Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Туркистони Швайлер

Сатр ба сатр аз ҳар ҷое, ки мешавад, гузаштаи мардуми худро меҷӯям. Ҳоло дуҷилдаи Южин Швайлер пеши чашмонам аст. Ин нахустин дипломати амрикоист, ки аз Осиёи Марказӣ дидан кард ва он ҳам дар аввалин солҳои ишғоли ин минтақа аз тарафи Русия.

Русҳо ба ӯ чунин иҷозаро доданд ва амнияти ӯ ва беҳтарин шароитро барояш таъмин намуданд, зеро аз ҳамлаи онҳо ба Осиёи Марказӣ ҳимоят мекард ва зери дасти Русия будани минтақаро беҳтар аз нуфузи Бритониё дар ин ҷо медонист. Шояд на танҳо барои он ки Амрико ба тозагӣ аз истеъмори Бритониё раҳо гашта буд ва табъан хусумат ҳанӯз сари ҷояш буд. Ҳамзамон ин китоб ва навиштаҳои дигари Швайлер ва муҳимтар аз ҳама нақши ӯ ҳамчун сафири Амрико дар Русия ва дертар Туркия, нишон медиҳанд, ки ҳамчун насронии дуоташа ӯ бо дини ислом низ миёнаи хубе надошт ва шахсан барои озодии булғорҳо аз зери дасти туркҳои усмонӣ нақши бориз бозидааст.

Аммо ҳамаи ин ба ҷойи худаш, барои ман муҳим факту арқомест, ки Швайлер дар бораи мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ва сартҳо гирдоварӣ ва нашр кардааст. Сипос аз пешаварии ӯ, ки дар бархе аз бахшҳои ин китоб маълумоти дасти аввал меорад, ҳарчанд дар бештар авқот ба иттилои пажӯҳишгарон ва ҳарбиёни рус такия мекунад. Дар ин мавридҳо низ ривоят аз ҷангҳои шадиде, ки мардуми бумӣ бо вуҷуди хиёнати сарваронаш зидди ишғолгарони рус кардааст, чи аз забони афсару сарбоҳони рус ва чи асирону сокинони маҳаллӣ ҷолиб ва омӯхтаниянд. Аксари кулли ин маълумот барои таърихномаҳои мо наву обнорасидаанд. Манзурам таърихнигориҳои замони шӯравист, ки ба гузашта аз айнаки иделогӣ менигарист ва фактҳои таърихро интихобан пешниҳод менамуд, на аз рӯйи ростӣ ва дурустӣ ва эҳтироми комил ба ҳама неку бади таърих.

Швайлер, ки дар соли 1873 ба Осиёи Марказӣ сафар кард, китоби худро «Туркистон. Қайдҳои сафари Туркистони Русия, Хуқанд, Бухоро, Хуҷанд» бар асоси маълумотномааш ба ҳукумати Амрико дар соли 1876 ба нашр расонд. Ҳоло ба нимаи ҷилди аввал расидам ва умедворам, ин асар дар қатори даҳҳо китоби дигар бароям имкон хоҳад дод, ки бахши марбут ба омадани русҳоро ба Осиёи Марказӣ ба комилтарин шакли мумкин бинависам.

26.09.2017 - Posted by | Адабиёт, Ватан, Осиёи Марказӣ, Таърих, Худшиносй

No comments yet.

Leave a comment