Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гирд гардад гардуни гардон

Чанде аз хонандагон дар робита ба ҳикояи “Гирдгардон” изҳори назар карданд, ки аз онҳо самимона сипосгузорам. Ҳама гуна вокуниши ёронро дӯст медорам ва эродҳои дурусташонро мепазирам. Пас аз номаи яке аз онҳо номи достон тағйир кард ва вожаи “сирк” аз он барандохта шуд. Бори аввал ин ҳикояи бо номи “Гирдгардони сирк” нашр шуда буд, лек як дӯсти азизам дуруст фармуд, ки ин гирдгардон фаротар аз маҳдудаи сирк меравад ва банда пазируфтам.

Пурсиш ва андешаҳои дигаре аз ёрони меҳрубон бароям расид, ки хостам, ин ҷо матраҳ шаванд.

Оре, ҳикояи “Гирдгардон” достони меҳру бераҳмист ва солҳост, дар зеҳнам мегашту гумон мекунам, аз чанд бардошти хусусии ман арзи вуҷуд кард ва нигоҳи кутоҳест ба фазои вижа дар марзи ду олам, яке воқеӣ ва дигаре хаёлӣ, яке, ки мебинему дар он зиндагӣ мекунем ва дигаре, ки дар сар дорему дар дил мепарварем. Ва беш аз ҳама кӯдакон маҷзуби олами хаёлиянд ва ба фарқ аз калонсолон барои онҳо марзе байни ин ду олам вуҷуд надорад. Он шояд дертар падид меояд.

Дигар – тазоди берун ва дарун. Берун як чиро мебинем ва дарун чизи дигарро. Аз берун як чиз, аз дарун дигар. Боз ҳам бархӯрди олами хаёлӣ бо ҳақиқат. Кӯдак ва он ҳам кӯдаке норизо аз муҳиташ дар аташи навозишу хуррамӣ дил ба ширинкор мебандад ва ҳама кору ҳарфи ӯро ҳақиқат мепиндорад, ба ҷустуҷӯяш меравад, бештар бехудона, ошиқона ва орифона. Дар фарҷом мебинад, ки олами хаёлии ӯ хеле бадтар аз олами воқеиест, ки онро нохудогоҳ мисли як мусибат меангошт.

Магар таблиғот ҳамон ширинкор нест, ки зеҳни ҳазорону миллионҳо нафарро ба олами хаёлӣ мебарад, онҳоро пойбанди чизҳое мекунад, ки гуфта мешаванду ҷилва медҳанду чашмбандӣ мекунанд, аммо дар асл вуҷуд надоранд? Магар ҳар кас ба камияш як бор дар умраш аз паси хаёлу орзуе рафта, дилсард ва дилшикаста нашудааст? Зеро дунёи мо сирк аст. Онҳое, ки пул ва қудрат доранд, ин сиркро мегардонанд ва барои ҳамин аст, ки дар он бӯзинагон савори шеронанд.

Амалан ин достони банда чӣ гуна ба вуҷуд омад? Солҳои ҷавонӣ ба ҳар чизу фикру шахсу падида дил баставу пас аз дарёфти ҳақиқати онҳо дилшикаста шудаам. Барои намуна, ба бузургворе сахт эътиқод доштам, дақиқтараш ба зоҳири ӯ ё он симои ӯ, ки барои ом сохта буд ва беруни ӯ буд, на дарунаш. Вақте наздик шудам, ҳамнишинаш гаштам, чизҳоеро дидам, ки аз берун дида намешуд. Ин бароям як такони сахти равонӣ буд. Кӯдак, наврас ва ҷавон фикр мекунанд, одамон ҳамон чизе ҳастанд, ки нишон медиҳанд, вале одамон дар чаҳорчуби ахлоқи иҷтимоӣ бисёр чизҳоро ниҳон медоранд. Ин розҳоро надонистан хушбахтист, донистан бадбахтӣ.

Шояд ҳамон рӯзҳо буд, ки китоби Юрий Никулин, ҳунарпешаи машҳури шӯравиро хондам ва саҳнаи асосии “Гирдгардон” ишора ба як гуфтаи ӯст, ки ширинкорон ҳам бо вуҷуди ҳамаи отифа ва наҷобати саҳнавияшон дар асл инсони одиянд ва мушкилоти худро доранд. Гоҳе ки аз бозӣ берун меоянд, касони дигаре мешаванд, ҳарчанд дар зеҳни бинандагон, бавижа кӯдакон симои саҳнавии онҳо нақш мебандад.

Ҳадафи дигарам нишон додани фазоест, ки сохтаем ва фикр намекунем, барои кӯдакони мо ин фазо чӣ қадар ваҳшатангез аст. Мо намегузорем, ки онҳо дар афсонаҳои худ ба сар баранд. Осмон бароянд, аз пояшон ва зери замин раванд, аз гӯшашон кашидаву ба ин воқеияти худ меорему намегузорем, онро нодида гиранд. Ҳарфҳое мезанем ва корҳое мекунему намедонем, ин ҳама чи зарбаи сахте ба дунёи зебо ва шоирани кӯдакони мост. Тазоди дигар ин аст, ки мо ба кӯдакони худ шояд меҳрубонем, ба камияш дар мазҳари ом, аммо ба кӯдакони афроди дигар рафтори ваҳшиёна дорем. Кӯдак дар фарҳанги мо ҳеч кас аст ва эътиборе надорад. Оё мумкин аст, дар назди кӯдак душном додан, суханони қабеҳ гуфтан, рафтори ноҷо кардан? Магар ба ин ҳақ дорем? Кӣ ба мо чунин ҳақро дода, ки агар бадбахтем, бояд хашму ғазаби худро ба сари кӯдак бор кунем? Вақте мару накуҳиш мекунанд, ки душномдиҳии калонсолонро тасвир кардаам, муродам ҳамин аст, шояд каме зиёд рафта бошам, лек месазад, чунин рафтор ба гунаи барҷаста бозгӯ шавад.

Бо ин ҳама ҳадафи асосӣ нек аст, ҳушдор ва огоҳист, ки набояд чунин бошем. Намедонам, то куҷо ба мақсад расидаам, қазоват бо хонандаи гиромист, ин ҷо фақат дар посух ба пурсиши яке аз онҳо паспардаи ҳикояи худро боз кардам.

Дӯсти дигарам гуфт, ҳангоми хондани “Гирдгардон” ба ҳикояи Рей Бредберӣ “Лабханд” фикр кардааст ва шабоҳатҳои таҳтониеро бо он дидааст. Парвардигор шоҳид аст, чанд асари ин нависандаи бузургро хондаам, вале ин ҳикояташро танҳо пас аз ишораи дӯстам пайдо кардам ва мутолиа намудам. Оре, баъзе ҳамоҳангиҳои ботинӣ ва ҳатто зоҳирӣ низ ба назар мерасанд, вале онҳо комилан тасодуфиянд. Бояд иқрор кунам, андешаи навиштани ин достон солҳо пеш, тақрибан охири солҳои ҳаштодум дар зеҳнам пайдо шуда буд ва нахустин шакли онро ҳамон вақт навишта будам, вале бори камтаре дошт. Он замон сухан бештар марбути дилсардӣ аз парастиши бепоя буд ва ҳам ин ки чаро кӯдакон дили поку беолоиш доранд, вале чун бузург мешаванд, ба дузду одамкушу ғоратгару хойин табдил меёбанд.

Дертар, бо гузашти замон, андешаҳои дигаре ҷойи ин нукотро гирифт, чун чизҳои дигаре бароям аҳаммияти бештар пайдо карданд, ки зикрашон пештар рафт.

Ба ин тартиб, ҳамин дунёе, ки дорем, бо он фазоҳои ростину дурӯғинаш ҳамоно гардон асту гардон. Эй хуш он гоҳе ки ҳарду гирда рӯйи ҳам оянд ва як шаванд. Шояд ин номумкин аст. Дақиқтараш танҳо барои кӯдакон мумкин аст. Он ҳам ба шарте ки калонсолон барояшон чунин шароитеро фароҳам оранд. Роҳро ба он сарзамин танҳо ишқу меҳрубонӣ боз карда метавонанд. Агар пештар ин достонро нахондаед, ин ҷо ангушт бизанед ва бихонед. Худо нигаҳдори ҳамаи мо.

Расм аз наққоши моҳир Далер Миҳтоҷов

Girdgardon

Advertisements

10.07.2018 - Posted by | Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s

%d bloggers like this: