Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Латифӣ ва бозиҳои паси парда

Вақте ки Отахон Латифӣ аз мақоми ноиби сарвазир истеъфо дод, гуфт, аммо аз сарварии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон канор нахоҳад рафт, балки акнун бо талоши бештар ба тақвияти ин созмон ва рушди матбуоти кишвар машғул хоҳад гашт. Ӯ аз вазифаи баланди давлатӣ ба осонӣ даст кашид, аммо касби якумрии худ ва ҳампешагону ҷавонони рӯноманигор ва озодии матбуотро он гуна дӯст медошт, ки ҳаёти хешро бидуни онҳо тасаввур карда наметавонист.

Бисёр мехост, Муҷтамаи рӯзномаву маҷаллаи “Шарқи озод”-ро ба моли журналистон табдил диҳад ва мегуфт, тарҳеро дар ин бора ба ҳукумат пешниҳод кардааст ва ин нашриёт ҳаққи ҳалоли рӯноманигорон аст, чун на аз буҷаи давлат ё ҳизб, балки аз даромади рӯзномаву маҷаллаҳо сохта шудааст. Мегуфт, бе матбааи озод матбуоти озод номумкин аст.

Бар ин буд, ки ҳарчанд Шӯравӣ фурӯ пошидааст, рӯзноманигорони қаламрави он бояд иттиҳоди худро ҳифз кунанд, зеро он метавонад, дар ҳама ҳолат ҳомии онҳо бошад ва рушди соҳаро фароҳам орад.

Як бинои алоҳидаи дуқабатаро дар маркази шаҳр моли иттиҳод карда буд ва раёсати он якҷо бо ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Сухан” дар ин бино менишастанд. “Фотохроникаи ТАСС”ро низ ба моликияти иттиҳод табдил дод ва дар хидмати журналистони кишвар гузошт. Аз ҳукумат барои иттиҳод ду автомобили “Волга” канонд ва ғайра.

Орзуҳои зиёд дошт, вале дар анҷумани Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли 1991 ғайриинтизор аз мақоми раҳбарии ин созмон барканор карда шуд. Ин шояд бадтарин анҷумани созмони собиқадор буд, ки нисбати раҳбари худ ноҳаққӣ ва ноҷавонмардии бузурге нишон дод. Отахон Латифӣ танҳо замоне ба сӯиқасд ва табаддулот пай бурд, ки ҷаласа ба нимаи худ расида буд ва мебоист, номзади раёсатро интихоб мекард.

Ман, ҳамчун узви ин иттиҳод, гоҳе ба дафтари он меомадам ва ҳис карда будам, ки зери ниқоби “омодагӣ ба анҷуман” корҳои аҷибу ғарибе ҷараён дошт. Бархе аз дӯстонам аз вилояту ноҳияҳо хабар дода буданд, ки дар интихоби вакилони анҷуман бозиҳои пасипардагӣ ба авҷ расидаанд ва асосан онҳое вакил мешаванд, ки зидди Латифӣ бошанд. Чанд рӯз пеш аз анҷуман аз созмондиҳандагон пурсидам, ки барномаи анҷуман ба чӣ шакл аст, аз ман пинҳон доштанд.

Вақте шубҳаҳои худро бо устод Латифӣ дар миён гузоштам, ба ман хандиданд ва гуфтанд ба ҷонишини худ Ҳаёт Давлатов эътимоди комил доранд. Устод аз ҳад зиёд некандеш буданд ва ҳамаро мисли худ гумон мекарданд.

Шаби пеш аз анҷуман аз як дӯстам, ки бештар тасодуфан вакил шуда буд, шунидам, ки пагоҳ табаддулот сурат хоҳад гирифт. Ба устод занг задам. Боз ҳамон хандаи тифлона. Маро “паникер”, воҳимагар, номиданд.

Ин анҷуман набуд, масхара буд. Ба қаҳрамони асосии он қойил шудам, ки дар рӯяш чарм кашидаву дар мазҳари ом бозии худро пеш мебурд. Бар замми он ки барои раиси худ ҳисоботи хасакӣ ва шармсоркунандае омода карда буд, ошкоро зидди ӯ баромад ва гуфт, “хватит нашему союзу иметь в руководстве свадебного генерала». Ин шиори ӯ дар толор ҳамовозии зиёд меёфт ва Отахон Латифӣ дар минбар ҳайратзада ба чашм мехӯрд.

Дар ҳамин пайт буд, ки ба толор раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев ворид шуд ва дар раёсат нишаст. Ӯ яке аз коргардонҳои пасипардагии ин анҷуман буд ва аз сару сураташ нафрати бузурге ба самти Латифӣ мавҷ мезад.

Баррасии маърӯзаи ҳисоботӣ сар шуд ва нишон дод, ки спектакл аз рӯйи намоишнома пеш меравад. Ба онҳое сухан дода мешуд, ки на мушкилоти журналистон, на фаъолияти ИЖТ, на роҳу рӯйи оянда, балки танҳо ва танҳо раиси созмон Отахон Латифиро қазоват ва интиқод мекарданд.

Вақте ки сухан аз номзад ба раёсати иттиҳод рафт, як нафар аз ҷояш фиғон баровард: “Шумо баъди ҳамин қадар гапҳо боз раисӣ мекунам мегуйид -мӣ?” Дафъатан вакили дигари дастомӯз Владимир Мартиненко аз ҷояш парида, ба минбар расид ва ба Латифӣ суруди хайрбод хонд: “Разрешите,от имены присутствующих выразить благодарность товарищу Отахону Латифи за плодотворную деятельность во главе СЖТ”. Ин ду иқтибосро дирӯз аз як вакили ин анҷуман шунидам, ки оре, бадбахтона, ҳарчанд ман ҳам он ҷо будам, аз ёдам рафтаанд.

Ин лаҳза устод Латифӣ бо ишора маро даъват карданд. Вақте наздашон рафтам, гуфтанд, номзадиятро мемонем. Гуфтам, омодагие надорам, барномае фикр накардаам. Ӯ ва касоне мисли ман, ки тарафдораш будем, ҳамагӣ дар ҳолати асабонияти сахт қарор доштем. Ман яке аз журналистони беҳтарин телевизион Саёҳат Неъматоваро пешниҳод кардм, устод гуфтанд, ӯ узви раёсат нест.

Росту дурӯғ ва каҷу килеб се номзад шудем. Тамоми нерӯямро ба кор андохтам ва аз минбар барномаеро бадоҳатан пешниҳод кардам. Дар толор чанд нафаре буданд, ки аз ман ҳимоят мекарданд. Вале тарҳеро, ки ҳафтаҳо омода гашта буд, дар чанд лаҳза шикастан имкон надошт. Номзади мавриди назар пирӯз гашт ва Латифӣ барканор. Дар чеҳраи тираи Сафаралӣ Кенҷаев табассум шукуфт. Ӯ, ки даҳ рӯз пеш ба курсӣ расида буд, бо тамоми самимият ва истифодаи ҳамаи захираи луғавияш Ҳаёт Давлатовро муборакбод кард ва ҳатто ӯро “бародарам” номид.

Баъдҳо чӣ шуду чӣ гузашт, шояд ҳамагон медонанд. Аз тарафи дигар, шояд кори Худо буд, ки Латифӣ аз ин мақом барканор шуданд ва банда ҳам ба он нарасид. Агар ин масъулият дар дӯши мо мебуд, ӯҳдадор будем, ки дар ҳеч ҳолат кишварро тарк накунем ва Латифӣ ба Эрону банда ба Русия наравем. Он гоҳ чӣ мешуд, гуфтан душвор аст.
Аммо манзур на ин аст, балки дархост аз дӯстон, ки агар дар он анҷуман буданд, хотираҳои худро ин ҷо бинависанд ва як сафҳаи торик рӯшан шавад, чун ҳарчӣ ҳаст, таърихи иттиҳоди мост. Ва 18 март зодрӯзи устод Отахон Латифист.

Advertisements

18.03.2018 - Posted by | Ватан, Инсон, Латифӣ, Матбуот, Сиёсат, Таҷриба, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: