Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Файзулло бало буд”

Нависанда ва рӯзноманигори эстон Аво Сузӣ аз як нашрияи солҳои 1930-и эстонӣ ин матлабро пайдо ва ба тоҷикӣ баргардон карда, ба банда фиристод. Инҳо хотираҳои як комиссари сурх аз ширкаташ дар ҷангҳои солҳои 1920-30 дар Осиёи Марказист ва бештар ба симо ва рафтори раҳбари ҷавонбухориён, дертар раиси Ҳизби коммунисти Бухоро ва баъдан сарвазири Ӯзбакистон, Файзуллоҳ Хоҷаев бахшида шудааст. Сипосгузорам аз Авои азиз, ки ин қадар сол аст, аз Тоҷикистон рафта бошад ҳам, ҳамеша дар фикри тоҷикон ва Тоҷикистон аст! Тарҷумаи Аво бе таҳрир, бо забони матбуотие, ки ӯ медонист.

Teppich-Kasemets „Põrandaaluse juhi paljastusi“ (Фошкуниҳои раҳбари махфикорон)

Ruznoma „Päevaleht“ nr. 89. 31. 03. 1933, 4

Дар аввал нақл карда будам, ки чӣ хел халқҳои Туркистон зидди ҳуҷуми Русия мубориза бурданд. Дар соли 1924 ҷанги калон тамом шуд ва заминҳои бузурги истеҳсоли пахта, биринҷ, абрешим, гандум, мева, конҳои боигариҳои табиат бо Русия пайваст карда шуданд. Садҳо ҳазор туркман, узбак, тоҷик, форсиён, қирғиз дар тӯли мубориза ҳалок шуданд ва ё бо фармони трибунал онҳоро куштанд. Қисмаш гурехта, аз сарҳади Афғонистон гузашту ҳатто то Ҳиндустон расида, халосӣ ёфт. Инҳо наздикони сардорҳои қушӯни амир, бекҳо, эшонҳо, савдогарону дигаронанд.

Дар ин мубориза фақат тақрибан даҳ нафар ёфт шуд, ки ба Қушуни Сурх ҳар гуна ёрӣ мерасонданд. Яке аз ҳамин хел одамҳо Файзулло Хоҷаев буд. Дар тӯли охирин амалиёти ҷангӣ артиш як қисми ҳарбии савораи душманро нест карда буд, толони бисёр гирифтанд, ҳам бекро асир карданду куштанд. Пеш аз куштанаш Файзулло рафт, ки назар кунад ӯро. Бекро, албатта, ҳамаҷониба бозрасӣ карда буданд, аммо вай барқвор аз соқи маҳсияш корди дарози оҳанин бароварду Файзуллоро задан хост. Сарбози сурх, ки дар паҳлуи онҳо истода буд, дасти бекро поён зад.

Кордаш заҳролуд буд ва марговар.

Файзулло забони русиро медонад. Вақтҳои пеш ба сифати урядники қишлоқ хизмат карда буд.

Ин чӣ бало буд, ки Файзуллоро ба сӯи тарафдорони русҳо ҳай кард? Албатта, шӯҳратпарастӣ ва қудратталабӣ.

Ва мо акнун мебинем, ки вай нақши амири асримиёнагиро чӣ гуна иҷро мекунад.

Ман ӯро дидам дар Кармина, Самарқанд ва дигар ҷойҳо. Якчанд яктаҳи абрешимӣ пӯшида, ки аз пеш канори қабати поёнтарро дидан мумкин буд. Ҳар як яктаҳаш ранги дигар: зард, сабз, сафед, рангорангу ғайра. Ин бояд аломати боигарӣ бошад, инро бояд халқҳои Туркистон ҳурмат кунанд. Ӯро сарбозони савора ва дастаи асбобҳои мусиқии нафасӣ вобаста аз бачаҳои 15-17-сола эскорт карданд. Ба ҳамаи бачаҳо шиму куртаи абрешимии сафед пӯшида.

Ҳамин гуна буд шарафу дурахшандагии ин золими ҷадид.

Вай агар ба бозор ё назди чойхона расид, дар куҷо ӯзбакҳо оромона чой кашиданд, аз онҳо талаб карданд, ки таъзими ҳурматиро ба ҷой оваранд. Файзулло чизе гуфта ба онҳо, гӯё лутфи худро нишон доду пеш рафт.

Пешопеш парчам бурданд – сурху сабзранг. Дар қисми сурх ситораи панҷгӯша, дар қисми сабз – ҳилоли моҳ.

То соли 1929 вай муҳимтарин одам буд. Балки ҳақиқатан ҳокимият, иқтисодиёт, роҳҳои оҳан, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои марказӣ дар дасти русҳо буданд.

То ҳамин соли 1929 дар Туркистон (Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон) табақаҳои мардум, ки аз тарафи ҳукумат эҳтиром ёфтанд – бойҳо ва муллоҳо. Бойҳо – чорводорону соҳибони пахтазор, давлатманд, савдогарон, ки даҳҳо уштур, садҳо асб ва ҳазорҳо гуспанд доранд ва муллоён – ин табақаҳо буданд, ки ҳукумат онҳоро шоистаи эҳтиром медонист. Мобайни онҳо қисме босавод буданд.

Пролетариат – агар ин бечорагони нимағуломро ин хел номидан муносиб бошад – деҳқонон, ки хидмати заминдорони калону хуҷаинҳоро мекарданд, инҳо табақаи қариб фаромӯшшуда буд. Дар тӯли солҳо иқтисодиёт (бисёртар матоъбофӣ) пайдо шуд, дар мактабҳои сиёсӣ ахзои комсомолу ҳизби коммунист тарбият карданд.

Дар соли 1929 ҳокимият аз дасти бойҳо рабуданд, боигарии онҳо миллӣ гардонида шуд ва ташкили колхозҳо оғоз ёфт.

Файзулло, ки пештар тарафдори бойҳо буд, зидди тартиби нав эътироз баён кард, аммо садои ӯ дуртар аз даштҳои Туркистон шунида нашуд. Маскав ба роҳу ҳилаҳои худ сахт устувор аст.

Ва ҳамин хел Файзулло ҳадафи худро дигар намуд. Ҳоло вай худро посдори деҳқонон эълон кардааст.

Вай натавонист бо зиддияти худ чизеро дигар кунад. Аслиҳа дар дасти Маскав. Файзулло маҷбур шуд, таслим шавад, дар додгоҳи ҳизбӣ гуноҳи худро ба гардан гирад ва бахшиш пурсад.

Ба ҳамин тариқ вай мақоми худ – ноибпрезидентиро наҷот дод. (Муаллиф пештар “ноиби Калинин” мегӯяд).

Тарҷумаи Аво Сузӣ

Advertisements

03.07.2018 - Posted by | Ватан, Инқилоб, Осиёи Марказӣ, Сиёсат, Таърих |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: