Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фонуси ёд

Ниҳоят, пас аз шабҳои зиёди бехобӣ, навиштани ин достони кӯтоҳро ба поён бурдам. Худсито нестам, вале бояд бигӯям, ки чизи хубе навиштам. Сипос мегузорам аз ду дӯсти гиромиям, ки нахустхонандаи ин ҳикоя шуданд ва эроду ишораи онҳо буд, ки камукостиҳояшро дидам ва ислоҳ кардам. Ҳоло кораш тамом шуд. Шумо бихонед ва бигӯед, дар арзёбии кори худ ҳақбаҷонибам ё на? Бихонед ва бигӯед, оё сирри ин достонро пайдо кардед? Оё чеҳраҳо ва макони ошное пеши чашматон омад? Чӣ кунам, роҳи ман ин аст, ки чеҳраҳои воқеиро ба бофтҳои достонҳои худ мекашонам. Ҳамзамонони азизамро!

Зимни ин ҳамоно баҳси нотамоме дорам бо дӯсти шоирам Сиёвуши Ҷунайдӣ сари он ки воқеият бояд то куҷо дар асари бадеӣ ҳузур дошта бошад. Вай мухолифи рӯ задани чеҳраҳои шинохташавандаи воқеӣ дар асари бадеист. Аммо чанде пеш як шеърашро хондам, ки дар он шабнишиниеро дар Душанбе тавсир мекард ва ҳозиронаш бо ному чеҳраҳои аслии худ дар шеър ҷилва мезаданд. Ин шояд таъсири нохостаи ақидаи ман ба ақидаи ӯ ва корҳои ман ба корҳои ӯ бошад.

Ба ҳар тартиб, шояд беҳтар аст, чеҳраҳои ошноро дар ин навишта наҷӯед, лек агар пайдо кардед, ҳатман бароям паём диҳед. Дар умқи достон як чистоне ниҳода шудааст ва ҳадаф аз он на бозии зеҳн аст, балки водор кардани хонанда ба андешидан, ки оё паёми муаллиф чӣ бошад. Агар онро боз кардед, низ огоҳам кунед. Ба саломатӣ!

 

Фонуси ёд

(Ҳикоя)

 

1

«Шамшод, боз як бор маро ба назди чойхона бар, як лаҳзаи дигар ӯро бинам, агар мурдам, бе ҳасрат мемурам. Аз дур ҳам бинам, бас аст.”

«Бобо, сад борат гуфтам, дигар на ӯ ҳасту на чойхона. Аз куштани ӯ бист сол, шояд сӣ сол гузашт, аҷаб хирагӣ мекуниё!”

«Шамшод, магар ҷумъаи гузашта маро он ҷо набурда будӣ? Бо мошини дӯстат. Чархкурсиямро ҳам бурда будӣ. Баъд маро баровардӣ ва ман дар курсии равонам гирди чойхонаро гаштам.”

“Ин хобро ҳазор бор дидию сад ҳазор бор қисса кардӣ, хаста нашудӣ?”

«Кадом хоб? Кай бас мекунӣ масхара кардани мани пирро? Мехоҳӣ маро бовар диҳӣ, ки ақламро хӯрдаам ва рӯзу шаб хоб мебинам. Ҳир куҷо шуд? Ҳамин ҳоло ин ҷо буд, ғайб зад. Бирав, гурбаро пайдо кун!”

“Гӯш кун, бобои азизам, ман ҳеч гоҳ туро ба ягон чойхона набурдаам! Чизе ки ту мегӯӣ кадом хотираи пӯсидаат аст, ки шояд аз сӣ сол пеш мондааст. Ман не, падарам, туро ба чойхона мебурд, ки дӯстонатро бинӣ. Падарамро ёд дорӣ? Ба ёд дорӣ, ки ҳамроҳи модарам дар суқути ҳавопаймо дар Хоруғ фавтид? Не, ёд надорӣ. Боз ҳам бигӯ, ки девона нестӣ!”

«Девона туӣ!»

“Майлат, бобо, ман девона, вале ту шавлаатро хӯр, ҷонам. Хунук нашавад…”

“Кадом шавла”, фикр кард пирамард, ки дар курсии маъюбӣ якпаҳлу нишаста буд ва ҳар лаҳза пинакаш мебурд. Комаш маззаи шавлаи ҷав дод. Ҳис кард, гурусна аст. Оҳ кашид, бо азоб чашмонашро боз кард ва гардан ёзонд, то аз тиреза ба берун нигарад. Тиреза дудгирифта ва чиркин буд, пур аз чангу ғубору доғ, танҳо дар миёнааш як доираи тозатар дошт ва пирамард аз он ҷо дид, ки зери беди шикаста, паҳлуи даричаи каҷу фарсуда касе наменамояд. Шамшод нест, ки нест.

Ба давродавраш чашм давонд, то бинад, Ҳир куҷост. Гурба намудор набуд. Ин лазҳа боз пинакаш бурд. Дар сукути тамом садои Шамшод ба гӯшаш омад:

«Дар хотираҳоят дармондаӣ, бобо. Аз он чойхонаи ту ҳам ҳоло чизе намондааст. Хонда будам, ки онро вайрон карданд. Дар ҷояш як бинои нави баланду зебо месозанд.»

«Номаъқул кардаанд ва ту ҳам номаъқул кардаӣ. Хотираи ман рушан аст. Ёдам ҳаст, ҳамин рӯзи ҷумъа, ки мерафтем, дар роҳ дидбон Сабуровро вохӯрдем. Ман хоҳиш кардам, мошинро нигоҳ дорӣ, магар дар ёдат нест?”

«Оре, баъд ӯ омадаву бо ту саломуалек карда буд.”

“Ҳо, кулоҳи милисагияшро аз сар гирифта, думчаи бурути қатронии дарозу шонахӯрдаашро тоб дода, аз ҳолу авҳоли ман ва Мурод пурсида буд. Баъд сарашро бо рӯймолчаи мисли барф сафед пок кардаву кулоҳашро дубора ба сар гузошта, даст ба лапари он бурда, моро гусел кард. Сабуров ин қадар росткор буд, ки боре зани худашро ҷарима баст…”

«Бобо, шавлаатро хӯр, баъд нақл мекунӣ. Агар нахӯрӣ, касал мешавӣ.”

“Муродро ҳам он рӯз дидем, чаҳорзону зада, дар кати чойхона нишаста  буду чой менӯшид ва бо дидани ман саросема пиёларо гузоштаву кӯҳ ворӣ бархост, то биёяду маро оғӯш гирад ва монанди як кудакча аз чархкурсӣ озод ба ҳаво бардораду барад ва рӯйи кат, рӯйи курпача шинонад.”

“Ҳмм. Шавлаатро хӯр, давомашро баъд қисса мекунӣ, ҳарчанд худам ҳам давомашро медонам.”

«Ту хока медонӣ, Шамшод. Ту як гаранги кавданӣ!”

«Кавдане, ки туро парасторӣ мекунад.”

«Худо ва Мурод парастори мананд, на ту!”

“Охир куҷост, Мурод? Устухонҳояш ҳам хокбод шуданд.”

«Нагӯ ин хел! Нагӯ! Дар чойхона аст. Рӯйи кат нишастааст, чой менушаду ханда мекунад.”

“Бобо, ту ақлатро хӯрда бошӣ, дигар чӣ кор кунам.”

«Оҳ, надида будӣ, ки вақте Мурод дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезад, ҳама бо ҳазор чашм ба вай менигаристанд. Гӯё як пора шахи кӯҳистон раҳ мерафт. Як кӯҳпора буд! Қаддаш баланду афрошта, шонаҳояш онгуна фароху нерӯманд, ки дар сари ҳар китфаш дута ман ворӣ одам баҳузур мешинад. Сараш баланду сандуқи синааш паҳн, тамоми вуҷудаш пур аз шукӯҳу ғуруру тамкин!”

“Бале, чашмонаш чашмони оташбори уқоби кӯҳистон!”

«Ҳо, чашмонаш ду лаххаи алов. Абрӯвонаш нозуку камонӣ. Мушакҳои бари рӯяш тарангу бардамида, аммо лабонаш пур аз табассум. Ҳар мушташ баробари каллаи одам. Ҳар пояш мисли сутун. Мушакҳояш оҳанин! Пас, дида будӣ, ӯро! Шамшод, бихез, бачам, маро ба назди ӯ бар. Дафъаи гузашта гуфта буд, ки барои ман ҳадияе дорад, аммо ҳамроҳаш набуд. Гуфт, ин бор, ки омадӣ, медиҳам. Мегуфт, ин беҳтарин ҳадияи ман ба туст! Маро ба наздаш бар! Худо хайрат диҳад, не нагӯ!”

“Хуб, бобо, мисли ин ки шабурӯз онҷоӣ, вале аввал шавлаатро бихӯр, каме бихоб, дам гир, баъд мебинем, ки чӣ мекунем…”

Чизе афтоду шикаст ва пирмардро ба ҳуш овард. Ларзон чашм кушод. Шамшод набуд. Рӯшании берун аз тирезаи чиркин мисли лойобае ба фарши хона мерехт.  Вай рӯйи фарш порчаҳои пиёларо парешон дид. Шояд Ҳир аз тоқчаи пеши тиреза гузашт ва пиёлаи лабшикастаро афтонд. Пирмард фикр кард, ки соатҳост, Шамшодро надидааст ва сукути сангини хона гуфтмонҳои гузаштаро дар зеҳни ӯ ба садо даровардааст. “Шамшод куҷост?” Ин пурсиш оганда аз изтироб буд. Пирмард фикр кард, сукути том ӯро водор кардааст, ки гуфтугӯҳои гузаштаро дар зеҳни худ чархонад.

Вай хеле зӯр зад ва ниҳоят аз кадомин ниҳонхонаи зеҳнаш манзарае боло омад. Аввал меҳолуду норӯшан ва омехта бо коми турш, дарди сахти меъда, саргаронӣ ва ҳамон хоболудагӣ ва танҳо пас аз лаҳзаҳое манзара кам ё беш барояш рӯшантар шуд, ки се нафар омаданд ва Шамшодро бо худ бурданд. Шамшод рафтан намехост, вале ӯро носазоҳо гуфтанд ва ҳатто заданду аз пой афтонданд ва он гоҳ аз ду дасташ бардошта, бо худ бурданд. “Касифҳо! Мурод нест, ки аз каштали ҳар кадоматон гирад ва мисли ду гурба калла ба каллаатон занад. Он гоҳ як моҳ беҳуш мехобидед”, гузашт аз дилаш.

Пирамард талош кард, дарди меъдаашро нодида гирад. Бо машаққат курсиро пеш ронд ва аз тиреза ба берун нигарист. Аз миёнаҷойи тирезаи чиркин даричаи каҷу фарсуда ва беди шикастаро дид, ки ба назараш намуди ятимонае доштанд. Шамшод барнагаштааст. Гӯё лаҳзае пеш буд, ки дар он ҷо як марди кали паканаи фарбеҳи чарминапуш Шамшодро мезад. Ду шарики ҷавонтари ӯ, ки яке қадбаланд ва дигаре миёнақад буд аз ду китфи Шамшод дошта буданд ва пакана ӯро мезад. Ба сандуқи сина ва шикамаш. Боз фиғон мебаровард: “Бихамонедаш, ки ман ба даҳанаш бизанам!” Ҷавони қадбаланди лоданамуд аз гардани Шамшод мегирифт ва сари ӯро мехамонид, то пакана бо дастони мисли пойҳои тортанак каҷу кӯтоҳи худ ба рӯйи Шамшод мушт занад. Дар рӯйи Шамшод лолаҳои сурх медамид…

Пирамард нафаҳмид, ки ин одамон аз Шамшод чӣ мехостанд ва чаро пас аз латукӯб ӯро бо худ бурданд.

Акнун пирамард тамоман танҳо монд. Бо як гурбаи пир, ки низ гурусна буд ва гирди хона мегашт. Шояд дар ҷустуҷӯи пораи ноне буд, ки нест. Ҳанӯз танбалона мегашт. Пас мисли пирмард сахт гурусна набуд. Ҳар лаҳза шавла ба ёди пирмард меомад. Шавлае ки набуд. Лаҳзаҳое пинакаш мебурд ва гуфтмоне, ки чанд моҳи охир ҳар рӯзи худо садо медод ва гӯё охир надошт, гӯшҳояшро пур мекард.

2

Шамшодро задаву куфта ба назди чойхонаи нимвайрона оварданд. Аслан ин як харобазоре буд, ки дар гирдаш сари ходаҳо парда кашида буданд. Танҳо пойдевораш монда буд. Он ҳам пур аз пайи зарбаҳои метин. Аммо побарҷо. Ҳар пойдеворе, ки маҳкам аст, канданаш сахт. Вале деворҳои мунаққаш ҳамагӣ фурӯ рехтаанд. Тиккаҳои кошинкорӣ ҳар куҷо афтода. Шикастапораи сутунҳои сафед дар миёни хоктӯдаҳое, ки ба гӯрҳо монанд буданд, мисли устухонҳои одамӣ ба чашм мехӯрданд. Гӯё касе шағолвор қабрҳои кӯҳнаро ханҷидаву устухонҳоро аз зери замин берун кашидааст.

Шишапораҳои рангоранг, ки як замон нурҳои шодибахши хуршед аз онҳо гузаштаву ба чеҳраи чойхонашинҳо меафтод ва онҳоро сабзу сурху кабуду зард ҷилва медод, гӯё аз таркиши мудҳише фурӯ пошидаанд. Овори деворнигораҳои нақшин хаёле чеҳраҳои ғамгину гирифтаи одамонро ёдрас мекард, сурати онҳоеро, ки гӯё соате пеш сари мизу рӯйи катҳои чойхонаи қадима нишаста буданду бо ҳам мегуфтанд ва механдиданд, аммо бомбае таркиду, ҷисми онҳоро порча-порча ба чаҳор тараф афканд.

Паканаи чарминапӯши тортанакрафтор  ва чашмони хурдакакаш пур аз кароҳат байни ҳар вожа як душноми қабеҳ гузоштаву аз Шамшод мепурсид, ки кай бори охир ба ин ҷо омада буд?

— Ёдам нест, мумкин се сол пеш. Ё чор сол?

— Сагбача, ёдат нест, ки шаби гузашта ба ин ҷо омадӣ? Ҳама ҷота даронем, баъд ақлат ба сарат меояд?

— Ака, ман куҷо вақт дорам, ки ин қадар роҳро тай кунаму аз як кунҷи шаҳр ба дигараш биёям? Як бобои пиру маъюб дорам, ки дар дами марг аст ва бояд ӯро парасторӣ кунам, шабу рӯз аз пешаш як қадам дур наравам…

— Э хок бар сари худату бобот! Чӣ бурдӣ аз ин ҷо, росташа гӯй, то нагӯӣ, халос намешавӣ. Ҳоло ба отдел мебарамат ва дар хояҳот барқ мемонам, ҳамаша худат мегӯӣ, гап зан, падарсаг!

Шамшод чи қасаму савганде хӯрад ҳам, пакана ва шариконаш бовар намекарданд. Вай чунин дарёфт, ки касе шаби гузашта ин ҷо омадааст ва чизеро бурдаасту инҳо гунаҳкорро меҷӯянд.

— Худо кӯрам кунад, ҷонамро гирад, ба арвоҳи падарам қасам, ман ин ҷо наомадаам, Қуръон занадам, агар дурӯғ гӯям, наомадаам, бовар кунед…

Вале сегона ба савгандҳои Шамшод бовар надошт. Шояд вонамуд мекард, ки бовар надорад.

Шамшод ҳайрон буд, ки аз ин вайрона чиро дуздидан мумкин аст. Ҳар тараф шикастпораҳо, соруҷу хоку кулӯх. Он сутунҳои мудаввари афтодаро чӣ гуна мешавад дуздиду ба чашми касе нахӯрд. Онҳо ба чӣ дарде даво мешаванд? Аммо пакана як гап дошт: “Ту шаби гузашта ин ҷо омадӣ ва дуздӣ кардӣ! Акнун дар кунҷи зиндон мепӯсӣ!”

Чашми Шамшод ба гурбае афтод, ки хеле ба Ҳир монанд буд ва сабуку бошитоб бо гӯшҳои сихзада аз тӯдаи хоку овор поин омад, лаҳзае бо нигоҳи дароз ба пасаш истод ва сипас зуд давиду рафт. Шамшод ҳатто хост, номи гурбаро гирифта, фарёд занад, вале худро нигоҳ дошт. Номумкин буд, ки Ҳир ин қадар роҳро тай кардаву ба ин ҷо омада бошад.

Баъд бо даккаву тела ва тундгӯӣ Шамшодро ба шӯъба бурданд. Он ҷо донист, ки касе аз ин харобазор чароғи хурдакаки фонусмонандеро бурдааст ва Шамшод гумонбари ин дуздист.

Муфаттиш парвандаро, ки сафҳаҳояш чун болҳои уқоби мурда ба ду тараф овезон буданд, пеши чашми Шамшод оварда, акси фонусро нишон дод. Як фонуси одии филизӣ, шояд мисини шашпаҳлу бо шишаҳои доғзада ва сарпӯши гулӯладор. Шамшод тасодуфан акси як навиштаеро дар сафҳаи паҳлуии парванда дид. Коғази ғиҷимшудае, ки ҳарфҳои рангоранг ва хурду калонашро аз сарлавҳаи рӯзномаҳо бурида буданд: “Вақте қаҳрамонҳоро мекушанд, хонаи онҳоро оташ мезананд.“

3

Тиреза торику дудазада буд. Танаи беди шикастаи бешохубарг дар рӯйи ҳавлича, канори дарича дар паси ин шишаи чиркин тира ва маҳзун ба назар мерасид. Пирамард ба берун менигарист ва намефаҳмид, ки ҳоло кадом фасли сол аст. Борҳо аз Шамшод хоста буд, тирезаро бишӯяд, вале дар посух мешунид, ки гӯё чашмони худаш хирабинанд вагарна шиша тоза аст.

“Шояд тирамоҳ! Агар барф меборид, зимистон мебуд. Шояд баҳор, зеро тамоми устухонҳоям месӯзанд. Ҳоҳ, мумкин баҳор аст,” — фикр кард пирамард. Сипас худ ба худ хандид, чун хост, ба ёд орад, ки оё ягон фасли соле буд, ки устухонҳояш насӯзанд.

«Шамшод, Ҳирро чизе бидеҳ. Гушна аст, гирдогирди хона мегардаду менолад…”

“Гурба аст дигар”

“Ин гурба нест, падари гурбаҳост, кавдан!”

“Хуб, падари гурбаҳо, ки бошад, шавлаатро ба ӯ медиҳам. Медонам, сахт шудааст, обе ба он меандозам, нарм шавад.”

“Ҳарчӣ мекунӣ, ихтиёрат, фақат рӯзи ҷумъа маро то чойхона расон. Медонам, ки Мурод мунтазирам мешавад.”

“Аз ман маранҷ, лекин бояд бароят гӯям, ки Муродро аз кӯча доштанду бурданд ва ду шоҳҷӯр тири рагбор ба баданаш холӣ карданд. Ҳазор бор гуфтам, бовар намекунӣ. Ба тақдир тан деҳ.”

“Не, уна куштанд, кӣ буд? Ҳоҳ, суратгир буд. Риш дошту мӯйи дароз. Чашмони зебо ва ғамгин. Сӯхтам барояш. Лекин Мурод зинда аст. Худат ҳам дидӣ ку ӯро, ки маро оғӯш гирифту ба кат шинонд. Ту нағз мебинӣ, ки маро масхара кунӣ. Ҳоҳ, ақлам каме торик шудааст, вале на ба ин дараҷа…”

«Ту дар хаёлҳои худат дармондаӣ. Хайр, як чиз мегӯям, шояд ба ёдат расад ва бовар кунӣ. Мурод марди нотарс буд, ҳамин хел? Пас гӯш кун, вақте ӯро куштанӣ мешаванд, мегӯянд, ки зону занад. Посух медиҳад, ки дар назди палиде зону нахоҳад зад. Баъд мехоҳанд, чашмонашро бо латтаи сиёҳ банданд, намегузорад. Мегӯяд, мехоҳад ба чашмони он номарде нигарад, ки ба тарафи ӯ тир мекушояд. Ҳарчанд дасту пояш баста буд, мисли шер наъра задаву мехезад ва ресмонҳоро меканад ва чанд нафарашонро задаву дасту по мешиканад, ҳатто автоматҳои онҳоро гирифта, ба зонуяш зада мешиканад ва ба гӯшае мепартояд. Он гоҳ ҳамаи ҷамъомадагон тарафаш тирандозӣ мекунанд. Шағоли бисёр ва як шер дар мобайн…”

Пирамард гӯё нафас намекашид ва бо тамоми ҳуш ба суханони наберааш гӯш медод. Ҳатто Ҳир ҳам дар кунҷе ором гирифта буд ва садое дарнамеовард. Шамшод лаҳзае ба ӯ нигоҳ мекунад, то фаҳмад, ҳоло пирамард дар чӣ андеша аст, пасон бо садои пасттаре мегӯяд:

“Бобо, зиқ нашав, ин гапи имрӯз нест, гапи бист сол пеш аст. Медонам, бовар намекунӣ, аммо ҳақиқаташ ҳамин аст.”

Садои пирмард дар сукуте, ки мисли меғи рӯйи шишаҳои тиреза ба фарши хона фуруд омада, ҳама чиро пӯшонда буд, монанди раъде ин пардаро дарид. Ба назари Шамшод чунин намуд, ки шери дигаре дар ҷангали нимторик ногаҳон бедор шуд ва наъра кашид:

“Шамшоооод! Дамата гир, худозада! Гапи ҳавоӣ ба кӣ даркор?! Дар ин бист соле ки мегӯӣ, ман ҳар ҳафта, баъзан ҳар рӯз ӯро мебинам. Мо мешинем, чой менӯшем, суҳбат мекунем. Дареғ, ки Ҳир забон надорад, бароят бигӯяд, ки ғалат мекунӣ!Ту мегӯӣ, дӯсти ҷонии ман бист сол пеш кушта шудааст. Ақлатро хӯрдаӣ! Ҳамин ҷумъа мо ҳамроҳ будем. Вай Ҳирро ба оғӯш гирифтаву навозиш мекард, танашро мехориду мемолид ва фақат аз як чиз нороҳат буд, ки чойхонаро вайрон мекунанд…”

Дастафшониҳо ва ифодаи чашмони пирмард ин бор батамом фарқ мекард. Вай ҳатто пойҳояшро дар курсии маъюбӣ болову поин ҳаракат медод, айнан мисли як кӯдаки ғашкарда. Дар ҳамин ҳол бедор шуд ва дид, ки дар паси тиреза шом фуромадааст. Ё шояд акнун субҳ медамид. Шамшод бӯй андохтаву чизе мепухт. Чумчааш таҳи дегчаро мехарошид. Алами пирамард ҳамон фурӯ нанишаста буд, балки мисли он хӯроки дегча андарунаш меҷӯшид. Шамшод ба гапи пирмард бовар надорад. Ҳир пеш омад ва худро ба пойи пирмард молид. Гурба гӯё дили пурғалаёни пирмардро ҳис карда буд ва мехост, онро бо набзи муназзами худ ором кунад. Пирмард гардан ёзонд ва бо садои баландтаре, ки аз болои ғавғои ҷӯшидани шӯрбо ва чумчазаниҳои Шамшод гузашта, ба гӯши ӯ расад, хитобид:

— Бори охир рӯҳияаш бисёр хуш буд. Чашмони мешияш аз шодӣ медурахшиданд. Мегуфт, писараш роҳгардак шудааст, барои ҳамин намехоҳад, вақти зиёдашро дар чойхона гузаронад ва танҳо барои он омада буд, ки маро бубинад. Бовар дошт, ки ман меоям, барои ҳамин омад, вагарна намеомад…

— Кобус дидӣ! Дастаку почак мезадӣ ва фарёд мекашидӣ…

— Боз ҳам фикр мекунӣ, ман хоб дидаам?

— Ягон фикр намекунам, балки медонам, ту ҳамон сафсаттаҳои худатро давом медиҳӣ. Чорае надорам ба ғайр аз он ки бигӯям, дуруст аст. Ҳоло бигӯ, ки баланду зебо механдид ва раддаи дандонҳои садафгунаш низ медурахшид…

— Хайр, магар надида будӣ, ки барои писарчааш сечарха харида буд. Рӯйи курпачаи чойхона надида будӣ? Кӯр будӣ? Бигӯ, ки кӯр будӣ! Ҳоҳ, он бозича худаш хурдакак буд, вале вақте ки Мурод онро ба даст гирифт ва бархост, бозича ба як колои кисагӣ монанд шуд. Гӯё дар як кафи Мурод мегунҷид. Хурсандияш қомати Муродро боз ҳам баландтар ва китфонашро васеътар карда буд. Аслан Мурод доим хурсанд буд, ман ягон бор ӯро ғамгину ғазабнок надидаам.

— Хайр, маълум аст, ки чаро. Марди паҳлавон буд, аз касе чашми тарс надошт. Зӯр ором аст, тарсуҳо ғавғоӣ. Сустакҳо зӯрро чашми дидан надоранд, лек коре карда наметавонанд. Медонам, ҳар куҷо ҷанҷоле бармехост, назди Мурод меомаданд, ки баҳсро ҳал кунад. Медонистанд, ки инсони одилу баинсоф аст.

— Ана дидӣ, ҳоло ақлат даромад. Пас рӯзи ҷумъа ӯро дида будӣ, шарм накарда, дурӯғ мегӯӣ, ки надидаӣ, ки гуё, забонамро ғунда газад, мурдааст…

— Ман чизҳоеро, ки бист сол пеш шунидаам ва ҳар рӯз аз ту мешунавам, мегӯям, на рӯзи ҷумъаро.

— Як рӯз бо ҳамсараш омада буд. Зане ҳамқадди худаш, зане паҳлавон. Гурдофариди тайёр! Ҳоҳ, мегуфт, даҳ сол ӯро ҷуставу аз кадом рустои Қафқоз ёфтааст. Медонӣ, ҳардуи онҳо Абармарду Абарзан буданд ва писарашон ҳам бояд мисли онҳо як Абаринсон шуда бошад. Ҳоҳ, онҳо барои худ либос ёфта наметавонистанд, махсусан пойабзоре ба пойи онҳо рост намеомад. Як хайёт буд ку, худро шабеҳи Амита Бачан карда, дар кӯчаҳо мегашт, ҳамон барояшон либос медӯхт, аммо пойабзор дӯхта наметавонист. Охираш дар хамгашти фурудгоҳ як марди яҳудиро ёфтанд, ки барои Мурод ва ҳамсари нозанинаш пойабзор дӯхта буд…

Сурфаи сахт пирмардро бедор кард. Ин бор утоқ торик буд. “Мисли гӯр-е” – аз дил гузаронд ӯ, вақте ҳатто натавонист, суроби тирезаро барои худ муайян кунад. Ду бор оҳиста садо баровард:

— Шамшод… Шамшод…

Посухе наомад…

“Бесоҳиб мондам,” – фикр кард пирмард, — “Аслан тамоми халқ бесоҳиб монд. Ними мардум бар ними дигараш тохт ва он ҳам вақте ки сарнавишташ миёни ҳаёту мамот ашки сари мижгон буд. Не, охир, вай зиндааст. Худам ба чашмони хеш дидам. Вай маро оғӯш гирифт ва гуфт, ҳамааш хуб мешавад, набояд ноумед шуд. Ман бовар дорам, ки вай боз ҳарфи дилашро хоҳад гуфт. Ин Шамшод девона аст. Мегӯяд, тирборонаш карданд. Дурӯғи маҳз. Зиндааст! Ҳаст! Ва мо бекас нестем!”

Пирмард курсии чархдорашро пеш ронд ва ба назди рахтихоб омад. Бо машаққат худро аз даруни курсӣ боло кашид ва рӯйи ҷойгаҳ ғелид. Андешааш ҳар лаҳза ба Шамшод мерафт. Гуруснагӣ намегузошт, ки хобаш барад…

4

Аз садои чархидани чумча дар дегча бедор шуд. Шамшод чизе мепухт. Пирмард ба атроф чашм давонд ва ҳадс зад, ки вақти бомдод аст.

— Кай омадӣ, Шамшод? – Шояд садояш бисёр паст буд ва Шамшод нашунид, ки пирмард дубора баландтар пурсишашро такрор кард.

Ба чашмаш чунин намуд, ки Шамшод шунидааст, аммо посух додан намехоҳад. Гаҳгоҳ чунин мешуд. Лаҳзаҳое, ки Шамшод гап задан намехост ё ҷавобе ба суол надошт ва ё баҳси Мурод ба дилаш мезад.

Чумча боз каме андаруни дегча чархид, бозистод ва Шамшод бе он ки ба пирмард нигарад, гуфт, шаб баргаштааст.

— Мошине набуд, пиёда омадам…

Чумча боз дар дегча ба чархидан даромад, аммо тундтар ва пурсадотар.

— Онҳо кӣ буданд… аз ту чӣ мехостанд? – пурсид пирмард.

Чумча аз чархидан бозмонд.

Шамшод ба курсии назди оташдон нишаст.

Китфони фурӯхамидааш такон мехӯрданд. Аранге садои гиряаш меомад.

5

Қотӣ кардан ҳолатест, ки даступоят шах мешаванд, мадоре барои бархостан надорӣ ва дилат ба андозае холист, ки коре кардан намехоҳӣ. Пирмард фикр кард, ҳоло ягон раги танаш қодир ба хурдтарин ҷунбише нест.

Сару рӯйи Шамшод варамида ва зери чашмонаш сиёҳу кабуд буд. Садояш пасту ларзон. Чизи зиёде ҳам нагуфт, танҳо ин ки ӯро ҷойи каси дигаре гирифтаанд, вале маҷбур гашта, гуноҳи нокардаро бар дӯш бигирад.

Пирмард фақат тавонист як ҷумла гӯяд:

— Шояд рост мегӯӣ. Вақте Мурод нест, мо ҳама бесоҳибем. На. Бесоҳибон соҳибдор шуданд ва соҳибдорон бесоҳиб. Вақте қаҳрамонҳоро мекушанд, хонаи онҳоро оташ мезананд.

Шамшод бо чашмоне пур аз шигифтзадагӣ ба бобояш нигарист. Ончи шунид чизеро ба ёдаш овард, вале сараш сахт дард мекард ва намедонист, ки ин суханонро дар куҷо шунидааст. Акнун Шамшод пиртар аз ин пирмард ва дардмандтар аз ӯ буд.

6

Пирмард аз курсии гардони худ поин ҷаҳид ва чобуку чолок ба назди ҷевоне рафт, ки дар кунҷи хона қомат кашида буд. Вай ҷевонро пеш тела дод ва аз махфигоҳи паси он чизи латтапечеро берун овард. Ба тиреза нигарист ва аз худо хост, ки Шамшод ҳамоно дар берун ҳезум шиканад ва ин лаҳзаҳо вориди хона нашавад.

Пирмард бо эҳтиёти тамом латтаро боз кард. Фонуси филизӣ дурахши сармасткунандае дошт ва ангуштони шахшӯли пирмардро навозиш мебахшид. Ин фонусро соле, ки дар гирдогирди чойхона чароғ мешинонанд, Мурод ба сари сутуни оҳанин устувор карда буд. Пирмард онро наздики димоғаш бурд ва шамид. “Ҳоҳ, бӯйи дастони Муродро мекунад,” – гуфт ба худ. Чароғро ҳамон тавр молиш медод, гӯё чароғи Алоуддин бошаду ҳоло аз дарунаш ҷини некӯкор берун хоҳад омад. Аз чашмонаш ҷӯяҳои ашк равон гашта буд…

Advertisements

29.08.2017 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя

30 Comments »

  1. Дуруд бар Шумо ва ДАСТ МАРЕЗОДу СИПОСИ ФАРОВОН.

    Comment by sufizadeh | 29.08.2017 | Reply

  2. Ҷони Сафарзода “Бесоҳиб мондам,” – фикр кард пирмард, — “Аслан тамоми халқ бесоҳиб монд. Ними мардум бар ними дигараш тохт ва он ҳам вақте ки сарнавишташ миёни ҳаёту мамот ашки сари мижгон буд. Не, охир, вай зиндааст. Худам ба чашмони хеш дидам. Вай маро оғӯш гирифт ва гуфт, ҳамааш хуб мешавад, набояд ноумед шуд. Ман бовар дорам, ки вай боз ҳарфи дилашро хоҳад гуфт. Ин Шамшод девона аст. Мегӯяд, тирборонаш карданд. Дурӯғи маҳз. Зиндааст! Ҳаст! Ва мо бекас нестем!”

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Бале, дӯстам, умед бояд ҳамеша сабз бошад. Дунё ба умед!

      Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

      • Ҷони Сафарзода Ташакур устод.Иллохо каламатон тезтар гардад.Чунки хозир дур аз ватан моро бе хондан намемонед.Як чахон сипос,ки менависеду мо мехонем.Бенихоят оли.
        Like
        · Reply · August 30 at 12:03pm

        Comment by aioubzod | 01.09.2017

  3. Haramgul Kodir Оли тасвири хаячонангез! Кутоху муьчаз! Кашанг, оганда, муннакош, лахха, чархкурси.. каванда.. вожахое ки омухтам!
    Like
    · Reply ·
    3
    · August 29 at 9:59am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

    • Haramgul Kodir Оганда- яьне Устод?
      Like
      · Reply · August 29 at 10:02am
      Manage
      Salim Aioubzod
      Salim Aioubzod Оганда — пур, оғушта, саршор…
      Like
      · Reply ·
      2
      · August 29 at 10:18am
      Manage
      Haramgul Kodir
      Haramgul Kodir Сипос!
      Like
      · Reply · August 29 at 10:19am

      Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  4. Firdavsi Azam Салом устод. Аз аввал то охар калима ба калима хондам.Офарин ба қаламу истеъдодатон.Ғарқи достон шудам, манозир, тасовиру куллан муҳитро ба хубӣ ҳис кардам.Қудрати як нависанда ҳаминҷост, яъне битавонад дасти мухотабро бигирад ва ӯро ба тамошои воқеии дидгоҳаш бибарад.Қисмати 3 ва 4 ва 5 хеле муассиртар буданд.Муродро метавонистед Далер ҳам номгузорӣ кунед.Ин яке аз беҳтарин достонҳое буд, ки ин авохир хондам.Рӯҳи чеҳраҳо ва аз ҷумла Мусо шод бод.Худованд ҳифзатун кунад.
    Like
    · Reply ·
    6
    · August 29 at 10:27am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  5. Salim Aioubzod Салому дуруд! Сипос аз суханони хуршедии Шумо! Оре, мешуд, Далер низ ном гузошт, аммо Мурод ба маънии мақсад, орзу, ормон, ҳадаф баргузида шуд.
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 29 at 2:46pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  6. Abdujabbor Soroosh Дуруд бар Шумо. Достоне муассир ва пур аз рамзу розу кинояҳои шоирона. Зинда бошед, Устод Салим, воқеиятро дар пирояи мармузи бадеият бисёр муъҷаз ва таъсирбахш тасвир кардаед… Ин достон намунаи беҳтарини насри андеша аст, ки дар батни ҳар бахши он як достони дигаре нуҳуфта аст…
    Like
    · Reply ·
    2
    · August 29 at 11:25am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Дурудҳои гарм! Саломат бошед, лутф доред. Бо ғазалҳои равону зебо ва амиқи Шумо баробар намешавад, сипоси бепоён!
      Like
      · Reply ·
      1
      · August 29 at 2:47pm

      Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  7. Nasimbek Kurbonzod Хонданӣ аст,зебост. Бисёр ҳунармандона ҷамъбаст гардидааст,на чизи дигар,балки чароғро барои ёдгорӣ гирифтааст. Беҳтарин навишта.

    Сегафредо, Гунги хобдида…ро низ хондаам. Писандидатарин ва ҷаззобтарин Гунги хобдида барои ман аст ва аз дохили осори Шумо ҳеҷ навиштаро ба он баробар намекунам. Оҳ,чи гуна муассир буд… Ин назари ман аст.
    Қаламатон сабз бод,фонӯсатон рӯшан!
    Like
    · Reply ·
    2
    · August 29 at 12:00pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

    • Salim Aioubzod Саломат бошед! Ин, аз нигоҳи худам, қавитар ва амиқтар аз Гунг аст. Боз ҳам сипоси фаровон, ки вақти азизи худро сарф кардед.
      Like
      · Reply ·
      1
      · August 29 at 2:48pm

      Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

      • Nasimbek Kurbonzod Сипос ба шумо. Мо коре накардаем)))
        Like
        · Reply · August 29 at 6:16pm

        Comment by aioubzod | 01.09.2017

  8. Ҳикматуллох Ҳикматзод Бесохибон сохибдор шуданд,сохибдорон бесохиб… Умратон дароз бод!
    Like
    · Reply ·
    2
    · August 29 at 12:26pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  9. Salim Aioubzod Ин сухани пирмард аст ҳамчун тасдиқи он ки чархишҳои торих ҳамеша охиринҳоро аввалин ва аввалинҳоро охирин мекунад 🙂
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 29 at 2:44pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  10. Salim Aioubzod Мунтазири интиқоди дӯстони муйшикофам

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  11. Fazliddin Mamadzhanov · 23 mutual friends
    Дастатон дард накунад.Душанбеи солҳои навадум аз назар мисли навори кино гузашт.Милисаи хушбурут Мулло Нуров,ки дар маҳаллаи Зарафшон номардона парронданд.Дар туйи арусии писарашон иштирок доштем.Ҳамкурсамон Холби келини хонадонашон шуда буд.Далер Назар бо гуруҳаш туйро ба авҷи аъло расонд.Дустам Алиакбар Нодиров аз Нуров суол кард,ки фардо қоидаи роҳро вайрон кунам,ҷарима мекунед.Дар ҷавоб Нуров бурутҳояшро тоб дода гуфт,ҳамин маракаро хотиррасон куни ҷарима нест.
    Like
    · Reply ·
    3
    · August 29 at 6:11pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  12. Nasimbek Kurbonzod Ачаб марди некуе!
    Like
    · Reply · August 29 at 8:21pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  13. Salim Aioubzod Сипосгузорам! Оре, манзурам ҳамин инсони шариф буд, ки аз забони пирмард дар борааш ҳикоят мешавад. Чеҳраҳои дигареро шинохтед?
    Like
    · Reply ·
    2
    · August 29 at 8:10pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  14. Sanjar Hoshimi Кам нашавед, Устод! Олист!
    Like
    · Reply · August 29 at 9:35pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  15. Kholiqzoda Abdukhalil Салом, Устод! Мухиддин Олимпури азиз ва Мусо Пахлавонро низ шинохтам. Хотираи неки зиёд аз он абармард дорам. Аз шиносои бо Шумои азиз низ ифтихор дорам.
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 29 at 11:05pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  16. Salim Aioubzod Салому дуруд! Банда низ шодам, ки бо Шумо нишастам, бӯйи биҳишт, яъне Ватан бароям овардед. Саломат ва сарбаланд бошед.
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 30 at 6:10am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  17. Nasimbek Kurbonzod Мухиддин Олимпур – хамон суратгир…
    Like
    · Reply · August 30 at 8:41am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  18. Kholiqzoda Abdukhalil “Рохат”-ро низ, албатта!
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 29 at 11:06pm

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  19. Salim Aioubzod Дар ин достон гурбае ҳаст бо номи Ҳир. Ба он менигарам ва фикр мекунам, ки хиромиданро бояд аз гурба омӯхт, на аз сарв.
    Like
    · Reply ·
    1
    · August 30 at 7:24am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  20. Мазхаб Джумъа Хамаашро калима ба калима хондам. Хело оли навишта шудааст. Тасвирхои оли. Чанд нафарро аз ин достони хурд шинохтам. Аз чумла хато накунам, собик прокурори генерали Нурулло Хувайдуллоевро…
    Like
    · Reply · August 30 at 8:04am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  21. Salim Aioubzod Бовар дорам, дӯстон на танҳо чеҳраҳои таърихиро шинохтанд, балки паёми ҳикояро низ дарёфт кардаанд. Пас фонус чӣ гуна ба дасти пирмард афтод?
    Like
    · Reply · August 30 at 8:33am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  22. Faridun Umarbek Ин достонро пурра хондам, устод. Қаҳрамонҳоро ҳам хуб шинохтам. Ба гуфти Ҳаким Фирдавсӣ “…достонест пур оби чашм”.
    Like
    · Reply · 21 hrs · Edited

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  23. Salim Aioubzod …ва пур аз дарди дилам, ки рӯйи сафҳа рехт. Сипосгузорам, Фаридуни азиз! Худо кунад, рӯҳи рафтагон шод гашта бошад.
    Like
    · Reply ·
    1
    · Yesterday at 6:05am

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply

  24. Мирзоали Тагоймуродзода Аз як чанд шумораи газетаи Фараж хонда будам бо номи “шери масчоҳ” ба ҳамон мазмун дарёфтам инроҳам
    Like
    · Reply · 21 hrs

    Comment by aioubzod | 01.09.2017 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: