Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Се рӯзи мотам

Месӯзам аз дарун ба оташе, ки бо ҳар нафас забонае баландтар мезанад. Ҳар сӯ нигарам, онро мебинам, ки гӯё пазмону зори ман аст ва танҳо бояд даст ёзонду гирифту аз шиддати васл бӯсидаш. Се рӯз аст барояш мотам дорам. Гумон доштам, дар роҳу равиши фанновариҳои нав устодӣ дорам, мебинам, Маҷнуне дар биёбонаму бас!

Ҳоло дарди ҷигари Ҷумъа Одина ва андӯҳи дӯстонам Баҳманёр ва Муҳаммадраҳими Сайдарро бо ҳар зарраи ҳастиям ҳис кардам. Ана чӣ буда, маҳв шудани заҳмати панҷмоҳа! Флешкаеро бо матни китобҳои навам аз даст додам. “Ҳазор ранги сад сол”, “Тобистони талх” (маҷмӯаи достон), “Барои ту” (китобе хусусӣ барои набераам), “Об, оташ, сандон” (хотираҳои кори журналистӣ), пешнависи “Тоҷикистон. Чеҳраҳо ва ҷилваҳо” ва садҳо порча қайдҳои саридастиям ба коми фано рафт. Мисли оне ки “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина зери теғ хомдарон шуд ва дар гулхан сӯхт ва шабеҳи он ки Баҳмани азиз бехудона “Ғутях”-ашро ба қуттии партовҳо афканд. Ё ба гунае ки Сайдар пеши худ қарор кард, дигар сатре нахоҳад навишт.

Ҳамин рӯзҳо мехостам, яке аз омодаҳоро барои сафҳабандӣ фиристам ва бақияро ҷойи дигаре нусхагирӣ кунам. Мунтазири як ё ду рӯзи дигари кор будам, намехостам, амале дубора шавад, мегуфтам, ин якеро берун мекашам ва бақияро дар ройона мегузорам. Аммо он субҳ флешкаро наёфтам, фикр кардам, дар коргоҳ фаромӯш шудааст. Рафтам ба корхона. Он ҷо ҳам наёфтам, фикр кардам, манзилро дурусттар надидаам, баргаштам ба хона. Ҳама чиро таҳурӯ кардам. Нест. Боз ба коргоҳ. Нест. Мизу курсиҳоро кашидам ба чапу рост, шояд зери миз афтодааст. Нест. Аз ҳар яке пурсидам, азизи маро надидаанд. Гуфтанд, на.

Ёдам омад, ки рӯзи пеш аз коргоҳ ба дуконе рафта будаму чизе харида. Шояд вақте ки ба фурӯшгор пул медодам, флешка ноаён аз ҷузвдонам афтодааст? Саргарону посӯхта ба он дӯкон рафтам. На, касе чизе наёфта! Яке гуфт, агар ёфта бошад ҳам, маводи онро пок мекунад ва ба нафъи худ ба кор мебарад. Гуфтам, 10 000 крон медиҳам, агар касе онро ёбад. Худам чанде пеш дар метро як телефони ҳамроҳ ёфта будам ва ба шумораҳояш занг задаву соҳибашро ёфтаву ба ӯ расонда будам. Бе ҳеч подоше.

Дар роҳ бори нахуст умқи фоҷиаи худро дарк кардам ва бехтиёр аз чашмонам ашк равон шуд. Талх гиристам. Сар хам кардам, ки раҳгузарон оби дидаамро набинанд. Наход, ҳамаи ончӣ навиштам, барбод рафт? Ҳар порча ба ёдам мерасид ва дилам хун мегирист. Худро дилдорӣ медодам, ки шояд дар кадомин ҷайбам мунтазири ман аст, шояд рӯйи рафе гузоштам ё миёни китобе, канори лашшу луше, ҳоло меравам ва пайдояш мекунам.

Се шабу се рӯз гузашт, хобам намебарад ва фақат оҳ мекашам. Худоё, чӣ ҷурме карда будам, чӣ кӯтоҳӣ аз ман гузашт, ки чунин ҷазоям додӣ? Ёрони шарифу соҳибдил ҳамдардӣ мекунанд, ки ошуфта набошам, чизе дар ин дунё бе сабаб намешавад, биншинаму аз сари нав нависам, ба маротиб беҳтар хоҳад баромад. Сипос! Вале  бовар надорам, ки ин қадар чизро мешавад, дубора навишт. Одати баде дорам, ки агар аз навиштае ризо шавам, онро аз зеҳнам берун меафканам, мехоҳам, фаромушаш кунам, чун коре ки дигар тамом шуд, рафт аз ман ба дигарон, моли дигарон шуд. Ва ин панҷ моҳ бо илҳоме саршор кор мекардам, магар он лаҳзаҳои худододро метавон бозгардонд? Магар метавон боз он гуна ба парвоз омад?

Наход чизе намонда? На, пешнависи аксари онҳо ҳаст, аммо дар шакле, ки панҷ моҳ пеш захира шуда. Пуч, каммағз, саридастӣ, печида, хом, сарду берӯҳ! Ба чӣ дарде мехӯранд! Шукр, ки чанд чизеро ба дӯстон барои хондан фиристода будам ва шукр, ки бархеро дар блог ва фейс нашр намуда. Инҳо беҳтаранд, ҳарчанд на шакли ниҳоӣ ва сайқалдида. Кош Баҳман ҳам румонашро ба касе медод, он гоҳ шояд барояш осонтар мешуд. Пас аз даргузашти ногаҳонии дӯсти дигарам Муҳаммадраҳими Сайдар, флешкаи ӯро оварданд, ки аз диданаш қойил шудам. Ҳама чиз дар ҷойи худ, бо тартибу назме сутуданӣ. Ва охирин парвандааш як калима дошт: “Бас!”. (Инро ман дар шаби ёдбудаш, дар ин акс мебинед, гуфта будам.)

Вақте ёрон бароям мегӯянд, ҳеч чиз бе амри Яздон рух намедиҳад, яқин мекунам, ки шояд ин воқеа ишораи Ӯст. Охир чӣ мекунӣ бо ин навиштанҳои пурдарду шабзиндадориҳо! Ҳамин қадар навиштӣ, чӣ шуд? Магар аз бад ба бадтар нарафт? Менависӣ, ки шӯҳратманд бошӣ? На, Худат шоҳидӣ, кайҳо аз ин дард гузаштаам. Намедонам, чаро менависам. Ин бемории ман аст. Магар беҳтар нест, аз баҳри ин ҳама бигзарӣ ва мисли як инсон зиндагӣ кунӣ, барои худат, барои оилаат, барои фарзанду наберагон? Рост. Кай ман барои худам зиндагӣ хоҳам кард?

Мотами ман огандаи ин пурсишҳои бунёдист. Субҳ низ медамад ва ҳоло оромаму ҳатто каме шоду сабук, ки бояд ба ин ҳама нуқтаи таммат гузошт. Аҷаб кори лодаву беҳудаест навиштан! Ва ин аломати аввали осмон ба ман нест. Онки дастхатҳову бойгониям ҳангоми ғорат шудани хонаам дар Душанбе ба яғмо рафт аввалаш буд. Набудани ҳарфи тоҷикии умумии Микрософт садҳо сафҳаи матни солҳои 1995 то 2002-ро нохоно ва беҳуда кард. Боре ҳам дар ғояти хашм мушт ба ҳарфтахтаи ноутбукам задаму диски онро шикастам, навиштаҳои дусолаам нобуд гашт. Ва ҳоло — аломати нав. Магар бас нест? Бас аст! Нагӯед, ки бояд нависам, рӯҳшикаста нашавам ва чизҳое мисли ин. На барои ин дарди дил кардам, балки барои бидруд гуфтану рафтан. Ва рафтану барнагаштан. Узр, ҳамааш гуноҳи худам буд. Худо нигаҳдор!

Advertisements

13.01.2018 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳолнома

21 Comments »

  1. Салимҷон, дуруд!

    Шояд он чиро, ки пешниҳод мекунам, ҷуз кӯшиши оҷизонаи ҳалли мушкилот чизи дигаре нест ва аҷаб не ин усулро аллакай истифода кардаед. Вале, ба ҳар ҳол… Манзурам барномаҳои сершумори компютерии барқароркунандаи маводҳост, ки метавонед бе ягон мушкилӣ ҳатто тариқи интернет дарёфт намоед ва ҳамон компютер ё компютерҳоеро, ки дар онҳо ҳосили ранҷи кашидаву маҳорати нодири худододиатон замоне маҳфуз буд, аз ғалберашон гузаронед. Тавони ин гуна барномаҳо то ҷоест, ки ҳатто пас аз истилоҳ “форматирование” маводи гумшударо эҳё мекунанд. Истифодаашон ниёз ба малакаву маҳорати хоса надорад.

    Дуогӯятон,
    Маҳмуд Қосимов

    Comment by Mahmud Kosimov | 26.01.2018 | Reply

  2. Сипосгузорам, Маҳмудҷони азиз, аз ғамхориатон. Оре, тамоми имкониятҳоро истифода кардем ва беҳтарин тезникадонҳои коргоҳ низ талош варзиданд, аммо мурод ҳосил нашуд. Чаро? Чун ин матнҳо танҳо дар худи флешкорт ҳифз шуда буданд. Маводи амдан покшударо метавон барқарор кард, агар он дар ройона сабт шуда бошад, вале чун дар ҷойи дигар сабт шудааст, то худи манбаъ ба ройона васл карда нашавад, он мавод дида нахоҳад шуд. Хуб, камубеш дард гузашт, вале ҳис кардам, ки чи қадар сахт шикаста шудаам, зеро дар ин моҳҳои охир дар авҷи парвоз будам ва ҳар сухан худ меомад, бо хок фитодам. Боз ҳам сипос аз ҳамдардиятон!

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  3. Az FB: Хилол Сайриддинов Худо кунад, ки яке пайдо гардад!

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  4. Малика Сафарзода

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  5. Билол Шарипов Мақсади устодро нафаҳмидам ҳаст ягон шахсе ки каме маълумот диҳад?

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  6. Salim Aioubzod Хоҳиш мекунам, устод нагуед, устод нестам, як бародаратон ҳастам. Ин лаҳзаҳо, воқеан худам ҳам намефаҳмам, ки мақсадам чист. Саломат бошед.

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  7. Saady Rahmat Ако намешуд, дар 3 ошьена сабт кунед, дар абрхо, ноутбук, флешка?

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  8. Шариф Холов Ин чарх аҷаб корҳое дорад… Ғамгин набошед, ҳарчанд ин кор хеле сангин аст. Аммо қалам шикастан набояд ва дилро низ устувор нигаҳ дошт. Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  9. Абдувахоби Абдуфотех Салимчони азиз, Салимчони бузург, Шумои бисьер муборак дигар но Салимчони дуструи 10-20 сола аз ХАДИШАХР нестед, Шумо азизу гамхори мыллатеду миллат аз шумост. …….миллат намегузорад,ки Шумо ман наменависам гуед. ……харчи гум кардед ёфт МЕШАВАД. …аммо Шумо бояд ба хотири гузаштаго, барои имрузиён ва барои ояндагони миллит нависед. ….?
    Шумо холо достон, румон, ёддошти бехтаринатонро барои ин миллат байни обу оташ бо амри АЛЛОХ, ИншаАЛлох акнун менависед. ……..
    Мо интизор хар нафас чи мерезад аз нуги калами ШУМО, Хой бародар, хой дуст……ба номи АЛЛОХ гуеду сар ба эчод занед, Мо аз АЛЛОХ ИЛТИЧО МЕКУНЕМ….
    Бояд бехтарин ва навтарин румони адабиетро ШУМО дар фурсти камтарин барои мардум дихед……..мо интизору АЛЛОХ МАДАД ВА ХОДОЯТ КУНАД ШУМОРО. …

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  10. Абдукодир Рустам Бо ишораи Худо бас кардед, бо таъкиди Ӯ бармегардед!

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  11. Rahim Bobokhonov Оре, ин фочиъа ва беадолатист, борхо аз сари банда ин рузхо гузаштанд, гум кардам, баркарор кардам, сабур бошед, каме дам гиред, ором шавед ва аз нав нависед, хар навиштаатонро минбаъд дар чанд флешка нусхабардорй кунед, хамдардии бандаро кабул доред, дигар хуш ба холатон

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  12. Kholmati Kholik Ghamgin nashaved! Khudo khohad meyobed! Mumkin az komputer paido karda shavad?

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  13. Ҳикматуллох Ҳикматзод Харки сухан бар сухане зам кунад,
    Порае аз хуни чигар кам кунад!
    Хамдардии маро кабул фармоед. Мутассифам . Медонам хатман дубора хохед чамъ овард, мушкил аст, токатфарсост. бароятон барору гузариши сареъ аз ин марзро хохонам! Худо ёратон!!

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  14. Firuza Rahmat Шумо метавонед аз ин зиёдтару рангинтар бинависед. Танхо вакт лозим аст! Онхо боз бармегарданд, ба таври бехтар ва комил! Шояд такдир аз хамин шаходат медихад.

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  15. Shavkat Bade’zadeh Дареғ! ” Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад “… Вале ин УМР асту гӯё пораҳтое аз он. Умр, ки мегузараду меравад ва чорае ҷуз ризоят на.Умри боқӣ ғанимат, ки қимат аст.

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  16. شهزاده سمرقندی
    شهزاده سمرقندی Аминам ба он ки чоне
    Чу як бор обистан
    Ба нигористан шуд,
    Хар бахор, лочарам,
    Бордори сухан
    Хохад шуд.

    Ба рагми садхазор
    Садди рузгор,
    Хар бор бурдбор,
    Аммо
    Бекарори сухан
    Хохад шуд.

    (Шахзода)

    – Ба Salim Aioubzod устоди баёни дарди точикон

    ***
    امينم به آن كه جاني
    چو يك بار آبستن
    به نگارستن شد
    هر بهار، لاجرم،
    باردار سخن
    خواهد شد

    به رغم صدهزار
    سد روزگار
    هر بار بردبار
    اما
    بي قرار سخن
    خواهد شد.

    ***
    به سليم ايوبزاد، استاد بيان درد تاجيكان

    (شهزاده)

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  17. Salim Aioubzod Сипосгузорам, ёрони меҳрубон! Агар он навиштаҳои лаҳзаҳои нотакрор бо амри Худо ба ман баргарданд, идома хоҳам дод вагарна, кофист. Ҳамеша бо амри дил навиштаам, маҷбурӣ чизе натавон навишт. Боз ҳам сипос, ки нерӯям медиҳед.

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  18. Абубакри Муҳаммадиён Хело сахт аст. Чӣ илоҷ сабур бошед Устод

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  19. Mahbuba Bobomurodova Худованд нигахбон! Дустатон дорем аз замин то осмон! Зинда бошед, Салимчон!

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  20. Ахмадчон Фаридунов То дидораш беҳтар

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply

  21. Мусфира Насруллоева Навиштаҳои Садри Зиёро пеши чашмонаш сӯзонданд,сӯхтани меҳнати чандинсолаашро диду дуд аз димоғаш баромад,аммо аз нав ба сари навиштан нишаст,менавишту менавишт,фақат вақти намоз бармехест,чун медонист аз умраш кам монда ва муваффақ ҳам шуд,зеро медонист барои ояндагон осораш лозим мешаванд.Шумо ҳам метавонед,устод,бинависед,баҳри фардо…..

    Comment by aioubzod | 16.02.2018 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: