Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бозкашфи Олег Фезов

Ман ӯро ҳамчун сароянда ва оҳангсози боистеъдод мешинохтам. Оҳанг ва таронаҳояш хеле нозуку нафисанд ва ба торҳои ҷони сомеъ ангушт мезананд. Ин ҳафта ӯро аз нав кашф кардам, ки Олег Фезов бар замми ҳамаи ҳунарҳои баландаш як андешапарвари хирадманд ва нодире низ аст.

Ин чанд ҷумлаи ӯ ҷойи садҳо мақолаи гунгалаку паркандаи моро дар ҷавоби нажодпарастиҳои матбуоти Русия мегирад: “Таджикские гастарбайтеры уж никак не претендуют на, востребованные коренным населением, рабочие места. Речь о том, что, к сожалению, государство российское предпочитает не вмешиваться, а порой и поощряет возрастающую нетерпимость к чужакам через медийные средства или своим бездействием. Прекрасное предложение мгновенно создать рабочие места в Таджикистане так-же малоосуществимо как и ожидание молниеносного изучения гастарбайтерами русского языка. На это всё нужно время. А голодных детей надо кормить сейчас. Проблемы, связанные с трудовой миграцией существуют во всём мире. Но не в каждой стране, мигрантов отлавливают по городу как диких зверей, сажают в клетки, обкладывают данью, отбирают заработанные копейки. А в худшем случае – тупо убивают. Убивают даже маленьких детей, только за то, что их родители «чурки». И вы не считаете это национализмом?! Причём русский национализм подленько избирателен. Чем безобиднее объект – тем больше вероятность обращения его в жертву, в добычу. К другим инородцам, к тем-же чеченцам или дагестанцам отношение очень даже заискивающе-уважительное. Всё это никак не украшает, действительно великую (без всякой иронии) и, всеми нами, любимую страну Россию, некогда бывшую нашим общим Домом.”

Ва ё ин порча гоҳе аз тарафи ӯ ҳарфчинӣ шуд, ки  касе айбдораш кард, акнун “аврупоӣ” шудааст ва Путину Русияро наҳ мезанад, ҳол он ки мо, ҳама “одамони шӯравӣ” будем ва бархе то ҳоло ҳамин гуна мондаанд: “Для того, что-бы понять, что Путин и его товарищи ничего общего с Советским государством не имеют – не обязательно выезжать в Европу. В Советском Союзе было много чего светлого и прекрасного, наряду с тёмным и негативным. Но, почему-то, “вставание с колен”, Владимир Владимирович выстраивает не на добром опыте СССР, а на вранье, чванливом самолюбовании, расизме, религиозном мракобесии и ненависти. Мало-что позитивного из той, прошлой, советской жизни в современной России присутствует. Причин для восхищения и гордости я особых не вижу…

То, что ты был и остаёшься советским человеком – мне понятно, я с тобой солидарен и считаю это замечательным. Только вот господин Путин к той светлой сказке социализма не имеет никакого отношения…»

Дар авҷи баҳс, вақте ки одамони дорои ақидаҳои баҳамзид наздики даргирии лафзӣ шуданд ва тақозо гардид, чунин дар чунин мавзӯъҳо бояд сукут ихтиёр намуд ва дар тамоми тӯли баҳс баъзеҳо изҳори ҳайрат мекарданд, ки чаро ӯ гӯё ба сиёсат «даст задааст», гуфт: «В том, что мы все разные, чувствуем и думаем неодинаково – таится мудрый Замысел Создателя. Это Его подарок нам, приходящим в этот мир на несколько мгновений. Нам, единственным под Небом, доступен другой Его божественный дар. Дар речи. Людям нужно обязательно разговаривать друг с другом. Обязательно! Порою, это единственный путь к Истине. Беда приходит тогда, когда люди перестают разговаривать и молча берутся за оружие. Начинается безумие, длящееся годами, десятилетиями. Безумие, которое остановить способно только Слово. Все войны заканчиваются речью, диалогом и переговорами. Поэтому, дай нам Бог, разговаривать, спорить, убеждать, доказывать. Но не молчать! В беседе мудрых – родится истина, в беседе юных – родится любовь, в беседе воинов – родится мир и покой…»

Баҳс аз ҷо сар шуд, ки Олег як акси дасткоришудаи Путин дар нишасти сарои «Бистгона»-ро нашр кард ва муносибати худро ба он баён дошт. Эҷодкори асил саногӯи ҳокимон намешавад ва ба амалкарди онҳо аз зовияи манфиатҳои мардум менигарад. Ӯ ҳамчунин дурӯғу газофро чашми дидан нахоҳад дошт, зеро сиёсатмаъобон бо ин роҳ дилу ақли мардумро тира ва худи онҳзоро ғулом мекунанд. Баъзеҳо бо киноя пурсиданд, ки ба Олег Фезов чӣ шудааст? Ҳеч? Инсони доно, соҳибдил ва ростқавл наметавонад, бо дурӯғ канор ояд, виҷдонаш роҳ намедиҳад. Хеле зуд путингароёни тоҷик ба ҳуҷум гузаштанд. Кашокаши бузурги баъдинаро Комил Солеҳ хеле зебо ҷамъбаст намуд: “Думаю принадлежал бы этот пост любому другому человеку, такого резонанса бы не было. Некоторые люди абсолютно не могут воспринимать это, что Фезов сделал такой пост))). За столько лет своей жизни я впервые увидел политический настрой нами любимого Олега и конечно это всех удивило, но мне понравилась жесткая позиция четкий контроль ситуации, уважение мнений оппонентов, вобщем нет слов.”

Ман хотираҳои хубе аз ҳунари Олегҷон дорам. Як навори таронаҳои ӯро доштам, ки фарзандонам дар ғурбат пайваста гӯш мекарданд ва шояд забони модарияшону оҳангҳои ватани худро бештар аз ин навор омӯхтанд. Рӯзе набуд, ки дар хона “Лакатум” садо надиҳад. Вале намедонистам, чӣ қадар ӯ хирадманд ва борикбин аст.

Ман акнун меҳмони ҳамешагии сафҳаи Олег хоҳам буд. Ӯро дар рӯзҳое аз нав кашф кардам, ки қасд доштам, Фейсбукро ба иллати дилгиру якнавохт шуданаш, тарк кунам. Акнун намекунам. Ба хотири инсонҳое монанди ӯ! Саломат ва шодком бошӣ, дӯстам ва Худованд бароят умри дарозе ато карда бошад ба шодмонии ҳамаи мо!

Advertisements

23.07.2017 - Posted by | Баҳс, Инсон, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: