Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Корномаи устод Мазҳабшо

Марди гандумгуни як андоза ҳиндусимои хандон, ки сигори талхи, ба гуфтаи худаш, “термоядерӣ” мекашид, метавонист, аз як ибораи нишонрас ба гунае шод шавад, ки ҳамаи бинои Иттифоқи нависандагонро ба сар бардорад ё аз як ҷумлаи носолим мисли бемори ноумед дард кашад ва дилмонда шавад; аз ҳуруфи номуносиби сарлавҳа ё акси хираи сафҳаи корректурии рӯзнома беандоза асабонӣ гардад ва айнаки худро ба сари дастгоҳи нашр бизанаду бишканад ё макети беҳтарин сафҳаро ба девори коргоҳи худ овезад; меҳрубонтарин ҷентлмени бонувон бошад ва аммо чун гилашро бо ишқи сухан сириштаанд, дилдодаи ҳикмату навиду мақолаи олӣ ва фидокори рӯзнома ба ҳадде ки шояд ҳеҷ шабе бе ёди газета нахуфта бошад; марди коре, ки заҳмати шоқа кашад ва бо кулли шодмонияш аз комёбии худ ситоиши беҳадро напазирад, аз гуфтани ҳақиқат наҳаросад ва ба ҳақгӯён арҷ бигузорад — ин аст устод Мазҳабшои Муҳаббатшо!

Сардабири ҳирфаии гудохти олӣ, инсоне наҷиб ва соҳиби ангезаву арзишҳои баланд, сухандони гавҳаршинос Мазҳабшои Муҳаббатшо ба рӯноманигорони тоҷик мероси бузурге гузоштааст. Аммо бузургтарин сабақи ӯ ба ҳампешагони пасовандаш ин аст, ки инсон метавонад, бо система муросо накунад, зидди он равад, аммо замоне комраво шавад, ки берун аз риштаву ресмони он бошад. Талоши ислоҳот аз дарун қаҳрамонист, вале бесамар, чун ин аждар туро онгуна фурӯ хоҳад бурд, ки садоят якҷо бо нафас дар гулӯ хоҳад монд.

Мегӯянд, зиндагии инсон омезае аз шодию ғам ва бешу кам аст. Аммо зиндагии ҳақиқӣ убур аз хорзору сангистону рӯду ботлоқу оташ аст бо сару рӯ ва оринҷу зонуи хуншор, пойҳои пур аз сангкӯб, сарутани сӯхта, ҷисми хаставу шалпар, аммо диле ҳамоно шӯълавар. Омеза барои онҳоест, ки аз пай мераванд. Хорзор барои онҳое, ки роҳ мекушоянд.

Намои ваҳшатангези хорзор гоҳе пеши чашмам омад, ки аз устод Мазҳабшо ёд мекардам ва медидам, ки умре бо сару дасту оринҷу зону роҳкушоӣ мекард аз моварои тангу фишорандаи хорзори тасодуфҳо, сангистони хусуматҳо, ботлоқи рашку ҳасад ва монеаҳои пайваста, ки ҳадафашон гусастани ин роҳ ва шикастани марди сафар аст. Роҳи устод Мазҳабшо ба кӯйи адл, хирад, ҳунар, ҷасорат ва некномӣ буд. Роҳи танге, ки дар поёнаш ба шоҳроҳ мепайваст.

Намадгут

Мазҳабшои Муҳаббатшо 15 феврали соли 1937 дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зода шудааст. Оре, он Намадгути машҳур, ки дар соли 1991 ҳавопаймоҳои Шӯравӣ гӯшае аз Афғонистон пиндошта, бомбаборон карда буданд. Он Намадгуте, ки дар кӯчаҳояш донишмандону ҷаҳонгардони шаҳир мисли Марко Поло, Сюан-Сзян, Олуфсен, Андреев, Зарубин ва дигарон қадам зада, сокинони сарбаланд ва манзараҳои дилнишинашро дар осори худ ба қалам додаанд.

Шояд дар соли 1937 – соли авҷи террори истолинӣ зода шуданаш низ рамзе дошт ва дертар ӯро ангехт, то таърихи Террори Бузург ва маҳви беҳтарин фарзандони ин сарзаминро омӯзад. Вале боре ҳам нагуфтааст, ки падари ӯ низ ба ин гирдоб афтода буд. Мӯъминшо Муҳаббатшоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ишкошимро низ ҳабс карданд ва танҳо моҳи июни соли 1953 пас аз номаҳои зиёди ӯ ба “рафиқ” Сталин, дақиқтараш баъд аз марги ин “рафиқ”, озодӣ ёфт ва бегуноҳияш собит шуд.

Забони аҳли деҳаи Намадгут вахонист, забоне нодир, аммо лисони модарии ҳамаи сокинони Долони Вахон, ки бахши бештараш дар Афғонистон ва қисман Покистон ҷойгир аст. Бо вуҷуди ин пас аз солҳои зиёде Мазҳабшои Муҳаббатшо ба яке аз беҳтарин донандагони форсии тоҷикӣ табдил меёбад, барои ин забон мубориза мекунад ва раёсати Бунёди миллии онро бар дӯш мегирад. Вахониро медонист, аммо забони модарияш форсии тоҷикӣ буд. Модараш — бонуи Султоннасаб даризабон ва зодаи деҳаи Хушпоки вулусволии Султонишкошим буд.

Дар гузашта ҳарду Вахон, манзур ду соҳили  рӯди Панҷ, шоҳигарии Вахонро ташкил медоданд. Дар садаи 19 абарқудратҳои Рус ва Бритон ин қаламравро байни худ тақсим карданд ва марзи кашидаи онҳо ҳамқавмони Мазҳабшоро аз ҳам зиндаҷудову мурдаҷудо кард. Бахши дигари ин мардум дар Чину Покистон монд. Соли 1969, дар авҷи муноқишаи марзӣ байни Чин ва Шӯравӣ мақомоти ҳарбӣ Мазҳабшои 32-соларо ҳамчун донандаи забони вахонӣ ба хидмат дар Идораи кашфи низомии СССР хонданд ва мехостанд, ӯро ба Чин фиристанд. Вай аз ҳамаи озмоишҳо гузашт, аммо зарурати сафари махфӣ ба Чин аз байн уфтод ва ӯ ба Тоҷикистон баргашт.

Ин ёддоштро ӯ замоне ба ман ҳикоят кард, ки ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ озими Афғонистон будам ва машваратам медод, ки бо афсарони рус чӣ гуна бархӯрд кунам. Ба ёд меовард, ки як афсар дар пайванд ба вахониро донистани ӯ гуфтааст, “ман ҳам ду забон медонам — русӣ ва йофтвомат!” (Ин гуфтаи устодро дар ҳикояам “Сагзистон” истифода кардаам.)

Бачагии Мазҳабшо ба солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, замони қаҳтӣ ва фақр рост омад. Он вақт деҳаи зебоманзари Намадгут ҷузве аз ноҳияи Вахон ва падари Мазҳабшо мудири шӯъбаи маорифи ноҳия буд, рӯзгораш бад набуд ва падар парваришу омӯзиши фарзандонашро рисолати волои худ медонист ва талош мекард, онҳо барои атфоли мардум ойинаи ибрат бошанд. Мазҳабшо ва бародару хоҳаронаш ҳар субҳ роҳи дарозеро тай кардаву ба мактаби Шитхарф меомаданд. Пас аз солҳо ҳамаи онҳо ба шахсони таҳсилдида, донишманд ва номдору шоиста табдил ёфтанд.

Пеша

Соли 1955 Мазҳабшо мактаби миёнаро хатм кард ва ба Донишгоҳи давлатии Куйбишев (ҳоло Самара) дохил шуд, вале чун ҳамватанонаш аз имтиҳон нагузаштанд, он ҷо наистод ва ҳамроҳи онҳо ба Душанбе баргашт.  Шогирди ҳунаристоне дар пойтахти Тоҷикистон шуд, то пешаи киномеханикиро омӯзад. Вале аз пайи ин касб ҳам нарафт, балки дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон мусаҳҳеҳ шуд ва таҳсилро дар бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуд. Дар як синф бо Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ, Асадуллоҳ Саъдуллоев, Бозор Собир ва дигарон. Аз он вақт умри ӯ бо риштаи рӯзноманигорӣ гиреҳ хӯрд ва ишқаш ба сухан, ҳақиқат ва адл то поёни ҳаёташ кам нагашт.

Ба нигоштаи бародари Мазҳабшо — Иқболшо Муъминшоев “устод Мазҳабшо аз наврасӣ ҳақиқатҷӯ” ва душмани беадолативу нобаробариҳои ҷамъият буд. Чунин вижагӣ ба бисёре аз фарзандони кӯҳистон хос аст, чун дар фазои адлпарвар ба воя мерасанд ва гоҳе ки ба шаҳр меоянд ва бо падидаҳои мухталиф рӯбарӯ мешаванд, маҳаки баҳои онҳо чизест, ки дар кӯдакӣ аз падару модар, хешу наздикон, пирону пиразанҳои деҳаи худ андӯхтаанд.

Фақат як нукта: нависандаи эстон Аво Сузӣ дар китоби худ “Бартанг” менависад, дар пайроҳаҳои кӯҳу дараи Бадахшон гоҳе банди алафу ҳезум ё бордонеро дидааст, ки дар рӯяш як санг гузоштаанд. Он санг чунин маънӣ дошт, ки касе ин чизҳоро сари роҳ ниҳодааст, то дертар баргардад ва бибарад ва ҳеч кас ба ин моли амонат даст нахоҳад зад.

Билети ҳизбӣ

Мазҳабшои Муҳаббатшо аз зумраи рӯшанфикронест, ки ҷаҳони маънавияшон дар солҳои 1960 шакл гирифт. Чунин афродро дар Иттиҳоди Шӯравӣ “шестидесятники” меномиданд, ки дар фазои пасосталинӣ, маҳкум шудани шахспарастӣ ва нармоиши хрушёфӣ нигоҳи озодтаре доштанд. Чун ба зудӣ давраи фишорҳои нав ва раванди фарҳангзудоии шӯравӣ оғоз ёфт, аксари “шестидесятникҳо” бо вуҷуди рӯ овардан ба эҳтиёт он нафаси озодиро, ки як бор кашида буданд, дар сина ҳифз карданд. Ҳузур ва корномаи устод Садриддини Айнӣ, зуҳури китоби сарнавиштсози “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, барканории пурсарусадои раҳбари Тоҷикистон Турсун Улҷабоев, сохта шудани чеҳрае амсоли Мирзо Турсунзода, фишори фарогири забони русӣ бар тоҷикӣ, аз Тоҷикистон бо андӯҳ рафтани Абулқосими Лоҳутӣ ва фавти ӯ дар Маскав ба афкор ва ҷаҳоншиносии Мазҳабшо бетаъсир набудаанд, чун аз он ҳаво низ нафас кашидааст.

Намунаи дигаре, ки дар пеши чашми ӯ мерӯйид, ҳамкору ҳамандешу ҳамнабардаш — сардабири ҷавони “Маориф ва маданият” Бӯринисо Бердиева буд, ки акнун Наврӯзро сипари зидди фарҳангзудоии шӯравӣ карда буд. Мазҳабшо низ мақолае дар бораи иди бостонӣ нашр кард ва ин нахустин бархӯрди ҷиддии ӯ бо саромадони сиёсии давр шуд. Ӯро сахт гирифтанд, чун баъд аз муддате кор дар рӯзномаи асосии кишвар «Тоҷикистони советӣ» бо тавсияи ҳамин мансабдорон ва дарназардошти қалами буррояш дар Мактаби олии ҳизбӣ дар Маскав таҳсил кард ва эҳтимол мерафт, раҳбари яке аз нашрияҳои кишвар таъйин гардад. Ин мақола пеши роҳашро гирифт ва таъйиноташро барои муддате ба таъхир гузошт.

Ҳизб журналистонеро, ки бармегузид ба донишкадаҳои олии худ, ки низ  бахши рӯзноманигорӣ доштанд, мефиристод ва ин чунин маънӣ дошт, ки пас аз хатми ин муассисаҳо кас ҳамчун сарбози содиқи система ҳатман ба мақомҳои роҳбарии расонаҳои ахбори ом таъйин мегашт.

Пас аз чанде қалами сабзи ӯ аз нав дар долонҳои ҳизбу ҳукумат андешаеро ба гардиш овард, ки Мазҳабшо Муҳаббатшоев рӯзноманигори боистеъдод ва шахси пурғайрат аст ва ҳамчун дастпарвари Мактаби олии ҳизбӣ бояд ба нашрияе раҳбар таъйин гардад. Чанде аз ҳамкорону ҳампешагонаш аз ин барномаҳо хабар доштанд. Дар як маҳфили зиёфат, саршор аз шӯхию хандаҳо ва нӯшбоду дӯстгониҳо билети ҳизбии Мазҳабшо аз ҷайбаш ғайб зад. Ҳафтае баъд аз ин ӯ натавонист ба ҷаласаи Бюрои Кумитаи марказии ҳизб равад ва фармони таъйиноташро ба даст гирад. Фармон низ бекор гардид. Ба ӯ баръакс танбеҳи сахт доданду ба дафтари аъмолаш навиштанд, ки ба билети муқаддаси ҳизбӣ беэътиноӣ кардааст. Зимнан, дар он давра барои гум кардани билети ҳизб шахсро метавонистанд, аз ҳизб хориҷ кунанд ва ба сарнавишташ хатти бутлон кашанд.

Система

Низоми томгарои шӯравӣ озодандеширо хуш надошт, вале онҳоеро таҳаммул мекард, ки дар дохили система буданд ва бо истифода аз қарору дастурҳои худи ҳизб ва чапғалат додани сонсури давлатӣ шӯълаи хирасӯзи сухани озодро зинда медоштанд.

Худи устод Мазҳабшо дар як мусоҳибааш бо рӯзноманигори мумтоз Хуршеди Атовулло дар ҳафтавори  “Тоҷикистон” (соли 2002) гуфтааст: “Дар замони шӯравӣ хеле кам менавиштам, зеро он чиро, ки мехостам, навишта наметавонистам. Аз он чӣ дигарон якнавохт менавиштанд, бадам меомад.”

Дар он замон Мазҳабшои Муҳаббатшо бештар бо созмондиҳии кори матбуот, роҳбарӣ ба дастаҳои эҷодӣ, тарроҳии нашрия ва веростории навиштаҳои дигарон машғул буд. Вақте роҳбари ман буд, мақолаи адиб ё ҳунарманди маъруферо меовард, имзояшро бароям нишон медод, ки муаллиф соҳиби чандин унвони баланд аст ва мегуфт, бихон, аммо таҳрир накун, балки биншину онро бинавис. Мегуфт, чора нест, кори мо ҳамин аст. Бо вуҷуди ин сабки роҳбарии ӯ ба “мураббии бозигари футбол” шабеҳ буд. Яъне худро яке аз ҷомеаи ҳамкорон медонист ва на танҳо баробари ҳама, балки бештар аз ҳама машғули таҳриру покнависи матлаби дигарон мешуд ва ононро то баландтарин ҳадди мумкин сайқал медод. Агар ташбеҳро идома диҳам, гоҳи дигар сарварии ӯ ба дирижёри оркестр монанд буд, ки барои ба беҳтарин шева садо додани симфонияи нашрия, медонист, дар куҷо чӣ кор кунад.

Банда корманди қатории бахши ҳунари “Адабиёт ва санъат” будам, вале ӯ гоҳо кори котиби масъулро бароям медод ва шояд ҳимояти ӯ буд, ки мудири бахши иҷтимоӣ ва сиёсии ҳафтанома шудам. Устод Адаш Истад аз он давраҳо чунин ёд мекунад: “Солҳое, ки Мазҳабшо муовини сардабири «Адабиёт ва санъат» буд, камина мудири шӯъбаи фарҳанг будам. Баъзан мақолаҳое менавистем ё азони дигаронро пешниҳод мекардем, ка сардабир имзо карданаш дар гумон буд ва Мазҳабшо қаламро як бор гирди сар гардонда, «боз як гуноҳ кардам» – гуфта, имзо мегузошт. Навад дар сади мақалаҳои ҷасуронае, ки он солҳои муовинии Мазҳабшо дар «Адабиёт ва санъат» чоп шудаанд, ба ҷасорати Мазҳабшо тааллуқ доранд.”

Одати аҷибе дошт, ки бо нашр шудани мақолаи ин ё он ҳамкор ба кабинети онҳо медаромад ва муаллифро табрик мекард. Зимни суҳбат мепурсид, ки мавзӯи навбатӣ чист. Агар муаллиф мавзӯи мушаххас надошт, ӯ бо назардошти зовияи кори нигоргар масъалаи ҷолиберо ёдовар мешуд. Чандин матлаби ҷолиб аз ҳамин раддубадалҳо сарчашма гирифтааст. Устод Мазҳабшо гуё кони мавзӯъ буд ва бисёр мехост, нашрия дар сатҳи “Литературная газета”-и чопи Маскав бошад, аммо бо фарогирифти вижагиҳои Тоҷикистон. Ҳамкорон Муаззама Аҳмадова, Насрулло Асадуллоев, Додохон Эгамзод, Ноёбшои Зӯробек ва дигарон ӯро ҳамчун шахси наздики худ дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Худи ӯ бо тахаллуси “Хуршед” дар мавзӯъҳое менавишт, ки онҳоро метавон нодир ва ногаҳонӣ номид.

Фарохнои мутолеъаи ӯ аз осори адибони машҳури ҷаҳон то дастовардҳои улуми дақиқ, аз таърихи Эронзамин то, фаразан, селектсияи рустаниҳоро дар бар мегирифт. Бо чунин омодагӣ метавонист, бо муаллифони гуногун вориди баҳс шавад ва гоҳе онҳоро мулзам кунад. Шоири бузург Лоиқ Шералӣ, ки дар ҳамсоягӣ, дар маҷаллаи “Садои Шарқ” сардабир буд ва дар он давра касе дар забондонӣ бартар аз ӯ набуд, гоҳе барои дақиқ кардани маънии вожае ё машварати дарёфти мадраке барои чунин вожа назди устод Мазҳабшо меомад. Ҳарду ҳамеша як чӣ мегуфтанд, ки “Садои Шарқ” ва «Адабиёт ва санъат» бояд эталон ё намунаи меъёрии забонамон бошанд.

Мазҳабшо якҷо бо сардабир Аскар Ҳаким фазои хуберо барои рушди кормандон фароҳам оварда буданд. Талоши ом бар ин буд, ки ҳафтанома бо адабиёт ва ҳунар маҳдуд намонад, рангорангии мавзӯъ ва нашри матолиби хондании сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва зистмуҳитӣ доираи хонандагони нашрияро густариш диҳад.

Ин роҳ самараи нек дод. Тирожи «Адабиёт ва санъат» аз 2 000 ба 100 ҳазор нусха расид. Он ҳам дар ҳоле, ки сухан зери заррабини система қарор дошт ва ниҳоди давлатие бо номи “Главлит” ҳар сафҳаи ҳафтаномаро пеш аз чоп аз парвезан мегузаронд ва ҳеч нашрияе бе муҳри он ба матбаа роҳ дода намешуд.

Зимнан дида мешавад, ки дар ҳар давру замон рӯзноманигорони боистеъдод зери путку сандонанд. Зеро низоми мавҷуда, қатъи назар аз табиаташ, мехоҳад, онҳоро бо аҳдофи худ истифода кунад, вале истиқлоли шуури онҳо, ки аз ҳунару донишашон бармехезад, тарафи дигар мекашад, тақрибан ба самти қутби муқобил. Танҳо онҳое, ки меҳвари қавии ахлоқӣ доранд, зери бор намераванд ва кору рӯзгорашон истодан дар баробари дурӯғ ва таблиғ хоҳад буд. Шояд гоҳе дар ғояти хастагӣ ба фишори фарогири низом гузашт мекунанд, аммо дар дарозмуддат ба биниши худ содиқ мемонанд.

Зиндагиномаи Мазҳабшои Муҳаббатшо нишон медиҳад, ки тақрибан дар тамоми тӯли роҳи пешвараияш дар чунин дуроҳаҳо қарор гирифтааст ва гоҳе маҷбур будааст ба он гузашт кунад.

Сарварӣ

Пас аз кори бомуваффақият дар “Адабиёт ва санъат” Мазҳабшои Муҳаббатшо дар соли 1986 раҳбари рӯзномаи асосии кишвар — «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”. Иттифоқан тағйири ном ҳам дар давраи ӯ ва бо ибтикори вай ба вуқӯъ пайваст) таъйин шуд. Вай бо раг-раги вуҷудаш рӯзноманигор буд, вале ҳамчун сардабир рисолати як нашрияро ба хубӣ медонист ва акнун майдони фарохе барои иҷрои он пайдо кард. Хонанда ба зудӣ шоҳиди тағйиру таҳаввуле дар симо ва мӯҳтавои ин нашрия гардид.

Дар он мусоҳибааш бо Хуршеди Атовулло, устод Мазҳабшо мегӯяд, “чашму гӯшам ҳамеша ба тарафи матбуоти русзабон ва форсигӯйи хориҷӣ будаасту ҳамеша кӯшидаам, ки нашрияи мо аз сатҳи ҷаҳонӣ паст набошад.” Шоҳиди онам, ки афроди камтаваҷҷӯҳ ба жанри хабарро сутуни гӯшаи рости сафҳаи аввали “Ҷумҳурият” дӯстдори хабар кард. Ин хабарҳо бо забони шево ва посухгӯйии комил ба талаботи жанр нашр мешуданд ва дар 200 ё 300 сатр муҳимтарину ҷолибтарин рӯйдодҳои ҷаҳон, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Тоҷикистонро бозтоб медоданд.

Дар нашрия шумораи мақолаҳои амиқи таҳлилӣ роҷеъ ба ҳаёти кишвар бештар шуд. Муҳимтарин матолиби марбут ба вазъи забони тоҷикон, эҳёи дин ва идҳои миллӣ, ислоҳи иқтисод, зуҳури ҷунбишҳои нави сиёсӣ дар ин ҷо ба табъ расидаанд. Дар муддати хеле кӯтоҳ “Ҷумҳурият” ба пешгоми воқеии матбуоти тоҷик табдил ёфт. Адади нашри он ба 190 000 нусха дар рӯз (!) расид.

Ҳарчанд он ҳамоно расман баландгӯи КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба шумор мерафт, амалан як минбари умумии ҷомеа шуда буд ва гоҳе ки аз зери султаи ҳизб берун омад, зери номаш навишта шуд: “Рӯзномаи ваҳдаи миллӣ ва ниёзмандиҳои заҳматкашони Тоҷикистон”. Вале ин пасон. То расидан ба чунин рӯз сардабир ва кормандони рӯзнома зарбаи Ҳизби коммунистро бо тамоми шиддат ва талхияш чашиданд.

Зарба

Рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 сарнавишти даҳҳо чеҳраи маъруфро шикаст. Сардабир Мазҳабшои Муҳаббатшо низ зери шиканҷа монд, чун ба чопи хабари итеъфои се раҳбари Тоҷикистон Котиби аввали КМ ҲК Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Шӯрои Вазирон Иззатуллоҳ Ҳаёев ва Раиси порлумон Ғойибназар Паллаев иҷоза дод. Ин сегона таҳти фишори тазоҳуроти оммавии мардум пас аз кушта шудани 26 нафар дар гирдиҳамоиҳои 12 феврал ва бетартибиҳои марбут ба он аз мақоми худ даст кашиданд.

Яке аз муаллифони хабар, Шамсиддини Насриддин ёд мекунем: “Вақте воқеаҳои февралӣ шурӯъ шуд, ба фикрам, 11 ё 12-ҳуми феврал буд. Ман бо Имомназар (Имомназари Холназар — котиби масъули рӯзнома соати панҷи бегоҳ хона мерафтем. Дар кӯчаи Ленин аллакай дар ҳама ҷо постҳо гузошта буданд. Дар байни мардум гап-гап буд, ки ҳукумат ба истеъфо меравад. Мо аз чанд кордон гузашта гуфтем, ки рафта ҳаминро аниқ кунем. Гуфтанд, ки ҳукумат ва ҷониби мухолифин бо ҳам гуфтушунид доранд, дар масъалаи истеъфои ҳукумат. Вақте ки мо расидем, аллакай баромаданд ва гуфтанд, ки ҳукумат истеъфо дод. Мо ҳамчун хабарнигор гуфтем, ки ҳамин хабари “обнорасида”-ро ба газета расонем. Омадем ва ба муҳаррир гуфтем, ки ҳамин гуна гапу кор. Гуфт, ҳатман хабар нависед, чоп мекунем. Аз кумитаи марказӣ фаҳмиданд, ки ҳамин хел хабар чоп мешавад, дастур доданд, ки чоп накунед. Локин муҳаррири мо чоп кард. Пагоҳаш хабари ману Имомназар баромад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафт.

Пас аз он ки ҳукумат аз суханаш даст кашида, ба истеъфо нарафту аз сари нав дар қудрат монд, ҷаласаи кумитаи марказӣ шуд ва дар он ҷо мардуме ки мухолифи ҳукумат баромада буданд, ҳар гуна ҷазо гирифтанд. Аз ҷумла дар он ҷо муҳаррири “Тоҷикистони советӣ” ҳам ба ҳар ҳол аз вазифа нарафт, ба он хотир ки дар нисбати маводе ки мо чоп карда будем, гуфт, ки гӯё бо фишори мо ин хабарро чоп карда бошад. Ва ба хотири боз ҳам худро “сафедтар” кардан ман ва Имомназари Холназарро аз кор ронд. Ин буд асли воқеа.”

Ду корманди рӯзнома бар ин буданд, ки вазифаи журналистии худро ба ҷо овардаанд, яъне хабарро ба сардори идора расондаанд. “Дигараш салоҳияти мо набуд, ки чоп мешавад ё не, инаш ба салоҳдиди сармуҳаррир бастагӣ дошт. “

Вақте устод Мазҳабшои Муҳаббатшоро дар пленуми коммунистон “говсуд” карданд, пурсиши онҳо ин буд, ки чаро хабарро нашр кардӣ. Бино бар пайнавишти ин ҷаласа ошкор мегардад, ки чопи хабарро худи Кумитаи марказӣ мехост, то хабари истеъфои раҳбарон зудтар ба гӯши мардум бирасад ва рӯзи дигараш онҳо ба хиёбонҳо набароянд ва тазоҳурот қатъ гардад. Ҷонишини аввали мудири шӯъбаи идеологии КМ ҲКТ Мурод Худоиев дар ин ҷаласа иқрор мекунад, ки чунин тасмим гирифта шудааст, вале дертар тағйир ёфтааст: “Расо соати 9:30 ман дар коргоҳи Қаҳҳор Маҳкамович будам. Барояш гуфтам, ки рӯзномаҳо кадом ҳуҷҷатеро чоп кардан мехоҳанд. Вай гуфт, фавран ин корро нигоҳ доред. Ман ба кабинети худам давидам ва ба идораи «Тоҷикистони советӣ» занг задам. Дар кабинети ман мухбири “Народная газета” рафиқ Юсупов Хулқор нишаста буд. Гуфтам, Мабатшо, ин ҳуҷҷатро набояд чоп кард. Ту гуфтӣ, чаро? Ман гуфтам, ки масъаларо дар баландтарин сатҳ ҳамоҳанг кардам, бо Якум. Хуб. Занг задам ба Кузмин (сардабири “Народная газета” — С.А.). Вай аз шумора гирифт. Ба рӯзномаи ӯзбакӣ занг задам, ба матбаа, онҳо гирифтанд. Ба телевизион, ба радио. Баъд боз ба шумо баргаштам, боз гуфтам, ки Мабатшо, ин корро набояд кард. Бо вуҷуди ин шумо аз иҷрои дастури ҷонишини аввали мудири шӯъбаи идеологии КМ сарпечӣ кардед. Чаро?” (Дар зимн ин шӯъба ба сари рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик монанди Сотим Улуғзода, Бӯринисо Бердиева, Ғаффор Мирзо, Ҷумъа Одина, Бозор Собир ва дигарон бадбахтиҳои зиёде оварда, қариб ҳамаи кормандони он бо тамоми нерӯ ба маҳви забон, фарҳанг ва дини мардуми тоҷик ҷидол кардаанд, ки қиссааш ҷудост– С.А.)

“М. Муҳаббатшоев: Ин масъалаи аслӣ нест. Радио пахш карда буд.

М. Худоиев: Радио баъд пахш кард. Телевизион ҳам баъдан хабар дод. (Зимнан, дар намоиши телевизионии нимишабӣ ин хабарро худи Қаҳҳор Маҳкамов изҳор дошта буд.)

М. Муҳаббатшоев: Мурод Назарович, аввалан, одам бояд ростгӯ бошад. Шумо дар ин ҷо аз аввал то охир дурӯғ гуфтед. Вақте ман ба шумо занг задам ва гуфтам, ки ҳамин хел протокол омадааст дар бораи истеъфо, шумо гуфтед, ки чизе намедонед, муайян мекунед ва ба ман занг мезанед. […] Шумо бо Каримов Т.Б., ҷонишини мудири шӯъбаи ташкилӣ гуфтугӯ кардед ва ба ман гуфтед, дуруст, маълум мешавад, ки чунин протокол будааст ва Қаҳҳор Маҳкамович гуфтааст, ки он бояд дар шакли пурраш нашр шавад. Ман гуфтам, ки ба чунин шакл нашр кардан дуруст нест, бояд мазмунан нашр шавад. Шумо гуфтед, не-не-не, чӣ хеле ки ҳаст, ҳамин хел бояд нашр кард. Баъд, пас аз 15 дақиқа шумо ба ман занг задед ва гуфтед, набояд ягон чиз нашр шавад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр буд, шумо пас аз 15 дақиқа чопро манъ кардед. […] Савум, баъ аз он ки “Маяк” (радиои асосии шабонарӯзии шӯравӣ — С.А.) хабар дод, рафиқ Долгушкин (намояндаи КМ ҲКИШ аз Маскав — С.А.) ҳангоме ки дар маркази хабарӣ ҷаласа дошт, ин соати 16 буд, вай дар он ҷо гуфт, ки “Маяк” аллакай дар бораи истеъфо хабар дод. Баъд аз Радиои Тоҷикистон хабар дод, Телевизиони тоҷик хабар дод, мо аз хабари телевизион иқтибос кардем, аз ончӣ ки Қаҳҳор Маҳкамович дар телевизион гуфт. Дар ин бора дар рӯзнома ошкору фаҳмо навишта шудааст. Яъне мо чизеро навиштем, ки дар амал рӯй медод.”

Барои чунин иқтибоси дароз аз рӯнавишти ҷаласаи коммунистон дар рӯзи 3 марти соли 1990 бахшиш мехоҳам, ҳадафам ин аст, ки насли ҷавон худ қазоват кунад, чӣ қадар матбуот тобеи раёсати ҳизбӣ буд. Дар идомаи он ҳамлаи беадабона ва иғвогаронаи мансабдорони ҳизбӣ монанди Г. Г. Веселков, В.П. Височин, А. А. Костиря, Рафиқа Мӯсоева ва дигаронро хондан мумкин аст, ки ҳадафи пурсишҳои тавҳионмезашон танҳо саркӯб кардану шикастаи Мазҳабшои Муҳаббатшост. Система ба ҷунбиш омад ва нагузошт сарварони бесалоҳияташ, ки хуни ноҳақ рехтанд, аз курсиҳо барканор шаванд.

Сардабир ва кормандонаш вазифаи касбии худро иҷро карданд ва ба мардум хабар доданд, ки се раҳбари ҷумҳурӣ мехоҳанд, аз вазифа канор раванд. Вале коммунистон маҳз масъалаи нашру пахши ин хабарро доғ карданд, то таваҷҷуҳро ба самти дигар кашонанд. Ҳамин тавр рафтори Бӯрӣ Каримов, Нур Табаров ва Абдулло Ҳабибов барои он зери заррабин рафт ва доду фарёди коммунистонро ба бор овард, то касе напурсад, ки масъалаи истеъфо чӣ шуд ва фармони куштани тазоҳуркунандагонро кӣ дод?

Ин нуқтаи авҷи ҷанги Мазҳабшои Муҳаббатшо бо Система буд. Имрӯз ба гуфтан осон аст, ки ӯ мебоист, аз тасмими худ ҳамчун сардабир то охир дифоъ мекард, чун воқеан аз зовияи касбӣ тасмими комилан дуруст ва қонунӣ буд. Вале система, вақте ки барояш даркор аст, қонун ва қоидаҳои худро низ рад мекунад ва инсонҳоро дар ҳолати дифоӣ мегузорад.

Бовар дорам, устод Мазҳабшо аз ихроҷи кормандони худ солҳо азоби виждон кашидааст ва ин мавзӯъ барояш дарднок будааст, ҳарчанд дар ҷое дар ин бора изҳори назар накард. Аммо аз он ҷаласаҳо то чанд соли дигар коммунистон ҳамларо ба ӯ идома доданд ва ҳатто афродеро аз дохили идора ба он сафарбар карданд, то зидди сардабири худ тӯҳматномаҳо нависанд ва ҳар куҷо нашр кунанд.

Агар шумораҳои ин давраи “Ҷумҳурият”-ро варақ занем, мебинем, ки устод Мазҳабшо алами худро аз кор мегирифт. Бо вуҷуди фишорҳо ӯ танҳо сардабире буд, ки нахустин тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро ба нашр расонд. Муаллифи тарҳ, раҳбари Созмони мардумии “Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор гуфта буд: “Ин санадро таҳия кардем ва ба рӯзномаҳо пешниҳод кардем, вале мутаассифона аксарашон қабул накарданд, фақат муаллими мӯҳтарам, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки он замон сардабири нашрияи расмии «Ҷумҳурият» буданд, пазируфтанду чоп карданд, мунтаҳо бахши интиқодии он ҳазф шуд ва бахши дувумаш чоп шуд. Баъдтар, ки ҷаласаи Шурои Олӣ баргузор шуд, дар он ҷо ҳар ду нусхаи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон мавриди баррасии намояндаҳо қарор гирифт.”

Вақте гирдиҳамоиҳо шурӯъ шуданд, “Ҷумҳурият” дар бораи онҳо асосан бетарафона гузориш медод, вале шояд душвор буд дар бархе аз матолиб мавзеъгирии муаллифони муайян роҳ наёбад. Хотираи латифамонанде аз рӯзҳо ба ёдгор аст, ки дар “Чароғи рӯз” нашр шуда буд. Хабарнигори “Ҷумҳурият” гузоришашро дар бораи митингҳо ба назди сардабир мебарад ва мехоҳад, шарҳ диҳад ё шояд аз навиштаи худ ҳимоят кунад. Устод Мазҳабшо, радио дар гӯшаш, ба мухбир мегӯяд, хомӯш биист, бубинам Би-би-сӣ аз майдонҳои Душанбе чӣ мегӯяд.” Иттифоқан, сардабир гузориши хабарнигорони худро бо хабарҳои радиоҳои хориҷӣ, аз ҷумла “Озодӣ” мутавозин мекард.

Устод Мазҳабшо кори худро то соли 1996 идома дод, ҳарчанд дар соли 1992 ва оғози 1993 ба иллати таъқибу куштори бадахшониён дар Душанбе шаҳрро тарк намуд, муддате дар водии Зарафшон ва дертар Самарқанд ба сар бурд. Соли 1996 бо баҳонаи тағйири моликони “Ҷумҳурият” ӯ аз вазифаи сардабирӣ маҳрум гашт. Оё ин ҳамоно интиқоми Система буд ё на, рушан нест.

Қалам

Бозгашти худро ба сафи рӯзноманигорони қаторӣ устод Мазҳабшо бе андӯҳ, ҳатто бо хушнудӣ пазируфт. Вай акнун мақолаву таҳлил менавишт, дар кори Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ширкат меварзид, фаъолияти Бунёди забонро равнақ медод ва аз тариқи созмони ғайридавлатии Интернюз ба пахши намоишҳои телевизионӣ ва парвариши рӯзноманигорони ҷавон машғул буд. Чун ҳамеша нигоҳи тези ӯ холигоҳҳоро медид ва зеҳни сарварӣ барояш роҳи пур кардани онҳоро нишон медод.

Дар ин гуфтумони таърихияш бо Хуршеди Атовулло ӯ мегӯяд: “Ба журналистика баргаштанам барои он аст, ки ҳамроҳ бо ҳамкорони ҷавон бигӯем: бо забони тоҷикӣ ҳам рӯзномаи гуногунандеширо баровардан мумкин аст.” “Имрӯз, ки сензура надорем, пирон аз озодандешӣ метарсанду ҷавонон таҷриба надоранд. Аммо офтоби ҷавонон баромадааст. Ба дунболи он раванд.” Аз ин нигоҳ худи ӯ яке аз он офтобҳое шуд, ки роҳи ҷавононро рӯшан кард ва ҳам барояшон ҷасоратро ёд дод.

Вай ошкоро изҳори нигаронӣ мекард, ки давлат дар баробари матбуот акнун “гӯши шунаво” надорад ва “хушомадгӯён бадтарин намунаҳои сензураи тоталитариро рӯи кор оварданд.” Ҳангоме ки нашриёти “Шарқи Озод” аз чопи ҳафтаномаи “Рӯзи нав” сарпечӣ кард, садои устод Мазҳабшо баланд шуд: “Имрӯз “Рӯзи нав”-ро матбааи “Шарқи озод” чоп кардан намехоҳад, ки ин комилан хилофи қонун аст. Ин барои ман боз аз он лиҳоз дарднок аст, ки ҳамин “Шарқи Озод” бо пули нашрияҳои замони шуравӣ сохта шудааст. Ҳизби Коммунист ҳам ин нашриётро аз пули мо коркунони матбуот сохт. Мутаассифона, имрӯз мебинем, ин нашриёт ба гуногунандешӣ ба интишори нашрияҳо ва рӯзномаҳое, ки тамоюли гуногун доранд, монеъ мешавад ва ин бисёр хатарнок аст.”

Мақолаи ӯ дар ҳимоят аз рӯзноманигори ҷасур, муаллифи матлаби “Раҳмонов кист?” Мавлуда Султонзода, ки соли 2004 нашр шуда, дар интернет дастрас аст, гӯё ҳамин дирӯз рӯйи сафҳа рехтааст. Ҳанӯз он замон Мазҳабшо Муҳаббатшо имрӯзи кишвар ва “рӯзноманигорӣ”- и соли 2017-ро пешгӯӣ кардааст. Ҷолиб аст, ки номаи ӯ посух ба “Ҷумҳурият” ва сардабири “Садои мардум” Бобоҷон Абдулвоҳидов аст. Ва ҳам баёнгари зовияи нигоҳи як рӯзноманигор ва як сардабири асил.

Дастикам ду чиз навиштаҳои Мазҳабшо Муҳаббатшоро дар сафи вижа қарор медиҳад. Яке — забони шево ва рӯшану дақиқ, дувумӣ – таҳлил бар пояи мантиқ ва далоил. Тақрибан дар ҳамаи навиштаҳои муҳимаш аз баёни мавзеъгирияш худдорӣ накардааст ва ин ҳолат ӯро бештар ба шореҳ табдил медиҳад. Дар як пажуҳиши илмӣ омадааст, ки “тақрибан ҳамаи матолиби дар солҳои 2001-02 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашркардаи Мазҳабшои Муҳаббатшо шарҳи сиёсиянд”.

Ҳамчун парвардаи мактаби ҳизбии рӯзноманигорӣ ва донандаи хуби осори классикони марксизм ленинизм, Мазҳабшо, зоҳиран пайрави ин гуфтаи В. И. Ленин буд, ки “дар бораи бадиҳо намешавад бе хашм навишт”. Вале дар даврони кораш дар мақоми ҷонишини сармуҳаррири “Адабиёт ва санъат” устод ба мо, кормандонаш таъкид мекард, ки рӯзноманигорӣ набояд оғушта ба эҳсосот бошад. Чунин навиштаҳоро ӯ бераҳмона пас мегардонд. “Албатта, эҳсосот барои расондани паём муҳим аст, вале набояд танҳо ба он такия кард. Беҳтарин рӯзноманигор онест, ки таносуби эҳсосоту ақлро пайдо мекунад ва шакару намакро аз ҳад намегузаронад,” — мегуфт ӯ.

Чунин таносубро мо дар навиштаҳои худаш медидем ва яке аз беҳтарин намунаҳои он  номаи бози ӯ ба Бозор Собир аст. Ҳарчанд дар он аз тавсифҳои тезутунд худдорӣ накардааст, аммо далелҳои муаллиф мисли санги хоро сахту устуворанд ва зиндагӣ дурустии пешбиниҳои устод Мазҳабшоро нишон дод. Аммо нома на танҳо ба дӯсти ҷавонияш аст, балки ба ҳазорон нафари дигар ва зимни андарзи “духтарам, ба ту мегӯям, арӯсам бишунав” нигошта шудааст.

Дареғу дард, ки муаллиф ба куҷо кашида шудани фитнаеро, ки дар борааш навишта буд, надид. Пири матбуоти тоҷик дар сол 2004 дар сини 67-солагӣ моро тарк кард. Рафт, вале бо мо монд ва пас аз мо ҳам хоҳад монд. Чун суханваре буд, ки ниҳоят дар муҳорибаи шахсияш бо система рақиби худро шикаст дод.

Намешавад ба бедордилоне сипос нагузошт, ки соли 2010 Ҷоизаи ба номи устод Мазҳабшо Муҳаббатшоро таъсис доданд. “Барои ҷасорати журналистӣ”! Онҳое сазовори ин ҷоиза накӯномӣ мешаванд, ки мисли худи ӯ зидди воқеияти ноҷӯр ва ноодилона қад алам мекунанд ва пинҳонҳоро ошкору ҳақиқатро парчам.

Дар ёди ман он марди меҳрубони ҳиндусимо ҷовидона мемонад, ки бо лабханди малеҳу самимона ҳарфи дилрас мегӯяд. Дар ёддоште хондам, ки устод дар бачагияш, дар театри мактаб хондани таронаҳои ҳиндиро дӯст медошт, худро мисли Раҷ Капур меорост ва суруди “Овораам”-ро зебо замзама мекард. Ӯ овора набуд. Онҳо овораанд, ки хостанд, ӯро бишкананд ва беҳуда бо ӯ ҷангиданд. Оворагони абад!

Advertisements

14.02.2018 - Posted by | Инсон, Матбуот, Озодии сухан, Сарнавишт, Ҳолнома, Ҷомеа

1 Comment »

  1. Ташаккури зиёд барои маколаи хеле оли.

    Comment by Adash Istad | 17.02.2018 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: