Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гирдгардони сирк

Мегӯянд, ҳар матне, ки ба сахтӣ навишта шудааст, ба осонӣ хонда хоҳад шуд. Ин ҳикояро солҳост, ки менависам. Ҳар бор ҳар хел мебаромад ва маро қонеъ намекард. Зеро мехостам, мисли нони фарахша бисёрқабатӣ бошад ва барои ҳар ҷур хонанда паёме хоси ӯро дошта бошад. Ниҳоят кораш тамом шуд. Сахт хастаам ҳам кард. Дигар на ҳарфе кам мекунам, на зам. Сипос аз дӯстонам Г.М., Абдуқодири Рустам ва И.С., ки аз аввалин хонандагон ва ноқидони ин навиштаанд. Ончиро, ки онҳо хуш карданд, шумо ҳам хуш хоҳед кард, бовар дорам.

Вале дар мавриди “на кам-на зам”, албатта шӯхӣ мекунам. Танҳо Ӯст офаридгори беҷурм. Андеша ва пешниҳоди ҷолибро ҳатман хоҳам пазируфт ва сидқан сипосгузор хоҳам буд. Инак, пешкаши хонандагони арҷманд!

Гирдгардони сирк

(Ҳикоя)

Афшин аз шалвори арғувону дурахшон ва футаи зардӯзии пупакдор, ки дар моварои шиму доману ҷомаҳои тираву хокиранг пайдо мешуду ғайб мезад, чашм намеканд ва метарсид, ки ин нишонаҳои дилчаспашро дар анбуҳи пурҳаракати мардум гум кунад. Шилшилаҳои сурху зангор дар миёни ин ҳама тирагӣ барои Афшин ба нурҳои бозигаре монанд буданд, ки гоҳе рӯ намудаву гоҳе пинҳон шуда, гӯё ханда мезаданд ва писаракро ба думболи худ мебурданд. Аммо хеле дур буданд он порчаҳои рангин.

Афшин чанд бор фарёд кашид: ““Шииииииринкооооор! Ҳой, шииииииринкоооор! Азииизи мааан! Биист! Як лаҳза биист!”

Вале масофа зиёд буду атроф пулғулғула ва садои нозуку заифи Афшини хурдакак то гӯши ширинкор намерасид.

Одамоне  ҳарсӯ мерафтанд. Кӯдаконе ҳам. Ва тифлаконе дар аробачаҳою сари дасти модаронашон.  Нигоҳи Афшин дар чеҳраи ғамгини як кӯдаки тақрибан ҳамсолаш лаҳзае гиреҳ хӯрд. Вақте ки дубора шалвори арғувониро ҷуст, дид, ки онро дар ин талотуми  пуродам гум кардааст.

Афшин ба дунболи ширинкор мерафт. Бисёр мехост, ба ӯ бирасад ва оғӯшаш гирад.  Мехост, боз чеҳраи хандони ӯро бинад. Даст ба дасти ӯ бидиҳад.  Бовар дошт,  ки вақте ба ӯ расид,  ширинкор нидои шодӣ дар хоҳад дод  ва Афшинро ба оғӯш хоҳад кашид. Ва ҳатман бо завқ хоҳад гуфт, “Ооооооооо, магар туууууу он писараааааке нееестӣ, ки дар қатоооооооори чилудувууууум нишаста буууууудӣ! Ва ин қадаааааааар бо шааааавқ механдииииидӣ!”

Чӣ қадар меҳрубон аст, ширинкори биннисурх, зарҳалмӯй бо он кулоҳи калони зарди лапардор, нимтанаи гулобӣ, шалвори зарнигор ва камарбанди заррин!

Аммо ҳоло шалвори арғувонии ҷилодор аз чашми Афшин нопадид шудааст.  Дур рафтааст.  Нур рафтааст. Ламъаи нуре, ки роҳро барои Афшин рӯшан мекард, хомӯшу пинҳон гаштааст. Сиёҳии дилгиркунанда атрофро ба коми худ кашидааст. Ҳоло Афшин гумон мекард, аз миёни нақби торике ба сӯи ин порчаи дурахшон меравад ва вақте ки ба он расид, офтоб мебарояд, атроф рӯшану гарму зебо мешавад, сарулибоси одамони атроф ранг мегираду чашмонашон нур ва чеҳраашон зиндаву шоду хуршедӣ мешавад. Бояд онро пайдо бикунад,  бояд ба он бирасад,!

Ҳоло ҳама ҷо тира аст. Одамони саропо сиёҳпӯш ҳарсӯ мераванд. Чашмони ғамгини он кӯдаке сари дасти модараш, ки Афшин лаҳзае ба он нигарист, низ дар мавҷҳои тираи ин ҳарҷу марҷ рӯ заду ғарқ гашт, вале аз ҳама бад, он шалвори қирмизу миёнбанди зарандуд нопадид шуд.

Афшин лаҳзае бозистод,  ба ҳар сӯ чашм давонд, аммо самти равашро дигар накард. Гом бардошт ва  ба масире  рафт, ки пеши пойҳояш ба он тараф буд. Ҳатман ширинкор дар пеш аст. Шояд ҳоло назди кадоме аз ҳамкоронаш истодаву баланд механдад, чизе мегӯяд, мезавқаду мерақсаду меҷаҳаду механдад ва ҳамин ҳоло Афшин ба ӯ хоҳад расид.

Афшин чеҳраи бисёре аз одамонро намедид, чун ё қоматбаланд буданд ва барои дидани рӯйи онҳо Афшинро зарур меомад, сар  боло кунад ё бо пушту паҳлу аз канораш рад мешуданд ва чеҳраи онҳо намудор набуд. Вай бештар дасту шикаму миёну сурину пойи одамонро медид. Ва гӯё намедид. Аслан, ба онҳо намеанадешид, чун нигоҳаш танҳо шалвори арғувонии шилшиладорро меҷуст ва ҳама чизи дигар барояш нонамоён буд.

Ногаҳон дар умқи тирагиҳо сурате сафедӣ кард, ки каси азизеро ба ёдаш овард. Манаҳи борик ин чеҳраро секунҷа намудор мекард. Дар он чун дар як варақи сафед танҳо ду нуқтаи сиёҳ дида мешуд. Ду чашми маҳзун ва гунаҳкор. Танҳо ду чашм. Дигар ҳеч. На абрӯ, на бинӣ, на лабу даҳон. Ду чашми пур аз тарс ва андӯҳ. Чеҳраи лоғари модар  ба ёдаш омад. Ин шом, вақте ки Афшин, хоҳарчааш, модар ва падарандараш озими сирк мешуданду бо шитоб худро ҷамъу ҷӯр мекарданд, боз ҳодисае рӯй дод, ки чандест ба одат бадал  шудааст. Падарандар боз модарашро талх  гуфт ва муште ба рӯйи ӯ зад. Аз бинии модараш хун омад. Арғувонӣ.

Аммо ин рӯйи манаҳборик танҳо ду чашм дорад. Бинӣ надорад.

Афшин намехост, чизеро ба ёд орад. Вале ногаҳон аз роҳ бозистод ва фикр кард, шояд ҳоло модараш бесарупо ҳар сӯ медавад ва Афшинро меҷӯяд. Охир, онҳо ҳама якҷо бояд ба хона баргарданд. Ба он ҷое, ки Афшин дӯст намедорад. Ба он ҳуҷраи тангу сард, ки фақат гоҳе, ки модараш дастархон боз мекунад ва барои Афшин хӯрок медиҳад, каме рӯшан ва гармтар мешавад.

Шояд ҳам намеҷӯяд, фикр кард Афшин дар бораи модараш. Ҳатман нахоҳад ҷуст, зеро чанд бор бо фиғону нола гуфта буд, кош Афшин намерӯид, намебуд ва  ӯрову ҳамаро бадбахт намекард. Афшин намефаҳмид, гуноҳаш чист, аммо ҳамеша пас аз ҷанҷолу кашокаши модар ва падарандар худро нороҳат ҳис мекард. Вай меангошт, ки он ду нафари калонсол маҳз барои Афшин бо ҳам моҷаро мекунанд. Гӯё ҳастии Афшинро намехоҳанд.

Оваҳ, камарбанди зардӯзӣ ба чашмаш афтод! Як дурахше дод! Чашмак зад! Андаруни порчаҳои тираву ошуфта он футаи тилоро дид ва ҳатто гӯшае аз нимтанаи гулобиро. Ҳисси аҷибе коми Афшинро ширин кард. Пиндошт, болу пар баровардааст ва мисли он кабӯтарҳои сирк ҳоло бояд парвоз кунад ва ба сари дасти ширинкор биншинад. Он гоҳ ширинкор аз нули Афшин хоҳад бӯсид ва болҳои ӯро хоҳад навохт.

Афшин пеш давид. Чашм аз камарбанди зардӯзӣ намеканд. Медавиду медавид. Фикр мекард, ҳоло ба ду чашми бузурге табдил ёфтааст, ки танҳо як вазифа доранд – гум накардани миёнбанди зарҳалӣ! Издиҳом халалаш мерасонд. Одамон ҳар сӯ мерафтанд ва Афшин маҷбур буд, аз миёни онҳо роҳ боз кунад. Ногоҳ дар пешаш шиками дамида ва пойҳои кутоҳи мардеро дид, хост аз канори чапи ӯ гузарад, мард ҳам ба чап нимқадаме зад, хост, аз тарафи рост  мардро давр занад, мард ҳам ба рост қадам монд ва на ин сӯву на он сӯ, ба як деворе дар баробари Афшин табдил ёфт. Ними сонияе Афшин бозистод ва дастчаҳоляшро пеш бурда, аз нав ба чап майл кард, мард ҳам пояшро ба тарафи рости худ партофт ва айни ин  ҳаракати ду нафар гоҳе такрор шуд, ки Афшин мехост, аз паҳлуи дигари мард рад шавад. Сар бардошт ва боло нигарист. Чеҳраи гирифта ва бадхашмеро дид, тасмим гирифт, аз ҷой такон нахӯрад. Мард рост ба чашмони бузургшудаи Афшин нигарист ва хитобид: “Чӣ?! Чӣ?! Гап дорӣ?! Ҳе дар к… очат б…!” Афшин аз тарс сар андаруни китфонаш кашид, шах шуд, аз ҷой наҷунбид. Мард ӯро тела доду рафт. “Ин одамон фақат дашномро медонанд, ман чӣ кардам, ки ҳақоратам дод,” – фикр кард Афшин дар ҳоле ки дар чашмонаш об дамида буд, зонувонаш меларзиданд ва ҳамоно нафаси бадбӯйи марди шикамкалон дар димоғаш мегашт.

Ногаҳон боз он камарбанди зарринро дид! Ва он шалвори шилшиладорро! Ин қадар шод шуд, ки қанотак зад ва пеш давид. Вале камарбанду шалвор намудор набуданд. Афшин ангошт, ки чизе набуд, балки ба чашмонаш чунин намуд. Вале бознаистод ва пеш давидан гирифт. Дар чандқадамии ӯ роҳрав ба ду ҷудо мешуд, ба ду самт мерафт, аммо одамон на танҳо аз ин пиёдароҳ, балки аз рӯйи сабза ва садбаргҳои гулгашт низ мегузаштанду ҳар тараф мерафтанд ва Афшин аз худ пурсид, оё ширинкор ба кадом самт тоб хӯрда бошад. Ҷомаҳои тирагуни раҳгузарон камарбанди тилоиро аз чашмони ӯ ниҳон карда буд.

Чӣ қадар дӯстдоштанист ширинкор! Ҳамеша хандон аст. Соате пеш дар саҳнаи гирди сирк рақсу бозӣ мекард ва атрофаш пур аз кабӯтар буд. Кабӯтарҳои сафед мисли барфпораҳо гирди сараш мечархиданд. Пасон селаи кӯдаконро ба саҳна хонд. Дар фазо кабӯтарҳо болу пар мезаданд, дар саҳна кӯдакон мерақсиданд ва онҳо ҳам ба кабӯтарҳо монанд буданд. Ширинкор якояки онҳоро ба оғӯш мегирифт, боло-боло ҳаво медод, навозиш мекард, мебӯсид, кӯдакон механдиданд.

Афшин ҳам мехост, рӯйи саҳна равад, аммо падарандар аз китфаш гирифт ва бо силтав ӯро дар курсӣ нишонд. Аз чашмони падарандар оташ мерехт. Китфи Афшин месӯхт. Ангуштони падарандар мисли анбур буданд. Аммо дард зуд фаромӯш гашт, зеро ширинкор писаракеро сари китфонаш гирифт ва кабӯтаре бар сари кӯдак нишаст ва фазои зери хаймаи сирк аз хандаи баланди одамон ларзид. Афшин орзу кард, ки дар ҷойи он писарак бошад. Хоҳиши аз ҷой паридану парвоз кардан ба назди ширинкор барои Афшин мисли ташнагии сахте буд, ки танҳо даст расонданаш ба нимтана ё шалвор ё камарбанди ширинкор онро шикаста метавонист. Бо гӯшаи чашм, оҳиста ба падарандараш нигарист, ки ҳамоно нигоҳи ғазаболуде ба Афшин дӯхта буд ва гӯё аз андешаҳои даруни сари Афшин огаҳӣ дошт. Писарак медонист, ки агар ҳаракате кунад, мушти оҳанини падарандар бар сараш фурӯ хоҳад омад.

Вале аз саропойи ширинкор нур мерехт. Аз чашмони калону бозу меҳрубонаш, аз лабони хандонаш, аз он ангуштони маҳинаш, ки сари кӯдаконро навозиш мекард, аз роҳгардияш, ҷустухезаш ва суханонаш. Ширинкор он писаракро оғӯш гирифт ва гуфт, “ииин баччаааии киииист?” Зане аз қатори дувум бархост: “Бачаи ман аст!” Сипас ширинкор мӯйҳои фатилаи кӯдакро пар-пар кард ва гуфт: “Ба маан медиҳеееед, ин писараааааки нооооозанинрооооо? Бо худааам мебаааарам, шиииринкооори ооояянда мешаааавад!” Инро гуфт ва кӯдакро сахт ба оғӯш кашид, мисли ин ки касе ӯро аз ширинкор гирифтанӣ буд, аммо ширинкор ӯро ба ҳеч кас додан намехост.

Зан бо табассум фарёд зад: “Нааамеееедиҳаааам, бе ваааай меееемууурааам!” Ширинкор бо сарҷунбонӣ пеш омад ва писаракро ба модараш дод. Модараш писараки хандонро оғӯш гирифту бӯсид.

Афшин он лаҳза мехост, аз ҷойи нишасташ фарёд занад: “Шииирииинкооор! Марооо бигииииир! Ман мехооооҳаааам! Ман шииииринкори ооооянда мешавааааам!” Барои гуфтани  ин нимхез шуда буд, ки анбури гирои панҷаи падарандар аз оринҷаш қапид. Ин қадар сӯзон ва ин қадар пурдард! Ҳанӯз ҳам соидаш месӯзад ва дард мекунад.

Афшин дар ҳоле ки раҳгузарон ӯро дакка дода, аз канораш мегузаштанд, бозистод ва остини куртааш бардошт.  Як доғи сиёҳу ҷигарие аз анбури падарандараш монда буд ва дард мекард, Афшин каме онро молиш дод, пеш нигарист, нигоҳашро борику тез кард ва ба умқи издиҳом халонд, то нимтанаи гулобӣ, шалвори арғувонӣ ва камарбанди зардӯзиро ёбад. Лек аз онҳо нишоне ба ҷуз аз шабаҳи гузаштаашон набуд. Гоҳе чашмони Афшин пур аз мавҷҳои нилгун ва моҳичаҳои сиёҳ мешуд ва дар авҷи ҳаракати ин моҳиҳо вай либосҳои ширинкорро медид, ки гӯё аз Афшин мегурезад ва мехоҳад, пинҳон шавад. Бо муштчаҳояш чашмонашро молид ва аз нав ба талотуми издиҳоми беохир нигарист. Сар бардошт ва осмони тирагуни шомро дид ва ҳам сафи парчамҳои алвону сабзу зарду нилию сиёҳро. Давродаври майдон парчамистон буд. Баландтарини онҳо, оне ки бар фарози сирк устувор кардаанд, аз шаббода парафшон аст. Аммо ин парчам барои Афшин чизе набуд. Ангор, бо шалвори ширинкор баробар намешуд.

Писарак бовар дорад, ки ширинкор дар байни ин издиҳом аст ва танҳо зарур аст, ки Афшин қадамашро тезонад, то ба ӯ бирасад. Ба он инсони аз ханда шукуфон, ки дар саропояш меҳрубонӣ мисли ин парчамҳо мавҷ мезанад.

Ногаҳон Афшин кашф кард, ки чаро наметавонад ширинкорро дарёбад. Сабаб сода буд. Ширинкорро ҳама дӯст медорад ва эҳтиром мекунад ва ба маҳзи пайдо шуданаш мавҷи мардум ба ду ҷудо шудаву ба ширинкори азиз роҳ медиҳад, ҳатто бархе даст пеши бар мегиранд, бархи дигар шояд таъзим мекунанд ва роҳи ӯ бозу фарох аст, барои ҳамин бо суръат пеш меравад, сипас мавҷи дутақсими издиҳом боз ба ҳам меояд ва пеши роҳи Афшинро мегирад. Ана барои чӣ ширинкор хеле пеш рафта ва Афшин аз ӯ дер монда! Чӣ хуб аст, ки одамон туро дӯст доранд!

Аммо падарандар Афшинро дӯст намедорад. Аслан дар саросари ҷаҳон касе нест, ки Афшинро дӯст дорад…

Боз бо нафаре рӯ ба рӯ зад, ки гӯё намехост, ба Афшини хурдакак роҳи гузар диҳад. На аз чап ва на аз рост. Маҷбур шуд, бозистад, сабр кунад то аз ин ҳам раҳо гардад. Ин мард ҳам монанди нафари пешина хашмгин буд. Вале душном надод, балки бо дасташ Афшинро ба канор тела доду гузашту рафт.

Одамони хашмгин шерҳои сиркро ба ёди Афшин меоварданд. Дидани онҳо хеле тарсовар буд. Ширинкори зебо аз саҳна рафта буд ва атрофи саҳна панҷараҳо гузошта буданду дар дохил марде тозиёна дар даст шеронро ба давидани гирдогирди саҳна маҷбур мекард. Шерҳо хашмгин буданд. Афшин намедонист, хашми онҳо барои он буд, ки андаруни панҷараанд ё барои он ки марди лоғари қоматбаланд, онҳоро бо қамчини дароз мезад. Задан ҳамеша Афшинро нороҳат мекард. Чанд бор падарандар ӯро бо камарбандаш зада буд. Сахт! Дардовар! Пур аз хашм. Ҳоло шерҳо, ки онҳоро дар китобчаҳо шоҳи ҳайвонот меноманд, аз тозиёнаи як марди нимҷон метарсиданд. Шояд дард мекашиданд. Вале онҳо замоне бадхашмтар шуданд, ки мард як села маймунҳоро ба саҳна роҳ дод ва ба болои ҳар шер маймунеро нишонд. Акнун шерҳо хар шуда буданд ва дар тахтапушти ҳар кадом як маймун бо даҳони инҷ нишаста буд ва шерҳо хашм дар чашму дандонҳои тезашон бо ёлҳои ошфута гирдогирди саҳна медавиданду маймунҳоро шод мекарданд ва барои онҳо роҳат медоданд. Тамошоиён бо ҳаяҷон каф мезаданд.

Афшин он лаҳза ба худ гуфт, агар ихтиёрро ба дасти ширинкор медоданд, ҳаргиз чунин намекард. Вай шерҳоро ба майдон мебаровард ва онҳоро навозиш мекард ва шерҳо лабханд мезаданд. Ширинкор шерҳову маймунҳоро дӯсти ҳамдигар мекард. Шерро дар ҷойи худ мегузошту маймунро дар ҷойи худ…

“Чӣ нозанин аст ширинкор!” –дар дил гуфт Афшин ва чизе дар сари синааш дард кард.  Нафасаш дарун афтод.  Як ҳисси нофаҳмое вуҷудашро фаро гирифт. Афшин надонист, оё ин изтироб аз пешомади номаълум аст ё ҳисси гуноҳ аз он ки модару хоҳарча ва падарандарашро вогузошту ба думболи ширинкор рафт ва ҳоло шояд модар ӯро меҷӯяду намеёбад ва гиря мекунад. Тарс дар дилаш лона кард, ки шояд падарандар ӯро барои чунин худсарӣ латукуб кунад. Лек Афшин медонист, ки дигар назди падарандар барнамегардад, балки бо ширинкор ба саёҳат хоҳад рафт. Ширинкори оянда хоҳад шуд…

Ногаҳон Афшин шалвори арғувониро аз дур диду шинохт ва аз ҳаяҷон фарёд зад. Дар чашмонаш ашк дамид ва дилаш сахт ба тапиш даромад.  Пайдо кард онеро, ки меҷусту аз паяш медавид! Ширинкор дар гӯшае бо ду нафари дигар назди пештахтаи дӯкончае истода буд ва шишаи оби ҷав дар даст дошт. Кулоҳи бузурги зард ва нимтанаи гулобияш дар рӯйи замин афтода буд ва камарбанди зардӯзияш дида намешуд. Бинии лӯндаи сурх ҳам надошт. Вале шубҳае набуд, ки он ҷо маҳз ӯ истодааст, на каси дигар. Афшин бошитоб чашмонашро мемолид ва намехост, нобовариеро ба дилаш роҳ диҳад. Шукр, ин ҷо камодамтар буд ва Афшин бе монеае пеш мерафт ва бо ҳар қадам ба дӯконча наздиктар мешуду рӯшантар медид, ки оре, ин ширинкори ӯст, дӯсти беҳтарини ӯ! Мехост, оғӯш боз кардаву то ҷоне дар бадан дорад, ба тарафи ӯ давад, аммо пойҳояш сусту камҳаракат шудаанд. “Ширинкор! Ширинкор!” – Паст фиғон кашид ӯ. Баъд ба лаҳни худи ширинкор: “Шииииииринкооооор! Шииииииринкоооор! Азииизи мааан! Ёооофтам туууроооооо!” Ин бор садояш баландтар баромад.

Ширинкор, ки шишаи оби ҷавро ба лаб бурда буд, аз нӯшидан бозмонд ва гӯё гӯш ба занг шуд. Вақте баргашт ва донист, ки Афшин ба ӯ руҷӯъ мекунад, оҳиста шишаро поён овард ва ба кӯдак нигарист. Лабҳои наққошишуда даври даҳон то буногӯшаш механдиданд, аммо лабони худаш аз хашм каҷ гашта ва дандонҳои зардаш намудор шудаанд. Қоматашро рост карду сарашро каме ба чап моил, абрӯвонаш боло рафтанд ва дар ҳоле ки чашмонаш пур аз хашм буданд, фарёд баровард: “Ту боз кӣ ҳастӣ, лаънатӣ?! Бирав, гум шав! Шумо, падарсӯхтаҳо рӯзам медиҳед ё не, корам тамом шуд, ман дар кор нестам, намебинӣ, касиф! Чӣ мехоҳед, лаънатиҳо аз ҷони ман? Бирав худата гуму гур кун, ки набошад, ба ҳамин шиша ба сарат мезанам!!!”

Афшин аввал нафаҳмид, ки чаро ширинкор ин гуна гуфт. Гумон кард, ин ҳам як шӯхии ӯст, беҳолона хандид ва пештар рафт. Аммо ширинкор, ки акнун пушташ куз, пешонии ғазаболудаш  пур аз чинҳои каҷукилеб ва даҳонаш як чаҳоркунҷаи сиёҳ шуда, аз саропояш оташи ғазаб меборид, таҳдидомез тарафаш омад ва шишаи дасташро такон медоду дашномҳояш қабеҳтар мешуд. Афшинро ваҳшат фурӯ бурд. Танаш ба ларза омад ва даҳонаш хушк шуд. Ҳайрон буд, ки ширинкорро чӣ шуда бошад ва чаро чунин бадқаҳр аст. Шояд ин ширинкор нест, каси дигар аст? Наход ин ҳамон касест, ки дар он саҳнаи рӯшану зебо буд? На, ин каси дигарест, ки худро мисли ширинкор дуруст кардааст. Ҳеч имкон надорад, ки ширинкор чунин гӯяд ва чунин кунад. Ин ширинкор нест, кадом деву аҷина аст! Афшин намедонист, чӣ кор кунад. Вай ақибнокӣ рафт ва кам монда буд, ки ба пушт афтад. Ширинкор дар ҳоле ки аз даҳонаш обу кафк мепошид, фиғон зад: “Дафъ шав, ҳаромӣ, ки мекушамат!”

Ин лаҳза аз пушти сари Афшин мисли раъд садои баланду омиронае баромад: “Худат ҳаромӣ! Киро мекушӣ, лаънатӣ? Хокатро мебезам!” Ин садои ошногуна фарёдҳои падарандарро ба ёди Афшин овард. Афшин пас гашт ва воқеан падарандарашро дид, ки сари синаашро дамонда, дастҳо дар миёнаш, дар паси Афшин рост истода буду сангин нафас мегирифт ва остинҳояшро бармезад, то бо ширинкор вориди ҷанг шавад.  Ду ҳолати ногаҳонӣ ва ҳайратовар дар фосилаи чанд сония рух дода, Афшинро батамом саргиҷ кард. Вай дар мобайн моту мабҳут монда буд ва намедонист, чӣ кор кунад, аслан, фурсате барои андеша надошт. Ҳоло занозанӣ мешавад. Аз ҷой ҷаҳид ва падарандарро сахт оғӯш гирифт. Худаш надонист, чаро. Барои пуштибонияш ё ба хотири он ки падарандар ба ширинкор дарнаафтад?

Ширинкор марди хашмолуд ва танумандро дар баробари худ дида, суст шуд ва бо нидоҳои “намегузоранд туро ба ҳоли худат” рӯ гардонд, ақиб рафт ва ба ёронаш пайваст, ки бо лабханд саҳнаро мушоҳида мекарданд. Аз он ҷо як-ду бор чашм песонида, ба Афшину  падарандар нигоҳ афканд ва сипас бо кароҳат рӯй гардонду шишаи оби ҷавро ба даҳон бурд.

“Чӣ муши мурда шудӣ, буққа!? Биё, бинам, ки чӣ тур бачаи маро мекушӣ! Чӯбат мезанам, фаҳмидӣ?!” – хитоб кард падарандар ва аз зери ду каши Афшин гирифта, ӯро озод аз замин бардошт ва ба бағал гирифт. Гӯё ба сарурӯйи ошуфтаи Афшин гарду ғуборе нишаста буд, ки бо ҳаракати даст онро афшонд, мӯйҳои Афшинро ба панҷа зада, аз ҷабинаш канор бурд ва бори дигар ба обиҷавнӯшон нигаристу равон шуд. Тарсу изтироб Афшинро тарк карда буд ва акнун дилашро оромиш фаро гирифта. Бори аввал буд, ки падарандар Афшинро дар оғӯшаш мебурд ва ҳоло Афшин дарк мекард, ки дар бағали касе будан чӣ роҳати ширин дорад.

Раҳораҳ падарандар ба Афшин нигариста гуфт: “Чӣ гуна ту якбора гум шудӣ. Мисли ин ки ба қаъри замин рафтӣ. Медидам, ки қадам ба қадам аз домони модарат доштаву меомадӣ, баъд ногаҳон ғайб задӣ.”

Афшин дар ҳоле ки сари дасти падар алвонҷ мехӯрд ва андарунаш баҳре ғалаён мезад, натавонист ба чашмони падарандар нигарад. Вай бо садои паст гуфт: “Чӣ гуна маро ёфтӣ? Чӣ хел фаҳмидӣ, ки пеши ширинкор меравам?” Падарандар гуфт: “Медонистам, ки дилат чӣ мехост. Ман аз пасат меомадам ва ҳамаашро медидам…”

Афшин, ки чашмонаш пуроб шуданд, гуфт: “Дӯстат медорам, падар!”

Advertisements

06.07.2017 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: