Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Рафтану барнагаштан

Агар тавонед, ба ҳеч ваҷҳ аз Ватан наравед. Мапиндоред, ки хориҷа биҳишту паноҳандагӣ раҳоист. Ба намунаҳои “комгор” ишора накунед, чун лаби хандон на ҳатман паёме аз дили шод аст.

Чашмҳоям пур аз оби чашмаҳои Ватананд!

Рад намекунам, замоне гуфта будам, “ҳар куҷо имкон ҳаст, ватане бояд сохт”. Шояд гоҳе буд, ки ҳанӯз шавқи набарду орзуи пирӯзӣ зинда буд. Ҷавон будаму хунам дар ҷӯш. Ҷавониям куҷо рафт, ки онро назистаам. Ҷавониям дар Ватан монд. Чун пой ба мулки бегона ниҳодам, ҳис кардам, ки дигар ҷавон нестам, балки аслан нестам. Дар ғурбат хуни кас зудтар сард мешавад…

Ҳоло бар инам, ки рафтанҳои мо аз Ватан пайомадҳои манфии зиёд дорад. На танҳо барои мо ё аҳли байтамон, балки барои хешу наздикон, ёру дӯст ва дар ниҳояти амр барои ҳамаи мардуми мо.

Имрӯз ба чеҳраҳои шукуфони дӯстоне менигарам, ки дар пасманзари биноҳои баланду зебои ин ё он шаҳри хориҷӣ саршор аз эҳсоси озодӣ ва фараҳ акс мегиранд. Ҳанӯз шефтагии сарзамини нав чашми онҳоро пур аз дурахш мекунад. Ҳоло танҳо зоҳирро мебинанду меболанд. Суханони як паноҳандаи афғонистонӣ ба ёдам мерасад, ки дар Сиетл бароям гуфта буд, вақте ба Амрико омадааст, дидааст, ки ҳатто баргҳои чинор дар ин ҷо ба маротиб бузургтаранд ва гуфтааст, дарахтон ҳам дар ин сарзамин эҳсоси озодӣ ва роҳат мекунанд.

Аз ватан рафтани ҳар касе мисли ин ёрони ман шабеҳи он аст, ки тиккае ё нуқтае аз тору пуди матои ҷомеа ва миллат канда, дарида ва бурида мешавад. Ҳар яки онҳо дар ҷомеа пайвандгари даҳҳо ё шояд садҳо нафари дигар буд, бо ҳастии худ онҳоро ба ҳам васл мекард. Акнун онҳо нестанд ва ҷойи холияшон дар ватан мисли гудолҳое вомонда аз таркиши бомб аст, ки гоҳе ҳатто решаи дарахтонро аз ҳам буридаву сӯхтааст, сурохҳои бузургест, ки матои ҷомеаро лахт-лахт карда. Он матое, ки ҷанги манфур бо теғ шикофта буд ва сиёсатҳои бехирадона ҳамоно аз об ба оташаш мезананд, бофтҳояшро бозу парешон мекунанд, дигар на тори қавӣ дорад ва на пуди бобардошт.

Фасл кардан ҷурми бузургест ва мавлои Балх беҳуда арҷ ба онҳое нагузоштааст, ки барои васл кардан омадаанд. Худоё, пас ман ҳам муртакиби чунин гуноҳе шудаам. Маро бубахш, аз гуноҳам гузаред, ҳамватанон, ҳамдиёрон, хешу наздикон. Бубахшед, ки дар тӯю мотами шумо набудам, дастагуле ба дар рӯзи арӯсияш ба хоҳарзодаам набурдам, пояи тобути амакамро набардоштам, бо ёрони ҳамдил сайри кӯҳистон накардам, дар маҳфили дӯстон нанишастам, гулҳои баҳорони диёрро набӯйидам, шаббодаҳояшро нашамидам. Охир намедонистам, чунин мешавад. Вақте ки мерафтам, фикр мекардам, ба зудӣ бархоҳам гашт, вале ин сафари кӯтоҳам аз зумраи рафтану барнагаштанҳо шуд. Зистанҳое бе зиндагӣ. Бо хандаҳои сохта ва нӯшбодҳои пучи ватанхоҳӣ ва сӯзаниҳову наққошиҳои ватан дар деворҳои бегона…

Магар Худованд маро огоҳ накарда буд? Оё намедонистам, ки чунин мешавад? Чаро боз бо дурӯғ мехоҳам, худро бегуноҳ ҷилва диҳам? Магар дар он кӯдакиҳои дур ҳушдоре сахту сангин бар ман наёмада буд? Омада буд! Ҳамроҳ бо Мирзобошӣ – муҳоҷири дар ҷанги Олмон гумшудае, ки пас аз даҳсолаҳо бо роҳу тарзе ба Шӯравӣ баргашт. Вақте ба деҳаамон омад, ки ҳамаи хешу наздиконаш фавтида буданд. Як ба як ном ба ном ҳар кадомро мепурсид ва пирамардон барояш мегуфтанд, “бандагӣ кард”, “даргузашт”, “аз дори фано рафт”, “ба ҷавори Ҳақ пайваст”… Дар поёни феҳрасти дарози паёми нохуш шояд дили мусафедон дигар назокатро набардошт, ки руку рост мегуфтанд: “мурдааст”, “он ҳам мурд”, “вай ҳам”, “ӯ низ мурду рафт”, “хок шуд”…

Амаки Мирзобошӣ бархост, доман такид, ҷомадонашро гирифт, гуфт: “Рафтам. Пас касе агар маро пурсад, гӯед, Мирзобошӣ мурдааст”. Ва рафт. Дар ёдам нест, аз кадом кишвар омада буд ва касе ҳам намедонад, ба куҷо рафт. Касе ба ҷуз мо, бачаҳои пойлуч ӯро гусел накард. Рафт. Рафту барнагашт.

Магар ин паёми минӯӣ набуд? Чаро онро дарнаёфтам? Ақли ман куҷо буд ва чаро ҳоло ӯ ба ёдам меояд? Оваҳ, шефтаи зоҳир будам. Ҳушбохтаи шиму пиҷаки зебо, пироҳани утухӯрда ва гарданбанди арғувонӣ, ҷомадони нестандарҷаҳон ва шириниҳои коғазпечи хориҷии Мирзобошие, ки гӯё аз биҳишт ба назди мо омада буд. Шояд барои он ин гуна андешидам, ки бозпас рафт. Магар касе ба дӯзах бармегардад?

На, хурд будаму беақл ва паёмро нагирифтам.

Аслан, рафтани ман хости худам набуд. Айни чиро метавонанд, садҳо нафари дигар низ бигӯянд. Ин “рондан” буд. Фирор буд.

Эдвард Саид менависад, ҷурме бар инсонҳо бадтар аз рондани ҳамгинонашон нест. Ӯ низ рондашудаи Фаластин буд. Рондашудаи абад.

Марди дигаре ба ёдам мерасад, Мир Сарвар дар Олмон. Падараш ӯро бо худ аз Фарғона ба Афғонистон бурд, аз он ҷо ба Туркия. Оқибат дар қабристони мусулмонони Мюнхен дафн шуд. Вай мегуфт, тоҷик дар ғурбат шугуфта наметавонад, зеро мардумаш иродае ба иттиҳод надоранд, бегонапараст, худбадбин ва зулмписанданд.

Мюнхении дигар — Алишер Усмон мегуфт, муҳоҷирони сиёсӣ хеле зуд ду нуқси бузург пайдо хоҳанд кард. Ҳар кадоми онҳо дар хориҷа худро Наполеон хоҳад шумурд ва сониян, ҳар яке пули ҷайби дигариро хоҳад шумурд. Он замон хандидем. Баъдҳо талх гиристем.

Муҳоҷиреро дида будам, ки дар назди хориҷиён решаҳои аҷдодии худро ба яке аз амалдорони амири Бухоро мерасонд ва ҳикоят мекард, ки дар ҷанги ватании Тоҷикистон ӯро 13 бор зери мили силоҳ гирифтаанд, аммо напарондаанд. Шӯхияш мекардем, ки адади 13 хеле зиёд аст, “камтараш кун”. Дар яке аз рустоҳои водии Зарафшон андарзеро шунида будам: “лоф дар ғарибию гуз дар ғалоғула”.

Дар ғурбат, вақте ки аз чашми ҷомеаи суннатии худ пинҳон мегардед, меъёрҳои ахлоқии шумо баҳам мехӯранд. Дигар аз “гапи мардум” боке нахоҳед дошт ва падару модар, тағову аммаатон каноратон нест, ки шуморо насиҳат кунад. Ҳамзамон имкони сохтани ҷамоаи наву солим бароятон даст нахоҳад дод, зеро муҳоҷирон дар ниҳояти амр аз рӯйи масали “гадо душмани гадо” амал мекунанд ва ҳар кадом ба хотири ҳифзи “охурча”-и худ чоҳе барои дигарӣ меканад. Ҳар яки онҳо мехоҳад, худро ба бегонагон беҳтар аз дигарӣ ҷилва диҳад, роҳи дигариро банданд, то роҳи худаш бозу ҷояш васеътар гардад.

Шояд барои мардуми мо ин ҳолат решаҳои таърихӣ низ дорад, чун садҳо сол зери султаи бегонагон зистаем ва на танҳо нон, балки ҷони мо низ дар дасти онҳо будааст. Ва хиёнат ба худӣ навъе аз наҷот ва роҳе ба сӯйи роҳат. Тамоми ин муддат хойинҳо диловаронро фурӯхтаанд ва дигар диловаре намондааст. Тарс дар хуни мо нишастааст. Чизе шабеҳи далерӣ, ки ҳанӯз монда ва гоҳе аз худ хабар медиҳад, бештар ҳарос аз шармсорист, то зуҳури нанги бостонии мо ва замоне ғалаён мекунад, ки пеши чашми дигарон бошеду атрофиён шуморо шиносанд. Дар ҷомеае, ки шуморо намешиносанд, ҳамин тарси шармсорӣ низ бухор мегардад. Муҳим нест, ки бегонагон дар бораамон ва зимни ин дар бораи миллати мо чӣ хоҳанд гуфт. Фаромӯш мекунем, ки ҳар яки мо сафирони кишвару миллати худем.

Аз ин ҷо нотифоқии байни ҳамқавмон дар мулки бегона хислатҳои манфии аҳли ин қавмро амиқтар мекунад ва ба фарзандонашон интиқол медиҳад. Насли дувум ҳанӯз ёди ватан хоҳад кард, аммо насли савум дар байни бегонагон ҳазм мегардад. Чӣ фарқ дорад, тоҷик дар ғурбат ҳувияташро дигар кунад ё дар биёбонҳои Сурия ё паскӯчаҳои Русия, дар нооромиҳои дохилӣ, маҳбас ва ҷойҳои дигар кушта шавад ё бесадо бимирад? Киро ғам аст? Ҳамаи ин падидаҳое аз як сафанд.

Дар ин ҳол доштани ҳукумате, ки парвои шаҳрвандонаш намекунад, балки ризо низ аст, ки шумори бештари онҳо ба хориҷ равад, аз фоҷиае камтар нест. Барои шаҳрвандони ягон кишвари дунё ба мисли тоҷикон бохтани шаҳрвандӣ, пиндор, пайванд бо Ватан, осонтар нест. Дар аксари онҳо танҳо раисиҷумҳур метавонад, шаҳрвандии шахсро аз ӯ бигирад. Дар Тоҷикистон як дарбони сафорат ё коғазбиёраки вазорат метавонад, касро аз шаҳрвандияш маҳрум намояд. Ва барои кишвар фоҷиае ҳам нест, ки даста-даста аз шаҳрвандонаш бо ҳазор росту дурӯғ ва ҳатто додани ришва шаҳрвандии кишвари хориҷиро ба даст меоранд.

Вақте дар соли 2016 гуфтанд, ки порлумон қонуни шаҳрвандиро бознигарӣ мекунад, дар дили ман оташаки умед пайдо шуд, ки шояд давлат ба хатои худ пай бурд ва маҳрум шудан аз шаҳрвандии Тоҷикистонро душвортар ё ҳатто манъ мекунад. Гузашта аз ин ба бархе аз вакилон расонда будам, ки бояд ба зодагони Тоҷикистон, ки дар хориҷа ба сар мебаранд ва маҷбур шудаанд, ки шаҳрвандии бегонаро бипазиранд, навъе аз шаҳрвандии ифтихорӣ ё дигар мақоми ҳуқуқии ҳамватаниро дод, то пайвандҳояшон бо Тоҷикистон гусаста нашавад. Барои намуна, тавонанд, бе раводид ба Тоҷикистон сафар кунанд, ҳангоми издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистон набояд хориҷӣ шумурда шаванд ва монанди инҳо. Ба камияш ду вакил, яке аз онҳо раҳбари гурӯҳи кории такмили қонун, бароям ваъда карда буданд, ки ҳамнавоянд ва қонунро ба ҳамин шева такмил хоҳанд дод. Ҳайҳот! Шакли нави қонун ба маротиб бадтар аз куҳнааш шуд!

Агар Ватан ба чунин осонӣ пайванди худро бо фарзандонаш мебурад, чӣ гуна иддаъо мекунад, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст? Магар ин айни ҳамон гуфтаи Эдвард Саид — рондани инсон аз ватанаш нест? Бо кадом рӯ маддоҳони ин давлат онҳоеро наҳ мезананд, ки аз ватан рафтаанд? Аз Ватан рафтан осон нест ва бе Ватан зистан низ. Ҳеч инсоне бо сабаб ё ангеази ночизу камарзиш тарки Ватан намекунад. Ва масъулияти фазое, ки сохта шудааст, на бо онҳост.

Ба ҳар тартиб ҳоло чунин шудааст, ки коргардони бузурге чун Барзу Абдураззоқов мояи ифтихори Қазоқистону Қирғизистон аст, профессорҳо Мирсаид Султонов дар Ҷопон, Муртазо Назаров дар Скандинавия  бологузару болонишининанд. Исфандиёри Назар шоир ва духтараш ҳунарманди Олмон хоҳанд буд. Оҳангсози бузург Толибхон Шаҳидӣ бо ҳамаи аҳли оилааш дар Бритониёст, ҳампеша ва ҳамоварди ӯ Фирӯз Баҳор дар Олмон. Филмсози нобиға Бахтиёр Худойназаров на танҳо сокини абадии Олмон шуд, балки солҳои охири ҳаёташ шояд дар ғояти озурдагӣ дигар ҳатто ба ибораи “филмсози тоҷик” нисбати худаш мухолифат меварзид. Ҳампешагони ӯ Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов, Ҷамшеди Усмон ва дигарон барои кишварҳои дигар дурри ҳунар месоянд. Шумори беҳтарин пизишкони тоҷик дар Русия аз 10 000 нафар гузаштааст ва чанде аз онҳо, мисли Абдувалӣ Раҳимов ё Бобоҷон Бобоев аз пешсафони тибби ин кишваранд. Варзишкорони машҳуре монанди Расул Боқиев ва Раҳимбек Малахбеков зери парчами дигарон ба майдон мебароянд…

Агар онҳо аз мо нестанд, чиро мо аз комёбияшон шод мешаввему мефахрем? Оё барои он не ки онҳо бо тоҷик буданашон номи миллати моро мебардоранд ва онро ба дигарон шиносоӣ мекунанд? Пас чаро чунин афрод бояд аз шаҳрвандии кишвар маҳрум бошанд? Чаро, лоақал, шаҳрвандии ифтихорӣ ё махсус надошта бошанд, то тавонанд, ба осонӣ меҳмони ватани худ шаванд ва ба ҷавонон сабақ диҳанд?

Устод Мансур Бобохонов бо дурандешии вижае Маркази тоҷикшиносиро дар Душанбе таъсис дод. Ӯ ҳар иттилоеро дар бораи тоҷикони берун аз марзҳои имрӯзаи сиёсии кишвар гӯё бо нуги сӯзан ҷамъ оварда буд ва умед дошт, ки ин кори нек идома меёбад. Хулосаи пажуҳишҳои деринаи ӯ ин аст, ки тоҷикон дар берун аз ватани худ корномаҳое доштаанд, ба маротиб бузургтар аз он ки дар дохил. Китобҳои ӯ радди даъвои ватанхоҳии дохилиҳо ва камбинии онҳо нисбати беруниҳост. Паёми асосии устод Мансур Бобохонов, балки васияти илмӣ, шаҳрвандӣ ва номусии ӯ ин аст, ки пайвандҳо набояд гусаста, балки устувортар шаванд. Аммо ин паём имрӯз ношунида мемонад.

Як лаҳза тасаввур кунед, ки на интернет ҳасту на шабакаҳои иҷтимоӣ. Оё беруниҳои тоҷик чӣ гуна аз ҳоли ҳам огоҳ мешуданд ва бо чӣ роҳе пайванди худро бо Ватан ҳифз менамуданд? Шояд ин ягона равзанаи умед аст, ки муҳоҷире чун Мир Сарвар надошт ва дар ғояти яъс мегуфт, ҳар тоҷике, ки дар ғурбат монд, мисли моҳии берун аз об, тапиду тапиду хомӯш шуд. Вале ҳар бор ки дар ин шабакаҳои мехонам, “эй, ки ватанро гузоштаву рафтаӣ, аз он дурӣ, чаро санг мезанӣ, дарк мекунам, ки мо истеъдоди бузурге дорем, ки ҳамин пайвандгарро низ ба ҷудоиандоз ва нафратпарокан табдил диҳем ва он гоҳ мехоҳам баргардам, то ба чашмони нафаре бингарам, ки аз дохил ба берун санг мезанад. Баргардам ва сарнавишти Мирзобоширо такрор накунам.

Advertisements

02.12.2017 - Posted by | Ватан, Сарнавишт, Таърих, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй

1 Comment »

  1. Салом бузугвор. Такон хӯрдам аз хондани ин навиштаатон. Ман ҳеч гоҳ беш аз 2 ҳафта ё баъзан як моҳ дур аз Ватан назистаам, вале бо хондани ин матлаб як он худамро ба ҷойи Шумову садҳо фарзонаи дур аз Меҳан тасаввур кардам. Воқеан дардовар аст, вақте ба ҷурми озодӣ хостан (на дуздиву қатлу ғорату амсолуҳум) ё дигарандешидан дар ин замон маҷбур ба тарки Ватан шавад ба умеде ки ӯро анд соле пас зикр кунад ё ба номаш хиёбонеро номгузорӣ кунанд.

    Comment by Сайфулло | 04.12.2017 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: