Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Салом, (ф)Файзи Бадахшон!

Дӯстам, Файзи Мирасан, медонӣ, дар ёди ман чӣ гуна мондаӣ? Ҷавони хушандоми оҳучашм ва гитор дар дасту дар лаб таронаи дилгудоз дар мактабхонае дар канораи Уёлӣ, ки табдил ба хобгоҳи донишҷӯёни пахтачин шудааст. Дигар марди бовиқор ва хирадманде дар минбари Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми расондани паёми мардуми Бадахшон ба вакилон. Яке аз нахустин дидор ва дигаре аз охирин. Дар фосилаи ин ду ҳазорон порча хотираи дилнишин. Аммо ҷойи он ду дигар!

Ҷавони таронасаро бо он чашмони хуморӣ маро, ки тоза аз деҳа омада будам, шефтаи худ кард ва бароям нишон дод, ки мо, даҳҳо, садҳо донишомӯзро дар қолиби сангини мактабу пионеру комсомоли шӯравӣ хишт рехтаанд ва мисли асиру барда ба сар мебарем ва бояд ин чаҳорчӯбаҳоро шикасту аз онҳо берун рафт. Ин нуқтаи чархиш буд. Во кардани чашм. Ангезаи исён. Рафтан ба роҳи дигар, ба роҳе, ки дигарон нарафтаанд. Кашфи сарзаминҳои нав. Пушаймонам? Ҳаргиз!

Шаби пеш аз суханроният дар Шӯрои Олӣ меҳмони ман будӣ ва то субҳ баҳсҳои оташине доштем. Туро бо паёми ҷудоӣ фиристода буданд. Аз номи тазоҳуркунандагони Хоруғ. Гуфтамат, Бадахшонро дӯст медорам, Помир нерӯгоҳи равонӣ ва маънавии ин кишвар аст, чӣ тур дилеро аз тан мешавад ҷудо кард, он ҳам аз тани бесаре, ки даҳсолаҳое пеш сарашро дигарон буриданд? Ту аз шоири сиёсатбозе ёд мекардӣ, ки гуфта буд, раванд онҳо, ҷудо шаванд, ба мо даркор нестанд. Он давраҳо достонҳи фантастикӣ менавиштам ва ҳарду сар ба оянда фурӯ бурдем, ки агар чунин буд, чӣ хоҳад шуд? Чормағзи иғвогарон пуч баромад. Ояндаи неке дар пеш намудор нашуд.

Он гоҳ рӯ ба пас овардем ва бо ҳам лаҳза ба лаҳзаи сар задани тазоҳуротро рӯйи коғаз рехтем ва сарманшаи даъворо ҷустем ва ба ҷое расидем, ки он тавтеаи русҳо ва ҷосусони онҳо буд. Он замон сиёсати онҳоро дар кишвари мо ҳарбиёни зӯргӯ ва гушначашмашон пиёда мекард ва онҳоро ман дар Афғонистон ба хубӣ омӯхта будам. Дар зимн, дертар яке аз онҳо (Коченов) дар суҳбати хос ба як дӯсти руси банда, хабарнигори маскавӣ, ширкати худ ва афсаронашро дар ин тавтеа тасдиқ кард. Он шаб мо бо зӯри андеша ба ҳақиқати паси парда расидем ва ту тасмиматро гирифтӣ. Ин нуқтаи чархиш буд. Рӯзи дигар ту дар Шӯрои Олӣ паёми дигаре додӣ. Паёми иттиҳод, эҳтироми ҳаққи мардуми Бадахшон, ҳушдори лағзиши кишвар ба самти нокуҷо, дасисаи бегонагон. Шод будам ва мегуфтам, шукр, Файз гӯли аҷониб нахӯрд ва Бадахшонро аз шармсорие наҷот дод.

Ҳоло, ки ин сатрҳоро навиштам, ёдам омад, ки он охирин дидорамон набуд. Шояд бори дигар дар ситоди Давлати Худойназар вохӯрдем, ки ман аз сидқи дил мехостам ва тамоми ҷадалҳоямро мекардам, ки ӯ раисиҷумҳури Тоҷикистон шавад. Нашуд. Ин нуқтаи чархиш буд. Ба нокуҷо!

Бароям навиштӣ, ки дар сафаре ба Хоруғ меҳмони телевизионе будам, ки ту раёсаташро дар даст доштӣ ва мусоҳибае додам. Бовар дорӣ, ки ҳеч ба ёдам намеояд. Зеро ҳар бор ки ба Помир меомадам, сармасти биҳишти рӯйи замин ва рафтору гуфтори мардумонаш мешудам. Ва ҳар боре, ки дар он ҷо садои тир баланд мешуд, он тири сӯзон дили маро мешикофт. Рӯйи роҳу сангҳои Помир агар қатраҳои хун аст, қатрае аз хуни ман ҳам хаст. Қитъаҳоеро, ки аз он буриданду ба бегонагон фурӯхтанд, ҳиссае аз тани ман аст, ки аз он теғтақсим ҳамон месӯзаду месӯзад, тамоми танам месӯзад ва то дами маргам хоҳад сӯхт.

Помир сари асаби Замин аст, Шомбалаи афсонавист ва ин аст, ки ҳанӯз ҳам онро раҳо накардаанд ва намегузоранд, ба ҳоли худ бошад. Файзи ҷон, ҳам инҳову ҳам онҳову ҳам унҳо ҳаргиз Шуморо раҳо нахоҳанд кард. Боҳуш бошед ва бигзор ҳафт насли баъдии Шумо, ҳафтод, ҳафтсад насли баъдии Шумо ҳеч гоҳ гӯли аҷониб нахӯранд.

Бубин, мехостам, дар як паёми кутоҳ зодрӯзро бароят шодбош гӯям, аммо аз дилам ончи рехт, ки дар он буд. Шоду нуш бод зодрӯзи некуят! Тандурусту шодкому сарбаланд бошӣ!

Advertisements

20.05.2017 - Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Сарнавишт, Тоҷикистон

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: