Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ранг барои вожаҳо

Шеваи навишти худро шикастам ва барои худ сабки наве сохтам, ки дар он воқеа андаруни мағзи қаҳрамон ва гӯё дар фазои паҳлуӣ ё мутавозӣ рӯй медиҳад, аммо ҳарду фазо чун кӯзае андар кӯзаанд ё кадучае андар каду. Шояд дар адабиёт чизи наве нест, вале барои ман таҷрубаи нав ва ҳаяҷонбахш аст. Аввал онро дар “Фонуси ёд” озмудам ва ҳоло ҳикояи навам “Ранг барои вожаҳо” низ ҳамин гуна аст.

Он гиромидошти ёди ҳазорон нафар аз масчоиён аст, ки ҳангоми кӯчонданашон аз кӯҳистони сарсабз ба биёбон ҷон бохтаанд ва ҳам эҳдо ба равони як нависандаи бузурги ҷавонмарг ва ҳамаи қурбониёни муҳоҷирати мардум аз кӯҳистони Яғнобу Ғарму Кӯлобу Бадахшон ба даштҳои водии Вахш бахшида мешавад.

Ранг барои вожаҳо

(Ҳикоя)

“Гӯрканҳо аз гӯрковӣ безор шудаанд, ҳаво бисёр сард ва ҳар рӯз боди сахте мевазаду гӯшу биниро мебарад (мардум онро “хӯрабод” меноманд), ашк дар рухсораҳо ях мебандад ва панҷаи гӯрковҳо ба дастаи белу каланд мечаспад.”

Ин ҷумларо ба дафтарчааш, ки сари зону фишурда буд, навишт ва боз ба дар нигарист. Аз Мирзоҳамдам нишоне набуд. “Дер мекунад, лекин”, гузашт аз дилаш. Гумон аст, ки ба дасти касе додани як нома ин қадар вақт гирад.

Ба соати сари кӯча нигарист. Панҷ дақиқа монда то нимирӯзӣ. Наздики ду соат буд, ки Мирзоҳамдам берун намеомад ва Аристо, ки дар хараки канори даромадгоҳ мунтазири ӯ нишастааст, то рафт ошуфтатар мешавад. Мӯйҳои парешонашро бо панҷаи даст шона мезад ва гӯё бо ин ҳаракат гуфтаҳои Мирзоҳамдамро дар зеҳнаш ба тартиб меоварду кӯтоҳ-кӯтоҳ ба дафтарчааш менавишт. Ҷумлаи охир пурсишеро пеш овард.  Пас, ҳоло дигар мардум ба дасту рӯйи худ солярка намесобанд, то аз селаи хомӯшакҳои хунмак наҷот ёбанд, чун ҳавои сард пашшаҳои шабро меронад? Фикр кард, ки инро бояд аз Мирзоҳамдам бипурсад.

Дилаш танг мешуд, ки чаро то ҳоло Мирзоҳамдам набаромадааст. Даромад, ки зуд як номаро бисупораду барояд, аммо даракаш нест. Шояд баромаду ӯро надид ва рафт? Аристо худро накӯҳиш кард, ки саргарми навиштан шуд ва мумкин аст, баромадани Мирзоҳамдамро пай набурду воҳишт. Беҳуда машғули навиштани нақлҳои ӯ ба дафтарчааш шуд, ин корро метавонист, дертар ҳам бикунад, лек бим хӯрд, ки суханони обдори ӯ аз ёдаш хоҳанд рафт.

Агар Мирзоҳамдам берун шуда бошад, чаро назди ӯ наомад, чун имкон надошт, Аристоро набинад, ки дар харак нишастааст ва ҳар лаҳза ба дар менигарад. Ҳатман андарун аст ва шояд номаи овардааш даҳони халтаи баҳсеро боз кардаву сабаби таъхираш гашта. Идоранишинон пак-паки беҳударо дӯст медоранд, чун машаққати вақтгузарониро барояшон осон мекунад.

Аристо аз ҷой бархост, дафтарча ва қаламашро ба бағалкисаи пиҷакаш гузошт ва дохили бино рафт. Дар тарафи рости даромадгоҳ дарбони солхӯрдае нишаста буд.

— Салом, амак!

— Салому алайк, писар, чӣ хидмат?

— Дӯстам, як ҷавони тануманд, мӯйи пеши сараш сафед, дар дасташ як лифофа, ин ҷо даромада буд. Ду соат шуд, даракаш нест. Дар кадом кабинет бошад?

— Сараш сафед? Ин тур одаме ин ҷо наомадааст.

Аристо озмоишкорона ба дарбон нигарист, ки оё каси боҳушу зирак аст ё мисли дарбонҳои дигар паси пештахта нишаставу кроссворд ҳал мекунанд ва хабаре аз давру бари худ надоранд?

Марде аз дарунтари бино пеш омад ва пурсид, ки Аристо чӣ мехоҳад. Бо шунидани қазия ба дарбон нигарист ва дастур дод, дафтари қайдҳоро бубинад, чун касе, ки вориди ин идора мешавад, номаш дар он дафтар сабт мегардад.

Дарбон сар ба дафтар фурӯ бурд ва нимғурма пурсид:

— Як бори дигар гӯед, исми фомилашон чӣ буд?

— Рофиев.

Дарбон ба Аристо нигарист ва бо нуги забонаш “чуқ” кард. Мард паҳлуяш рафт ва ӯ ҳам ба дафтар хам шуд.

Номи Мирзоҳамдам он ҷо набуд.

— Ҳеч имкон надорад. Мо аз меҳмонхонаи “Вахш” ҳамроҳ то ин ҷо омадем ва ӯ дар роҳ аз вазъи бади мардуми Масчо дар Дилварзӣ ҳикоят мекард ва ин ҷо даромад, то мактуби онҳоро бароятон диҳад. Гуфт, зуд мебарояд. Куҷо шуд ӯ? Сиҳату саломат бошад?

— Бародар, ба ин ҷо аз субҳ то ҳоло се нафар даромадаанд, ки номашон дар ин дафтар ҳаст, — гуфт мард ва дафтари пеши дарбонро дар сафҳаи бозаш боло бардошту ба Аристо нишон дод. — Одаме, ки шумо мегӯед, имрӯз ба ин идора надаромадааст!

— Масхара! Шумо маро масхара мекунед! Боз мегӯям, мо ҳамроҳ ба ин ҷо омадем. Ман дар берун истодам. Рӯйи харак нишаста будам ва каме машғули корҳои худам шудам, шояд баромаду ӯро надидам ва ӯ маро надид ё мумкин то ҳоло дар кадоме аз ин кабинетҳо бошад.

Акнун мард ба Аристо озмоишгарона менигарист. Вай лаҳзае сокит ҳамин гуна ба сар то пойи Аристо чашм давонд ва гуфт:

— Бародар. Ин ҷо мардум кор мекунанд. Касе бекор нест. Агар он шахс дӯстатон бошад, ҳатман  ӯро хоҳед ёфт, аммо ба ин ҷо надаромадааст.

Мард ба дарбон рӯй овард ва сарду башиддат гуфт:

— Магар касе омадааст, ки ту номашро нанавишта бошӣ?

— На, касе ки омад, номашро навиштам ва имзояшро гирифтам.

Аристо дигар ба нигоҳи мард, ки ҳарчи бештар писхандомезтар мешуд, тоб наовард ва ташаккур гуфту пас гашт.

Аз сари зинапояи даромадгоҳ боғи Театри Айнӣ ба назараш на сабз, балки тирагун тобид. Дигарбора ба харак нишаст ва тасмим гирифт, то Мирзоҳамдам набарояд, аз ин ҷо нахоҳад рафт. Имкон надорад, ки дӯсташ ӯро ин ҷо вогузоштаву тамоман нопадид шуда бошад. Ҳатман дар кадоме аз кабинетҳои ин мансабдорон аст ва ҳатман берун хоҳад омад.

Соати бурҷи тарабхонаи “Помир” 13:20 -ро нишон медод. Соати ёздаҳу даҳ дақиқа Мирзоҳамдам ба ин идора даромад, то номаеро ба намояндаи он супораду зуд барояд ва ҳарду ба ҷое рафта, чошт бихӯранд ва суҳбати нотамомро идома диҳанд.

Баъд фикр кард, нашояд ин бино даре аз пас ё паҳлу дошта бошад ва дӯсташ, ки бори аввал ба ин шаҳр омадааст, раҳгум задаву аз дари дигаре баромадааст ва ҳоло сарсону саргардон дар кӯчаи дигар Аристоро меҷӯяд? Дилаш фишурда шуд. Бархост ва гирди биноро гашт. Дари дигаре надошт ин бино.

Ба харак нишаст ва ангошт, номаи ҳамдиёрони Мирзоҳамдам, ки ӯ имрӯз ба идораи обу замин овард, мояи баҳсҳои дароз шуда, ё шояд аз вай хостаанд, вазъи Дилварзиро барояшон мӯ ба мӯ, ҳамон гунае, ки раҳораҳ, то ин ҷо, ба Аристо гуфта буд, ҳикоят кунад? Нохост ба зеҳнаш омад, ки аз Мирзоҳамдам андешаҳои Аристоро дар ин бора пурсидаанд! Хостаанд, бидонанд, ки Аристо чӣ навиштанист, чӣ чизҳоро пурсид, чӣ дидгоҳе дорад ва чаро нохуш аст? Аз ин хаёли ногаҳоние, ки мисли сӯзан ба дили Аристо халид ва рагҳои гарданаш кашиш хӯрданду ба дард омаданд, оташе андарунаш мавҷ зад ва аз сар то ба пояш забона андохту мисли барқе аз пошнаҳои фарсудаи пойабзораш ба муми роҳрав фурӯ рафт. Ин ҳадси хубе набуд. Зуд худро бовар дод, ки Мирзоҳамдам марди қавист ва агар чунин суол шуда бошад, мушт ба миз мекӯбаду дарро бо лагад мезанаду берун меояд. Ва ба онҳо туф мекунад! “Марди баномус аст ӯ”, — гузашт аз дилаш, аммо ҳис кард, парандаи ношиноси сиёҳе аз шохсори дарахтони боғ ба парвоз омад ва гирди сари ӯ мечархаду мехоҳад, ба тахтапушташ нишинад.

Филҳол боло, ба осмон нигарист ва ҳис кард, рагҳои гарданаш роҳате ёфтанд. Ҳамин тавр лаҳзае истод. Паранда рафта буд.

Оҳ кашид ва боз ба дар нигарист. Аз дӯсташ нишоне нест.

Мирзоҳамдам бори аввал ба пойтахт омадааст, аммо ошноӣ ва дӯстии Аристо бо ӯ ҳанӯз як сол пеш дар Дилварзӣ сар шуд ва Аристо бар ин буд, ки ӯро хуб мешиносад. Онҳо худ ба худ, якбора бо ҳам дӯст шуданд. Аристо ба он ҷо сафар карда буд, то дар бораи корнамоии муҳоҷирон роман нависад, саҳеҳтараш барои навиштани чунин роман, ки фармоиши “боло” буд, мавод гирд оварад…

Аристо якқад парид ва нафаҳмид, бо чӣ ҷаҳише аз харак бархостааст. Дуруст аст, ки Мирзоҳамдам бори нахуст ба пойтахт омад, аммо чӣ гуна ӯ Аристоро пайдо кард? Чӣ тавр Аристо аз омадани ӯ огоҳ шуд ва барои диданаш ба меҳмонсарои “Вахш” сар зад? Ин чиз барои Аристо номаълум буд. Ҳарчанд мекӯшид, ба ёдаш намеомад, ки хабари омадани Мирзоҳамдамро аз кӣ шунидааст. Худи Аристо дар хобгоҳи Иттифоқи нависандагон зиндагӣ мекунад ва он ҷо телефон ҳам надорад. Чӣ сон Мирзоҳамдам Аристоро ёфт ва онҳо вохӯрданд, барои Аристо комилан торик буд.

***

Ҷавонзани зарринмӯйи рус, пазиргари меҳмонхонаи “Вахш”, хандонрӯ ва меҳрубон буд. Вай ҳарчанд нахуст пурсид, ки шумораи утоқи Мирзоҳамдам Рофиев чанд аст ва Аристо посух дод, ки намедонад, дафъатан даст афшонд ва гуфт, аҳаммият надорад, ҳоло мешавад, ӯро аз феҳрасти меҳмонон пайдо кард. Вай бо думи қаламе, ки дар дасташ буд, феҳристро аз боло то поён гӯё хатте мекашида бошад, гашт, ба абрӯвони нозукаш чин афтод, дубора ба саргаҳи феҳрист нигарист ва ин бор бо диққати бештар, гӯё ҳар яке аз номҳоро зери лаб хонд, сар бардошт ва гуфт:

— Бубахшед, вале он кас дар меҳмонхонаи мо нестанд. Шумо хато намекунед? Меҳмонатон дар “Вахш” зиндагӣ мекунанд? Шояд дар ягон меҳмонхонаи дигар бошанд?

— Не, комилан мутмаинам, чунки субҳи имрӯз ҳамин ҷо вохӯрдем ва ҳамроҳ ба як идора рафтем, баъд ман он касро гум кардам.

Бонуи малламӯй бори дигар ба феҳрист чашм давонд. Дар ҷое қаламаш бозистод ва дар дили Аристо хурсандие дурахшид, чун фикр кард, ниҳоят шумораи утоқи Мирзоҳамдам ёфт шуд.

— Ин ҷо Ҳоҷиев ҳаст, аз вилояти Ленинобод омадааст, аммо номаш Мирзосаид. Ғалат нашуда бошад? Медонед, баъзе одамон номашон дар аснод ба гунаи дигар аст.

Аристо дудила шуд. Лабханд зад, пушти сарашро хорид ва гуфт:

— Не, он кас Рофиев, Мирзоҳамдам.

— Пас, дӯстатон ин ҷо нестанд, ҳатман дар меҳмонхонаи дигаре истодаанд.

— Гӯш кунед, ман он касро ҳамин субҳ дар ҳамин ҷо вохӯрдам. Сипас мо ба тамошои шаҳр рафтем. Он кас бори аввал ба пойтахт омадаанд, шаҳрро намедонанд ва ман роҳбаладияшон кардам.

— Бубахшед, кумаке карда наметавонам.

Аристо музтар монд. Наход Мирзоҳамдам бо ӯ бозӣ мекарда бошад? Чизе нагуфт ва аз меҳмонхона баромад.

Ошуфта буд ва гуруснагӣ ба асабонияти ӯ меафзуд. Тасмим гирифт, чизе бихӯрад. Ба қаҳвахонаи назди театр даромад ва ҳамон дам худро ноҳинҷор ҳис кард, ки оё Мирзоҳамдам чӣ мехӯрда бошад ҳоло, чун ҳатман бояд гурусна шуда бошад. Вале куҷост ин бародар? Он ҷо нест, ин ҷо ҳам нест.

Паси миз нишаст, фармоиш дод ва оҳ кашид. Донист, ки дилаш сахт ба Мирзоҳамдам месӯзад. Бо ӯ шабе ошно шуд, ки шояд фоҷианоктарин шаби умри ин ҷавонмард буд. Шабе, ки аввал писарчаи чаҳорсолаи ӯ ва пас аз як соат модари солмандаш, яъне набера ва бибӣ, яке паси дигар фавтиданд ва дар мӯйи сиёҳу ғулии Мирзоҳамдам як панҷа мӯйи сафед дамид. Гуфтанд, ду рӯз пеш аз он духтарчаи шашсолаи тағояш ва кӯдаки яксолаи ҳамсояаш ва ҳам шавҳари аммааш ин дунёро тарк карданд ва ҷамъан се рӯзи охир дар деҳи онҳо ҳашт кас мурда буд. Дафни модар ва писарча ба дарозо кашид, чун тобут ба навбат буду мардуми ҳайрону ғамзада ҳар соат ҷаноза мехонданд, ба қабристон мерафтанд ва бармегаштанд, то аз нав ба қабристон раванд. Мирзоҳамдам мардона меистод, аммо Аристо ҳис мекард, ки ӯ мисли оташ аз дарун месӯзад. Намегирист, вале месӯхт.

Пешхидмат хӯроки Аристоро овард ва дар пешаш гузошт.

Имрӯз Мирзоҳамдам ҳикоят кард, ки маргумир ҳамон идома дорад. Агар аввал аз гармо мемурданд, ҳоло аз сармо мемиранд. Бештар солмандон ва хурдсолон. Барои шустани мурдаҳо об намерасад. Обро аз наздикии Тошканд меоранд ва он ҳам танҳо барои ошомидан. Вақте ки об нест, дарахт нест, гунҷишку мусича нест ва инсон набояд дар ҷое зиндагӣ кунад, ки дарахт намесабзад!

Аристо гӯш фаро дод. Занон фиғон мекашанд ва шевани онҳо ба осмони пурабр мепечаду пажвок медиҳад. Дашт ин вижагиро дорад, ки садо дар он мисли бод озод аст, садде дар роҳи худ надорад ва бо шӯридагие аз манзилҳо то қабристон мерасад. Ангор, мурдаҳо низ ин садоҳоро мешунаванд ва ба ҳоли зиндагон мегирянд! Оре, садои занон аз манзилҳо меояд. Кадом манзилҳо? Он ҷо манзиле нест. Оваҳ, хайма ва заминканҳо! Аз кӯчаҳое, ки ҳанӯз кӯча нашудаанд. Барои он ки онҳо кӯча шаванд, бояд дар ду тараф хонаҳо қомат кашанд ва дарахтон сабз гарданд. Ин мардумро аз кӯҳистони сарсабз ба биёбон оварданд ва дар хаймаву заминканҳо ҷой карданд. Бо ҳама бисоти зиндагиашон. Аҷаб, садо аз заминканҳо меояд, мисли ин ки аз зери ин қабрҳои қатор. Ин қадар одамро хоки лӯсу бесамари ин биёбон фурӯ бурд! Занон “балом” мехонданд.

“Э вой, падарам баломе, балом! Падари меҳрубонам, балом! Падари саъдихону бедилхонам, балом! Падари боғпарварам, балом! Боғҳоят дар Масчо бесоҳиб, хӯроки зоғу заған, балом! Ой, оби софи чашмаҳои ватанам, балом! Ой, ҳамамон мемурем дар ин дашти Карбало, балом! Кӯдаки чобуки хушсуханам, балом! Лифтикот монданд дар қадди Хобрӯд, балом! Ой, чӣ насибест моро рӯзи сиёҳу даҳони талх, балом!”

Касе ки дар мизи паҳлуӣ нишаста буд, бархосту пеш омад ва даст ба китфи Аристо гузошт.

— Чӣ шудааст, ака? Чаро менолӣ? Чаро ашк аз чашмонат ҷӯя шудааст?

Баъд он мард ба пешхидмати қаҳвахона рӯй меорад ва фарёд мезанад:

— Ба ин одам чӣ хӯроке додед? Як чумча хӯрду талх аст, мегӯяд! Инсоф доред? Ашкаш шашқатор шуд. Хӯрокатон чӣ дошт?

Андешае тунд аз зеҳни Аристо гузашт: “Заҳр!” Чандест, бар ин буд, ки ӯро куштан мехоҳанд, то ҳақиқатро нанависад. Ба шаст бархост ва аз қаҳвахона берун шуд. Он мард ҳамон чизе мегуфту даст мефишонд, аммо Аристо дигар ба ӯ коре надошт. Бошитоб худро ба кӯча зад.

Кӯчаҳои шаҳр беранг шудаанд. “Беранг? На, дақиқтар бигӯ, ту, ки медонӣ, ҳар мафҳумеро бо чи вожаҳое баён кунӣ. Оре, дурусташ ин аст, ки кӯчаҳои шаҳрро ғубор пӯшондааст. На, ғубор чист? Чангу дуд магар рангҳоро мебаранд? Онҳо ҳарире мекашанд ва ҳама чиро камранг мекунанд, аммо рангҳо мемонанд, танҳо камтар ба чашм намудор мешаванд. Он аввалӣ дуруст аст, ки атроф беранг шудааст. Ҳамаи рангҳо ба осмони дуре парвоз кардаанд бебозгашт. На, се ранг ҳаст. Сиёҳ, хокӣ ва сафед. Оҳ, магар сафед ҳам ҳаст? Оре, сафеде шабеҳи хокистарӣ, каме рӯшантар аз сиёҳӣ.”

Шигифтзада шуд, ки чаро ба рангҳо меандешад. Шукр, ки рассом нест, вагарна ин дунёро рӯйи тоблу оварда наметавонист. Вале сухан бояд ранг бошад. Аммо кадом ранг?

Магар ин субҳ бо Мирзоҳамдам аз ин кӯча намегузашт? Аристо ба ӯ шаҳрро нишон медод ва ҳикоят мекард, ки чӣ гуна дар ҷойи партовгоҳи шаҳр, макони сагу гурбаи велгард ва зоғу лошахӯрон боғе қомат афрохту дар марказаш бинои мисли абрҳои осмон сабуку бошукӯҳи Театри Айнӣ. Лаҳзаҳое пеш аз маконе бо ҳам мегузаштанд, ки пештар Махав-қишлоқ ном дошт ва аз кулбаву хаймаҳои ифлос иборат буд. Ҳоло он ҷо биноҳои баланд қад кашидаанд ва касе ёд ҳам намекунад, ки ин чӣ ҷое буд. Дасти инсон ин деҳаи фарсударо ба шаҳри зебо табдил дод ва ҳамин гуна Дилварзӣ низ аз биёбон ба гулистон бадал хоҳад гашт, зеро дасти инсон гул аст.

Вале Мирзоҳамдам бо ғазаб мегуфт: “Моро мисли оби Зарафшон гирифтанду ба биёбони лабташна пошиданд. Ҷонҳои одамиро мисли об ин ҷо рехтанд, то пахта бирӯяд. Бовар кун, Аристо, пахтае, ки хоҳад рӯйид, ҳар тору ғозаш аз хуни мардум хоҳад буд.”

Дар посух Аристо ӯро дилдорӣ мекард: “На, шуморо мисли донаҳои нодир ба ин замин киштанд, ки бирӯед ва ин сарзаминро пур кунед ва аз ин ҷо ба сарзаминҳои дигар равед. Ҳеч коре бе қурбонӣ намешавад. Дареғу дард, лек фаромӯш накунед, ҳизб ва давлат шуморо ба ин майдон барои қаҳрамонӣ овардаанд ва ҳам ин ҷо марз аст ва шумо марзбони ин сарзаминед!”

Аристо дар хиёбон мерафт ва ба ҳар чеҳрае хира мешуд. Миёни раҳгузарон марди деҳотиеро дид, ки пешопешаш мерафт. Қадамашро тезонд ва аз ӯ гузашту ба пас нигарист, то рӯяшро бинад. Мард шигифтзада шуд, вале пас аз лаҳзае табассум кард.

Як замон Аристо худ надонист, ки чӣ гуна аз нав ба идораи обу замин даромадааст ва аз гиребони дарбони пир гирифтаву ӯро такон медиҳад ва талаб мекунад, ки Мирзоҳамдамро барояш пайдо кунад. Марди дигар омадаву гиребони Аристоро гирифта буд…

***

Сафҳаи сафед дар пеши чашм, қалам дар даст нишаста буд ва зеҳнаш дар ҷустуҷӯи вожаҳо мегашт. Аммо вожае рӯйи сафҳа намеомад, чун нависанда ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ҷумлае буд, ки дил, ҷон ва саргузашт дошта бошад. Вожаҳое, ки саргузашт надоранд, ба чӣ дарде мехӯранд? Сафҳа ба чашмаш то рафт хиратар мешуд. Аз он ду чашми пур аз ҳузни Мирзоҳамдам намудор мегашт.

Аристо қаламро гузошт ва бархост. Назди тиреза рафт ва онро боз кард. Аҷиб буд, ки ҳавои шомгоҳ ноҷунбон аст ва аз шаббода хабаре нест. Шом сиёҳ аст ва сухан беранг. Ёдаш омад, дар коргоҳи шахсе буд, ки пештар суханаш бо рангҳои арғувонию сабзу норанҷӣ ҷило медод ва мисли нурҳои хуршед дилашро гарм мекард. Бо ин рангҳои тобон Аристо ба Дилварзӣ рафт, вале бо вожаҳои сиёҳу хокистарӣ баргашт. Ин бор сухани он шахс ранге надошт. Вақте ки калима ранг надорад, маънӣ ҳам нахоҳад дошт. Чизе гуфт ва чизе шунуфт, лек ранге дар миён набуд. Чун берун рафт ва каси дигаре назди он шахс даромад, ӯ, ки ҳанӯз дар долон буд, аз беруни дар суханонеро шунид, ки ранг доштанд.

“Ин Аристо буд?”, бо вожаҳои арғувонӣ пурсид он яке, ки вориди коргоҳи шахси мансабдор гашт. “Бале, худаш буд”. Боз ҳам берангӣ! “Ин қадар иваз шудааст!” Сиёҳвожаҳо. “Бале, чӣ балое задааст ӯро, чашмонаш сурху варамида, ҳолаш бисёр бад. Хеле афсурда аст.” Се вожаи сиёҳ, баршумурд Аристо: “бало”, “бад”, “афсурда”! Акнун вожаҳои хокистарӣ: “Чияш шуда бошад?” Боз хокистарӣ: “Намедонам, баъд аз он ки ба даштҳои Дилварзин рафт, тамом худашро аз даст дод.” “Ҳамин хел одами бузург ва боистеъдоду ояндадор! Романашро навишт?” Ин вожаҳо зарду норанҷӣ буданд, чун орзуи ширин, аммо дуреро ба ёди Аристо оварданд ва ангор, рангҳо ба ҳам омехтанд, калобае аз риштаҳои рангоранг пайдо шуд. Вале ҳавсалаи Аристо гирифта буд ва ӯ дигар чизе шунидан намехост. Кайҳо дар сари кӯча буд ва мерафту мерафт, ба касе нигоҳ намекард, танҳо ба он меандешид, ки вожаи “дӯст” бояд чи ранге дошта бошад. Ранги гандумии дастони Мирзоҳамдамро ёд мекард. Мерафт ва зери лаб мегуфт: “Як муғчаи умед ҳамаи дарду андӯҳро баҳам хоҳад зад, вале муғча чист, вақте худи дарахт нест? Ё дарахте  пуку пуда оё муғчае хоҳад дошт?”

Сари миз баргашт ва дид, ки коғазҳои рӯйи мизаш сиёҳанд. Ҳайрон монд, ки дар коғази сиёҳ ба чӣ ранге бояд навишт? Оре, ба ранги сафед. Ҳақиқат бояд ба ранги сафед навишта шавад! Онро ҳазорон, миллионҳо нафар хоҳанд хонд ва дӯст хоҳанд дошт, чун сафед паёми рӯшанист…

***

Зарбаҳо ба дар Аристоро аз хоб бедор кард. Касе ба дидани ӯ намеомад, пас ин кист, ки дарро мекӯбад? Бархост, рафт ва дарро боз кард. Шодии ӯро ҳадду канор набуд. Мирзоҳамдам аз дар даромад.

“Салом, дӯсти азизам! Куҷо шудӣ ту? Маро хеле ба изтироб овардӣ. Аслан оромиамро бурдӣ. Биё, хуш омадӣ!”

Мирзоҳамдам дасти холӣ наомада буд. Ду чизи сафедранге сари дастонаш дошт. “Харбуза! Дар ҳар дасте як харбуза! Магар кайҳо биёбонро обшор кардед ва ҳосил бардоштед? Харбузаҳое бо хуни ҷигар! Давлат аз шумо харбуза не, пунбадона мехоҳад. Барои ман овардед? Ҳадия овардед? Оваҳ, инҳо харбуза нестанд. Ду кӯдаки парпечӣ. Дар ҳар дасте як кӯдак! Аммо чаро парпечҳои сарбаста? Оваҳ, ин тифлон кафанпӯшанд. Яке шоири бузург ва дигаре нависандаи бузург, ки дигар абадан сатре нахоҳанд навишт! Дод! Дод!”

Ҳамсояаш дарро кӯфт: “Аристо! Касе пешат ҳаст?” “Оре, бобои Мирзоҳамдам ин ҷост! Ҳамдами ман ин ҷост!” “Шукр, хуш омадааст! Нашояд танҳо бошӣ. Ҳолат хуб нест. Нашояд танҳо бошӣ!”

Рафт. Қадамҳояш пажвоки ларзоне доданд дар долон.

“Вожаи “танҳоӣ” чӣ ранг дошта бошад?”

***

Одаташ ин буд, ки лаҳзаҳои дамидани субҳ сари миз нишинад ва сармасту бехуд бинависаду бинависад. Аз сафедиҳои бомдод нур бигирад ва рӯйи сафҳа резад. Бештару бештару бештар! То замоне ки ҷумлаҳо монанди нурҳои офтоб бидурахшанд.

Аз ҷайби пиҷак дафтарчаашро гирифт. Дилаш шукуфт, чун ба ёдаш омад, ки беҳтарин суханони Мирзоҳамдамро, фишурда ҳам бошад, ин ҷо навишта буд ва ҳоло мешавад, онҳоро монанди кокулони маҷнунбеди паси тиреза яке аз паси дигар боз кард ва бо ҳамаи рангу тобишу ҷилову шукӯҳ рӯйи сафҳа рехт. Дар ин лаҳзаи ширин танҳо як андеша ӯро нороҳат мекард, ки Мирзоҳамдам ҳоло куҷо ва ба чӣ ҳол бошад ва чӣ шуд, ки дирӯз ӯро дар шаҳри барояш наву ноошно танҳо гузошт, гум кард? Оё кӣ киро танҳо гузошт?

Нишаст ва дафтарчаро кушод. Кушод ва такон хӯрд. Сафҳаҳои дафтарча холӣ буданд. Як сатр ҳам надоштанд. Осемасор ҳамаи сафҳаҳоро гашт. Ҳама сафед. Хате ҳам нест. Шак овард, ки шояд дафтарчаи дигар ва навро ба даст гирифтааст. Бархост, ҷевонро кофт, дафтарчаҳои наваш ҳамагӣ он ҷо буданд. Ин дафтарча аз дастпармос куҳнаранг шудааст. Пас ҳамин буд, ки дирӯз бо худ мегардонд ва гуфтаҳои Мирзоҳамдамро дар он менавишт. Аммо ҳоло сатре надошт. Магар чизе нанавишта буд?

***

Ҷавонзани рус дарҳол ӯро шинохт. Бе ҳарфе дархосташро шунид ва феҳристи меҳмононро варақ зад ва посух дод:

— На, шаҳрванд, чунин касе ин ҷо утоқ нагирифтааст.

Аристо аз меҳмонхона баромад ва чанористонро убур карда, бо пиёдароҳи тарафи дигари он ба Почтаи марказӣ омад ва ба Янтоқ, ба раиси комиҷроияи ноҳияи Масчои Нав занг зад:

— Салом. Ман Аристо, ёдатон ҳаст, омада будам, ки дар бораи мардуми шумо роман нависам. Шинохтед? Раҳмат, хубам. Ба зудӣ боз хоҳам омад. Ман як чиро пурсиданӣ будам. Дӯсти ман Мирзоҳамдам Рофиев дирӯз субҳ аз тарафҳои Шумо ба Душанбе омада буд. Чанд соат ҳамроҳ будем, баъд ман ӯро гум кардам, бо ӯ робита доред? Медонед, ки дар куҷост?.. Чӣ? Чӣ… Наход? Як моҳ пеш?..

***

Ду нафар вориди ҳуҷраи ӯ шуданд ва бо бастаи бузурги коғаз дар зери бағал берун омаданд. Пеш аз бастани дар онҳо чароғро хомӯш карданд.

 

Advertisements

23.04.2018 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: