Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Мутавалиди 65”

65, яъне соли 1365-и гоҳшумории ҳиҷрии хуршедист, ки ба 1987-и тақвими григориянӣ рост меояд ва қаҳрамони марказии филм Афшор дар ин сол ба дунё омада, аммо барои он ки калонсолтар аз духтари дӯстдоштааш бошад, зодсоли худро панҷ сол бештар гуфтааст ва ногаҳон, дар як шароити вижа, ин роз ошкор мешавад. Духтар меранҷад, ки ҷавон барояш дурӯғ гуфтааст ва бар ин аст, ки зиндагии якҷоя набояд аз дурӯғ сар шавад.

Вале ин лофи нохостаи ҷавони ошиқ танҳо як нукта аз даҳҳо росту дурӯғи зиёди амдӣ ва тасодуфиест, ки дар як рӯз ва фосилаи чанд соат жолавор ба сари ду ҷавоне мерезанд, ки як сол ба ин сӯ дилдодаи ҳамдигаранд ва мехоҳанд, зану шӯ шаванд. Ва жолаи вожаҳои вайронгар дар ҳоле меборад, ки онҳо ба иллати як бозии дурӯғ асиру гаравгони як марду зани пир меафтанд. Ҳолате ки гоҳ гиряовар аст, гоҳ хандаовар ва гоҳе ҳам шигифтомез. Бузургворе гуфтааст, ки фоҷиаҳо орому осуда сар мешаванду бо парешонҳолӣ ба поён мерасанд, аммо мазҳакаҳо аз ошуфтагӣ оғоз мегиранду фарҷомашон хушию хурсандист.

Аммо навъи филми “Мутавалиди 65”-ро муайян кардан душвор аст. Онро метавон фоҷиаи мазҳакаомез ё мазҳакаи фоҷиаомези ишқӣ, моҷароҷӯёна ва ҳамзамон ҷиноиву детективӣ номид. Сужаи филм хеле сода аст, аммо аз он содаҳое, ки “саҳли мумтанеъ” шумурда мешаванд. Афшор ва Хотира, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, мехоҳанд, нахустин солгарди шиносоияшонро бо шӯхӣ ва ширинкориҳое ҷашн бигиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки бародари духтар ба номзадии онҳо сахт зид аст ва шарт гузоштааст, ки ҷавон нахуст пешаи хубу сердаромад ёбад, соҳиби маскане гардад ва мушкили хидмати сарбозияшро ҳал кунад. Дар зимн ин талабҳо аз домоди оянда дар Эрони имрӯза як ҷузъи рӯзгор шудаанд ва дар аксари филмҳо садо медиҳанд.

Вале ишқ шартҳои худро дорад. Ё беҳтар аст, гуфта шавад, шарте надорад. Меояд ва ҳамаи шартҳоро мешиканад. Зидди дунёи шартист. Агар чунин набуд, ишқ набуд.

Солрӯзи ишқро чӣ гуна мешавад ҷашн гирифт? Ҳатман бо хурсандӣ! Вале боҳуш бояд буд, ки шодмонии барзиёд касро бехуд ҳам мекунад. Афшору Хотира бозиҳои шодеро дар пеш мегиранд ва зимни онҳо мехоҳанд, зиндагии ояндаи худро тасаввур кунанд: пентҳаус дар доманакӯҳи болошаҳри Теҳрон (гузари сарватмандони бадавронрасида), навтарину зеботарин модели Maserati, хариди беандеша ва ҳавобаландона дар супермаркети пулдорон ва ғайра. Бо ин роҳ, яъне тақлид аз сарватмандон, онҳо лаҳзаҳое худро хушбахту комгор намудор ва эҳсос мекунанд. (Ҳолатест, бозӣ андар бозӣ, вақте ҳунарпешагон симоҳоеро мебозанд, ки худ монанди ҳунарпеша нақши дигаронро меофаранд.)

Чунин орзуҳои шӯхиомез беозору хандадоранд, аммо то ҳадди муайян. Баъдаш фоҷиа сар мешавад. Аввал начандон сахту сангин, лек онгуна вогир, ки бо ҳар дақиқа шиддати бештар меёбад ва чандин саргузашт дар он бо ҳам омехта, гулӯлаи барф ғел-ғелон ба кӯҳе табдил мешавад, ё беҳтар аст, гуфта шавад, калоба он қадар ба ҳам мепечад, ки сари онро ёфтан номумкин мегардад. Васвасаи нақл кардани сужаи филмро ба сахтӣ аз худ дур меронам, то майли шуморо ба тамошои он накушам ва шавқатонро кам накунам, танҳо инро мегӯям, ки гоҳе ба авҷи воқеа мерасед, комилан фаромӯш мекунед, ки ин як филм асту шумо як бинишвар ва нохудогоҳ гумон мекунед, ки дар ҷӯши рӯйдод ҳастеду ба ширкаткунандаи он табдил ёфтаед, ҳатто садо баланд мекунед, ки “на, оқо, ин ҷур нест, ман медонам!”, “хонум, чаро дурӯғ мегӯӣ?” ва монанди инҳо.

Афшор ва Хотираро ҳунарпешагони ҷавони синемои Эрон Пидроми Шарифӣ ва Ҳангома Ҳамидзода олӣ бозидаанд, ҳарчанд ин танҳо филми шашуми Пидром ва чаҳоруми Ҳангома аст. Вале вазни филм бар дӯши яке аз устодони бозигарӣ Эҳсон Амонист, ки дар ҳамбозӣ бо ситораи дигари синемои Эрон Марями Саодатӣ фазо ва обуҳавои онро муайян мекунанд. Бозии Эҳсон Амонӣ аз типи ҳунарварии зиндаёд Ато Муҳаммадҷонов аст, ки аз нахустин нигоҳ ба ӯ бовар мекунӣ ва эҳсосе бароят даст медиҳад, ки шахсан мешиносияш, ба кадоме аз хешону ошноёнат монанд аст. Устод Эҳсон Амонӣ дар кучактарин ҳаракаташ, дар як нигоҳи зудгузараш низ симоофарӣ мекунад. Дида мешавад, ки ӯ рол намебозад, балки дар нақши худ зиндагӣ мекунад.

Филмсозон (коргардон Маҷиди Таваккулӣ, филмноманавис Ҷамила Дорулшифоӣ) бо ҳар лаҳза ва ба саҳна кашидани ҳар қаҳрамони нав (Алиризо Устодӣ, Комрон Маликӣ, Аноҳито Неъматӣ ва дигарон ҷузъиёти тоза ба тоза ва пешгӯинашавандаи моҷароҳо ва ҳамзамон падидаҳои гуногуни ҳаёти гузашта ва имрӯзаи эрониҳоро боз мекунанд ва шумо аз фазо ба фазое мегузаред, ки яке андаруни дигар аст ва ҳар кадом аз дигарӣ аҷибтару амиқтару сангинтар. Ҷолиб аст, ки дар сохтану андешидани ин фазоҳо худи шумо бештар кор мекунед, то қаҳрамонон. Онҳо фақат нуги суханро боз мекунанд ва дар ҷойҳои даркорӣ бо ишораҳое шубҳаву гумони шуморо бартараф, аммо фаросӯйи рухдодҳои гузашта ва имрӯзаро худи бинанда андеша, натиҷагирӣ ва бозсозӣ мекунад. Ба шеваи маъмулии филмсозӣ ин саргузаштҳо як сериали “сантабарбара”-иро ба вуҷуд оварда метавонистанд, аммо муаллифон ин ҳамаро дар лаҳзаҳои кутоҳ ҳамчун санги осиё дар мушт ё беҳтараш гуфта шавад, мисли дарё дар қатра фишурдаанд.

Дар давоми моҷаро ҳар лаҳза дурӯғи навбатие аз гузаштаву имрӯза фош ва ҳақиқат намудор мешавад. Ин ифшогариҳо моҷароро тундтар мекунанд. Ҳар лаҳза вазъ тағйир меёбад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки одамон ба дурӯғ бештар бовар мекунанд, то ба рост. Онҳо ростро дурӯғ мепиндоранд ва дурӯғро ҳақиқат мешуморанд. Бинанда ба бофтори танготангу зичи тору пуди достон қойил мешавад. Ҳеч чиз, ҳатто хурдтарин ҷузъиёт, ин ҷо беҳуда нест ва ҳама чиз, аз нигоҳҳо гирифта, то ашёи беҷоне, ки дида ё ба он даст расонида мешавад, дар хидматанд, то достонро ҳикоят кунанд.

Достон чӣ гуна ба поён мерасад, низ намегӯям, худ хоҳед дид, он ҳам баъд аз болову поён рафтани ҳиссиёти гуногуни хеш, аз тарсу ҳарос гирифта, то хандаҳои қаҳқоҳ, аз ғаму андӯҳ гирифта, то шодмонӣ. Ва детектив низ ҳалли худро хоҳад ёфт, ҳарчанд ман фикр мекардам, ки ҳамаи масъалаҳо ҳал шуда бошад ҳам, ин масъала торик монд. На торик намемонад, ҳарчанд саҳнаҳои поёнии филм шомгоҳи говгумро нишон медиҳанд. Ягона нуктаи танқидӣ бастани ҳаводис бо Афшор бар тасодуф асос меёбад, аммо ин на аз тасодуфҳоест, ки дар филмҳои ҳиндӣ мебинем, балки чизест, боваркарданӣ, ҳарчанд бо каме душворӣ. Лек чизест, ки шумо дар рафти дидани филм ба он аслан намеандешед.

Ҳатман ин филмро бинед, пушаймон намешавед. Ҳам аъсоби худро хор-хоре медиҳед, адреналину допаминатон гоҳе боло меравад, ба бозии олии ҳунарпешагон қойил мешавед ва ба синемои имрӯзаи Эрон аҳсант мегӯед. Тамошои хуб! Саломат бошед.

Advertisements

01.07.2018 - Posted by | Синемо, Фарҳанг, Эрон, Ҳунар, Ҷомеа |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: