Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бозкашфи Олег Фезов

Ман ӯро ҳамчун сароянда ва оҳангсози боистеъдод мешинохтам. Оҳанг ва таронаҳояш хеле нозуку нафисанд ва ба торҳои ҷони сомеъ ангушт мезананд. Ин ҳафта ӯро аз нав кашф кардам, ки Олег Фезов бар замми ҳамаи ҳунарҳои баландаш як андешапарвари хирадманд ва нодире низ аст.

Continue reading

23.07.2017 Posted by | Баҳс, Инсон, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй | | Leave a comment

Ранда аз пар

Вожаи “офшор” солҳои охир ба забони мо даромад. Шӯхиомез гӯям, мардуми мо миллионҳо ё шояд миллиардҳо доллар дода, ин калимаро харид. Шираю ширинии ин сармояҳои бохта, вожаи бегонаро хеле зуд ва сахт ба забони матбуот ширеш кард.

Continue reading

11.07.2017 Posted by | Баҳс, Забони модарӣ, Матбуот, Фарҳанг, Ҷомеа | Leave a comment

Салом, (ф)Файзи Бадахшон!

Дӯстам, Файзи Мирасан, медонӣ, дар ёди ман чӣ гуна мондаӣ? Ҷавони хушандоми оҳучашм ва гитор дар дасту дар лаб таронаи дилгудоз дар мактабхонае дар канораи Уёлӣ, ки табдил ба хобгоҳи донишҷӯёни пахтачин шудааст. Дигар марди бовиқор ва хирадманде дар минбари Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми расондани паёми мардуми Бадахшон ба вакилон. Яке аз нахустин дидор ва дигаре аз охирин. Дар фосилаи ин ду ҳазорон порча хотираи дилнишин. Аммо ҷойи он ду дигар!

Continue reading

20.05.2017 Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Сарнавишт, Тоҷикистон | Leave a comment

Иауоэяӣ ё “вая вай кунед, ки вай шавад”

Паём расид, ки аз ин ба баъд Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ғалатнависӣ дар расонаҳои ҳамагонӣ ҷазо муқаррар мекунад. Вале барои ин нахуст шояд зарур аст, ки дастури имло ниҳоӣ ва марзи байни дурусту ғалат рӯшан шавад. Ҳоло ин марз начандон ошкор аст, ҳарчанд қоидаҳои имло ба андозаи зиёд онро нишона задаанд.

Вале ёрони зиёде бар инанд, ки дониши онҳо бартар аз ин дастуранд, ки акнун борҳост, бознависӣ мешавад. Ҳоло ҳар нависанда ва ҳар нашрия имлои хоси худро дорад. Бархе аз расонаҳо беибо ибора ва ҷумлаҳоеро ба забони бегона, ки дар гуфтори мардум нишастаанд, ба кор мебаранд ва бархе аз суханварон ба лаҳҷаи деҳаи худ нома менависанд.

Continue reading

20.03.2017 Posted by | Баҳс, Забони модарӣ, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҷомеа | 4 Comments

Миллати раққос

Вақте ки калонсолони хонадони  мо барои камтарин кӯтоҳӣ ба ман ё додару хоҳаронам эрод мегирифтанд, бароям нофорам буд ва инро хӯрдагирии пирона номида, ба худ қавл медодам, ки гоҳе пир шавам, ба ҷавонон бо чашми худашон хоҳам нигарист ва иштибоҳҳои хурду резаи онҳоро нодида хоҳам гирифт. Аммо ҳаёт ин гуна набудааст. Гоҳе тамоми талошро кунӣ ҳам, аз ишора ба камбуди насли наврас худдорӣ карда наметавонӣ.

Continue reading

05.02.2017 Posted by | Баҳс, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй, Ҷомеа | | 15 Comments

Корвожа дар+кор

harakatТавонмандии ҳар забон, ба пиндошти ман, зиёдтар аз ҳама ба шумора, гунҷоиш, корбурд ва маъниофаринии феълҳои он бастагӣ дорад. Забоне аз ҳама қавист, ки феъли бештар дорад. Дар забонҳои пешрафта, аз ҷумла инглисӣ, тақрибан ҳар исм метавонад, бино бар зарурат феъл шавад. Феъл кор аст. Амал, ҳаракат, тапу талош аст. Феъли бисёр – кори бисёр, кори бисёр — боздеҳи бисёр. Камшумории феълҳо нишонаи сустӣ, дармондагӣ, танбалӣ ва ғафлат аст.

Continue reading

27.01.2017 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Фарҳанг | 3 Comments

О ненависти к Джамшедам

bk1Я не удивляюсь, почему некоторые статьи в российской прессе буквально переполнены ненавистью к таджикам. Слежу за этим феноменом еще со времен распада СССР, в моем архиве десятки тысяч вырезок из разных изданий, в компьютере сотни ссылок. Одно время хотел написать научную работу – кандидатскую, а потом и докторскую под названием «Эмоциональное отражение таджикских событий в российской прессе», но потом сам забраковал тему за недостойность. Такие вещи надо сразу выкинуть в мусорный бак и позабыть. Так делали великие нации.

Continue reading

13.08.2016 Posted by | Баҳс, Ватан, Матбуот, Русия, Тоҷик, Тоҷикистон, Ҷомеа | Leave a comment

“Васвосиҳои динамитбадаст”

Мақолае бо даъвати бомбаборон кардани Роғун сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард ва як идомаи ғайриинтизор ё интизор ба дунбол дошт.

Continue reading

08.08.2014 Posted by | Баҳс, Матбуот, Роғун, Тоҷикистон, Қирғизистон | | Leave a comment

Мурдану зинда шудан

Илҳом аз хондани кӯтоҳтарин достонҳо. Жанр — ҳикоячаи фейсбукӣ. Ҳадаф кӯтоҳ навиштан ва ғофилгир кардани зеҳн аст. Барои қарни 21 аз он лиҳоз муносиб аст, ки мардум вақт надоранд, навиштаи дарозеро бихонанд. Вақт доред? Тасмимам ин шуд, ки кӯтоҳакҳои навро дар дунболи ин матн хоҳам гузошт.

Continue reading

23.07.2014 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Каме латра, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳикоя | 1 Comment

Феврали 1990. “Генотсид”

Fevrali 1990aСимои тоҷикон дар расонаҳои ахбори оми Русия имрӯз сохта нашудааст. Ба фикри ман, то рӯйдодҳои феврали соли 1990 ин симо барои русҳо хеле неку гарм буд. Боқимондаҳои он гармӣ ҳатто дар соли 1992, вақте ба Маскав кӯчидам, низ эҳсос мешуд. Вале “Баҳманмоҳи хунин”, ҳарчанд фоҷиаи тоҷикон буд, оғози мавҷи тӯҳмату дурӯғ ба ин мардум шуд ва муҳоҷират онро садчанд бештар кард.

Continue reading

12.03.2014 Posted by | Баҳс, Матбуот, Русия, Таърих, Тоҷикистон | | 3 Comments

Соли апаи Че

apai CheДу саҳна ё дақиқтараш, саҳнасозии соли 2013 дар театри сиёсии Тоҷикистон падидаи нав буданд. Яке намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе дар моҳи апрел ва дигаре балвои густохона дар ситоди Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар моҳи декабр. Дар ҳоле ки мақомот ба ҳама гуна ҷамъомади ҳамфикрон ҳассосият нишон медиҳанд, ин ду маврид барои ташаббускорон ва иҷрокунандагон бепайомад буд.

Continue reading

29.12.2013 Posted by | Баҳс, Интихобот, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон, Ҷомеа | Leave a comment

Аз Русия ба Сурия

2341Номае маро такон дод. Як ҷавони тоҷик мехоҳад, ба Сурия равад ва дар ҷанги зидди нерӯҳои Башор Асад кушта шавад, зеро зиндагӣ барояш маъние надорад. Вай менависад, набояд ин ҳарфи ӯро шӯхӣ гумошт ва ё ӯро девонае бесавод пиндошт. Ва ҳам дафъатан мегӯяд, на салафисту на ваҳҳобӣ ё пайрави ягон гуруҳи тундрав. Оҳанги суханаш боварбахш аст.

Continue reading

27.10.2013 Posted by | Баҳс, Ватан, Русия, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | | 53 Comments