар ҳиҷои охир меафтад ва он аст, ки оҳанги дилнишини ин забони шеворо ба гӯшҳо мерасонад.

Фикр кардам, расво шудани як забон маҳз аз зада сар мешавад, Барқвор ба ёдам расид, ки муддате дар мактаби шумораи 60-и шаҳри Душанбе коромӯз будам ва аз адабиёт дарс медодам. Вақте аз шогирдон пурсидам, ки дарси гузаштаатон чӣ буд, духтарчае даст бардошт ва гуфт: “Калѝла ва Дзѝмна”-и устодз Ру̀дзаки”. Онки вай овози “д”-ро ҳамеша чун дифтонги “дз” ва гоҳе “тс” талаффуз мекард, аз надонистани задаи калима сарчашма мегирифт.

Дӯсти гиромиям, донишманди варзида Давлатхоҷа Довудӣ мегӯяд: “Гап дар сари он аст, ки мо бо тамаддуни Ғарб ба воситаи русҳо ва забони русӣ ошно шудем ва барои ҳамин ба ҷои h харфи “г”-ро истифода бурдем.“ Ин шарҳе буд ба як ҷустори банда, ки “мо рус нестем, аммо Harvard-ро “Гарвард” мегӯему менависем”. Ҳоло фикр мекунам, бадбахтиҳои бузург аз камбудиҳои хеле хурд сар мешаванд ва решаи мушкил дар он аст, ки мо ба табиати забони модарии худ арҷ намегузорем. Ҳарчанд онро шакару ширину шево меномем, намедонем, ки бо таъсирпазирии худ аз русӣ ва забонҳои дигар, бетаваҷҷӯҳӣ ва бардапешагӣ зебоиҳои онро худамон нобуд кардаему мекунем.

Шояд гумон кунед, зада чизе нест, ки сараш чунин баҳс бапо кард, вале он нахустманбаи оҳанги забон аст ва оҳанги забон “алгоритм”- ест, ки тамоми ҳастии онро муайян мекунад. Тифли навзод аввал оҳанги забонро аз модару падар меомӯзад ва ин оҳанг бо шири модару аллаҳои ӯ ба рагҳои ҷонаш мераваду устухонашро сахт мекунад. Вақте модар ва падар оҳанги ноҷӯреро дар мағзи кӯдаки худ ҷой мекунанд, аз гаҳвора то гӯр он нафар аз ҳисси забони хеш маҳрум мемонад ва дар дӯст доштани забони модарии худ душворӣ мекашад.

Гумон намекунед, ба ҳамин иллат аст, ки вазирону кабирони мо ва ҳатто адибони мо дар сухан пеши мардум ё садобари радио ва дурбини телевизион аҷз нишон медиҳанд, вожа меҷӯянд ва дар ниҳоят ба “вая вай кунед” мепардозанд?

Задаи дуруст дар вожаҳо дар ниҳояти амр ба дурустнависӣ низ ёрӣ мекунад ва агар таваҷҷуҳ карда бошед, онҳое ки задаро дуруст мегузоранд, вожаҳоро низ дуруст менависанд.

Advertisements

20.03.2017 - Posted by | Баҳс, Забони модарӣ, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҷомеа

4 Comments »

  1. Иттифокан хамин имруз дар ин бора бо як дуст гуфтугу доштем, ки фаронсавихо задаи номи мардумони хама миллатхоро дар охираш монда талаффуз мекунанд, чун табиати забонашон чунин аст ва барояшон фарк надорад, ки аслаш чун аст. Эронихо низ. Аммо мо, ки хатто номхои хонаводагиамонро КарИмуфу ЧурАеф мегуем…
    Вокеан, Тбилисиро такрор карда, шумо, устод, коидаи дигари забонамонро поймол мекунед: ду хамсадо дар аввали калима намеояд.Тифлис аст, Тбилиси не.

    Comment by Самад | 20.03.2017 | Reply

    • Дуруд бар Шумо! Дар мавриди “Тбилисӣ” ҳақ ба ҷониб ҳастед, ман онро аз Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ нусха бардоштам ва воқеан “Тифлис” дуруст аст, Сипосгузорам!

      Comment by aioubzod | 20.03.2017 | Reply

  2. Доимо дар охири исмҳои хоси иқтибосӣ “ӣ” менависам.
    Устод, назаратон дар бораи ҳолатҳои дар байни калима навиштани “ӣ” чист? Мисол, “Нӣл”, на балки “Нил”. Чун дар асл садои “ӣ” аст.

    Comment by Мирзошариф | 21.03.2017 | Reply

    • Дуруд бар Шумо! Мантиқан дуруст мебуд, барои таъкид бар задаи вожа дар байни калима низ ҳуруфи зададор навишта шаванд ва ин таҷриба дар бархе аз забонҳо дида мешавад, вале шояд мардуми мо инро печидатару мураккабтар кардани навиштор хоҳанд шумурд, ҳарчанд печидагиҳо дар ҷойҳои дигаранд. Аз сӯе ҳам чунин намунаҳо монанди “Нил” шояд зиёд нестанд. Сипосгузорам, ки ин матлабро хондед ва бетараф нестед.

      Comment by aioubzod | 22.03.2017 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: