Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Идомаи марсияи падар

Ҳоло дар идомаи он ҳама чизе, ки пештар навишта будам. Даргузашти падару модар барои инсон аз дардҳоест, ки ҳаргиз шифо намеёбад. Он мисли як захми носури равон то охирин нафаси умри инсон боқӣ мемонад. Зиндагии кас баъд аз реҳлати волидон аз реша иваз мешавад. Дард мемонад, аммо чорае надорӣ, бояд муросо кунӣ, ки ин як мусибати гурезнопазир аст. Муросо мекунӣ, вале бовар нахоҳӣ кард, ки азизонат дигар дар рӯйи замин нестанд ва дидор ба қиёмат мондааст.

Акнун он дидор ягона дилбардорият хоҳад буд. Он гоҳ марг бароят осон ва ҳато ширин мешавад. Албатта, агар бовар дошта бошӣ. Ба худ мепиндорӣ, ки он дидор чӣ ранге хоҳад дошт. Солҳо пеш як филми амрикоиро дида будам, ки қаҳрамонии асосияш мемирад ва дар ҷустуҷӯи шахси дӯстдоштааш ба дӯзаху аъроф меравад ва аз он ҷо ба биҳишт ва ӯро дар ҷаннат пайдо мекунад. Ман бовар дорам, ки падарамро дар биҳишт хоҳам ёфт, ҳарчанд гумон аст, худ сокини он шавам, аммо барои як дидор назди он кас хоҳам рафт ва дар он дунё ҳам аз баракату шарофати эшон барои лаҳзае ҳам бошад, пой дар биҳишт хоҳам гузошт. Ин умед дарди маро сабук мекунад.

Як рӯз дар дафтарчаи худ навиштам: “То замоне ки падарони мо зиндаанд, бераҳмии ҷаҳони атроф ва танҳоии дардомези хешро ҳис ва дарк намекунем.” Падарон пушту паноҳи моянд. Касоне ҳастанд, ки ҳамеша ҳимояти онҳоро ҳис мекунем. Вале ҳатмӣ нест, ки дар лаҳзаҳои сангин падар ба ёди кас ояд. Нақше, ки як падар дар ҳаёти фарзандаш мегузорад, якумрист ва то инсон зиндааст, падари худро ёд хоҳад кард. Вале замоне ботини падари даргузаштаи хешро ба хубӣ дарк хоҳад кард, ки худ падар шавад ва бори сангини парвариши фарзанд бар дӯшаш афтад. Он гоҳ ҳар лаҳза ба он хоҳад андешид, ки оё дар ин ё он маврид падарам чӣ гуна рафтор мекард.

Ё ҳис хоҳад кард, ки аз ин ё он рафтору кирдору гуфтораш он замон, солҳо пеш, падар чӣ бардоште карда бошад, чӣ қадар дард кашида бошад ва чӣ қадар шодмону ризо гашта бошад?

Тарозуи муҳаббат ва сахтгириро барои мо падаронамон месозанд. Албатта, агар нек бингарем ва омӯзем. Аз ин нигоҳ нақше, ки як падар дар тарбияи инсон мебозад, аз саҳми ҳазорон устоду садҳо мактаб ва милюнҳо ҷилд китоб бузургтар аст. Ончи падарам бароям гузоштанд, ин буд, ки бояд байни меҳрубонӣ ва сахтгирӣ баробарӣ ё тавозунеро пайдо ва ҳамеша муроот кард. Ин ду ба танҳоӣ ё дар нобаробарӣ фақат осеб хоҳанд овард. Гоҳе ҳам осеби ҷуброннопазир. Меҳрубонии зиёд шахсеро ба воя хоҳад расонд, ки худхоҳӣ, хушгузаронӣ, ҳавобаландӣ ва зӯргӯиву зӯроварии бе банду бор хоҳад дошт. Як рӯз ба девори ҷомеа хоҳад бархӯрд ва сари худро хоҳад кафонд.

Сахтгирии беш аз ҳад шахсияти кудакро саркӯб ва майли ӯро ба бераҳмӣ ва интиқомистонӣ аз зиндагӣ парвариш хоҳад кард. Боз ҳам оқибаташ ногувор хоҳад буд ва на танҳо барои худи шахс, балки барои атрофиёнаш ва шояд даҳҳо ё садҳо нафари бегуноҳ.

Ҳадафам таҳлили равоншиносӣ ё равонковӣ нест, балки сипос аз падарам аст, ки агар ба ман пулу давлат ба мерос нагузоштанд, чизҳое ба маротиб бузургтар аз инҳо доданд, ки ба дарки бархе аз сарватҳои маънавии вогузоштаи эшон акнун мерасам ва шояд ганҷҳои ногушудае дар пеш дошта бошам.

Падар! Ман ҳар рӯз ёдат мекунам. Шояд ҳар соат. Барои ҳар кутоҳиям аз ту узр мехоҳам. Фарзанди хубе набудам. Натавонистам, ҳар рӯзи умратро шоду рангин кунам. Надонистам, ки “не”-и ман чӣ қадар бароят сахт мерасид. Агар медонистам…

…Пушти шиша борон меборад. Садои он падарамро ба ёдам меорад. Гӯё тифле ҳастаму падарам маро ба бари ҷомааш мепечонад ва ба эътирозҳои модарам нигоҳ накарда, маро ба айвон мебарорад, то боронро бинам. На, чӣ сон боридани борон дар ёдам намондааст, ҳатман борони зебое меборид, аммо оғӯши падар, бӯйи ҷомаи ӯ, оромиши беинтиҳои кайҳоние бо ман монда, ки ҳаргиз фаромушам намешавад. Шояд аз он ҷост, ки боронро дӯст медорам ва метавонам, соатҳо дар зери он бошам, соатҳо симфонияи онро гӯш кунам.

Оё чандмоҳа будам? Модарам он лаҳзаро дар ёд надоранд. Аммо мегӯянд, оре, падарат, туро бо ҳар падидаи зиндагӣ ошно мекард, ҳатман он рӯз туро аз пеши ман бурдааст, то бо борон дӯст шавӣ.

На, ин хаёлот нест, чун хеле рӯшан дар хотир дорам.

Як субҳи зуд падарам маро бедор кард. Аз хоби заргӯшӣ бархостан бароям ғашовар буд. Маро аз хона берун бурд. Ба боғча. Дар дасташ магнитофоне, ки чанд рӯз пеш харида буд ва садоҳои моро забт кардаву ба мо мешунавонд. Фақат ҳамин чиз маро каме машғул дошт. Мо ба дарунтари боғча рафтем ва падарам дастгоҳро ба кор андохту ангуши ишорати ба лабонаш бурд, ки хомӯш бошам. Садобарро боло бардошт ва танҳо он гоҳ донистам, ки садои парандаҳоро забт кардан мехоҳад. Оре, дар шохсори боғчаи мо оркестри мурғони саҳар беҳтарин мусиқии худро менавохт. Дар ин консерт гоҳо ҳама сокит мешуд ва яккахон ба сурудан меомад. Ҳоло чеҳраи падарамро ба ёд меорам. Чӣ қадар ӯ аз хондани булбулу майнаҳо ба важд меомад! Ӯ гӯё забони онҳоро медонист ва чӣ хондани онҳоро мефаҳмид.

Солҳо баъд ин лавҳаро бо номи “Булбул дар қабристон” навиштам ва ҳоло дарк мекунам, ки ба ӯ бахшида шудааст. “Чанд рӯз пеш, на дақиқтараш ду рӯз пеш, ҳаво офтобӣ буд ва субҳ пиёда мерафтаму роҳам аз назди қабристоне мегузашт. Атроф ҳанӯз камодам буд ва аз он сӯи девори қабристон, аз миёни шохсорон садои булбуле ба гӯшам расид.

Ин қадар пурдард ва дилгудоз месуруд ин булбул! Ин қадар ҳайратовар буд! Гӯё қиссаи шӯрангезеро ҳикоят мекард. Гоҳе садояш силсилавор мерафту ба нолаи инсон монанд мегашт ва гоҳе канда-канда мешуду боз ҳам гӯё монанди як инсон ҳиқ-ҳиқ гиря мекард.

Нафаҳмидам, ки аз роҳ бозмондаву дар ҷоям шах шудаву санг бастаам. Чи ҳикматест ин ҷо, ки булбули хушовоз дар қабристон мехонад? Шояд беҳтарин таронаашро? Оё ин булбул аст ё мавҷуду махлуқи дигаре? Шояд рӯҳест, ки дар симои булбул баргаштаасту дар сари қабри кадоме аз пайвандонаш нола мекунад?

Раҳгузароне аз паҳлуям мерафтанд ва бархе аз онҳо баргаштаву ҳайрон-ҳайрон ба ман менигаристанд. Оре, бояд ба коргоҳ равам, дер мешавад. Ҳоло мефаҳмам, ки ашк аз чашмонам шоридааст. Оби дидаамро пок мекунаму ба сӯи корхона равон мешавам.

Булбул ҳамон мехонаду мехонад. Ба дард ва бо сӯзу гудоз. Садояш ба дилам менишинад. Ва ҳам дардашу ҳам сӯзаш.”

Ёдбуди бачагии ман дар ин шаҳри дур ба ҳамин шева аз худ хабар додааст. Ҳоло дарк мекунам, ки ёди падар маро гоҳо нохудогоҳона ҳамроҳӣ мекунад ва пайванди руйирости ин пазмониро бо гузашти айём мефаҳмам. Пас ӯ ҳамеша бо ман аст.

Боре падарам маро шаҳр бурданд. Шояд дар синфи 4 ё 5 мехондам. Бароям палто хариданд. Вале на рангубор ва на дӯхти он бароям писанд набуд. Вақте ба тан кардаву месанҷидам, он кас даст-даст кардаву медиданд, ки оё китфонаш ба андозаи мананд ё қадаш дуруст меояд ва монанди инҳо. Гуфтанд, ин хуб аст ва пурсиданд, ки чӣ мегӯям. Бонуи фурӯшанда ҳам ба баҳс шарик шуд ва фурсат надод, ман чизе гӯям, тӯтивор такрор кард, ки ин охиринаш аст, бисёриҳо аз ҳамин палто хариданд, хеле шинам афтодааст ва монанди инҳо. Падарам бошитоб тасмими харидани онро гирифтанд ва оне нагузашта, пулашро доданду маро гуфтанд, аз танат накаш, бо ҳамин ба деҳа бармегардем, бубин, чӣ қадар хуб аст.

Аз фурӯшгоҳ берун рафтем. Дар пиёдароҳи шаҳри пурғавғо қадам мезадем. Падарам биноҳо ё мошинҳоро ба ман нишон медоданд, вале ман норизо аз палто будам, гӯё ҳар ваҷаби он мисли хор ба танам мехалид, мисли шинел дароз буд ва ҳангоми роҳгардӣ бо зонуҳоям барҳои онро сахт пеш мезадам. Ногоҳ падарам бозистоданд.

— Маъқулат нест? – пурсиданд он кас, дар ҳоле ки бо диққат ба ман менигаристанд.

Гуфтам: “Не, хуб аст, маъқул аст.” Шояд нахостам, хурсандии он касро халалдор кунам ё ангоштам, кор дигар тамом шуду рафт, молро харидем, чӣ фарқе мекунад.

Боз каме қадам задем. Беихтиёр боз барҳои палтои навро зонузанӣ кардам магар, ки аз китфам оғӯш карданд ва маро аз роҳ гардонданд. “Рафтем, палторо бармегардонем. Аз ҷойи дигар, беҳтарашро меёбем.” Инро гуфтанд ва аз ман узр пурсиданд. “Маро мебахшӣ, ки посухи туро интизор нашудаву палторо харидам”. Мо аз роҳ баргаштем, дубора ба фурӯшгоҳ рафтем ва палторо бозгардондем.

Он вақт ва ҳоло бароям зананда буд, ки падар аз писар узрхоҳӣ мекунад. Аз он рӯйдод омӯхтам, ки агар коре кардаму ба фарзандам хуш наомад ва фарзандам ҳақ ба ҷониб буд, бояд аз ӯ урзхоҳӣ кунам. Ва борҳо кардаам. Кош, онҳо низ чунин шаванд ва донанд, ки аз фарзанд узр хостани падар ҳеч ҷойи тааҷҷуб надорад.

Мебинӣ, падар, ки ҳар рафтору гуфторат бароям мактаб будаанд ва то зиндаам, талош мекунам, имтиҳонҳои ин мактабро ба баҳои аъло супорам. Умедвораму дуогӯ, ки набераҳоят ин сабақҳоро ба фарзандонашон ва онҳо ба фарзандони худашон хоҳанд расонд ва ҳамин гуна то беохирҳо. Мебинӣ, пас зиндаӣ, бо моӣ ва ҳамеша бо мо хоҳӣ буд…

Advertisements

15.05.2017 - Posted by | Каме латра, Сарнавишт, Ҳолнома |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: