Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як салом (Латра)

ЯК САЛОМ
(Латра)

Аз фурӯшгоҳ мебарояму дар пиёдароҳ ногаҳон бо ӯ рӯбарӯ меоям ва дар он як лаҳзаи кутоҳи во хӯрдани чашмонамон сар такон медиҳам ва “салом” мегӯям.

Вай ҳам салом медиҳад ва хандаи сустаке гирди лабаш мегардад, вале ҳамон дам қиёфаи ҷиддӣ мегирад ва ба ҳамроҳаш — марди тануманди қадбаланде менигарад, ки нигоҳи тезе ба мо меандозад.

Аз худам мепурсам, ки чаро чунин кардам? Дилам мехоҳад зуд гузараму равам.

Тахтачаҳои пиёдароҳ зарду гулобӣ, аммо рангпаридаанд.

Нӯги пойҳоямро рӯйи онҳо мебинам. Ҳамсарам аз зери бозуям мегирад ва бо ханда, бархе аз садонокҳоро кашиш дода, мепурсад:

— Хууууб, ин каааас кӣ будаааанд?
Қадамзанон мегӯям:
— Росташ, дақиқ намедонам, аммо бисёр шинос тофт.
— Аҷиб аст, — мегӯяд тамасхуромез ҳамсарам ва мо хомӯш канори ҳам меравем.

Ягон панҷ ё шаш қадам нарафтаем, ки касе аз китфам мекашад. Меистам ва бармегардам: ҳамон марди қадбаланди тануманд. Дар пушташ он бону. Чашмони мард медурахшанд.

— Чӣ ту ина салом кадӣ? – бо ғазаб мепурсад мард. Аз паси ӯ садои бону меояд, ки “ба худо-ба худо” мегӯяд ва аз дасти мард мекашад. – Ин кӣ мешавад ба ту? – ин дафъа зардадор мепурсад мард, қариб ки дод мезанад.

Мебинам, ки ночор бояд посух диҳам ва мегӯям:
— Бародар, ман хато кардам, ин касро ба ҷойи як шиносам гирифтам.
— Аҳҳа! – акнун фиғон мекашад мард ва таваҷҷуҳи раҳгузаронро ба худ мекашад. Чанд нафар бозориҳояшон дар даст канори пиёдароҳ меистанд, кунҷковона тарафи мо менигаранд, мунтазиранд, ки як занозании ҷигарӣ шаваду тамошо кунанд ва ё ҳатто ба навор гиранду зуд дар Ютюб гузоранд.
– Шиноси қадимӣ! Ҳоло бигӯ, кай ва чӣ қадар вақт боз шинос ҳастӣ! Ман шаш сол дар Русия муҳоҷир будам, – доду фарёд мекунад мард ва гоҳ ба ману гоҳ ба бону менигарад.

Бо лаҳни ҳарчи нармтар мегӯям:
— Не, бародар, Шумо нафаҳмидед. Ман он касро шиноси худ гумон кардам.
— … ва гумон кардӣ, ки шавҳараш ҳоло ҳам дар муҳоҷират аст, ҳа? Сиюду дандоната мешиканам, лаънатӣ, – ошкоро ба таҳдид гузашт мард
— Ман ягон вақт бо ин кас шинос набудам, ака, – бо тамоми меҳрубонӣ ва оштиҷӯёна, гарданкашон мегӯям ман. Дар шигифт мондам, ки аз ин махмаса чӣ гуна берун оям.
— О, мисли як шиносат салом додӣ ку! О, ин ҳам хандида алек гирифт ку! Ман ҳамаша дидам.

Ин вақт ҳамсарам ба гуфтугузор шарик шуд:
— Ту кира сиву ду дандонша мешиканӣ, лаънатӣ? Ин кас бесоҳибанд, ки ту дандонҳоша мешиканӣ. Рав килаи худро нигоҳ дор, ки даҳан инҷ карда салом надиҳад. – Садои борику баланди ҳамсари банда шумори бинандагони баҳсро бештар кард. Чашмони мард аз косахонаашон берун дамиданд:
— Аҳҳа, ту ҳама балоро медонӣ, а? Кила, ки гуфтӣ, маълум аст, ки медонӣ. – Сипас тарафи ҳамсараш баргашту гуфт, — ана, шоҳидони ман дута шуданд, корат тамом аст.

Пирмарде аз байни издиҳом садо баровард:
— Салом қарзи Худованд, ин кас ягон гуноҳ накардааст. Зӯрӣ чӣ даркор?

Зани мард қадаме пеш гузошт ва рӯбарӯи ҳамсари ман истод:
— Ту киро кила мегӯӣ? Дар куҷо дидӣ килагии мана? Худат кила!
Хун ба сари ман зад. Фиғон баровардам:
— Узр мехоҳам, вале хеле беадабед, хонум! Ин чӣ тарзи гап задан аст?
— Шумо надидед, ки кӣ аввал сар кард, — зан бо ман гӯё арбада мекунад, вале лабонаш пур аз ханда аст ва ин ханда шавҳари ӯро девона мекунад.
— Ман сирри ҳардуи туро фош мекунам ва дандонҳои ҳардутонро мешиканам.

Ин нидои мардро занон гӯё намешунаванд ва ҳарду ангуштҳои ишоратӣ ба тарафи ҳам мекунанд:
— Киларо кила мегӯянд! Аз фаровези даҳанат маълум!
— Ту як бор ба худат дар ойина нигоҳ кун!

Чанде аз намояндагони издиҳоми атрофи мо, ки кайҳо тамоми пиёдароҳи самти бозорро пур карда, ба як тазоҳурот монанд гашта буд, дурбини телефонҳои ҳамроҳашонро ба кор андохтанд: ду зан, ки дасту остин барзаданду рӯбарӯйи ҳам гардан ёзондаанд, ҳатман муйканаку рӯйканаке хоҳад шуд.

Мард қадам пеш мениҳад:
— Ин гапи занона нест. Ду мард як ба як гап мезанем, рафтем. – Вай аз китфам мекашад. Мо ҳарду ба тарафи чап меравем, издиҳом ҳам ба чап майл мекунад. Дилзанак мешавам. Ба ҳар ҳол муштҳоямро гиреҳ мекунам, марди ҷанг набошам ҳам, бояд ба камияш аз худ дифоъ карда тавонам. Ба ҳамсарам менигарам ва сипас ба он бону, ки як саломи ман барояш ин ҳама моҷароро ба дунбол дошт.

Ва ногаҳон ба ёд овардам, ки ӯро дар куҷо дидаам ва чаро барояш салом додам ва фиғон кашидам:
— Истед, истед, ба ёдам расид. Ҳоло ҳамааш рушан шуд! Ман сурати ин бонуро ин қадар бисёр дар фейсбук дидаам, ки гумон кардам, шиноси ман ҳастанд, ҳатто шояд кадом хешамон аст, барои ҳамин салом додам, чӣ шудааст, магар гуноҳ кардам?

Боз садои пирмард омад: “Салом қарзи Парвардигор аст! Ҳеч бадӣ надорад.”
— Ба шарте ки андозашро дода бошад, ҳоло фақат нафаскашӣ беандоз аст, — каси дигаре ба дунболи пирмард нидо дод ва чанд кас хандиданд.

Зан ба ман хира шуд, қоматаш гӯё хамид, дар нигоҳаш маъниҳое чархид ва гуфт:
— Ҳо! Дуруст аст, Шуморо ҳам ман дар фейсбук борҳо дидаам ва барои ҳамин алек гирифтам.
Каси дигаре ба пирмард ҳамовоз шуд: “Салом қарзи Яздон аст!”

Ҳамсарам гуфт:
— Мегуфтамо, ҳамин фесбук як рӯз балои сарат мешавад.
Мард лаҳзае сокит ба ман нигарист ва даст дароз кард:
— Эҳ, шумо ҳамон нависанда-а? Дар бораи гургу оҳу навишта будед. Баъдаш дар бораи бадбахтии муҳоҷирон. Чӣ ном дошт? Ҳа, “Лаънат ба муҳоҷират”-а?

Аз байни издиҳом чандин нафар пеш омад, дафтарчаву варақҳое бароям дароз кард, то барояшон соядаст диҳам. Рад кардам ва ба мард гуфтам:
— Лаънат ба Фейсбуку лаънат ба ман! Ҳоло ин ҷо қариб қиёмате мешуд. Шояд хуни ноҳақ мерехт. Ҳамаи мо бояд аз ҳамдигар бахшиш пурсем, ки якдигарро таҳқир кардем.
Мард аз китфам оғӯш кард ва гуфт:
— Бахшиш, аз ҳама бахшиш, пеш аз ҳама аз ҳамсарам ва ҳам аз ҳамсари Шумо. Аммо ҳоло биёед, як акси якҷоя гирем. Як селфӣ. Барои Фейсбук…

20.02.2019 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: