Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Яғноб ва яғнобиён

Китоби ҷолибе хондам. «Яғнобмарз ва мардуми он», чопи Душанбе, «ЭР-граф», 2013, навиштаи пажӯҳишгари тоҷик Рустам Ҷумъаев. Мисли ин буд, ки ниҳоят насибам гашт, ба Яғноб сафар кунам, бо мардуми наҷиби он ҳамнишин шавам, дар кӯчаҳои хокию сангини Кирионтеву Кансӣ, Пискону Марғтумайну Хшортоб қадам занам, аз оби сарду дандоншикани рӯду чашмаҳо бинӯшам, рӯйи пӯстаку зери дарахти пир биншинам ва ба сарнавишти таърихии мардуми хеш биандешам.

Албатта, пештар ҳам сафарҳои рӯҳоние ба ин обида ва нирӯгоҳи маънавии ниёкон доштаам, бавижа бо филмҳои мустанади Олег Панфилов, Саодатхоҷа Солеҳзода, навиштаҳои мардумшиносон, таронаҳои Абдулло Субҳон, қиссаҳои дӯсти яғнобиям Саидмурод, филми “Пинайштагӣ сутур” (“Гӯсфанди гумшуда”), нақлҳои дӯсти чехам Любомир Новак, дастуру китобҳои Сайфиддин Мирзозода, Баҳриддини Алавӣ, Гулмурод Неъматов ва ғайра, аммо донишманди тоҷик Рустам Ҷумъаев, ба гумонам, бори аввал талоши шоистае кардааст, то умдатарин донистаниҳоро дар бораи Яғноб ва яғнобиён дар як ҷилд ва бо назми муайян гирдоварӣ ва аз нигоҳи имрӯз баррасӣ кунад.

Китоб аз нигориши бинишваронаи ҷуғрофии минтақа ё беҳтар аст, гуфта шавад, аз нигоҳи уқобе оғоз мегирад, ки дар кабудии фалак мечархад ва ба қаторкуҳҳову рӯдҳо, дара ва шохобҳои қалби Фароруд менигараду ҳар кадомро шиносоӣ мекунад ва шарҳ медиҳад. Дар зимн, чӣ манзараи шигифтангезеро хоҳем дид, агар Яғноб аз дрон ё ҳавопаймои бесарнишин ба навор гирифта шавад. Ин чизест, ки филмҳои дидаи ман дар он кам овардаанд — танҳо чанд намои ларзоне аз тирезаи чархбол. Бовар дорам, агар рӯзе филми наве дар бораи Яғноб бо нигоҳе аз тори бесарнишин оғоз шавад, милюнҳо чашмро хоҳад навохт ва ҳамин шумор дилро тасхиру шефтаи ин сарзамин хоҳад кард.

Фасли ҷойномҳо ё топонимҳои Яғноб тавсифи идорию маъмурӣ ва демографиро ба думбол дорад. Сипас шуғли яғнобиён, рӯзгордории онҳо ва нигориши ҳар яке аз деҳаҳои водӣ ҳамвору ноаён ба таҳлили пажуҳишҳои бостоншиносӣ, инсоншиносӣ ё онтропролоҷӣ, этнолингвистӣ ва таърихию мардумшиносӣ мегузарад. Дар боби чаҳоруми китоб баҳсҳои марбут ба таърихи қавмии яғнобиҳо ва нисбати байниҳамии забонҳои суғдию яғнобию тоҷикӣ баррасӣ шудаанд.

Китоб охирсухани навпардозона дорад. Ин бештар баррасии тарҳи пажӯҳишҳои ояндаи Яғноб ва яғнобиён, чидани пурсишҳои ҳамоно беҷавоби яке аз пурасрортарин масъалаҳои илмии Тоҷикистон ва куллан ховаршиносӣ буда метавонад.

Бо гузашти айём пажӯҳишҳои илмӣ, саҳеҳтараш, васила ва абзори тадқиқу таҳқиқ бориктар ва амиқтар мешаванд. Ин ба кашфиёти тоза роҳ мекушояд ва посухҳои аҷибтару тозатареро пеш меорад. Рустам Ҷумъаев бо китоби нави худ низ ба ҳамин ҷанба ишора мекунад ва пешниҳодаш он аст, ки Яғнобу яғнобиён бо корбасти ҳамзамони чанд риштаи вижаи илм бозпажӯҳиш шаванд.

Аммо тадриҷан фазое ҳосил мегардад, ки шояд монеи ҷустуҷӯҳои оянда мешавад. Барои намуна, акнун ақидае дар зеҳнҳо устувор шудааст, ки яғнобиён дар ин водии баландкӯҳ аз замонҳои қадим мезистаанд ва аз ҷойи дигар наомадаанд. Густариши забони тоҷикӣ тадриҷан манотиқи атрофи водиро тоҷикзабон кардааст ва дар гӯша мондани Яғноб сабаб гаштааст, ки забони пешазтоҷикӣ ё пешазфорсии нав дар ин “қалъа” эмин монад. Айни хулоса дар бораи забонҳои помирӣ низ зикр мешавад.

Оё ин натиҷагирӣ хилофи ақидае нест, ки яғнобиёни имрӯза пасовандони онҳое ҳастанд, ки бо фирор аз тохтутози аҷнабиён дар ин маконе, ки як қалъаи табиист, паноҳ ҷустаанд? Шахсан ман ҳамин фарзияро ба ҳақиқат наздиктар медонам. Ба он далел, ки шароити сангини зиндагиро дар фарози қуллаҳои дастнорас маҳз бо талоши дарёфти макони амн метавон тавҷеҳ кард.

Ёдам меояд, падарам мегуфтанд, тафовутҳои расму ойин, сурату симо ва лаҳҷаи аҳли 54 деҳаи Масчо, минтақаи ҳамсоя бо Яғноб, баёнгари онанд, ки ниёкони онҳо аз манотиқи гуногуни Фароруд ба ин ҷо омадаву сукунат ихтиёр кардаанд. Бо вуҷуди ягонагиҳои зиёд, ки бештар зимни омезиши аҳолӣ, иқтисоди муштарак ва муоширати дарозмуддат шакл гирифт, ин фарқиятҳо дар баъзе маврид хеле бориз ва амиқ мондаанд. Вале ҳам дар мавриди Яғноб ва ҳам Масчо мешавад, миёнгини зарринро баргузид, ки шояд шуморе аз мардумони ин манотиқ аз давраҳои қадим ин ҷо мезистаанд ва қисми дигари он аз минтақаҳои дигар, бештар дашту ҳамвориҳо ба ин ҷо паноҳанда ва бо гузашти айём дар байни бумиён ҳал шудаанд. Ин ҷанбаъ то ҳол ба гунаи шоиста омӯхта нашудааст.

Дар китоби Рустам Ҷумъаев афзудаҳои аҷибе ба таърихи маълуми Яғноб ва яғнобиён ҷой дорад. Шояд барои коршиносон онҳо нав нестанд, вале барои хонандаи ҳаваскоре мисли банда ҷолиб буд, бидонам, ки мардуми Яғноб борҳо хадафи ҳамлаи ҳамсоягони ҳамхунаш қарор гирифтааст. Дастаҳое аз Масчо, Қаротегин, Ромит, Дарвоз ва Ҳисор ба Яғноб ҳуҷум овардаанд, то ба зарби шамшер мардуми онро мусалмон кунанд. Ислом овардани яғнобиён як раванди хеле тулонӣ будааст ва онҳо зери дами шамшер мусалмон мешудаанду бо рафтани ҳамлаварон ба дини худ, яъне оташпарастӣ бозмегаштаанд. Ин гашту бозгаштҳо то даме давом кардааст, ки ҳамаи мардум сидқан ислом оранд.

Дар наздикии деҳами Бидив порчаи замине бо номи Кофир-лаққа ёд шуда, дар баландии Муғи Кӯр қабристони кофирон мавҷуд будааст. Ва тақрибан то аввали солҳои 1860 Яғноб ба шоҳигарии Дарвоз итоат карда, дертар ҳокимият бар он ба дасти масчоиҳо гузаштааст.

Ин порчаҳоро мехондам, ки ҳамон шабонарӯз дар фейсбук баҳсе бо номи “Помириҳо ва мо” рӯ зад. Мусалмони дуоташае ҳанӯз аз сарлавҳаи ҷустораш шаҳрвандони Тоҷикистони хурдакакро ба “мо” ва “онҳо” қисмат кардаву музахрафоти зиёде рӯйи сафҳа рехта буд. Ҳарчанд худи ин баҳс ва ҷузъиёти он сари мӯ аҳамияте надорад, маро ба андешае расонд, ки агар имрӯз ба чунин афрод имкон дода шавад, барои ҷорӣ кардани Исломи ҳақиқӣ ё Исломе, ки онҳо мешиносанд, ба Помир лашкар хоҳанд кашид, ҳамон гуна ки дар гузашта як қисми мардуми мо ба Яғноб ҳуҷум кардаву хуни мардумро рехтанд, хонаҳоро сӯзонданд ва моли мардумро ба яғмо бурданд.

Андаке пештар аз ин баҳси кӯчабоғӣ, ҳампешаам Савфати Бурҳон, ки ман ӯро иғвоандеши инқилобии тоҷик (ба маънои хубаш) мешуморам, кӯчондани помириҳо ва яғнобиҳоро ба водиҳо “генотсид” ё наслкушие донист, ки дар давраи ҳокимияти раҳбари бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст. Дӯстам, нависанда ва донишманди фарҳехта Абдуқодири Рустам посухи ин ҷусторро дод, аммо нутфае, ки Савфат дар зеҳнҳо гузошт, гумон аст, ба ин зудиҳо хунсо шавад, балки шояд ба ҷанини ситезаҳои оянда табдил ёбад. Аз ин лиҳоз ҳақ ба ҷониби Савфат аст, ки бояд пеши роҳи ҳама гуна талошҳои “ҳазм”-и помириҳову яғнобиҳо дар “меъда”-и миллии тоҷикӣ гирифта шавад.

Муҳаққиқи тоҷик Рустам Ҷумъаев низ аз муҳоҷирати иҷбории яғнобиён ба минтақаҳои дигари кишвар ёдовар шудааст. Вале ӯ бар ин аст, ки омезиши этникии яғнобиҳо бо тоҷикон ҳанӯз пеш аз ин маърака ба поён расидааст. Аммо рӯшан аст, ки ин муҳоҷират на танҳо қисме аз яғнобиёни бе ин ҳам камшуморро ҷисман нобуд кард, балки забони онҳоро низ бо хатари бузург рӯбарӯ намуд. Ҳоло бояд ошкоро гуфта шавад, ки оё давлат хостори аз байн бурдани ин забон аст ё бо эҳтиёти том нигаҳ доштани он? Айни пурсиш ба забонҳои помирӣ низ рабт дорад.

Беҳтарин хидмат ба таърих, фарҳанг ва ояндаи кишвар ин хоҳад буд, ки забонҳои мазкур бо эҳтиёти тамом ҳифз карда шаванд. Аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафар буда, ба ақидаи забоншиносон 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд. Забонҳои шуғнӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошарвӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ то кунун аз ҷониби коршиносон забонҳое маҳсуб мешаванд, ки бо хатари нобудӣ рӯбарӯянд.

Кӯчондани маҷбурии аҳолӣ қатъи назар аз ҳадаф ва пайомадҳои шояд мусбати он аз бадарға беш нест. Таърихи муҳоҷирати мардуми Масчоро ба даштҳои Дилварзин аз забони садҳо нафар шунидаам. Яке аз раисони колхози нахустини ин мардум Муҳиддин Олимов бароям нақл карда буд, ки рӯзе шудааст, 17 нафарро ба хок супурдаанд. Барои тобут мурдадорон навбат мепойиданд. Нависандаи машҳур Пулод Толис, ки ба Дилварзин омада буд, аз корнамоии мардуми кӯҳистон нависад, пас аз дидани фоҷиаи халқ ба афсурдагии амиқ афтод. Вай чизе нанавишт зери бори сангини ваҳшате, ки аз дидаҳояш бар ӯ чира шуда буд, бемори равонӣ шуд ва худро кушт.

Имрӯз мардум мегӯянд, агар чунин кӯч сурат намегирифт, минтақаҳои ҳассоси кишвар зери нуфузи бегонаҳо мемонд ва аз сӯе ҳам дар кӯҳистон барои ҳама ҷойи по намерасид. Дуруст аст, вале шояд беҳтар буд, муҳоҷират ба шеваи дигар ҷараён мегирифт, бо омодагии бештар, довталабона ё интихобӣ, на зери мили силоҳ ва таҳдидҳои шадид ва на саросарӣ?

Меҳри диёр ва эҳтироми хоки ниёкон бахше аз яғнобиёнро бо фирор аз Зафаробод ба Яғноб бозгардонд. Ҳоло дар ин ҷо наздики 500 нафар ба сар мебарад. То муҳоҷират теъдоди сокинони водии Яғноб ба 4000 нафар мерасид. Омӯхта нашудааст, ки муҳоҷират ба матои нозуки забони онҳо чи таъсире ворид намуд. Пешниҳоде шуда буд, ки забони яғнобӣ дар маҳалҳои зисти яғнобиён дарс дода шавад, рушан нест, иҷрои он шурӯъ шуда ё на.

Дар ҷустуҷӯи навигариҳое аз Яғноб ба ин сомонаи ҷолиб вохӯрдам, ки як оғози нек аст. Ва ин филмро ҳануз чанд моҳ пеш дида будам.

Advertisements

24.05.2017 - Posted by | Ватан, Забони модарӣ, Муҳоҷират, Таърих, Фарҳанг, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: