Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мавлоно дар Амрико

Тазодомез аст, аммо пас аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001  дар Амрико таваҷҷӯҳ ба олами ислом ба маротиб боло рафт. Дар оғоз, албатта, матолиби таҳрикомез ва иғвогаронаи зиёде ба табъ расид, аммо ба зудӣ он хасу хорро об бурду мардуми оқил пайи дона шуданд. Амрикоиҳо мехоҳанд, бидонанд, ки ислом чист, пайравонаш кистанд ва чӣ мехоҳанд. Дар ин замина таваҷҷӯҳ ба таърихи ислом низ ба гунаи бесобиқа густариш ёфт ва ба илму адабе, ки дар фурӯғи он арзи вуҷуд намуд.

Continue reading

Advertisements

30.09.2017 Posted by | Адабиёт, Амрико, Дин, Ислом, Фарҳанг | | Leave a comment

Туркистони Швайлер

Сатр ба сатр аз ҳар ҷое, ки мешавад, гузаштаи мардуми худро меҷӯям. Ҳоло дуҷилдаи Южин Швайлер пеши чашмонам аст. Ин нахустин дипломати амрикоист, ки аз Осиёи Марказӣ дидан кард ва он ҳам дар аввалин солҳои ишғоли ин минтақа аз тарафи Русия. Continue reading

26.09.2017 Posted by | Адабиёт, Ватан, Осиёи Марказӣ, Таърих, Худшиносй | Leave a comment

Ойинаи Хоразми бостон

Чаҳор рӯзи охир саргарми хондани китоби  Николай Веселовский “Очерк историко-географических сведений о хивинском ханстве от древнейших времен до настоящего” будам, ки дар соли 1877 чоп шудааст. Аз нахустин сафҳааш маро ба мадори худ кашид ва шефтаи хеш кард. Бино бар одати деринаам, порчаҳои ҷолиби онро барои худ аккосӣ кардам ва хулосаи кӯтоҳеро дар бораи ин китоб барои хештан инҷо навиштам. Веселовский соли 1848 дар Маскав ба дунё омада, умре ба омӯзиши Ховарзамин машғул буд ва дар соли 1918 даргузаштааст.

Continue reading

15.09.2017 Posted by | Илм, Китоб, Таърих, Фарҳанг, Худшиносй, Эрон | Leave a comment