Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“21 сабақи садаи 21”

Ёднавиште пас аз хондани китоби Ювал Нуҳ Ҳарорӣ “21 сабақи садаи 21”

Пеши рӯ ваҳшатест ногуфтанӣ ва ва бе ваҳдати ҷаҳонӣ наҷот номумкин аст. Дар ин ҳол башар торафт бесаводтар мешавад ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра намегирад.

***

Ҳамеша ҳамин тур аст, ки гоҳе китоберо мехонам, дилдодаи он мешавам, аз нукоти ҷолибаш ба ҳаяҷон меоям, ба печутоби риштаи андеша ва ширинию пурмағзии баёни нависандааш аҳсант мегуям, гоҳе мехоҳам, порчаҳои бузургеро аз он китоб ба дафтари хотираам кӯчонам. Чунин китоб ҳатман ба ман таъсир мекунад, вале ҳанӯз гуфта наметавонам, ки он аз имтиҳони ман гузаштааст.

Имтиҳон дертар меояд. Чанд ҳафта ё моҳе пас мебинам, ки аз чандсад сафҳаи он китоб чӣ чизҳое дар ёди ман монда ва он китоб чӣ қадар маро донотар кардааст (лек хеле нодонам!).

Албатта, мондагор шудани маънӣ дар зеҳни инсон бештар ба эҳсосот низ бастагӣ дорад, на танҳо ба ақл, вале боз бастагӣ ба он дорад, ки мурғи зеҳни шумо аз паҳнои он китоб чӣ донаҳое мечинад, чӣ чизҳое аз гулу гиёҳи он ё ҳатто бӯйи онҳо батакрор бар шумо бармегарданд ва онҳоро аз зиндагии ҳаррӯза низ дармеёбед ва дар ин замина ба нависанда бовар мекунед. Бисёр чиз ба сатҳи фаҳмишу идрок, таҳсилкардагӣ ва китобхондагии шумо низ решапайвкнд аст.

Ҳарорӣ китоби худро, ки бо баландовозагӣ “21 сабақи садаи 21” номидааст, бино бар русуми маъмулии китобнависии ғарбӣ, бо чизҳои сода, аммо шавқовар ва ин бор ваҳмангез сар кардааст. Рост мегӯяд, ки барои инсони имрӯз дарк кардани онки дар ҷаҳон чӣ мегузарад, душвор аст. Манзара норушан аст, дар ҳоле ки инсон табиатан хостори рушанӣ ва содагиест, ки ӯро осуда мекунанд. Лек шояд ҳамеша чунин будааст, ки инсон дар дарозои мавҷудияташ ба фаҳми бисёр чизҳое, ки рух медиҳанд, намерасид. Ҳамзамон, наметавон рад кард, ки ҷаҳони имрӯз ба маротиб мураккабатру печидатар аз ҳар давраи гузашта аст. Воҳима ин ҷост, ки ояндаи норӯшан обистани бадбахтиҳои бузурги башар мебошад. Кадом бадбахтиҳо? Ин пурсиш зуд дар зеҳни шумо халқ мешавад. Оре, инсон мехоҳад, аз пешомадҳо огоҳ ва ба онҳо омода бошад. Агар навҷавон ҳастед ё солманде, ки чанд набера доред, бояд ин китобро бихонед, то ояндаро ба худ тасаввур карда тавонед. Бо ҳамин даъват Ҳарорӣ хонандаро ба дунёи худ мекашонад ва яке паси дигар сабақҳо барои садаи 21-ро дар миён мегузорад.

Сабақҳои асри 21 зиёданд ва бархе хеле сода, бархе боварнакарданӣ ва хаёломез. Барои исботи ҳар яке аз онҳо Ҳарорӣ маҷбур мешавад, намунаҳо оварад. Гоҳе аз таърих ва ҳам гоҳе аз синамо. Хуб, таърих, ки оре, сабақ медиҳад, аммо бардошт аз филмҳо метавонад, хусусӣ бошад ва ҳам филмҳо, он ҳам сохтаҳои Ҳолливуд, мумкин аст, саршор аз зиёдравиянд. Хушбахтона, Ҳарорӣ ба филмҳои муҳим ва беҳтарин такия задааст.

САДОИ ДАРУНӢ

Шумо ҳам гоҳе садоеро мешунавед, ки рушан нест, аз майнаатон меояд ё аз умқи дил? Одатан мо онро сухани дил мешуморем. Мегӯем: “Дилам мегӯяд”, “дилам гувоҳӣ медиҳад”.

Ва дафъатан пурсиши гиранда: Гоҳе ки ба интихобот меравед, аз рӯйи ақл овоз медиҳед ё бо гувоҳии дил? Мегӯед, албатта, аз рӯйи ақл, чун таҳу тирези номзад, ҳолномаву корнома, дастовард, барнома ва ваъдаҳояшро омӯхта, натиҷагирӣ мекунем. Аммо Ҳарорӣ бо гирдоварии далелҳои зиёди илмӣ исбот мекунад, ки ин танҳо зоҳири воқеа аст, дар асл одамон бо дилашон раъй медиҳанд. Яъне овоздиҳии онҳо аз рӯйи эҳсосоташон аст, на бар пояи хирад. Ба ин сабаб сиёстмадорон низ асосан бо ҳиссиёти мардум бозӣ мекунанд. Агар бовар намекунед, шиорҳоеро омӯзед, ки онҳо ба чапу рост мепартоянд ва бахши бузургашон чизе беш аз дурӯғ нест.

Дар Аврупо замоне аҳзоби динӣ пешгом буданд, чун мардум на аз рӯйи хирад, балки эҳсос мухлиси онҳо мешуд. Солҳои охир дар чандин кишвар ҳокимон бо ҳизбҳои исломӣ пархош мекунанд. Ин ҳам барои он ки аз нуфузи пойдор ва барозандаи онҳо бар эҳсосоти электорат меҳаросанд. Ҳатто террористон бо нашри аксу видеоҳои ваҳшонияти худ мехоҳанд, ҳисси тарс ё интиқомҷӯии тарафи дигарро ангезанд.

Ба ақидаи Ҳарорӣ, пирӯзии Трамп ва комёбии Брекзит комилан бар пояи эҳсосоти раъйдиҳандагон ба даст омадаанд. Намунаҳои нохушоянд, чун сабақ медиҳанд, ҳар кас ё ҳар нерӯе, ки тавонад, бо эҳсосоти мардум бозӣ кунад, пирӯз мегардад. Чизи зиёде даркор нест ҷуз шиорҳое, ки дили мардумро ба ҷӯш оранд. Вақте ки ҳиссиёти онҳо бар хирадашон бартарӣ ёфт, ғалаба таъмин хоҳад гашт.

Аз ин ҷо Ҳарорӣ схемаи сохтаашро дар матни таҳаввулоти имрӯза мениҳад ва мегӯяд, рушду густариши беназири фанновариҳои иттилоотӣ абзори кӯбандае шудааанд дар дасти онҳое, ки мехоҳанд, бо ҳиссиёти мардум бозӣ кунанд. Розӣ нашуда намешавад. Худ як бор ба ҳамин Фейсбук нигаред. Зиёдтар аз ҳама лайку шарҳро навиштаҳое мегиранд, ки саршори эҳсосотанд ва камтар аз ҳама навиштаҳое, ки ба хираду дониши кас руҷуъ мекунанд. Вале ин дарди бахайр. Аз нигоҳи Ҳарорӣ, гирд омадани маълумот дар бораи ҳар шахс бо василаи ин шабакаҳо метавонад, хатарро дучанд гардонад.

МЕРОСИ ал-ХОРАЗМӢ

Ниёи бузурги мо Ал-Хоразмӣ розеро кушод, ки шоҳсутуни рушди фанновариҳои ҷаҳон шуд. “Алгоритм” ҳамон Ал-Хоразмист ва “алгебра” аз номи китоби ӯ “Ал-ҷабр-вал-муқобала” гирифта шудааст. Алгоритм силсилаи қоидаҳои дақиқест, ки тартиби ҳалли вазифаеро ташкил медиҳад. Имрӯз он бештар ба ройона ё комютар бастагӣ дода мешавад. Барномаи худкорест, ки силсиладастурҳоро мешиносад ва ба ҷо меорад. Барои намуна, агар чанд бор дар Ютюб филми ҳиндӣ тамошо кунед, бори дигар, ки ворид мешавед, он бароятон даҳҳо филми ҳиндиро қатор мечинад, чун алгоритми пушти пардаи ин сафҳа аллакай завқи шуморо шинохтааст. Ё, агар дар интернет пойабзор ҷустед, рӯзи дигар мебинед, ки огаҳиҳои зиёди фурӯши пойабзор пеши чашматон меоянд. Инҳо намунаҳои содаанд. Ҳоло алгоритмҳое сохта шудаанд, ки на танҳо майлу дилбастагиҳои одам, балки куллан афкору андеша, арзишҳо ва ҳатто розу асрори инсонро гирд меоранд ва меомӯзанд. Дар ҷое хонда будам, ки пирӯзии Трампро ситоди ӯ бо роҳи омӯзиши дақиқи майлу завқи интихобкунандагон ва ба ҳар яки онҳо пешкаш кардани шиору ваъдаҳои барояшон хушоянд таъмин кардааст.

Алгоритм акнун мисли чашми Бародари Калон (таъбири Оруэлл) ҳар ҳаракати зоҳирӣ ва ботинии башарро мебинад, сабт ва ҷамъбандӣ мекунад. Он кунун танҳо алгоритм нест, балки Хиради Сохта (Artificial Intelligence) аст. ХС қарор аст, дар оянда миллионҳо нафарро аз ҷойи кор маҳрум кунад. Масалан, ҳоло дар телевизионҳои амрикоӣ гузоришҳои обу ҳаво ва вазъи шохисҳои бозори бурсро мошинҳо менависанд.

Ҳарорӣ бар ин аст, ки филмҳои хаёлпарварона дар бораи ҷанги ояндаи инсонҳо ва мошинҳо боварбахш намебошад, чунки ХС ба маънои томаш шуур ва виҷдон надорад ва бе инҳо наметавонад, даъвои баробарӣ бо инсон кунад. Ҳарорӣ ба ҷанги одаму мошин бовар надорад, вале гумон мекунам, чунин ҷанг мумкин аст, гоҳе ки одам мошинҳои одамкушро ба сӯйи одамони дигар меифристад. Шуур ва виждон надоштани роботҳои одамкуш он гоҳ бар зарари инсон хоҳад буд, чун онҳо нахоҳанд тавонист, дуруст будани фармони ҷангҷӯ ва хунташнаеро барои худ рушан ва чунин фармонро (масалан, куштори кӯдакон ё солмандон) бознигарӣ кунанд. Пиндоред, он ҷанҷӯ дар бункер ё ғоре нишастааст ва ё дар ҳавопаймое дар баландии 10 километр парвоз мекунад ва роботҳо бо дастури ӯ дар қаламрави кишваре ба куштани одамон машғуланд. Магар ин ҷанги одаму мошин нахоҳад буд?

Ҳатто агар ҷанге ҳам сар назад, ба гуфтаи Ҳарорӣ, мошинҳо сол ба сол одамони зиёдеро аз шуғл ва даромад маҳрум хоҳанд кард. Вай мегӯяд, ҳангоми сафарҳояш ба кишварҳои гуногун суҳбатҳояш дар бораи оянда замоне шавқи ҳозиронро меорад, ки ӯ мегӯяд, оё медонед, фарзандон ва наберагонатон бе ҷойи кор мемонанд, зеро ҳама ҷоро роботҳо ишғол мекунанд. Ин пешгӯиро, дар омади гап чандин маркази оянданигарӣ ва ояндашиносӣ бо арқому адад дар миён мегузоранд. Охирин хабар ин аст, ки ройона бар қаҳрамони шоҳмот пирӯз омад ва ройонаи дигар бар он ройонаи қаблӣ ғалаба кард. Барои омӯхтани миллионҳо гашту натиҷаи шатранҷ ба ройонаи дувум ҳамагӣ 3 соат зарур шудааст.

ЧАШМИ АКОИ КАЛОН

Моҳи октябри соли 2017, ба навиштаи Ҳарорӣ, як фоҷиаи музҳик (трагикомедия) рух дод. Маъмурони амниятии Исроил як коргари фаластиниро боздошт карданд, зеро алгоритми ҷӯяндаи таҳдиди ваҳшатафканона иштибоҳ кард ва “ysabechum”-ро “ydbachhum” ҳарфгардон намуд. Дар натиҷа ибораи “Субҳ ба хайр!” иштибоҳан “Онҳоро куш!” хонда шудааст. Пулис ҳатто булдозерро мусодира кард, чун гумон дошт, ин коргари роҳсоз бо ҳамин булдозер амалиёте анҷом доданист. Шабеҳи онҳое, ки бо истифода аз мошину тракторҳо одамони бегуноҳро пахш карданд. Ҳоло хуб аст, ки хатокории алгоритм ошкор гашту инсони бегуноҳ озод, агар касе дунболи таҳқиқ намерафт, ҳатман ин кас ҳамчун гумонбаршудаи терроризм маҳкум ба зиндон мегашт.

Алгоритм ҳоло дар ҳама ҷо шуморо пайгирӣ мекунад. Он медонад, ки шумо кай аз хоб мехезед, чӣ мехуред, куҷо меравед, бо кӣ тамос мегиред, чӣ мехаред ва ғайра. Ба зудӣ он тавонманд хоҳад буд, ки ҳар нафас ва ҳар зарбони дили шуморо дунбол кунад ва гоҳе мерасад, ки мошин шуморо беҳтар аз худи шумо хоҳад донист, кор тамом мешавад.

Шояд шумо худатон мехоҳед, ки чунин бошад. Инсон ташвишу фикр карданро начандон хуш дорад. Он гоҳ шумо вуҷуд нахоҳед дошт, шумо шахси рабудашуда ва барда хоҳед буд. Вале агар мехоҳед, чунин нашавад, пеш аз он ки мошин тагу тирези шуморо ёд гирад, бояд худатон худро омӯзед ва бишиносед.

Рушди бесобиқаи фанновариҳои иттилоотӣ ва биотехнологӣ дар нуқтае ин ду риштаро ба ҳам васл мекунад. Он гоҳ дасткорӣ дар амиқтарин эҳсосот ва хостҳои инсон бештар ва хатарноктар мешавад. Он гоҳ гӯш додан ба ҳарфи дили худ ба гунаи бесобиқа хатарзо мегардад. Замоне ки Кока-Кола, Амазон, Байду ё ҳукумат мефаҳмад, ки чӣ гуна тори дили шуморо кашад ва тугмае дар майнаи шуморо зер кунад, оё шумо тафкик карда метавонед, ки ин андешаи худатон аст ё аз берун ворид шуда?

Ҳарорӣ мегӯяд, дар низоми мардумсолорӣ иттилоъ ба чанд маркази қудрат тақсим мешавад, то тасмими дуруст иттихоз гардад, аммо дар низоми диктотурӣ иттилоъ дар монополияи диктатор аст ва дар шеваи мудирияти ӯ ин иттилоъ бо қудрат омезиш меёбад, ки хатари онро даҳчанд мекунад. Зеро бо ин роҳ мафкураи гурӯҳӣ сохта мешавад ва соҳибони иттилоъ бо истифода аз қудрати давлатӣ даст ба ҳандасаи иҷтимоӣ мезананд. Натиҷа ин мешавад, ки ҳақиқат дигар тухми Анқо хоҳад гашт ва ёфтани он амри муҳол.

Дар садаи 20 таҷрибаи сохти коммунистӣ нишон дод, ки назорати комил бар иттилоъ имкон надорад ва дар ниҳояти амр ба фурупошӣ мерасонад. СССР тамоми талошро карда буд, ки иттилоъ дар инҳисори як гуруҳи хурди одамон бимонад ва ба мардум танҳо чизе расонда шавад, ки ин гуруҳ зарур мешуморад. Аммо, меафзояд Ҳарорӣ, он вақт шароит дар ҷаҳон дигар буд, ҳоло диггар аст. Ҳоло бо назардошти фанновариҳои нав назорати мутлақ бар иттилоъ, гирдоварӣ ва корбурди он мумкин гаштааст. Ин аст, муаллиф зидди ширкатҳои бузург, монополияи онҳо бар иттилоъ ва ҳамкорияшон бо созмонҳои ҷосусии ҳукуматҳо садо баланд мекунад.

Ҳатто ҳамин имрӯз садое, ки мо андаруни каллаи худ мешунавем, ҳаргиз боварбахш нест, зеро он ҳамеша таблиғоти давлатӣ, мағзшӯйии ғоявӣ, ва огаҳиҳои тиҷоратиро бозтоб медиҳад, ногуфта аз ангалҳои биошимиёӣ ( саҳ. 271).

ҒУРУБИ ҶАҲОНИШАВӢ

Нависандаи “21 сабақи садаи 21” мегӯяд, ҷаҳон натавонист аз имкониятҳое, ки раванди ҷаҳонишавӣ фароҳам овард, ба дурустӣ ва пуррагӣ истифода кунад. Ҷаҳонишавӣ барои фарҳангу одоби суннатии одамон осебҳои зиёд овард, кеши пулро ба тахти ҷаҳон нишонд, аммо аз сӯйи дигар, усули иқтисоду тиҷоратро ба саросари дунё густард ва рафтане буд ба самти баробарӣ дар ҷаҳон, ҳарчанд роҳест бас дарозу душворгузар. Аммо ҳаракате буд ба он самт. Акнун ин ҳаракат зоҳиран бас шуд. Ошкор гашт, ки бахшҳои гуногуни ҷаҳон дар сатҳи гуногуни рушд ҳастанд, вижагиҳои бешумори ақвоми мухталиф садди роҳ мешаванд ва тарафе аз тарафҳо ҷаҳонишавиро таҳдид ба қудрати хеш донист. Ба ҳар тартибе, ки буд, ин раванд сакта кард ва ҳоло, дар нимаи аввали садаи 21 миллатгароӣ, давлатгароӣ, худхоҳии низомҳо ҷойи ҷаҳонишавиро гирифтааст. Муаллиф пеш аз ҳама Русия, Туркия ва Чинро дар садри ин ҷунбиш ном мебарад ва мегӯяд, намунаи онҳо ба ҳамаи кишварҳои дигари дунё асар гузоштааст ва бахши бузурге аз ҷаҳон миллатгаро ва давлатмадор шуда, ҳизб ё ҷоҳталабони натсиюналист пирӯз мешаванд. Ба ёд оварем, ишораҳоро ба он ки мардум на аз рӯйи хирад, балки эҳсосот дар интихобот раъй медиҳанд.

Ҳарорӣ мегӯяд, ҳар қавму миллате ҳоло худро “нофи замин” мешуморад ва шояд ин бадие ҳам надорад, чун аз табиати инсон бармеояд ва ҳар кас мехоҳад, фахр кунад, ки дар рушди башар саҳме гирифтааст. Вале ин худистоӣ набояд аз ҳисоби қавму миллати дигаре сурат гирад. Охир, чаро агар озарбойҷоние Низомиро намояндаи бузурги қавми худ меномад ва ифтихор мекунад, фарзандони ҳақиқии ин марди бузург бояд аз чунин ифтихор бенасиб бошанд? Шӯру ҳаяҷони ин кашокаш оқибат роҳе ба фашизм аст ва давлатҳо, ки бо истифода аз инқилобҳои биотехнологӣ ва иттилоотӣ хеле содаву осон метавонанд, ҷомеаҳои худро ба ин нокуҷо савқ диҳанд.

Ҳоло фикр кунед, ки чаро давлатҳо на танҳо расонаҳои ахбори ом, дастовардҳои улуми ҷадид, балки дину мазҳабҳои қадимаро дар хидмати худ қарор додаанд. Ин ҳам ба ҳандасаи иҷтимоӣ ё сохтсусози ҷомеа бармегардад, ҷомеае, ки фидокори ҳокимони худ бошад. Аслан давлат чист, мепурсад Ҳарорӣ ва мегӯяд: чизест, ки парчами худро дорад ва ин аст нишонаи давлат будани он аст.

Соли 2017 ҳукумати миллатгарои Ҳинд яке аз калонтарин парчамҳои ҷаҳонро сохт ва дар мавзеи Атторӣ, дар марзи худ бо Покистон барафрошт. Дар баландии 360 фут, парчаме, ки нимаш тиранга аст, яъне серанга, дарозияш 115 фит бараш 78. Ин парчам аз Лоҳури Покистон дида мешуд. Он аз ҳисоби буҷаи мардуми Ҳинд сохта шуд. Бод ҳар гоҳе онро пора мекард ва ҳукумат парчами наве мефармуду бармеафрошт. Намешуд, ба ҷойи ин шабакаи гандоби канораҳои чиркзадаи Деҳлиро бунёд кунад? – Суол мегузорад Ҳарорӣ. Зери ин парчам мардумро гирд меоранд, то нишон диҳанд, ки ҳукумат мардумист. Давлат бо истифода аз ритуал ё ойинҳои муайян аз ҳастии хеш хабар медиҳад. Ҳамон гуна ки дину мазоҳиб оинҳои худро доранд.

Ҳамчун намуна, муаллиф аз ошурои шиъаҳо ёд мекунад ва менависад: “Моҳи марти 1939 табибе ба зани яҳудие дар Машҳад, ки аз бемории пуст ранҷ мебурд, гуфта, ки агар сагеро бикушад ва бо хуни он пусташро бишуяд, дуруст мешавад. Ин кор дар давраи ошуро иттифоқ меафтад ва овоза мекунанд, ки зан сагро ҳамчун рамзи шаҳидони Карбало забҳ кардааст. Имоми маҳаллӣ инро дар масҷид мавъиза мекунад ва мардум ба шӯр омада, ба манзилу канисаи яҳудиён ҳамла оварда, 36 яҳудиро мекушанд, бақия аз Машҳад ронда мешаванд. Онҳое, ки мемонанд бояд байни қабули ислом ва марг якеро бипазиранд.” ( саҳ. 293)

Ҳарорӣ меафзояд, намояндагони ислом, насоро ва яҳудият аз он мефахранд, ки тавҳид ё яктопарастиро ниҳодина карданд ва густариш доданд. Аммо, мегӯяд ӯ, ин ҷое барои ифтихор надорад, чун дар давраи бисёрхудоӣ камтар инсон барои дин кушта шудааст, то дар давраи тавҳид.

Вай аз қатли оми мусулмонон дар Миёнмор ё Бирма изҳори андуҳ мекунад ва мегӯяд, дар мусоҳиба бо “Гордиан” руҳонии миёнморӣ аз марги магас дареғ хӯрдааст, вале чун аз ӯ мепурсанд, ки ҳарбиёни кишвараш мусулмононро таҷовуз ва қатли ом кардаанд, мегӯяд, ба ин хабарҳо бовар надорад ва механдад ва меафзояд, таҷовуз кардан бар мусулмонон “имкон надорад, чунки бадани онҳо бисёр нафратовар аст” ( саҳ. 310, ба нақл аз “Гордион”, Лондон, 12 майи 2017).

Ҳаррӣ нақши динро дар ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ ночиз ва гоҳе манфӣ медонад ва мегӯяд, он якҷо бо миллатгароӣ ва давлатмадорӣ мояи ҷудоиҳои бани башар аст. Агар дин барои давлат муҳим набошад, чаро онҳо асли ҷудоии байни ин дуро муроот намекунанд? Ҷопон дар садаи 20 бо назардошти манофеи худ ислоҳотеро дар дини синтоистӣ ҷараён дод ва амалан дини наверо ба вуҷуд овард. “Камиказе”, яъне халабонҳои маргталабу худкуши ҷопунӣ фуровардаи ҳамин дини наванд. Бо илҳом аз Ҷопун ҳамчунин Кореяи Шимолӣ дини буддоии худро ба дини нави юче иваз намуд. Бино бар аслҳои он раҳбари давлат одамхудоест, ки бояд ба иродаи он саҷда кард. Ҳаракат, аз нигоҳи Ҳарорӣ, ба самти ҷудоии бештари байни мардуми ҷаҳон идома хоҳад кард ва нерӯ хоҳад гирифт, то ҳокимон ва элитаҳо аз роҳату қудрати худ маҳрум нашаванд. Вақте ки муаллиф мегӯяд, дар ин байн дар ҷаҳон ирқҳои нави сарватмандон ва фақирон, даркорон ва нодаркорон пайдо мешаванд, аз як сӯ шиорҳои сабуки марксистони чапгароро ба ёд мерасонад, вале аз сӯйи дигар пешгӯии марказҳои ояндашиносиро, ки низ тақрибан ҳамин гуна пайомадеро рақам задаанд.

Натиҷагирии Ҳарорӣ ин аст, ки ҷаҳон дар як тазоди бузург дармондааст: аз як сӯ мушкилоти он ҷаҳонӣ, азим ва умумист ва аз сӯи дигар, дар баробари он башар ҳарчӣ бештар тикаву пора мешавад. Танҳо башари якпорча метавонад роҳ надиҳад, ки илм ва иттилоъ дар дасти чанд нафар ҷамъ ва зидди башар истифода нашавад, ваҳдати ҷаҳонӣ даркор аст, ки башарро аз ҷанги ҳастаӣ, фурупошии экологӣ ва садамаи технологӣ ҳифз кунад, аммо чунин ваҳдат нест ва миллатгароӣ, давлатмадорӣ, судҷӯйӣ, дин ва фарҳангҳо мардумро аз ҳам ҷудо ва зидди ҳам қарор медидҳанд.

НАСЛИ НАВ КУҶОСТ?

Як шугуфаи умед ин ҷост, ки шояд насли наврас дунёро наҷот диҳад. Аммо ин ҷо нуктаи асосии Ҳарориро мешунавем: дар ҳоле ки башар бесаводтар мешавад ва аз таҷрибаи худ намеомӯзад, зиҳӣ Рӯдакии мо, ки инро ҳанӯз ҳазор сол пеш гуфтааст!, ончӣ имрӯз аз тарафи бани башар дониш шумурда мешавад, ба тасдиқи Стивен Сломан ва Филип Фернбах танҳо “рӯъёи дониш” асту бас.

Насли наврас ҳоло паси мизи мактабист ва ҳоло мактаб вазифаи худро дар он мебинад, ки ба майнаи кудакон иттилоъ ҷой кунад.  Аммо худи донишҷуён  ба воситаи телефонҳои ҳушманд ба маълумоте дастрасӣ доранд, ки шояд аксари омӯзгорон надоранд ва намедонанд.

Пурсиши меҳварӣ ин аст, ки оё иттилое, ки ҳоло ба майнаи атфол ҷой карда мешавад, дар оянда то чӣ андоза ба онҳо даркор хоҳад буд? Посух ин аст, ки мактаб ва шеваи тадрис кайҳо куҳна шудаанд. Онҳо маълумот ёд медиҳанд, на омодагии зеҳнӣ, андеша ва таҳлил.

Низоми омузишу парвариши Ғарб кайҳост, ин ҳолатро дарк кардааст ва акнун омӯзгорон ба шогирдон маълумоти чида ё баргузидаро пешкаш мекунанд ва тамаркукузашон рӯйи он аст, ки ба онҳо андешиданро ёд диҳанд ва ҳам ҷудо кардани иттилоъи муҳим аз беҳударо ва ҳам васл кардани ин донишҳоро барои дарки манзараи умумӣ ё кутоҳи сухан, таҳлил карда тавонистанро. Ба ин сабаб китобҳои дарсӣ дар Ғарб ҳар сол аз нав нашр мешаванд. Ин дар Ғарб, дар кишварҳои мо ҳанӯз китобҳои бист сол ё зиёдтар пеш дар дасти бачагонанд.

Ба гуфтаи Ҳарорӣ, аксари мутахассисони педагогика бар инанд, ки мактаб ба ҷойи маълумот бояд тафаккури интиқодӣ, муколама, ҳамкорӣ ва эҷодкориро омӯзонад. Ва ҳамчунин инсон будану инсон мондан дар давраи дигаргуниҳои бузургро.

Нуктаи охирӣ ба назарам воқеан муҳим аст. То рӯйдодҳои ғамангези соли 1992 то 97 кам касон гумон доштанд, ки тоҷикон то ин дараҷа бераҳм буда метавонанд. Хабарҳои чанд соли охир ҳам нишон медиҳанд, ки бераҳмӣ, рафторҳои ғайриинсонӣ дар ҷомеаи тоҷик рӯ ба афзоиш доранд.

Ояндае, ки Ҳарорӣ ва коршиносони дигар пешбинӣ мекунанд, аз ҳзолу ҳавои давраи ҷангу нооромӣ кам фарқ мекунад. Афзоиши фақру бекорӣ, густариши вартаи байни дорову нодор ва тағйироте, ки оянда меорад, мафкура ва ахлоқи одамонро зери фишори сахту мудҳиш хоҳад гузошт. Бисёр муҳим аст, ки мегӯяд файласуф, одамон худро гум накунанд, ба дигаргуниҳо муросо карда тавонанд ва ноумед нагарданд. Ин дигаргуниҳо мумкин аст, ҳаёти миллионҳо инсонро нодаркор  гардонад. “Бадбахтона, ба кудакон ёд додани вохӯрӣ бо олами ношиносу номаълум ва  ҳамзамон ҳифз кардани мувозанати фикрии худ аз омӯзондани ҳалли муодилаҳои душвор ё суолҳои физика дида ба маротиб сахттар хоҳад буд.” (270)

Ҳарорӣ бар ин аст, ки мағзи инсон дар тамоми дарозои ҳастияш дастхуши бозӣ ва пардоз будааст. Агар тамоми чизе, ки инсон дар тули умраш омӯхтааст, баррасӣ шавад, аён хоҳад гашт, ки то куҷо зеҳни ӯ ҳадафи дасткорӣ ва парвариш қарор гирифтааст. Аз ин нигоҳ, мағзи инсони имрӯза аз мағзи инсони ибтидоӣ хеле ақибмонда ба назар мерасад. Нахустинсон бисёр чизҳоро шахсан медонист, аз ҷумла чӣ гуна оташ гиронад, шикор кунад, либос дӯзад ё рустанӣ парварад. Ин ҳамаро инсон худ медонист ва иҷро мекард. Аммо аксари кулли донишу тавоноии инсони имрӯза моли шахси худаш нестанд, балки аз дигарҳо андӯхта шудаанд. Худ метавонед, таҷриба кунед. Чашмҳоятонро пӯшонед ва донишҳои худро, лоақал, дар як ришта, бишмуред ва пиндоред, ки агар ҳамаи онҳоро пок бирӯбед, дар саратон роҷеъ ба риштаи баргузида чӣ чизҳое боқӣ хоҳад монд?

Аз ин нигоҳ онҳое шавқоваранд, ки андӯхтаи хусусии хешро надоранд ва ҳамеша гуфтаи дигаронро тӯтивор такрор мекунанд. Ҳоло бояд фикр кунанд, ки ин бахш аз дониши худро аз кӣ ё киҳо ва аз куҷо гирифтаанд ва оё он ашхос ё сарчашмаҳо арзандаи боваранд ё на? Ашхоси кажроҳ ва сарчашмаҳои дурӯғин ба инсонҳо донишҳои зиёновар медиҳанд ва рӯзе аз рӯзҳо ҳаёти ӯро талх мекунанд.

ПОВАРАҚ

Ин буд чизе, ки аз китоби “21 сабақи садаи 21” дар ёдам монд. Онро моҳи ноябри соли 2018 хонд, барои худ баъзе қайдҳои фишурда гузошта будам. Китобро ба китобхона баргардондам ва имрӯз қайдҳои худро такмил кардам, ин матн ҳосил шуд.

Албатта, Ҳарорӣ Амрикоро кашф накардааст, аммо чизҳоеро гирд овардааст, ки мо дар авҷи гирудори зиндагӣ ба онҳо кам менигарем, гоҳе аслан наамебинем. Орзуи ин нависанда шояд он аст, ки ба шаклгирии маънавии одами асри 21 кумак кунад. Агар мехоҳед, ба васияти падари шеъри порсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ садоқат нишон диҳем, пас аз рӯзгори гузарон сабақ гирем ва ҳамгоми замон бошем. Оё ҳастем?

22.03.2019 - Posted by | Баҳс, Илм, Инсон, Китоб, Рӯзгор, Таҷриба, Ҷомеа | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: