Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пайи панҷаи пайғамбар

Пас аз як танаффуси дароз ниҳоят сари ин пешнавис нишастам ва ба гумонам, онро ба поён расондам дар ин субҳи аҳуроӣ! Дигар моли ман нест, моли шумост. Хуб уфтода ё на, қазоват низ бо шумост. Аз мо навиштан, аз шумо хондан ё нахондан, писандидан ё написандидан. Навиштам, то рӯзгоре ба дарде бихӯрад. Ё нахӯрад? Дурудароз дар сарам мегашт ва наздик ба як сол пеш нусхаи аввалашро ҳамроҳи як флешка гум карда будам.

Чанде пеш бо машаққат ва сӯхтанҳо аз гум карданаш нишастаму аз нав ба ёд овардамаш ва имрӯз веросторияш кардаму ҳадя мекунам ба дӯстон. Омодаи ҳама гуна танқиду эрод. Тандуруст ва сарбаланд бошед!

Пайи панҷаи пайғамбар

(ҳикоя)

Чанд шабу рӯзи охир ду садо гӯши Атохоҷаро пур карда буд: рагбори калашниковҳо ва ғиреви гурбаҳо. Аслан тирандозӣ дар шаҳр кайҳо чизи одие гаштааст, аммо бонги гурбаҳо ӯро сахт ба танг меорад. Шояд барои он ки аз давру бар ва болои бомаш меояд ин садо. Ғашовар ва кароҳатомез.

Нолаи гурбаҳо аз жарфнои шиками онҳост ва тарсангез аст. Ғиреве, ки дару деворро мешикофад, ҳаворо гиреҳ мезанаду метаконаду меситабронад ва Атохоҷа меангорад, ин на садои гурбаҳо, балки шевани сӯздору гудозандаи занон аст, ки аз шунидани он мӯй дар бадани ӯ рост мехезад, ба танаш ларза меафтад, дилаш шабвор сиёҳ мешавад. Лаҳзаҳое ин садо хашмашро меорад ва безору нафасгираш мекунад. Меғиреванд гурбаҳо, фиғон мекашанд аз қаъри меъдаашон…

Дирӯз буд, ки ҳамсояаш мегуфт, бояд ба ин ҳол одат кард, чун мавсими ишқварзии гурбаҳост ва онҳо аз зӯри шаҳват шӯрида, села-села ба дунболи шарики худ рӯйи бому паси деворҳо медаванду фиғон мекашанд, сонияе ором намегиранд, ангор, бо ҳамаи дунё даъво доранд ва хоҳиши онҳо болотар аз ҳама чизу кас аст.

Шаби гузашта он қадар бонг заданд, ки Атохоҷаро хоб набурд, то бомдод паҳлу гашт, чандин бор сар зери болин кард, хесту калтакеро гирифт, ба ҳавличааш баромад ва ҳафт ё ҳашт гурбаи сиёҳу зарди рах-рахро дид, ки чашмонашон чун лаххаҳое дар хокистар медурахшид, пойҳояшонро хам мекарданду думашонро боло, ба танаи дарахтон мечаспиданд, меҷаҳиданду рӯйи бом ё сари девор мерафтанду менишастанд ва девонавор фиғон мекашиданд. Калтакро гузошт ва аз замин сангу кулӯх бардошта, ба сӯяшон афканд, фарёд заду душномашон дод, ба ҳар сӯ гурехтанд, аммо садояшон кам нашуд, чун дур нарафтанд ва дар ҳамин давру барҳо буданду ҳамоно меғиревиданд.

Ҳанӯз дар рахтихоб худро нагунҷонда буд, ки боз ба рӯйи бомаш баргаштанд ва ғаранги шабгири онҳо ғавғои маҳшар бапо намуд.

Шаби аввале, ки гурбаҳо ғулғула андохтанд, Атохоҷа ангошт, ки ин мағал танҳо андар сари ӯст, чун ҳафтаҳост, дар ин ҷову он ҷойи шаҳр, ҳар куҷо мерафт, аз пушти ҳар дару деворе навҳаи занон дар сӯги пайвандони худ ба гӯш меомад ва шояд ин садо дар ҷонаш нишастаасту мечархад ва аз сараш берун намеравад. Ба гӯшҳояш пунба халонд ва сарашро зери кӯрпа карду зеҳн монд, ки фиғонҳо камтар шуданд, донист, онҳо на дар мағзи ӯ, балки дар берунанд. Фарёди марғуладору фарохонандаи онҳо фақат шояд гоҳе камтар мешуд, ки ба ҳавлии ҳамсояҳо меҷаҳиданд, дар тангкӯчаи ин бахши рустомонанди шаҳр тит мешуданд ё балки, тавре ҳамсоя гуфт, бо ҳам дармеомехтанду ком мегирифтанд. Лек ин гоҳ садояшон ҳарчанд камтару пасттар мешуд, нолаҳояшон дарозтару амиқтар мегашт.

Ғаранги дардноки гурбаҳо гоҳе ончунон авҷ мегирифт, ки ангор тамоми пишакҳои шаҳр ин ҷо ҷамъ шудаанд. Гӯё маркази ҷаҳонашон бошад. Ё шояд амнтарин ҷойи шаҳр, чун ҳама ҷо, ба ғайр аз ин кӯҳдоман, кушокушӣ ва парон-парон инсонҳову ҷонваронро ба кунҷу канор гурезонда буд.

Ин ҳам аҷиб метофт, ки агар тирандозӣ дар шаҳр бештар мешуд, фиғони гурбаҳо ҳам боло мегирифт ва гоҳе ки як хомӯшии кутоҳ ба миён меафтод, садои онҳо оромтар ба гӯш мерасид. Атохоҷа фикр кард, шояд танине аз садои тирандозӣ ба гурбаҳо мерасад ва онҳоро меангезад.

Дар курсии рӯбарӯи рахтихоб нишастааст ва ҳоло наметавонад боз ба гӯшҳояш пунба зер кунад, чун интизори омадани касест, ки ҳафтаҳост, барояш пайғом додааст ва ниҳоят посух расид, ки ин шом дӯсти деринааш Шерхон ба дидани ӯ хоҳад омад. Атохоҷа рӯзу шаб худро ба ин дидор омода мекард ва бовар дорад, акнун тақдираш ҳал хоҳад шуд.

Шерхон омад. Вақте даричаро куфт, гурбаҳо ногаҳон сокит шуданд ва чун Атохоҷа ба сӯйи дар мерафт, садои гомҳои худро мешунид. Агар ҷеғаси гурбаҳо меомад, чизи дигаре шунида намешуд, чун ин садо ҳама садоҳои дигарро пахш мекард ва ба гулӯи фиғонкашандаи гурбаҳо фурӯ мекашонд.

— Маро хостӣ. Аҷабам омад, ҳарчанд, ба гумонам, медонам, мақсад чист, — садои Шерхон мисли солҳо пеш ғафсу ғурӣ буд. Рише монда буд ва дар тан либоси алобулои нимаҳарбӣ дошту дар камарбандаш ғилофи чармии дорчинранги туфангча.

— Қурбони аҳли фаҳм. Ҳарду медонем, ки ҳоло вақташ аст, — посух дод Атохоҷа, ҳарчанд бовар надошт, Шерхон хости асосии ӯро медониста бошад, аммо ба он бартарӣ дод, ки мавзӯъ худ ба худ боз шавад.

Гурбаҳо аз нав ва ноласароӣ даромаданд ва чанде аз онҳо дар болои бом задухӯрдро сар кард. Аз он ҷо садои афту дарафт ва ғирев ба гӯш мерасид. Аз як гушаи бом сар шудаву ба гушаи дигараш мерафт.

Шерхон ангушти ишоратияшро сӯйи шифт кард:

— Тинҷӣ ҳаст? Ин ҷо ҳам занозанӣ ку.

— Худат ҳамаша медонӣ. Одамо, ки меҷанганд, инҳо ҳам ноором мешаванд.

— Гурбапарвар-ку нестӣ? Инҳоро худат ҷамъ кардӣ?

— Инҳо мара безор карданд. Ҳамсояам гуфт, даврашон аст. Ҳар сол ҳамин хел. Гӯш кун, ман мансаб мехоҳам.

Шерхон дар миёни мӯйлаби ғафс ва риши ғулияш лабханд зад. Чизе нагуфт ва мунтазир истод. Чашмонаш ҳам, ангор, механдиданд. Атохоҷа ба нигоҳи ӯ тоб наовард ва маҷбур шуд, идома диҳад:

— Ду сол мудири тсехи риштамакарон будам, ин ҷавонако омадану чаппаам кардам.

— Медонам. Туро аз бадбинӣ чаппа накарданд, ту ба дастгоҳи нави итолиёӣ рӯғани кам рехтӣ, ҳамаш вайрон шуду аз кор монд.

— Ҳоламро бин.

Шерхон бо нигоҳаш даври ҳуҷраро гашт. Чашмони Атохоҷа нигоҳи ӯро дунбол карданд. Гӯё ду нигоҳ бо риштаҳои ноаёне бастаи ҳамдигар буданд.

Дар кунҷи хона кати кӯҳнаи симтӯрдоре буд, ки ба катҳои бемористон ё сарбозхона шабоҳат дошт. Рӯяш як кӯрпаи фарсуда ва бе рӯйкаш, дар як тарафаш палтое печондашуда нақши болинро мебозид ва дар поёни пой як лиҳофи ғиҷимгашта, ки чандин сурохи хурди монанд ба пайи тир дошт. Дар кунҷи болои сари кат мусалсалт калашников милаш ба девор такя задааст. Абрӯвони Шерхон боло рафтанд:

— О, калашников ҳам дорӣ?

—  Оре, харидам. Тамоми пасандозам рафт.

—  Пас ҷанговар ҳастӣ.

—  На, барои муҳофизати худам. Кош, ҷанговар будам, корам осон мешуд. Ончӣ мехостам, худ мегирифтам ва аз касе ҳам намепурсидам. Ё ду-се ҷиянам дар ин ҷангҳо кушта мешуд, ҳоло мегуфтам, ки барои ин ҳукумат хун додаам…

Дар девори шимолии ҳуҷра тирезаи хеле хурди гушаҳояш ҳамойил буд ва пардаи читии чиркине ними онро мепӯшонд, дар девори муқобил, сари мехҳо либосҳои Атохоҷа овезон, чаптари онҳо дари боз ба даҳлези кучак – зоҳиран хона ба шеваи рустоии русӣ сохта шудааст. Дар чунин хоначаҳо одатан пиразанҳои бознишастаи рус мезистанд. Ҳанӯз нигоҳи Шерхон ҳама ҷоро нагашта буд, ки садои Атохоҷа баланд шуд:

— Мансаб мехоҳам, чизе ки бошад, фарқ надорад, мансаб бошад, шуд

— Ту қудрат мехоҳӣ, зеро ночиз ҳастӣ ва бо ин камбудатро баробар кардан мехоҳӣ, — вақте ки Шерхон гап мезад, лаби поён ва ҷоғи пашминаш каме пеш мебаромаду худбоварии ӯро нишон медод ва дар чашмонаш шӯхӣ мечархид. Ин ҳол Атохоҷаро низ водор мекард, ки худро устувор ва қавӣ падид орад:

— На, мансабро барои он мехоҳам, ки қудрат ин ирода ба зиндагист, қудрат озодист.

—  Аммо инҳое, ки ту аз онҳо қудрат ёфтан мехоҳӣ, чунинҳоро дӯст намедоранд, онҳо бардагонро дӯст медоранд, фармонбаронро.

—  Қудрат чизест, ки тартибу низом меорад. Ба атроф нигар, ин ҳарҷу марҷро бин. Бебандуборӣ! Инро бо чӣ метавон аз байн бурд?

Шерхон оҳ кашид, лаҳзае хомӯш монд ва ба чашмони хурду бозигари Атохоҷа нигариста, гӯё натиҷагирӣ кард:

—  Туро мекушанд, зеро ҳоло ҳамаи онҳое, ки солҳои зиёд ғаризаи қудратхоҳияшонро мисли сари кафидаи зери тоқӣ пинҳон дошта мегаштанд ё монанди васвасаи қай ба зӯр фурӯ кашида буданд, гардан ёзондаанд, бархостаанд, силоҳ ба даст гирифтаанд, ба кӯча баромадаанд. Бизану бигир. Аммо ту ақл надорӣ, қудратро чӣ мекунӣ? Бидон, ки навад аз сади онҳо кушта хоҳанд шуд, зеро беақланд.

Атохоҷа дастонашро дар сари сина ҳалқа зад, китфонашро фишурд, гардан барафрохт ва бо садои баландтаре нидо дод:

— Магар ақл дар ин давра ба касе даркор аст?

— Ҳатман, зеро қудрат виҷдону номусатро мебарад. Дурӯғгӯ, каззоб, фиребгар, чашмгурусна, бераҳм ва гоҳе ҳам тарсу мешавӣ. Магар ҳаминро мехоҳӣ?

Атохоҷа бархост ва дар ҳуҷраи танг ба қадамзанӣ даромад. Дастонашро ҳамон сари сина қулфак зада буд ва гуфт:

— Ту бо калонҳо гапу кор дорӣ. Нагузор, ман дурдав кунаму биёяму биҷаҳам. Худашон коре кунанд. Даври мо расидааст. Касе чизе хоҳад, мекунад.

Шерхон чашм аз мусалсали кунҷи хона наканда, гуфт:

— Ман фақат як бахши шаҳрро зери назорат гирифтам, ки бегонаҳо надароянд, ҳамин.  Аммо, ба гумонам, ҳамаи гурбаҳои шаҳр болои боми ту ҷамъ шудаанд. Медонӣ, гурба чӣ гуна пайдо шудааст?

— Ҳама аз куҷое омадаву соҳиби мансаб шудаанд. Ман аз дигарон чӣ камӣ дорам ва магар ҳоло даври мо нарасидааст, пас аз ин қадар сол?

— Гурба дар нови Нуҳ аз атса задани шер пайдо шудааст ва дертар пайғамбар Муҳаммадро аз мор наҷот дод ва ҳазрат пушти онро панҷа кашид. Аз он ба баъд гурба аз кудом баландие, ки афтад, танҳо бо пойҳояш ба замин фуруд меояд. Хатҳое, ки дар пушти гурбаҳо мебинӣ, пайи дасти ҳазрати пайғамбаранд.

— Э мон, инҳоро. Бигӯ, куҷо биёям ва кай?

— Рамзи некӣ ва сарбаландӣ аст гурба. Гарданкашӣ.

— Ба чӣ часпидӣ? Мекунӣ ё не? Ҳоло пайғамбаршинос шудӣ. То дина шаробро аз гулӯи шиша дам мекашидӣ.

— Бошад, — гуфт Шерхон ва бархост. Фардо ба назди театр биё ва ба бачаҳо гӯ, ки назди ман омадаӣ.

Шерхон рафт, аммо шабаҳи ӯ гӯё ҳамоно дар курсии рӯбарӯйи кати Атохоҷа нишаста буду ҳоло дигар чизе намегуфт, балки дурудароз ба ҳамсуҳбаташ менигарист. Аз ин нигоҳи амиқ Атохоҷа нороҳат мешуд. Ҳамоно дар тангии ҳуҷра қадам мезад ва ин нигоҳро дар сару рӯйи худ ҳис мекарду ногаҳон ба тарафи курчӣ менигарист.

Ғавғои гурбаҳо акнун бо садои тирандозиҳо пайваста, кадом оҳанги деринаро ба ёд меовард. Аҷиб буд, ки ин садоҳо дигар ба Атохоҷа гаронӣ намекарданд. Нафасе сабук кашид, қулфаки дастҳояшро боз кард, ба кат нишаст ва оҳиста ба палтои ғиҷимшудааш сар гузошту пойҳояшро рӯйи кат бардошт. Вале ҳамон лаҳза бо ҳарос аз ҷой ҷаҳид. Дар курсӣ акнун як гурбаи калоне нишаста буд ва бефосила ба Атохоҷа нигоҳ мекарду гоҳе ба атроф ва гоҳе хамёза мекашид. “Амон аз дасти ин лаъинҳо!” хитоб кард Атохоҷа ва бо муштҳояш чашмонашро молид. Оре, гурбаи фарбеҳе он ҷо нишаст буд ва ҳоло бо ҳавсалаи тамом пашми дасту панҷаҳои худро мелесид. Забони алвонаш рӯйи пашм печ мехӯрд, аммо чашмонаш ба Атохоҷа дӯхта шудаанд, аз Атохоча сашм намекард. Нохост, гурба садои борику ҷеғосӣ баровард:

— Эй, одам, ман гурба нестам, ман номуси туам.

Атохоҷаро ҳуш аз сар парид. Як бор аз ҷой ҷаҳиду ба оҳистагӣ ба он ҷой фуруд омад ва симтӯри кат зери вазнаш ғиҷирос зад. Ончунон дар шигифт монда буд, ки садояш берун намеомад ва иродааш гиреҳ хӯрда буд ва намедонист, чӣ кор кунад. Гурба давом дод:

— Ном ва номусатро мехоҳӣ бо чирку хун олоӣ. Гӯл машав. Маро, ки аз даст додӣ, соф мекунӣ, соф!

Ниҳоят, бо корбасти тамоми неруяш, Атохоҷа тавонист, рагу пайи худро ба ҷунбиш орад, боло кашад ва аз ҷой бархезад. Сараш гирд мегашт. Чашм аз гурба наканда, дастпармос мусалсалро ҷуст. Ин дам ҳанҷарааш ҳам боз шуд, нафасе берун омад ва ҳавое дарун рафт, фарёд кашид:

— Э гум шав, ки гурба номуси ман бошад! Ҳоло автоматро мегираму як рагбор тират мезанам.

Силоҳро бардошту сӯйи гурба дошт ва кулангро пахш кард. Силсилае аз панҷ ё даҳ тир, яке паси дигар аз мили силоҳ берун ҷасту гурбаро порча-порча кард ва ин лаҳза Атохоҷа аз садои афтодани чизе бедор шуд. Курсӣ холӣ буд. Дар гӯшҳояш садои калашников пажвок медод ва ҳам аз берун ғиреви гурбаҳо меомад ва аз даҳлез харошиданҳои нимашунавое.

Атохоҷа шитобон ба кунҷ нигарист ва дид, ки мусалсал дар ҷояш аст ва таконе надидааст. Оҳиста бархост, ки симтӯри кат садо надиҳад, силоҳро гирифт ва ба даҳлез баромад. Гурбае дар рӯйи рафҳои ошпазхона чизеро мехойид. Бо дидани Атохоҷа ҷонвар аз даҳлез берун ҷаҳид. Атохоҷа аз пасаш давид ва дид, ки гурба сари девор баромаду он ҷо нишаст ва осемасор сар ба чапу рост мегардонд, аммо бештар ба одаме менигарист, ки бо танпӯш ва зершалвор чизе дар даст берун баромадааст. Ба назари Атохоҷа чунин намуд, ки гурба ба ҳоли ӯ пузханд мезанад. Дандон ба ҳам сойид, силоҳро гузошт ва хост, чизи сангине ёбаду гурбаро занад. Чизе ба дасташ наомад. Чашм аз гурба намеканд ва сатили обро дид, ки дар рӯяш дулчаро гузошта буд. Бо дулча аз сатил об гирифту ба тарафи гурба пошид. Хандааш омад. Гурба печутоб мехӯрд, ангор, об ба танаш мисли хор мехалид. Ғавғои гурбаҳои дигар акнун ба осмон мепечид. Ангор, гирд омадаву аз болои бом, аз пушти сари Атохоҷа, ин манзараро медиданд ва фиғон мекашиданд.

Гурбаи сари девор “фах” гуфт ва даҳонаш ба ду тараф ёзид, дандонҳо хамидаву нугтез ва забони чун як порча хун сурхаш намудор шуд.

Атохоҷа ин бор дулчаро пур-пури об кард ва ба гурба пошид. Ҷонвар аз сари девори паҳлуи дарича ба берун, ба кӯча, ҷаҳид. Ин дам аз тангкуча садои мошин омад, садое, ки атрофро такон медод. Рушан набуд, мошине мегузашт ё зиреҳпуше. Чандест, ки шаҳр пур аз зиреҳпушҳост. Ғуриду гузашт.

Атохоҷа оҳе сар дод, дулчаро канори сатил партофт ва ба хонаи дарун баргашту рӯйи кат афтод. Сахт нороҳат буд ва танҳо як чиз дар ин ҳама тирагӣ мисли тори нуре дилашро рушан мекард: субҳ ба назди Шерхон хоҳад рафт ва саранҷом ҳаёташ ба маҷро хоҳад даромад. Аз ин ҳавличаи куҳдомани шаҳр, аз ин макони гурбаҳои девона ҳам хоҳад рафт. Дар маркази шаҳр хона хоҳад гирифт ва идораи кораш ҳам он ҷо хоҳад буд.

Бо ин андешаҳо хобаш бурд ва хоб дид, ки дар тори зиреҳпӯше ҳамроҳи Шерхон ва чанд сарбоз аз хиёбони марказӣ мегузарад ва мардум ба тарафи онҳо гул мечошанд. Чанд дона мехак дар чароғу дастгиракҳои зиреҳпӯш дармемонад. Баъд дид, ки зиреҳпӯш ӯро ба ҳамин кӯчаи танги кӯҳдоман овардааст, аз дур даричаи шикастаи худро мебинад, вале гумон мекунад, он аз кадом давраи хеле дури гузаштаҳост ва гурбаеро мебинад, ки паҳлуи дарича, сари девор нишастаасту, гоҳе ки зиреҳпӯш ба ин ҷо мерасад, ба рӯйи роҳ меҷаҳад ва зери саллаи мошин мемонад. Шерхон фарёд мезанад, ки ронанда фишанги истро пахш кунад, вале дер аст ва аз таҳ як садои ҷарақас меояд, ангор устухонҳои гурба зери саллаи зиреҳпӯш мешикананд, тикаву пора мешаванд. Аз чӣ бошад, дили Атохоҷа шодтар мешавад. Ногаҳон ҳарду, ҳам Шерхон ва ҳам Атохоча, мебинанд, ки дар пеш роҳ нест, балки як партгоҳи амиқест, вале фурсат барои боздоштани зиреҳпӯш намерасад ва мошин ба ин ҷарии бетаг фурӯ меравад. Атохоҷа фиғон кашид ва бедор шуд.

Субҳ дамида ва ҳуҷра рушан буд. Зуд бархост, об гарм карду риш гирифт. Шиму куртаи тоза пӯшид ва ҳангоме ки пиҷакашро аз мех гирифтанӣ буд, дид, ки пеши бар ва остини он суроханд. Ҳайрон монд. Аранге ба ёдаш омад, ки шаб аз калашников паронда буд ва шояд тирҳо ба пичакаш расидаанд. Ангошт, ки напарондааст, балки фақат парондан мехосту бас, аммо тире назадааст. Боз ёдаш омад, ҳине ки аз ҷойгаҳ хеставу хоболудона ва пешпохӯрон берун мерафт, чизи хурдеро зери по пахш карда гузашта буд. Поён нигарист ва рӯйи фарши фарсуда чанд найчаи тири мусалсалро дид.

Аз баҳри пиҷак гузашт ва палтои куҳнаро аз болои курта пӯшида, даричаро кушод ва берун баромад. Мехост, баргардаду даричаро қулф занад, ки зери по ҷасади гурбаро дид. Ангор мошине гурбаро пахш кардаву гузаштааст. Гӯш андохт ва ҳайраташ дучанд шуд, ки ғаранги гурбаҳо намеояд. Ҳама ҷо сокит аст. Дар канори ҷасади абгоршудаи гурба як дона гули мехак буд. Онро бардошт, думчаи пажмурдаашро канду ба дур афканд, гулро ба сари синааш халонд ва роҳи шаҳрро пеш гирифт.

16.02.2020 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: