Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Бародарам Хусрав”

Чанд соли охир одат дорам, агар имкон буд, ҳар ҳафта як филми хуб бинам. Дар ин муддат зиёда аз 200 филм дидам, ҳам нав ва ҳам қадимӣ, ҳам шоҳкор ва ҳам миёна ё суст. Ҷолиб аст, ки аксари онҳо филмҳои эрониянд. Ба пиндори ман, имрӯз синемои Эрон ягона синемои ҷаҳон аст, ки беш аз дигарон шоҳкор рӯйи парда меорад ва муҳимтар аз ин беҳтар аз дигарон ба ниёзҳои инсони садаи 21 посух медиҳад. Бо бовари тамом мегӯям, чун аз дастовардҳои синемои Жопун, Чин, Уқёнусия, Ҳинд, Русия, Аврупо, Амрикои Лотин, Африқо низ то андозае огоҳам. Телевизион тамошо намекунам, танҳо филм. Гоҳе аз интернет ва гоҳе аз дӯстон ба орият мегирам.

Тақрибан масъалае нест, ки дар синемои Эрон ба беҳтарин шева баррасӣ нашавад, чӣ сиёсату давлатдорӣ, чӣ ишқу оила, фасоди ахлоқ, ҷавонию пирӣ, ҷангу муҳоҷират, дину таърих ва ғайра. Фикр мекунам, шикваи бархе аз филмсозони эронӣ аз сонсур дар синемо бештар далели камҳунарии худи онҳост, чун Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ба филмҳое иҷоза додааст, ки агар шумо як охунд бошеду онҳоро бинед, мӯйи саратон рост мехезад. Чашм нарасад ва сонсури воқеӣ ба ин риштаи ҳунари Эрон ҳаргиз барнагардад! Гурезгоҳи дигар ин аст, ки беҳтарин коргардон ва ҳунарпешагони эронӣ ҳоло дар хориҷа ва ҳамкорӣ бо ҳамкасбони машҳури худ низ филм месозанд.

Рад намекунам, шояд ишқи ман ба забону таъриху фарҳанги ягонаи мо ва эрониҳо то андозае ба чунин нигоҳи гарми ман сабаб шуда бошад, вале ҳақиқаташ ин аст, ки тасвири тақаллубу найрангҳои интихоботро беҳтару амиқтар дар филми эронӣ дидам, на дар ҳеч ҷойи дигар ва “аҳсант!” гуфтам. Ё таъсири мудерниза (шояд беҳтар аст, гуфта шавад, замона) ба равобит дар хонадони падарсолорро низ ин ҷо дидам. Дунёи ботинӣ ва фоҷиаи як муҳоҷирро низ беҳтар аз дигарон эрониён ба пардаи синемо кашиданд. Ё орзуи васли марди пир бо душизаи ҷавонро (бӯҳрони синни миёна!) низ дар синемои онҳо омехта ба танз тамошо кардам. Ё суистифода аз нуфузи эътибори рӯҳониёнро! Зоҳиран, домони ин парда хеле фарохтар аз чизҳоест, ки як кас вақтҳои фориғ аз корҳои дигар дида метавонад.

Аслан, пас аз ҳар филм дилам мехоҳад, чизе дар бораи дида ва фаҳмидаҳои шояд ноқиси худ барои хонандагони азизи хеш бинависам, лек тангфурсатӣ ва гоҳе андешаҳои тӯлонӣ барои дарки зермаъноҳои филм халалам мерасонд, кор ба баъд мемонд ва ҳамин гуна дигар дастрасам намешуд.

Дишаб “Бародарам Хусрав”-ро тамошо кардам ва аз бозии олии ситораи нави синемои Эрон Шаҳоби Ҳусайнӣ лаззат бурдам. Дар омади гап, ба фикрам, дар Тоҷикистон аз ҳунарпешагони муваффақи Эрон шояд танҳо Маҳнози Афшорро шиносанд, ки дар филми “Муаллим”и Носир Саидов бозидааст, ҳол он ки феҳристи актёрҳои машҳури Эрон даҳҳо сафҳаро дар бар мегирад. Беҳрӯзи Вусуқӣ, Иззатуллоҳи Интизомӣ, Алӣ Насириён, Хусрави Шикебоӣ, Ризо Атториён, Меҳрони Мудирӣ, Ризо Киёниён, Носирмалики Мутеӣ, Ҷамшеди Ҳошимпур, Ҳадия Теҳронӣ, Элнози Шакардӯст, Лайло Ҳотамӣ, Борон Косарӣ, Фарҳоди Аслонӣ, Парвизи Парастуӣ, Муҳаммадризо Фурӯтан, Ҳумоюни Иршодӣ, Некии Каримӣ, Фаромарзи Ғарибиён, Саҳар Қурайшӣ, Муҳммадризои Шарифниё барои ман ситораҳои синемои Эронанд. Шояд ин феҳристи хусусии банда бошад ва ҳам биноёфта ба филмҳое, ки то ҳоло дидаам.

Аммо “Бародарам Хусрав”. Достони ду бародар аст, ки падар зимни ишқе ки ба Носири Хусрав дошт, якеро Носир ва дигареро Хусрав номгузорӣ мекунад. Носир пизишки комёб ва сарватманд аст, Хусрав як раҳгумзадаи гирифтори бемории “ҷунуни дуқутбӣ”. Сужаро бозгӯ намекунам, то рози филм пӯшида бимонад ва бароятон ҷолиб бошад. Аз он мегӯям, ки бемории Хусрав яке аз густардатарин ва навтарин дардҳои бани башар аст, ки онро “бемории қарни 21” низ меноманд. Шояд сеяки аҳли ҷаҳон ва ҳатто ману шумо низ гирифтори ин беморӣ бошем. На ҳатман ва на ҳамеша нишонаҳо он намудор мешаванд, аммо гоҳе ки рӯ мезананд, табобати чунин бемор кори саҳле нест ва танҳо ба пизишкону дорувор бастагӣ намегирад.

Ба рӯҳияи худ диққат диҳед. Агар гоҳе дар осмони ҳафтум парвоз доред ва худро як нобиға мегумореду ҳазорон идеяҳои бузург ба зеҳнатон меояд, андаруни хеш нерӯеро ҳис мекунед, ки метавонад, ин дунёро аз беху реша баҳам занад, ба хок яксон кунад ва ҷаҳони дигаре созад ва дар ин шоҳроҳи бузург ҳеч касу ҳеч чиз бароятон як арзан ҳам арзише надорад — шумо нимбеморед ва агар пас аз чанде худро бадбахттарин, беҳунартарин, нокомтарин шахсе пиндоред, ки умри азизашро ба боди фано додаасту бо ҳама даъвоҳои болохонадораш мисли як ҳашара ночизу беҳудааст ва ҳамаи атрофиён инро медонанду ба ҳолатон механданд ва ҳама шабурӯз дар талоши онанд, ки шуморо пешпо диҳанду шармсор кунанд ва аз дастатон хоки сиёҳ ҳам намеояду худхоҳӣ ва худнамоии дигарон, ҳама гуна тартибу низому одобу ахлоқи сохтаи онҳо шуморо девона мекунад – донед, ки беморед ва номи бемории шумо ҷунун ё ихтилоли дуқутбӣ аст. “Дуқутбӣ” барои он ки гоҳе дар як қутб ҳастед ва гоҳе дар қутби дигар. Гоҳе аз ҳад зиёд шоду масрур ва гоҳе аз ҳад зиёд афсурдаву парешон.

Шаҳоби Ҳусайнӣ ин ҳамаро дар филми “Бародарам Хусрав” ба беҳтарин шева нишон медиҳад ва коргардон Эҳсон Бегларӣ ҳамроҳ бо муаллифи филмнома Парисо Ҳошимӣ паём мефиристанд, ки чӣ гуна бояд бо беморони “васвасаи дуқутбӣ” бархӯрд кард. Ин беморӣ ба иллати фишор ё захмҳои шадиди равонӣ низ метавонад рӯ занад ва имрӯз, гоҳе мехонам, ки писаре падар ё модар, наберае бобо ё бибии худро куштааст ё ҳамсаре шавҳар ё зани хешро ва шахсе ҳамсояи худро ва ин ҳама бо сабабҳои ночиз, фикр мекунам, ин беморӣ дар ҷомеаи мо сахт реша давондааст. Аз як сӯ захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ, муҳоҷират ва аз сӯйи дигар тангдастию фақр ва шояд беш аз ҳама фақри маънавӣ метавонанд, ангезаҳои ин бемории хатарнок бошанд. Вале, зоҳиран, касе дар ин бора фикр намекунад ва касе чорае ҳам намеҷӯяд. Касе чунин филм ҳам намесозад, то мардум ва ҷомеаи худро ҳушдор диҳад. Пас, ин филмро бубинед ва бехабар намонед. Агар гуфтание доред, бинависед. Тамошои хуб!

Advertisements

17.06.2018 - Posted by | Инсон, Синемо, Эрон | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: