Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Афсонаҳои модаркалонам

Модаркалонам ба мо сураҳои “Қуръон” меомӯзонданд. Порча ба порча. Он кас мегуфтанд ва ману хоҳарам такрор мекардем. Ҷойе, агар хато мегуфтем, ислоҳ мекарданд. Шеъру достонҳои дар мактаб азёдкардаам кайҳо аз хотирам рафтаанд, вале сураҳои омӯзондаи бибиям гӯё нақш бар санганд. На танҳо ин, балки бибиям ба мо покизагии ботину зоҳирро ёд медоданд. Вале мо бештар афсонаҳои он касро дӯст медоштем. “Козурбача (Ман булбулаки саргашта)”, “Во дареғ”, “Моҳпешонӣ”, “Чӯбаки сандалвор”, “Сабзпарӣ”, худоё ба чӣ дунёҳое мебурданд он кас моро!

Рӯйи бом мехобидем, ситораҳоро медидем ва афсона мешунидем. Байни ману хоҳарам гоҳе ҷангу ҷидол бармехост, ки бибиям тарафи ман хоб раванд ё тарафи ӯ? Ниҳоят баҳс ин гуна ҳал мешуд, ки он кас рӯ ба ситораҳо мехуфтанд ва як дасташон дар оғӯши ману дасти дигарашон дар оғӯши хоҳарчаам.

Гоҳе мепурсидем: “Бибиҷон, Худо дар куҷо зиндагӣ мекунад?”

Дар солҳои охири умрашон модаркалонам аз дарди пой азият мекашиданд. Аз зону поёни пойи чап ва дар буҷулаки пойи рост варамҳое буд, ки азобашон медод. Мегуфтанд, дар ҷавонӣ эҳтиёт накардаанд. Боре ҳангоми дарав бо дос дар пойи худ задаанд. Дигаре сангкӯби пайроҳаҳои кӯҳист. Барои табобати захмҳо ҳар кас дармонеро машварат медод. Рӯғани суғур, заҳри мор ва ғайра. Барояшон меоварданд. Он маъҷунҳоро ба пойҳояшон мемолиданд. Бӯйи хосу аҷоибе дошт. Солҳо баъд, вақте барои дарди мушакҳои дастам пизишк доруи имодезин тавсия кард, бӯйи доруҳои пойи бибиямро дошт ва маро ба ёди он рӯзҳо афканд.

Ёд дорам, аз 70 гузашта буданд, вале асбсаворӣ мекарданд. Баъд асби моро колхоз гирифт. Зини мунаққаши он солҳои дароз дар анбор мехобид ва аробаи калон ба хобгоҳи мурғону ҷойи тухмкунии онҳо табдил ёфта буд.

Ҳоло менишинаму афсонаҳои бибиямро ба ёд меорам. Гумон мекунам афсонаи “Козурбача” танине аз қиссаҳои марбут ба Муқаннаъ бошад. Намедонам. Дареғу дард, ки бисёре аз он афсонаҳои зеборо фаромӯш кардаам. Ҳарчӣ ба хотирам омад, дар ин ҷо менависам, то барои пасовандонам бимонад. Имрӯз ин ба ёдам омад. Албатта, на ҷумлаҳои бибиям, ки аҷаб ширин буданд, балки танҳо мазмунаш.

Аз афсонаҳои модаркалонам.

“Буд-набуд, замоне як подшоҳ буд. Вай боре ба шикор рафт ва роҳгум задаву аз аҳли рикобаш ҷудо шуд ва хеле байни кӯҳу ҳомун, рӯду ҷангалҳо гашт, на шариконашро ёфту на ободиеро. Гашти рӯз дар дурие як нуқтаи тираро дида, он ҷо асб монд ва ба кулбаи пиразане расид. Хост, дар ин кулба соате дам бигирад, вале хобаш бурд ва замоне бедор шуд, ки шаб фаро расида буд. Пас қарор кард, ки шабро дар кулбаи пиразан рӯз мекунад ва субҳ ба ҷустуҷӯи ҳамроҳонаш мебарояд.

Пиразан як духтар ва як гов дошт. Духтараш рафт ва говро дӯшид, як сатили пур шир овард. Подшоҳ аз дидани шири зиёди як гов дар ҳайрат афтод ва ҳангоме ки хӯроки шом мехӯрд, фикр кард, раъияташ шири зиёд доштаанд ва агар боҷи гову ширро бештар кунад, хазинааш пуртар хоҳад шуд.

Субҳ духтар боз рафт, ки говро дӯшад. Вале ин бор гов ним сатил ҳам шир надод. Ғамгин баргашт. Подшоҳ инро дид ва ҳайрон шуд. Пиразан ҳам дареғ хӯрд ва ба духтараш гуфт, шири гов барои он кам шуд, ки шояд подшоҳ говро чашм кард ва аз дилаш андешаҳои нохубе гузашт. “Қадимиҳо мегуфтанд, ки агар андешаҳои бад кунӣ, ризқат кам мешавад,” гуфт пиразан.

Подшоҳ шарм дошт ва пушаймон шуд, ки чунин андешаҳоро аз дил гузаронд, он ҳам дар ҳоле ки аз меҳрубонии ин хонадон баҳра мебурд. Духтар барои ширдӯшӣ рафт ва шоду хандон баргашт. Сатил пур шуда буд.”

Талқон

Дар хотирам мондааст, ки бибиям бароямон дар оғурча талқон омода мекард. Аз нони хушк, бодом, писта, мавиз, нахӯди бирёншуда ва чизҳои дигаре. Дар ин ҳама умри дароз дигар боре ҳам чунин лаззатро начашидаам.

Ба ёдам меояд, ки худаш аз ин талқон хеле кам мехӯрд. Ҳоло фикр мекунам, шояд синдроми қаҳтии солҳои ҷанги Гирмон буд. Ба кӯдакон медоданд, ки намиранд, калонсолон умри худро дидаанд, агар бимиранд ҳам, боке нест, вале тифлон бояд бихӯранд ва зинда монанд.

Бибиям соат надошт, аммо тамоми корҳояш назме доштанд, ки ҳар рӯз айнан сари ҳамон вақти муайян иҷро мешуданд. Ҳатто боре бо хоҳарам ин чизро озмуда будем. Бибиям ба офтоб менигарист ва мегуфт, ки вақти дон додан ба мурғон расидааст. Мо медавидему даруни хона мерафтем ва ба соати девор менигаристем. 11 ва 20 дақиқа. Айнан монанди дирӯз, парерӯз ва рӯзҳои дигари гузашта! Ҳатто агар ҳаво абр ҳамбуд, ӯ сонияе дер намемонд ва ё пешгомӣ ҳам намекард.

Солҳо баъдаш айни ин достонро дар китоби адиби арман Вардгес Петросиён хондам. Гуё дар бораи бибии ман навишта буд. Шояд ба ҳамин сабаб ман “Ангораҳои арман”-ро тарҷума кардам? На танҳо барои ин. Пеш аз ҳама  барои он ки ин китоб ҳисси миллиро бедор мекард. Ба як нафар меомӯхт, ки чӣ гуна бояд миллату ватани худро дӯст дошт. Китобрро баргардон кардам. Вале чопи онро ягон нашриёт ба зимма намегирифт. Дар моварои кор ба Петросиён нома навишта будам, ки чаро матни чопи Маскав аз порчаҳое, ки дар “Литературная Армения” чоп шудаанд, фарқ мекунад? Ба зудӣ аз ӯ нома ва як китоб бо соядасти ёдгорӣ дарёфт кардам. Навишта буд, ифтихор дорад, ки китобаш ба забони ворисони Хайёму Фирдавсӣ нашр хоҳад гашт. Хоҳиш намуд, ки дар тарҷума ба матни чопи Еревон такия кунам ва онро асосӣ гуморам. Ишора мекард, ки “сензор”-ҳои маскавӣ баъзе порчаҳои китобашро ҳазф кардаанд.

Ман ба гуфтаи ӯ кор кардам.

Пас аз чанде навишт, ки оё китоб чоп шуд ва метавонам, нусхае барояш фиристам. Нашриёти “Ирфон” онро рад кард ва “Адиб” мегуфт, шояд ба нақшаи ду сол баъд шомил кунад.

Як рӯз устод Мӯъмин Қаноат, ки он вақт раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд, маро наздаш хонд. Пурсид, тарҷума дар чӣ ҳол ва кӯмак кард, ки ҳамон сол китоб бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр шавад. Петросиён ба ӯ занг зада буд.

Мехостам, дар саргаҳаш нависам, ки онро ба модаркалонам мебахшам, вале моли ман набуд ва нашриёт ин як ҷумларо напазируфт.

Advertisements

06.01.2018 - Posted by | Инсон, Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба, Фарҳанг

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: