Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар жарфнои дард

Аз шоирони имрӯз шеъре хондаед, ки ҳар байташ шоҳкор бошад? Агар хондаед ва бовар доред, аз ин ғазалмаснавии шоири муосири Эрон Бедод (Амирҳусайни Хушнависон) болотар аст, лутфан дар ҳошияи ин навишта бигзоред. Аммо, гумон мекунам, осон нахоҳад буд.

Як дӯсти арҷмандам ин шеъро бароям фиристод ва инак, чанд ҳафта аст, ки ҳар рӯз як бор онро мехонам ва ҳар бор ҳазорон манзара пеши чашмам доман мегустурад.

Дар посух ба ёри меҳрубону ҳамдил навиштам: “Худо умратон диҳад, чӣ коре буд, ки бо мо кардед! Ин ки ҳар сатраш шоҳкор аст! Куҷо будем то ҳол, ки огаҳие аз ҷаноби Бедод надоштем. Ин ду рӯз гаштаю баргашта мехонамаш ва сари ҳар байташ фикр мекунам дуру дароз. Одат доштам, ки аз ҳар ғазал шоҳбайт ҷустуҷу кунам, ин ҷо сардаргум рафтам, чун ҳар байташ шоҳкор аст ва намедонистам, ки чунин ҳам мешудааст. Худо умри дарозаш диҳад, хеле олӣ ва олитар аз олиҳо навиштааст. Воқеан мираъҳое ҳастанд, ки хунчакон аз хуни ҷигар ва ҳаргиз нанги дафтар буда наметавонанд. Ҳар талмеҳаш як румон, ба Худо! Сипос, ин ҳафта ва шояд ҳафтаҳову моҳҳои дигар машғули ин ғазалмаснавӣ хоҳам буд, то куҷо хоҳад кашонд…

Ин аст воқеан шеъре, ки одамро дигар мекунад, ба дил нерӯ медиҳад, рӯҳро мебардорад, шӯълаи умедро ба гулхан тиабдил медиҳад. Худ бихонед ва қазоват бикунед.

Ғазалмаснавии зебое аз БЕДОД

******************************************************

Гирам гулоби ноби шумо асли Қамсар¹ аст,

Аммо чӣ суд ҳосили гулҳои парпар аст.

Шарм аз нигоҳи булбули бедил намекунед,

К-аз ҳиҷри гул навои фиғонаш ба ҳанҷар аст.

Аз он замон, ки оинагардони шаб шудед

Оинаи дил аз дами даврон мукаддар аст.

Фардоятон чакидаи имрӯзи зиндагист,

Имрӯзатон талиъаи фардои маҳшар аст.

Вақте, ки теғи кина сари ишқро бурид,

Вақте, ҳадиси дард бароям мукаррар аст,

Вақте зи чанги шуми замон марг мечакад,

Вақте дили сиёҳи замин ҷойи гавҳар аст,

Вақте баҳор васлаи ноҷӯри фаслҳост,

Вақте табар мудофеъи ҳаққи санавбар аст,

Вақте ба додгоҳи адолат таноби дор

Бар садр менишинаду қозию довар аст,

Вақте таровати чаман аз ашки абрҳост,

Вақте, ки нақши хун ба дили мо мусаввар аст,

Вақте, ки Нӯҳ киштии худро ба хун нишонд,

Вақте, ки мор мӯъҷизаи як паямбар аст,

Вақте, ки бар хилофи тамоми фасонаҳо

Имрӯз шӯъла маслахи сурхи самандар аст

Аз ман махоҳ шеъри тар, эй бехабар зи дард,

Шеъре, ки хун аз он начакад нанги дафтар аст.

Мо бо забони сурху сари сабз омадем,

Теғи забон бурандатар аз теғи ханҷар аст.

Ин тахтапораҳо, ки ба он чанг мезанед,

Таҳмондаҳои заврақи бар хун шиновар аст.

Ҳирси ҷаҳон мазан, ки дар ин аҳди бесубот

Рӯзи нахуст мавъиди маргат муқаррар аст.

Ҳаргиз ҳадиси дард ба поён намерасад,

Гарчӣ хитобаи ғазалам рӯ ба охир аст.

Аммо ҳавои шура раҷаз дар қалам гирифт,

Сардори маснавӣ ба кафи худ алам гирифт.

Дар арсаи ситез раҷазхони ҳақ шудам,

Бар фарқи шоми тири амуди фалақ шудам.

Мағмуму дилшикаставу ранҷуру хастаам,

Дар жарфнои дарди амиқе нишастаам.

Пойизи бекасе нафасамро гирифтааст,

Буғзе гулӯгаҳи ҷарасамро гирифтааст.

Дигар бас аст, ҳарчӣ дупаҳлӯ сурудаам,

Ман резахори суфраи нокас набудаам.

Ман вомдори ҳикмати асрорам, эй азиз,

Ман дар тариқи Ҳайдари Карорам, эй азиз.

Ман аз диёри Байҳақам аз насли Сарбадор,

Шамшери обдидаи майдони корзор.

Эй бестуни фоҷиъа! Фарҳод мешавам,

Қабза ба дасти тешаи фарёд мешавам,

То барзанам ба кӯҳи сукуту фиғон кунам,

Рози ҳазор аз паси парда аён кунам.

Доде чунон кашам, ки ҷаҳонро хабар шавад,

Гӯши фалак зи нолаи Бедод кар шавад.

Дар шаҳр ҳарчӣ менигарам ғайри дард нест,

Ҳатто ба шохи хушки дилам барги зард нест.

Инҷо нафас ба ҳанҷара инкор мешавад,

Бо сад забон ба куфри ман иқрор мешавад.

Бо ҳар азони субҳ ба гулдастаҳои шаҳр

Ҳар рӯз деви фоҷиъа бедор мешавад.

Инҷо зи хавфи хашми Худо дар дили замин

Девори хона рӯйи ту овор мешавад.

Бо издиҳоми ин ҳама шамшери ташналаб

Ҳар рӯз рӯзу воқеъа такрор мешавад.

Охир, чӣ гуна зор нагирям барои ишқ

Вақте, набуд он чӣ, ки дидам, сазои ишқ?

Дидам дар инзивои хазон боғи ишқро,

Дидам ба қалби хуни ғазал доғи ишқро,

Дидам ба ҳукми хор ба гулҳо кутак заданд,

Муҳри сукут бар даҳани қосидак заданд.

Дидам лагад ба соқаи уммед мезананд,

Шаллоқи шаб ба гурдаи хуршед мезананд.

Дидам, ки гург барраи моро даридааст,

Дидам хурӯси деҳкадаро сар бурида аст.

Дидам Ҳубал ба ҷойи Худо такя карда буд,

Дидам, дубора равнақи бозори барда буд.

Дидам, Худо ба ғурбати худ зор мегирист,

Дар сӯги дин ба паҳнаи рӯхсор мегирист.

Дидам, ҳар он чӣ диданаш андуҳу мотам аст,

Боз ин чӣ шӯриш аст, ки дар халқи олам аст.

Азбас сурудаму нашунидед, хастаам,

Ман аз нигоҳи сарди шумо дилшикастаам.

Эй аз табори ҳар чӣ сиёҳисириштатон,

Ранги ҷаҳаннам аст, тамоми биҳиштатон.

Шамшерҳои кӯҳнаи худро раҳо кунед,

Аз зулфиқори шоҳи вилоят ҳаё кунед.

Бешак, агар ки теғи шумо Зулфиқор буд,

Ҳар чор фасли сол ҳамеша баҳор буд.

Аммо, ба ҳукми сафсата бедод кардаед,

Иблисро зи ашки Худо шод кардаед.

Мардум, дар ин сароча ба ҷуз боди сард нест,

Ҳар кас, ки лофи мардии худ зад, ки мард нест.

Мардум, ҳадиси хурдани шарму қайи ҳаёст,

Суҳбат зи ҳатки ҳурмати волои кибриёст.

Мардум, Худо накарда магар кур гаштаед,

Ё аз асолати худатон дур гаштаед.

То кай барои луқмаи нон бандагӣ кунед,

То кай ба зери миннаташон зиндагӣ кунед?!

Ашъори сайқалишуда тақдими кас накун,

Гулро фидои рӯйиши хошоку хас накун.

Дилро асири дилбари машкук кардаӣ,

Дурри дарӣ нисори раҳи хук кардаӣ.

Озода бош ҳарчӣ, ки ҳастӣ, азизи ман,

Ҳатто агар ки бут бипарастӣ, азизи ман.

Инон, ки аз қабилаи шуми сиёҳианд,

Байрақбадасти шоми ғариби табоҳианд.

Гӯянд: “Ин аҷузаи шаб роҳи чора аст,

Обистани сапедаи субҳи дубора аст.”

Эй халқ, ин аҷузаи шаб по ба моҳ нест,

Обистани сапедаи субҳи пагоҳ нест.

Мардум, ба сеҳру шӯъбада дар хоб рафтаед,

Дар ин кавири ташна пайи об рафтаед.

То кай дар интизори Масеҳи дубораед?

Дар ҷустуҷӯи нури кадомин ситораед?!

Мардум, барои ҳайбатамон обирӯ намонд,

Фарёди додхоҳиямон дар гулӯ намонд.

Инон, тамоми ҳастии моро гирифтаанд,

Шӯру нишоту мастии моро гирифтаанд.

Дар мавҷхези ҳодиса киштӣ шикастааст,

Дар мо ғаме ба вусъати дарё нишастааст.

Дар зери бори ғусса рамақ нола мекунад,

Аз ҳаҷми ин суруда варақ нола мекунад.

Андуҳи ин ҳадис диламро ба хун кашид,

Ақли маро дубора ба тарфи ҷунун кашид.

Ҳал мин мубориз. Аз буни дандон бароварам,

Рахши ғазал дубора ба ҷавлон дароварам.

Бархез, то ба ҳурмати Қуръон дуъо кунем,

Аз умқи ҷон Худои ҷаҳонро садо кунем.

Бо издиҳоми ин ҳама бут дар ҳарими Ҳақ,

Фикре ба ҳоли ғурбати дини Худо кунем.

Дар сӯги субҳ ҳамдами мурғи саҳар шавем,

Дар сабри ғам ба сарви баланд иқтидо кунем.

Бояд, дубора қиблаи худро иваз кунем,

Бо хишти ишқ каъбае аз нав бино кунем.

Ҷои тавофу саҷда барои фиреби халқ,

Як кори хайр маҳзи ризои Худо кунем.

Дар интиҳои кӯчаи бунбасти ҳаcратем,

Бояд, ки фикри оқибат аз ибтидо кунем.

Бо ин яқин, ки аз паси ялдо саҳар шавад,

Бархез то ба ҳурмати Қуръон дуъо кунем.

© БЕДОД

___________

¹ Қамсар номи маконест дар дараи зебоманзаре дар ҳаволии Кошон

Имрӯз, хабаре хондам, ки Бедод, пас аз он ки шеъраш шӯҳраи олам шуд, бенишон гаштааст. Дуо мекунем, ки ҳеч дасте ба сӯйи ин шахс бардошта нашавад, чун қавми мо одат дорад, нобиғагони худро бо дастони хеш бикушад. Иттилои бештар ин ҷост.

Ва ин ҳам навори шеърхонии Бедод:

 

Advertisements

22.08.2017 - Posted by | Адабиёт, Фарҳанг, Худшиносй, Ҷомеа |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: