ГУЛЕ БАР МАЗОРИ МУАЗЗАМА

Навбаҳор буду дар роғи тахтаҳои бетонии пиёдароҳ сабза дамида.
Чанд мард, нимтанаҳои норанҷӣ дар бар, бо белчаҳои дастадарози нугтез ин сабзаро мебуриданд, занон онҳоро решакан ва як ҷо ғунд мекарданд.
Муаззама, ки аз канори ин гурӯҳи роҳрӯбон мегузашт, бозистод, ба сабзаҳои баркандае, ки дар ҷо-ҷои пиёдароҳ тӯдаву пажмурда шудаанд, нигарист ва аз ман пурсид, чаро бояд ин сабзаҳоро нобуд кунанд, магар онҳо аз ҳусни шаҳр мекоҳанд? Оё беҳтар нест, чирку чаркан ё баргҳои пӯсидаи порсоларо аз ин ҷову он ҷои кӯчаҳои шаҳр барчинанд ё шикофҳои пиёдароҳро тармим намоянд ё гулу гиёҳи нав шинонанд?
Ҳатман касе дастур дода, ки майсаҳои нозуки миёни тобаҳои симонтӣ ё соруҷиро решаков кунанд.
Дили Муаззама ба сабзаҳо месӯхт.
Бону мехост, ба кори фаррошон эрод гирад. Барояш гуфтам, ин бечораҳо гуноҳ надоранд, дастури раҳбарони худро иҷро мекунанд.
Муаззама хам шуд ва дастае аз сабзаҳои буридаро бардошт. Яке аз онҳо гул карда буд. Гулаки хурди бунафшранг. Муаззама бо он тавре бархӯрд мекард, ки гӯё на гиёҳ, балки мавҷуди зиндаест.
Пирамарде аз хайли фаррошон инро дид. Аз кори бозистод, тоқияшро аз сар бардошта, арақи ҷабинашро пок кард ва наздики Муаззама омад.
— Дилат ба сабзаҳо месӯзад, духтарам? Дили ман ҳам месӯзад. Ба фикрам, вақте теғи белчаро ба решаи онҳо мехалонам, ҳамагӣ баробар фиғон мекашанд.
Муаззама хаёле фишор хӯрд ва ба пирмард гуфт:
— Охир инҳо ҳам ҷон доранд. Инҳо зиндаанд. Чӣ даркор аст, онҳоро решаков кардан, тирамоҳ, ки омад, худашон мехушканд. Он вақт мешавад, хазонашро ҷамъ кард.
Пирамард назди ҳамроҳонаш рафт ва чизе гуфт. Пас аз чанде роҳрӯбон сомону абзори худро ҷамъ карданду рафтанд.
Муаззама мисли кӯдак шодӣ кард. Ҳамин гуна инсоне буд нависандаи машҳури тоҷик Муаззама Аҳмадова, ки ҳамагӣ 36 сол умр дид, ҷавонмарг рафт гоҳе ки акнун мебоист ба парвоз меомад ва ба баландтарин қуллаҳо мерасид.
Дар нигоҳи ман вай инсоне буд саропо сиришта аз нуру нафосату назокат ва меҳру ишқу сидқ. Ин рӯшаноии меҳрангезаш, ки гоҳе ба назари ман ғайризаминӣ намудор мешуд, атрофиёнро ба сӯи ӯ мекашонид. Ҳар кас, ки як бор дар сӯҳбати Муаззама менишаст, фикр мекард, солҳост ӯро мешиносад, борҳост ҳамсӯҳбаташ гаштааст ва бо дареғ хайрухуш кардаву мехост, боз чунин дидоре барояш даст диҳад. Солҳое, ки дар якутоқи корӣ менишастем, борҳо медидам, одамон аз манотиқи дурдаст ба наздаш меомаданд ва маълум буд, ки пештар дидоре доштаанд. Дар суҳбати ӯ инсон гӯё ба чаманистони шукуфоне ворид мешуд. Дар он гулистон осмон соф буду ҳама чиз нарму нуронӣ. Нури ӯ аз покии ботинаш меомад. Ва ҳам аз ростию рӯшоду бе риё сухан гуфтанаш. Аз ахлоқу одобаш. Аз арзишҳои маънавияш, ки ҳаргиз ва ба ҳеч қимате аз онҳо намегузашт, онҳоро савдо намекард.
Равоншод инсондӯсти бузурге буд. Дилаш ба ҳама месӯхт. Вале, фикр мекунам, беш аз ҳама ба ҷабрдидагони бегуноҳ. Беадолатиро дар ҳеч шакл ва ба ҳеч ваҷҳ қабул надошт ва ҳар куҷо, чӣ қадар ки метавонист, зидди он мубориза мекард. Дониш ва суханро гарави адл медонист ва ҳамсуҳбатону хонандагонаш, бахусус духтарони ҷавонро ташвиқ мекард, бештар омӯзанд, доно бошанд ва аз ҳаққи худ дифоъ кунанд, хорию бечорагиро напазиранд ва ҳамзамон аз покию одобу ахлоқ низ дур набошанд. Вай дар ягон ришта, на муоширати ҳаррӯза, на адабиёт, на ахлоқи инсонӣ меъёрҳои духӯраву дугона надошт. Соҳиби дили бузурге буд, ки ба ҳама месӯхт ва мехост ба ҳама ёрӣ кунад. Бо вуҷуди ҷавонӣ гӯё он қадар аз таҷрибаи рӯзгор баҳравар буд, ки метавонист аслу бунёди ин ё он масъаларо ба дурустӣ дарк кунад ва шарҳ диҳад. Ҳар хулосаашро гӯё аввал дар тарозуи заргарӣ месанҷид ва сипас пеш меовард. Чунин инсонҳо дар он даврон хеле кам буданд.
Вақте ки пас аз ронда шудан аз «Комсомоли Тоҷикистон» ва моҳҳои бекорӣ, бо пешниҳоди устод Адаш Истад маро дар «Адабиёт ва санъат» ба кор гирифтанд ва бори аввал Муаззамаро дидам, пас аз шиносоӣ пурсид оё шеър менависам ё ҳикоя. Гуфтам ҳеч кадомаш. Гуфт, хоксорӣ мекунам. Боз гуфт, бояд нависам.
Пас аз муддате яке аз ҳикояҳоямро ба устод Адаш Истад нишон додам, хонданд, ситоиш карданд, вале чанд эрод доштанд, ки мебоист веросторӣ мекардам. Ҳамон рӯз гап ба гӯши Муаззама расиду омад, ки ҳикояро бинад. Бурд. Хандакунон баргашт ва гуфт, чоп мекунем. Ҳамин тавр нахустин ҳикояи ман «Охирин одами шаҳр» дар соли 1985 дар «Адабиёт ва санъат» бо дастгирии Муаззама чоп шуд.
Чанде баъдаш бону гуфт, дар долон сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Масъуд Муллоҷоновро дида, аз ин ҳикоя ситоиш кардааст ва он кас на танҳо нахустасари маро дар маърузаи насри сол таҳлил карданд, балки ба корманди маҷалла Владимир Медведев, ки шояд ӯро ҳамчун муаллифи романи «Заҳҳок» шиносед, супурд, ки ба русӣ тарҷума кунад. Як моҳ баъдаш ҳикоя дар «Помир» мунташир шуд.
Ҳамин тавр Муаззама роҳи маро ба адабиёт боз кард ва ҳеч некие аз ман надида, некиҳояшро аз ман дареғ надошт. Ман сипосгузор будам, ки бо чунин инсоне рӯбарӯ шудам, чун ба зудӣ донистам, ӯ яке аз сутунҳои ахлоқии на танҳо нашрияи мо, балки ҳамаи Иттифоқи нависандагон аст.
Солҳое, ки ҳамроҳ дар “Адабиёт ва санъат” кор мекардем, ҳамсарам мегуфт, кори ту дар ин ҷо мисли ид аст. Дуруст, аммо танҳо ба зоҳир. Қариб ҳар рӯзи кормандони ин бахш: Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ, Адаш Истад (мудири бахш) ва банда аз рафтан ба театру кино ва толорҳои мусиқӣ ё осорхона ва тамошои намоиши театрӣ ҳанӯз пеш аз нахустнамоиши расмӣ, дидани филми нав пеш аз рафтанаш ба пардаи кинохонаҳо, намоишгоҳи осорхона пеш аз боз шуданаш ё консерт ва монанди инҳо иборат буд. Вале вазифа на танҳо навиштан дар бораи чизҳои нав буд, балки пас аз тамошо гуфтугӯ, баҳсу мунозира баргузор мегашт ва намояндагони Вазорати фарҳанг аз мо низ мехостанд, дар як саф бо мунаққидони касбӣ изҳори назар кунем.
Ончӣ Муазамма дар ин нишастҳо мегуфт, на танҳо дониши паҳновар ва меъёрҳои баланди зебошиносии ӯро нишон медод, балки арзишҳои ахлоқии ин нависандаи беназирро ҳувайдо мекард. Дар бораи ин осор ӯ ҳамчун як донандаи ришта ҳарф мезад, тилоро тило ва мисро мис мегуфт. Коргардонҳо, филмсозон ё наққошон эродҳояшро мепазируфтанд ва ваъдаи ислоҳи иштибоҳҳоро медоданд. Як розро фош кунам. Дӯсти мо, рӯзноманигор ва нависанда Уктами Иброҳим, ки он солҳо дар Госкино кор мекард, бо розигии раҳбари ин муассиса Шафқат Саид, ки низ пешинаи рӯзноманигорӣ дошт ва гоҳе меҳмони идораи мо мешуд, моҳе як, баъзан ду бор моро ба дидани филмҳои нави хориҷӣ даъват мекард, шоҳкорҳои ҷаҳонӣ ё гоҳе филмҳои мамнӯъ, ки танҳо барои филмсозон оварда мешуданд. Пас аз тамошо мо байни худ сари онҳо баҳс мекардем. Биноан, дидгоҳи Муаззама ва ҳамкоронам ба синемо хеле фарохтар аз зовияи бинандагони қаторӣ ё ҳатто бархе аз ҳунаршиносон буд.
Муаззама шоҳкорҳоро дӯст медошт, аммо аз сохтакориҳо бисёр асабонӣ мегашт. Ва ҳам аз фарҳангзудоиҳо, ё саҳеҳтараш зудудани фарҳанги миллӣ аз фарҳанги шӯравӣ. Борҳо дида будам, ин ё он асарро барои доштани рӯҳияи бегона ва дур аз урфу одати мардуми тоҷик буданаш зери танқид мегирифт, монанди Адаш Истад ва Муҳаммадзамони Солеҳ талош мекард, дар ҳар асари ҳунарӣ симо ва суннатҳои халқаш ҳувайдо бошанд. Аз вазъи забони модариямон, ки зери фишор русӣ монда буд, ба андозае норозӣ буд, ки онро ҳамчун дарди шахсии ҷисми худ ҳис мекард. Кори раҳбаронеро, ки чашм ба даҳони Маскав буданд ва ба мардуми худ хубие намеоварданд, хиёнат ба миллат медонист. Вай сиёсатро мардумӣ ва барои мардум дидан мехост ва на танҳо дар фарҳанг, балки зиндагии ҳамарӯзаи халқаш.
Дар ин росто Муаззама дурӯяҳоро ошкоро чашми дидан надошт ва ин ҳисси худро пинҳон ҳам намекард. Тамаллуқкорӣ ва лаганбардориро бад медид. Борҳо дидаам, ки афроди номдору чобуку болонишину мағрур аз суханони буранда ва сангини Муаззама сурху сафед мешуданд, чашм ба зер меафканданд ва дамашон ба дарун мезад. Онҳо ӯро бад медиданд, аммо ба суханонаш посухе дода наметавонистанд. Ҳадс мезанам, чӣ қадар сахт аламашон кунад ҳам, дар оянда талош мекарданд, беҳтар шаванд ё аз кори зишт худдорӣ кунанд.
Ҳампеша ва ҳамкори Муаззама, нависандаи хушном Равшани Ёрмуҳаммад дар хотираҳояш меорад: «Эҳсосоти баланди Муаззама ӯро аксар вақт рӯҳан азоб медод. Фаронфармоӣ, амрҳои беасос, бемаслиҳат таҳрир кардани ин ё он сухани нависанда дар идора дар қалби нозукаш ҳамчун хор мехалид». Аммо, мегӯяд ӯ, Муаззама танҳо замоне ба шӯр меомад, ки косаи сабраш лабрез мешуд.
Худам шоҳиди ҳолам, ки агар Муаззама касе ё кореро танқид мекард, ҳарфи зиёд намеовард, суханро аз дур сар намекард, «дипломатия» надошт, балки лубби маъниро бо ҳамаи ҷанбаъҳояш дар миён мегузошт. Ин ҳолат на танҳо дар муоширати ҳаррӯза, балки дар ҷаласаҳои ҳайати таҳририя низ рух медод ва дар чунин лаҳзаҳо як сукути тамоме дар миён меуфтод. Ҳамкорон хомӯш мемонанд. Шояд дар ин лаҳзаҳо ҳама ба фикр фурӯ мерафтанд ва интизори касе, умдатан, раҳбари идора, мемонданд, то ба ҳарфи Муаззама посух диҳад. Албатта, лаганбардороне ҳам буданд, ки мисли нахӯди пеши чумча талошҳои сусте мекарданд, то аз раҳбар пуштибонӣ намоянд ва ё дастикам нишон диҳанд, ки бо Муаззама ҳамназар нестанд.
Дар як намоиши телевизонӣ дар соли 1987 Муаззама онҳоеро сахт танқид кард, ки «сиёҳро сафед мегӯянду сафедро сиёҳ» ва «роҳи ҷаҳон якест ва он роҳ ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд».
Устод Ӯрун Кӯҳзод ҳам Муаззама ва ҳам нависандагони ҳамсолу ҳампарвозашро намояндагони насле медонад, ки дар муҳити дурӯягии давраи шӯравӣ ба воя расидаанд. Сухан дигар буд ва амал дигар. Шиорҳо зебову баланд ва амалҳо авомфиребона. «Муаззама ва ҳамсолону ҳаммаслакони ӯ, идома медиҳад Кӯҳзод, вақте ки аз ҳаёти хаёлии орзу ва зиндагии ширини китобҳо ба арсаи ҳаёти воқеӣ омаданд, дар рӯбарӯи девори сохтакориҳо оҷиз монданд» ва коре карда натавонистанд. «Муаззама яке аз он пурҳасратони номурод буд, ки ин кор ба ҷисми латиф ва нафси шарифаш вазнинӣ кард».
Муаззама ба андозаи зиёд саркаш низ буд. Ӯро намешуд ба коре кашонд, ки дилаш намехоҳад ё ботинаш аз он норозист. Ин эътироз ба бовар ва арзишҳои баландаш поя дошт. Вай агар қаҳр мекард, оштӣ шуданаш осон набуд. Боре шоҳиди чунин ҳоле шудаам. Бо як нафар дигар умрбод оштӣ накард. Ба он маънӣ, ки дигар равобити онҳо ба ҳолати пешина барнагашт, ҳамеша он озурдагӣ дар миён буд ва эҳсос мешуд. Бо нафари дигар пас аз муддате, вақте нафар гуноҳи худро дарк ва қабул кард ва самимона бахшиш пурсид, аз нав мисли оне шуд, ки гӯё ҳаргиз чизе рух надодааст. Дар бархӯрд бо бадиҳо Муаззама сангдил ва оштинопазир буд. Онҳоеро бо тамоми вуҷудаш бад медид, ки дидаву дониста дурӯғ мегӯянд, риёкорӣ, судҷӯӣ ва чоплусӣ мекунанд. Дар ҳар пайти муносиб чунин мавридҳоро ба суҳбат мекашонд ва мехост, ҳамсуҳбатонаш аз ӯ пуштибонӣ кунанд. Вале ҷомеа чунин набуд. Ашхоси баландпояе рӯйирост дурӯғ мегуфтанд, дигарон барои манфиатҳои хурду резаи худ чоплусию хушомадгӯӣ мекарданд, як ҳалқаи сарбаста пайдо мешуд ва он хашми Муаззамаро меовард. Воқеан гоҳе мегуфт, ин зиндагӣ тавре сохта шудааст, ки дар он чизеро дигар кардан номумкин аст.
Баробар бо ин Муаззама хеле нармдил ва меҳрубон буд ва тавре ки гуфтам, дилаш ба сабзаҳое месӯхт, ки роҳрӯбон решакан мекарданд, ба ҳоли касе месӯхт, ки дар шароити душвор афтодааст, фаразан хешаш гирифтори бемории сахт аст ё соҳибхона ӯро рондааст ва бояд дар камтарин фурсат иҷорамаскани дигар ёбад ё ба ҳоли парастуе, ки раҳгум задаву ба коргоҳи мо парида даромад ва роҳи баромад меҷӯяд ва чизҳое мисли ин. Аммо ҳамзамону ҳамсанг ба ҳамаи ин Муаззама дар бархе аз масъалаҳо сахтҷону сахткӯш ва қатъиву бегузашт буд. Ҳеч кас ӯро маҷбур карда наметавонист, кореро кунад, ки берун аз усули ахлоқияш бошад. Дар он коргоҳ ва он бино, манзурам, Иттифоқи нависандагон, духтарону бонувоне ҳам буданд, ки фирефтаи номи баланди шоир ё нависандае шуда, покбозона вориди равобити наздиктаре бо онҳо мешуданд ва ба зудӣ фиреб хӯрдани худро дониста, моҷароҳо ба роҳ мемонданд. Ё бонувоне буданд, ки касе онҳоро барои суистифодаи шаҳвонӣ дар ин ҷо ба кор гирифта буд. Ё духтарони ҷавоне, ки бо ҳавасҳои зиёди шоира ё нависанда шудан ба ин ҷо меомаданд, касоне ба ҷойи онҳо шеъру ҳикоя менавиштанду нашр мекарданд ва дар ҷавоб номуси онҳоро металабиданд.
На, Муаззама, бо онҳо сарикордор будан намехост, вале дар нишасту бархостҳо бо духтарону хонумҳо, онҳоро насиҳат мекард, мехост, иштибоҳашонро барояшон нишон диҳад ва онҳоро аз пушаймониҳои баъдӣ эмин дорад. “Адибон” ин корҳои Муаззамаро хуш надоштанд ва бо ҳар роҳ барояш паём ҳам медоданд, ки “кордор” нашавад. Чунин мардҳо бо бонувоне, ки рабте бо Муаззама дошта бошанд, наздик шудан намехостанд, метарсиданд, ки оқибат на бо он бонувони камандеша, балки бо худи Муаззама даргир хоҳанд шуд ва инро намехостанд, аз ӯ метарсиданд. Муаззама ҳам чунин касонро эҳтиром намекард ва аз онҳо дурӣ меҷуст.
Муаззама ҳасуд набуд. Вақте ишқи поку самимиро медид, мешукуфт, лек найрангу ҳаромгардиро шадидан бад медид. Аз лиҳози эҷодӣ ҳам ҳасуд ё бадрашк набуд. Вақте касе асари хубе ба нашр мерасонд, вай бениҳоят хурсанд мешуд. Ё агар дар навиштаи касе як ҷумлаи зебо медид, онро бардошта, ҳуҷра ба ҳуҷра мегашт, барои ҳамкорон мехонд ва дар ҳоле ки аз симояш нури шодию фараҳ мерехт, кӯдаквор шодӣ мекард. Дар як номааш ба ман навишта буд, шояд аст, ки “Баҳманёр ҷуфт-ҷуфт ҳикоя ба нашр мерасонад. Баъзеҳо ӯро дӯст намедоранд, чун бисёр боистеъдод аст.”
Муаззама, ҳарчанд кӣ ва чӣ инсоне будани худро хуб медонист, аз гапи мардум метарсид. Ҳарос дошт, бо сухани ноҷое, бо сарулибоси ношинам ё рафтори шубҳабарнгез касе дар борааш фикри баде кунад. Инро нишон намедод, вале чунин эҳтиёткорияш ҳамеша эҳсос мешуд. Агар ҳамкоре нохудогоҳ ҳарфи беҷое дар бораи ягон бону занад, сахт асабонӣ мешуд, пеши роҳи чунин суҳбатро мегирифт ва ин буд, ки дар ҳузури ӯ мардҳо ҳар сухани худро дар бораи занон чанд бор баркашида, он гоҳ мегуфтанд.
Бо он ҳама ёру дӯст Муаззама танҳо буд. Ҳамчун зан низ. Ишқ аз саропояш мерехт. Диле барои ишқи сӯзон дошт. Вале дар ин шаҳр марде намонда буд, ки савори аспи сафед ба дидораш биёяд. Дили ман ба танҳоии ӯ сахт месӯхт. Чунин инсон ва чунин бону намебоист танҳо мебуд! Бояд марде пайдо мешуд, ки машаққати зиндагӣ ва нависандагии ӯро сабуктар мекард, дари як зиндагии навро барояш боз менамуд. Ҳадс мезадам, ки аз ишқ зарба дида буд ва шояд тамоми умр касеро дӯст медошт ва ба хотири ин ишқаш намехост, дилаш ва умрашро ба каси дигаре бахшад. Ё шояд касе зуҳур намекард, ки ба арзишҳои баланди ӯ ҷавобгӯ бошад. Ба ҳар тартиб, танҳо буд ва ин барояш як дарди сахте, аммо ин дардро бо эҷод, бо рисолати баланди нависандагӣ даво мекард. Шояд ҳам ба хотири эҷодкорӣ намехост, оила барпо кунад ва дар душвориҳои рӯзгор фурӯ равад, намедонам. Шоираи бузург Фарзона, ки чанд соли охири умри Муаззама бо ӯ қарин гашта буд, ба ёд меорад, ки дар дафтари аксҳои Муаззама гули зарди хушкидаеро дида, пурсидааст, чист? “Гуфт: “Гули муқаддас аст, ки инсони азизе бар ман бахшида. Вале, афсӯс, ки рамзи ҷудоист…”
Ҳар чанд гоҳ дар манзилаш меҳмон мешудам. Гоҳе ҳикояеро меовардам, гоҳе дидорбинӣ меомадам, гоҳе маро барои шом даъват мекард. Боре бе даъват ба хонааш омадам, дугонааш он ҷо буд ва онҳо мехостанд, тифли ин бонуро ҳамроҳ оббозӣ доронанд. Медидам, Муаззама бо чӣ ишқу ҳавасе кӯдаки як ё дусоларо ба оғӯш мегирифт, ҳамроҳаш бо шеваи ширини тифлона суҳбат мекард, гирди хона мегашт ва аз саропояш ишқу шодмонии як модар ба атроф нур мепошид. Ман дидам, ки маросими барояш бузург: оббозӣ дорондани кӯдак дар пеш аст ва Муаззама танҳо несту шоду хуррам аст, хайрухуш кардаму рафтам. Дертар тасвири зебои оббозӣ дорондани тифлро дар як ҳикояаш хондам, ки шояд ҳеч нависандае чунин тасвиреро дар асараш надошта бошад. Он ҷо, гоҳе ки зани бефарзанд бо муҳаббати бепоён ва ишқи бузург кӯдаки навзодро оббозӣ медоронад, вуҷудашро фараҳ пур мекунад, чашму дилашро рангомезиҳои шоду зебо мепӯшонанд, ҳубобҳои ҳафтрангаи оби собун дар фазои гармобаи хонааш мисли шапаракҳои рангоранг ба парвоз меоянд, ба дасту рӯй ва мӯйҳои фатилаи кӯдак менишинанду боз парвоз мекунанд. Шоҳпараку гулпаракҳо дар парвозанд. Акнун мешавад гуфт, дар парвози ҷовидона, ки Муаззама бо қалами гирояш барои абад сабт кард. Ҳамроҳ бо ишқи азими сарфнашуда ва танҳоии бепоён, ки аз дилаш ба навиштаҳояш мерехт. Адабиётшиноси номӣ Субҳони Аъзамзод ба гунаи хеле нишонрас Муаззамаро донанда ва ровии “ҳадиси танҳоӣ” номидааст.
Ҳоло як рози дигари умқи диламро ифшо мекунам. Чандин боре шуда, ман сари шаб ба назди дараш меомадам ва дар дастаи он як дона гул, бештар вақт як садбарги сурх, меовехтаму мерафтам. Мехостам, рӯзе инро ба мо, ҳамкорону ҳамнишинонаш бо завқ нақл кунад ё дар ҳикояаш ҷой диҳад. Ҳайҳот, аз ин падидаи сари чанд вақт такроршаванда боре ҳам чизе нагуфт. Ҳатто як дафъа дар чиллаи зимистони пурбарф аз дӯсте як гули зебо ёфтаму бурдам ва шаб ба дастаки дараш овехтаму рафтам, лому миме дар ин бора нагуфт. Вале як чизро медидам, ки пагоҳи он рӯзе, ки субҳ аз дастаки дараш гуле меёфт, дар коргоҳ хеле ва хеле руҳбаланду болида ба назар мерасид. Лоақал ин маро таскин медод. Умедвор мешудам, ин ба рӯҳияи эҷодияш ҳам таъсиргузор бошад ва ба навиштанҳояш кумак кунад. Аз сӯе ҳам ҳисси гуноҳ мекардам, ки барояш як умеди дурӯғин дода бошам.
Андеша ва эҳсосоти нависандаро бояд дар навиштаҳояш ҷуст ва аз ин лиҳоз Муаззама нависандае буд, ки ботини занро ба гунаи олӣ медонист ва тасвир мекард. Намои онро, ки чӣ гуна зан сандуқи куҳнаро боз мекунад ва аз он либосу матоъҳоро берун мегирад, касе монанди ӯ ба қалам надодааст. Он ҳам ҳамагӣ бо чанд вожае, ки тамоми ҳиссиёти он зан ва орзуву ормони ӯро баён мекунанд. Аз нигоҳи борикбини мунаққиди хушноми тоҷик Абдухолиқи Набавӣ дар як ҳикояи дигараш Муаззама давраи махсуси духтаронро бо як ибора, ки “айёми хоббиниву гулдӯзияш” расидааст, баён мекунад.
Дар асарҳои ӯ тасвири зоҳир ва ботини зан дар ҳолатҳои гуногун мӯъҷаз ва мӯъҷизаосост ва ҳамеша фарқ дорад, ки ин тасвир аз нигоҳи мард меояд ё худи муаллиф. Гоҳе ки аз нигоҳи муаллиф меояд, дониста мешавад, ки ӯ як зан аст ва тасвирест, ки нависандаи мард ба он чунин мӯшикофшона расидагӣ надорад.
Вале ин на ба он маънист, ки ӯ дар тасвири қаҳрамонони мард дасти кам дошт. Дар як достонаш пирмардеро тасвир мекунад, ки чанде пеш ду набераашро дар фалокате аз даст додааст, аммо суруд мехонад. Он ҳам дар ҳоле ки ҳамсараш аз андуҳи марги нобаҳангоми наберагонаш дар пеши назари ом мисли шамъ об мешавад. Ботини пирмардро Муаззама бо ривояти мардумӣ ба қалам медиҳад, ки чанор то охирин лаҳзаи умраш сарсабз мемонад, аммо аз дарун сӯхта нобуд мегардад.
Дар насри Муаззама ҳамеша ишқ дар канори фоҷиа аст. Гоҳе фоҷиаи бузург, гоҳе кӯчак, вале фоҷиа. Шояд ин зоту табиати ишқи бузург аст, ки ҳамеша фоҷиаро ба ҳамроҳ дорад. Ва на танҳо фоҷиаи шахсӣ, балки иҷтимоӣ.
Муаззама ҳамчун ҳунарманди ҳассос бо ларзиданҳои дилаш ҷанги Тоҷикистонро наздики даҳ сол пеш аз вуқуяш пешгӯӣ карда буд. Дар достони “Нимашаб” менависад: “Шабе хоб дидам, ки ба саҳни хобгоҳ киҳоеро ҷамъ меоварданд. Аз тирезаи хонаам, ки торик буд, ба берун менигаристам, бо тарсу ларз, албатта ва гумонам, ки ҷанг сар шуда бошад.”
Дар ҳамин ҳикояи охир солҳои ҳаштодум Муаззама хона ба хона гаштану ҷустани одамонеро тасвир мекунад, ки бояд кушта шаванд ва айни ин ҳолат дар зимистони солҳои 1992-93 дар Душанбе рӯй дод. Вай меафзояд: “Боз метарасидам, ки худи ҳозир дари маро мекӯбанд. Чӣ бояд кард? Чиро пинҳон намуд? Ҳеҷ чизи кироие набуд, ғайри як китоб… Онро гирифтаму таги гулдон мондам. Боз чист? Дил, фақат як дил, ки ҳоло куҷо рафтааст, худ ҳам намедонам. Аз берун садои шараққоси занҷираҳо ба гӯш мерасид. Саҳни ҳавлӣ оҳиста-оҳиста пур мешуд. Миёни онҳо ман чеҳраҳои ошноро медидам. Ана яке мухлиси санъати тасвирӣ… Дигараш ҷавони қоматбаланди ришдор, чеҳрахандон ва ҷасур. Вай гап мезаду баъзан мо метарсидем… Он ҷо ҳама рафиқони ман буданд!”
Зан аз тирезаи хонааш дар хобгоҳ мебинад, ки ҷавонмардонеро дар саҳни ҳавлӣ ҷамъ мекунанд, ба дастонашон завлона мезананд ва ба гарданашон дар симриштаҳое шумораҳоро меовезанд. Сипас ҳамаро ба як мошини боркаше, ки болояш панҷарапӯш буд, бор мекунанд ва мебаранд. Зан аз рӯймолҳояш банде мебандаду аз балкони хонааш поён меояд ва аз паси мошин медавад. Вале суръатҳо гуногунанд. Дар роҳ бо касе вомехӯрад ва аз ӯ мепурсад, мошин куҷо рафт. “Паси теппаҳо” посух медиҳад раҳгузар. Зан сипосгузорӣ мекунад, вале мебинад, он раҳгузар рӯй надорад. Дар паси теппаҳо чизеро ба ҷуз аз сабзаҳои сӯхта ва тудаҳои хокистар намебинад. Мехоҳад баргардад, аммо пеш меравад, чун дар байни хокистар дурахши сусти чизеро мебинад. Инҳо шумораҳои баста бар симриштаҳо буданд, ки байни тудаҳои хокистар паҳну парешонанд. Ҳамаи онҳоро аз байни хокистар меёбаду берун мегирад ва ба гарданаш меовезад. “Ман аз вазни онҳо бехабар будам ва ин вазн ба гарданам гаронӣ кард”.
Ҳарчанд қаҳрамони ҳикоя ҳамаи инро дар хоб мебинад, чанд рӯзи баъдӣ аз дарди гардан азоб мекашад…
Дар аввали ин достон касе ба номи Фарзона, ки дар поварақ аз тарафи рӯзноманигори маъруф Талъат Нигорова гуфта мешавад, ки манзур шоираи саршиноси тоҷик Фарзонаи Хуҷандист, муаллифро “фориғбол” меномад. Бо тасвири ин хоб зане, ки ӯро “хеле фориғбол” номидаанд, манзур худи Муаззама, дар ҳоле ки айёми наврасӣ “шуҷоътарин бачаи деҳ” буд, касе мешавад, ки гарданаш аз бори вазн дард мекунад, хобҳои ваҳашатангезу “тӯфонӣ”, ё беҳтар аст, гуфта шавад, хобҳоеро бо намоҳои ояндаи кишвари худ мебинад ва аз ин ҳиссу дид ба бемории дил мубтало мегардад, мегӯяд, ки маҷбур аст, ба рӯяш ниқоби “фориғболӣ” кашад, доруҳои дил хӯрад, оромияшро нигоҳ дорад ва мурда-мурда зиндагонӣ кунад, ба лабҳояш “хандаҳои дурӯғин” бахшад ва “ба таври худ пушти по ба бунёди ин дунё” занад. Аммо як чизро намедонад, ки кист ҳар нимашаб, ҳамеша ҳар нимашаб ӯро аз хоб бедор мекунад (модараш, хоҳараш…) ва гоҳе бедор мешавад, танҳоии азими худро дарк мекунад. Дар ин порча Муаззама гӯё марги худро пешгӯӣ мекунад.
Ҷумлаи дигари ӯ, агар бо назардошти хобе, ки дидааст, хонда шавад: “Тамоми зиндагии ман хоб аст, як хоби дурударози малолангез”, рӯшан мешавад, ки ӯ зери ишораи “хоб” ӯ аз воқеият мегӯяд. Яъне он тасвирҳо, ҳарчанд хоб унвон шудаанд дар асл зиндагии қаҳрамонанд. Ва ҷумлаи поёнии достон: “Вале дар бедорӣ зистан душвор аст. Агар зиндагиро дӯст дорӣ…”
Муаззама муддате дар хобгоҳи Вазорати фарҳанг зистааст ва тасвири ин хобгоҳ дар ҳамин достонаш ҷой дорад. Ҷавонмардонеро, ки мебаранд ва мекушанд, бино ба тасвирҳои ӯ, аксаран дӯстонаш, фарҳангиён ва рӯшангаронанд, ки ҳамин тавр боздошт мешаванд, ба дастонашон дастбанд зада мешавад ва дар паси теппаҳо кушта ва ба тудаҳои хокистар табдил меёбанд.
Ёд дорам, бар пояи ин достон филмсози ҷавон Рӯдакии Самадии Зарандӣ он солҳо филми кутоҳе ба навор гирифт, ки ман бо дархости Муаззама дар он нақши яке аз дорандагони шумора ва симриштаҳоро бозидаам. Намедонам, ҳоло он филм куҷо бошад, вале Зарандӣ паёму моҳияти асари Муаззаммаро хеле хуб дарк карда буд ва ин филм ҳушдоре буд, ки ватани мо дар остонаи ҷанги хунине қарор дорад.
Муаззама монанди коргардони машҳур Фаррухи Қосим бӯйи ҷангро солҳо пеш аз худи ҷанг шамида буд. Касе агар намоишномаи “Хонасӯзон”-и устод Фаррухро дида бошад, маънии ин гуфтаҳоро дарк мекунад. Он ҷо қаҳрамонон дар хонае оташбозӣ мекунанд, ки пур аз бушкаҳои бензин аст.
Дар чанд достони Муаззама ибораи “марги нобаҳангом” дида мешавад ва як ҳикояаш чунин сароғоз дорад: “Хоб дидам, ки мурдаам”. Саргаҳи ҳикояи дигар: “Ман гӯё мурда будам, вале роҳ мегаштам”. Ва нахустҷумлаи достони дигараш: “Шояд овозае набошад, ки аз овозаи марги инсон зудтар паҳн шавад”.
Овозаи марги муфоҷои ӯро ман дар Афғонистон шунидам. Он вақт сӯгномае навишта будам ва ӯро шаҳиди дардҳову танҳоӣ хондам. Навишта будам, шакке надорам, ки ӯро дардҳояш барои ин миллату мардум куштанд. Ӯ ва ман дар он солҳо бо ҳам мукотиба доштем, даҳҳо номааш, ки мисли кабӯтароне аз Душанбе ба Кобул парвоз мекарданд, дар бойгонии ман маҳфузанд. Дар яке аз онҳо бо андуҳи тамом навишта буд: “Дар ин дунёи бераҳм ба одам ҷуз аз як даҳон сухани хуш чизе даркор набудааст”. Дар номаи дигар: “Илҳоми навиштан надорам. Кам менависам, лекин бисёр ғам мехӯрам.” “Мурдани оҳиста дорам. Дилам миёни чор девор носӯхта зарра-зарра об мешавад”.
Бо вуҷуди яъси бузурге, ки дошт, зистан мехост ва маргаш нобаҳангом буд. Марги фариштаи насри тоҷик, ки ҳамагӣ 36 сол умр дид! Ин як марги табиӣ набуд, балки қатле буд, ки таҳқиқ нашуд.
Нимаи дувуми солҳои 1980 давраи пурғулғулаи бедории миллӣ буд ва наметавонист Муаззамаро, ки бо тамоми рӯҳу равонаш пуштибони озодии миллӣ ва эҳёи забону фарҳанг буд, дар канор гузорад. Субҳони Аъзамзод низ инро зикр мекунад ва мегӯяд: “Ин марҳила худ як даврони тозаи бедории фарҳангии ҷомеа буд. Чунин зуҳурот дар шеъру адаби тоҷикӣ ҷойгоҳи доманадоре пайдо кард. Аз ҷумла Фарзона дар як шеъраш ба аҳли ҷомеа табли бедорӣ зада ва ҳадиси бедорӣ хонда:
Намози бомдод омад, такопӯйи ҳаёт омад,
Ҳадиси хоб поён шуд, Аҷам бедор мегардад.
Як персонажи ҳикояи Муаззама низ чунин ҳушдор додааст: «Ҳой мардум, бедор шавед, бедортар!»
Шунидам, ки субҳи 5 феврали соли 1988, вақте ки фарроши Иттифоқи нависандагон сари кор омад, дари кабинети Муаззамаро нимабоз дарёфт. Сипас худи ӯро, ки сар рӯйи миз гузошта, гӯё ба хоб рафта буд. Ба хобе, ки дигар аз он хоб бедор нашуд. Фаррош посбонни биноро даъват кард. Баъд дигарон омаданд, кормандони “Адабиёт ва санъат”. Рӯйи мизаш як рӯзнома буд, ки дар даҳҳо ҷойи як мақола чизҳоеро навишта буд. Аз чандин шоҳиди воқеа ин ҷузъиётро шудидаам, аммо то ҳанӯз ҳеч кас ҷасорати инро накард, ки ҳамаи ҳақиқати марги ӯро бо садои баланд ва барои ҳамагон бигӯяд. Ин нашрияи касиф “Коммунист Таджикистана” ном дошт ва он мақолаи марговар “А равзе лед не тронулся?” ба қалами Хулқор Юсупов. Мақолаи калонҳаҷме, ки дар посух ба мақолаи инқилобии Мирбобои Мирраҳим “То ба кай об аз таги ях меравад?” ва нашршуда дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба таърихи 6-уми январи соли 1988. Аз баъзеҳо шунидаам, ки мақолаи ҷавобиро чандин нафар дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар давоми як моҳ таҳия кардаанд. Агар ҳарду мақоларо хонда бошед, медонед, ки дувумӣ дардҳои миллатро як ба як қаламдод кардааст ва аввалӣ, яъне навиштаи Юсупов як талоши сарсахтона, вале нокоми радди суханони Мирбобои Мирраҳим аст. Ҳамлаи Ҳизби коммунист ба мақолаи Мирбобо аз он ҷо маншаъ мегирифт, ки “То ба кай об аз таги ях меравад?” ҳамчун нахустин паёми оғози бедории миллии тоҷикон ва ҳақталошии онҳо ин ҳизбро, яъне ҳукуматро нигарон карда буд, чун ҳазорон нафар аз ҷавонон аз мақолаи Мирбобо ангеза гирифта буданд. Аммо мақолаи Хулқор Юсупов ба маънои зарурати саркӯб кардани ин бедорӣ ва ҳақталошӣ буд ва хашми ҳамаи онҳоеро овард, ки дилашон ба миллати худ месӯхт ва виҷдонашон дурӯғу дурӯягию беадолатиро шадидан рад мекард.
Муаззама он рӯз мақолаи Юсуповро мехонад ва соатҳо бо ҳамкорон сари он суҳбат мекунад, ба чандин нафар занг мезанаду пешниҳод мекунад, ки бояд ба ин мақола ҷавоби дандоншикан дода шавад. Бозу боз онро мехонад ва дар ҳошияаш эродҳои худро менависад. Ҳамин тавр рӯз шом мешавад, ҳама мераванд, вале ӯ дар кабинеташ мемонад ва ҳолате бар ӯ чира мешавад, ки дору наметавонад, фишорашро поин орад ва дилаш дард мекунад. Ҳамин тавр сари мизаш дармегузарад. Ба гуфтаи бародараш сактаи дил мешавад ва он ҳам замоне ки касе дар наздаш набудаасту худ тавоне надоштааст, ки занг занад.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда ва ҳамкори Муаззама дар ёддоштҳояш овардааст, ки ду рӯз пеш аз воқеа бо Муаззама, ки нав аз истироҳат баргашта буд, суҳбат дошт ва ӯро бисёр сарзиндаву шӯху хушсуҳбат дарёфта буд. “Пас аз истироҳат рангу рӯяш каме тозатар буд. Табъаш ҳам хуш”. Яъне ӯ дар ҳоле набуд, ки беморӣ ба вай чира шуда бошад.
Натиҷае, ки ман аз ин воқеа гирифтаам, ин аст, ки он мақола қотили Муазамма аст. Он рӯзномаи пур аз навиштаҳои Муаззама вуҷуд дорад ва далели ин ҳақиқат буда метавонад. Он мақола қотили нависандаи навҷӯ ва забардасти мост, ки метавонист, даҳҳо асари зебо ва нотакрори дигареро бароямон тақдим кунад. Вале мо одат дорем, ҳамаро қазои сарнавишт унвон кунем. Ёвари қотил ва шарики ҷурм — танҳоии ровии “ҳадиси танҳоӣ”.
Шоири маъруфи тоҷик Зиё Абдулло саҳнаи марги Муаззамаро чунин тасвир кардааст:
“Баски бефарҳангӣ афзуд
Бозуи дардаш қавӣ гашт
Бузмаки чанде милал
Бештар печид аз ҳар сӯ ба ҷонаш
Чанд наҳси безабоне,
Безабониҳои чанде
Дошт маҳкам аз забонаш,
Он қадар печид то ӯро зи по зад,
Зад зи пову монд танҳо…
Дар утоқи корӣ ӯро шаб ҳама шаб
Як чароғи чун хаёли ӯ фурӯзон посбон шуд,
Аз сиёҳӣ пуштибон шуд.
Мурд ӯву интизрӣ зинда буд аммо.
Интизорӣ…
Интизорӣ…
Интизорӣ…”
No comments yet.
Leave a Reply