Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гирдгардони сирк

Мегӯянд, ҳар матне, ки ба сахтӣ навишта шудааст, ба осонӣ хонда хоҳад шуд. Ин ҳикояро солҳост, ки менависам. Ҳар бор ҳар хел мебаромад ва маро қонеъ намекард. Зеро мехостам, мисли нони фарахша бисёрқабатӣ бошад ва барои ҳар ҷур хонанда паёме хоси ӯро дошта бошад. Ниҳоят кораш тамом шуд. Сахт хастаам ҳам кард. Дигар на ҳарфе кам мекунам, на зам. Сипос аз дӯстонам Г.М., Абдуқодири Рустам ва И.С., ки аз аввалин хонандагон ва ноқидони ин навиштаанд. Ончиро, ки онҳо хуш карданд, шумо ҳам хуш хоҳед кард, бовар дорам.

Continue reading

06.07.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | | Leave a comment

Корвожа дар+кор

harakatТавонмандии ҳар забон, ба пиндошти ман, зиёдтар аз ҳама ба шумора, гунҷоиш, корбурд ва маъниофаринии феълҳои он бастагӣ дорад. Забоне аз ҳама қавист, ки феъли бештар дорад. Дар забонҳои пешрафта, аз ҷумла инглисӣ, тақрибан ҳар исм метавонад, бино бар зарурат феъл шавад. Феъл кор аст. Амал, ҳаракат, тапу талош аст. Феъли бисёр – кори бисёр, кори бисёр — боздеҳи бисёр. Камшумории феълҳо нишонаи сустӣ, дармондагӣ, танбалӣ ва ғафлат аст.

Continue reading

27.01.2017 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Фарҳанг | 3 Comments

Рӯзи Гулрухсор, Хурмо, Қутбӣ ва Моёншо

Зодрӯзи шоири нозукбаён Қутбӣ Киромро пайдо нахоҳед кард. Ҳарчанд онро гоҳо расман 22 ва баъзан 23, ҳатто 24-уми декабр мешуморанд, худи ӯ зодрӯзашро ба 17-уми декабр тиргак мегузошт, ба эҳтимоли зиёд барои он ки дар миёни ду бонуи зебо – Хурмо  ва Гулрухсор бошад.

Continue reading

17.12.2016 Posted by | Адабиёт, Рӯзгор, Таърих, Фарҳанг, Ҳунар | , | Leave a comment

Агар шаҳри шумо дарвоза дорад…

Бале, агар Душанбе имрӯз чаҳор дарвоза дорад, бояд ба Адаш Истад сипос гуфт. Мақолаи ӯ дар поёни солҳои 1980-ум “Шаҳри бедарвоза” ғавғое бапо карда буд. Баъд аз нашр шудани он раҳбарони ҳизбӣ ба ёд оварданд, ки нависанда ҳамчунин Кохи кинову консертиро “кулоҳи туркӣ” номидааст ва дар мақолаи дигараш гуфтааст, интернатсионализм пеш аз ҳама маънии баробарии тоҷикон бо русҳоро дорад…

Continue reading

07.09.2016 Posted by | Адабиёт, Тоҷикистон, Худшиносй | , | 25 Comments

Тобути оташин

bachai saqoИмрӯз, 1 сентябри соли 2016, дар Кобул турбати Амир Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, машҳур ба Бачаи Сақоро, ки 9 моҳ подшоҳи Афғонистон буд, бо риояти расму ойини мусалмонӣ ба хок супурданд. Тирамоҳи соли 1929, вақте амири нави Афғонистон, Нодиршоҳ, ки бо ёрии Бритониё ва Русия, қудратро ба даст оварда буд, Ҳабибуллоҳхон ва ёрони ӯро ба қатл расонд, аммо иҷоза надод, ки бино бар ойини мусалмонӣ дафн карда шаванд.

Continue reading

01.09.2016 Posted by | Адабиёт, Афғонистон, Таърих, Тоҷик | , | Leave a comment

Дар кӯчаҳои холӣ… (Ёде аз Махсум Олимӣ)

Olimi 1Аҷаб симое гузошт аз худ дар ёдҳо Махсум Олимӣ – як сӯ шоири шоду сархушу ринду хандону ҳамешаҷавон ва як сӯ марди боимону оқилу инсондӯсту содиқу рӯҳоние, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонад. Чандбӯъдӣ ва фазоофарӣ танҳо хоси афродест, ки ҳиссу дарки амиқе аз андӯҳи зиндагӣ ва шебу фарози кавну макон доранд. Бардошти ман аз диду боздид ва нишасту бархостҳо бо Махсум Олимӣ ин буд, ки ӯ аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист.

Continue reading

17.08.2016 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Сарнавишт, Ҳолнома | | Leave a comment

Мурдану зинда шудан

Илҳом аз хондани кӯтоҳтарин достонҳо. Жанр — ҳикоячаи фейсбукӣ. Ҳадаф кӯтоҳ навиштан ва ғофилгир кардани зеҳн аст. Барои қарни 21 аз он лиҳоз муносиб аст, ки мардум вақт надоранд, навиштаи дарозеро бихонанд. Вақт доред? Тасмимам ин шуд, ки кӯтоҳакҳои навро дар дунболи ин матн хоҳам гузошт.

Continue reading

23.07.2014 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Каме латра, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳикоя | 1 Comment

Лабханди пеш аз марг

bargНовеллае барои дӯстон. Бо умеди ин ки назару бардошти худро менависанд ва ба ин кори банда баҳо медиҳанду роҳи ӯро рӯшан мекунанд.

Continue reading

13.03.2014 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | 1 Comment

Нолаи мурғи шабовез

osmoni shabНаздикии бомдод аз гузаштани корвони вожаҳо бедор шудам ва дигар натавонистам, дар бистар бимонам. Ҳарчанд бархостан аз рахтихоби гарм сахт аст, наметавонам ин лаҳзаҳоро, ки андешаҳои деринаам ҷумла ба ҷумла дар зеҳнам ба чархиш меоянд, аз даст диҳам. Гоҳо барои он ки фикрҳо фаромӯш нашаванд, онҳоро чандборӣ такрор мекардам, вале чун шумораашон зиёд мешуд, мефаҳмидам, ки дигар ин ҳамаро дар ёд дошта наметавонам ва бояд бархезаму достонамро бинависам.

Continue reading

15.12.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | | 41 Comments

“Ҳама кас толиби ёранд…”

Ustaad Abdumannoni NasriddinЧӣ дареғу дареғ, ки ин китоб хеле дер ба дастам афтод, ҳол он ки гӯё бо муаллифаш ошно будам ва борҳо вохӯрдаам. Мисли дигарон худситоӣ накарда ва китоби худро бо дастхатташ ба ман ҳадя нанамудааст. Ва ҳам пойфишорӣ накардааст, ки чизе дар бораи ин китоб навишта ва нашр шавад. Инсоне буд дур аз кибру худнамоӣ. Симои ботамкин ва гуфтори мулоими ӯ ба ёдам меояд. Чеҳрааш нуре дошт, ки намешуд, онро надид. Нигоҳаш пур аз гармии меҳр…

Continue reading

09.06.2013 Posted by | Адабиёт, Фалсафа, Фарҳанг | | 11 Comments

“Каме латра”-и электронӣ

RusahfaНиҳоят бо роҳи “озмоишу ғалат” талош кардам, шакли электронии “Каме латра”-ро рӯйи ин сафҳа бигузорам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, 100 дарсад бовар надорам, ки таҷрибаи нав комёбона аст. Танҳо пас аз нашри ин ҷустор ва санҷидани тор хоҳам донист, ки тир ба нишон расидааст.

Continue reading

04.03.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳикоя, Ҷомеа | 1 Comment

“Ятран” (Поёни достон)

imagesДӯстон, Шумо намедонед, чӣ қадар ба ман ёрмандӣ кардед. Ба андозае, ки бахши ниҳоии достонро се бор аз нав навиштам, то ҳис кунам, ки як миқдор сазовори бовари ҳамаи Шумо бошам. Сипос мегузорам ба Шарифҷон, Масрурҷон, Алиҷон, Ёқубҷон, Маъсумҷон, Маҳмадраҳим, Собирҷон ва Муҳаммадюсуфи арҷманд. Баъд аз номаҳои Шумо ман наметавонистам, сустие нишон диҳам ва ба ин сабаб нашри бахши ниҳоӣ ба дарозо кашид.

Continue reading

03.02.2013 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | 27 Comments