Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Ибораи “исломи сиёсӣ” хатост

Ба муносибати 70-солагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, раиси Кумисюни Оштии Миллии Тоҷикистон.

10-уми июни соли 2005 ба аёдати мӯҳтарам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Мюнхен сафар кардам. Бадгӯиҳоеро шунидаам, ки гӯё аз хабари бемории эшон шитобзада шудаам, ки шояд вазъашон хуб набошаду рӯзҳои охири умрро ба сар мебаранд ва охирин мусоҳибаро ман гирам. Хуб, “неши ақраб на аз раҳи кин аст”, ба чунин бадҳарфиҳо одат дорам. Ҷаноб Нурӣ шахсе буданд, ки кас аз ҳар суҳбати эшон як ҷаҳон хираду дониш мегирифт ва аз сӯи дигар пурсишҳои зиёде маро монда буд, ки дар дидорҳои гузашта барояшон фурсат нарасидааст. Вале, оре, мусоҳиба баҳона буду дидор ғанимат. Ин дувумин дидори мо дар Олмон буд.

Continue reading

16.03.2017 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Дин, Таърих, Фарҳанг | , | Leave a comment

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: “Бале, ман гузашт кардам”

nuriПанҷ мусоҳибаи номатбӯъ ё нашрнашудаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Мехоҳам ин номи дувуми китоб бошад. Аз эшон даҳҳо бор мусоҳиба гирифтаам, вале сӯҳбатҳои чандсоатии мо шояд 7 ё 8-тоанд, ки бархе аз онҳо то ҳанӯз ба шакли пурра нашр нашудаанд ва ин яке аз чунин гуфтумонҳост. Бовар дорам, хеле чизҳоро рӯшан мекунад ва барои таърихнигорон ва сиёсатшиносон ганҷи шойгоне хоҳад буд.

Continue reading

27.06.2014 Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Таърих, Таҷриба, Худшиносй, Ҷомеа | 39 Comments

Иди поки забон

ploshad21Иди забон, ки то чанд сол пеш дар рӯзи 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд, чизе бузургтар аз иди забон буд. Появу бунаи онро на танҳо Қонуни забон, балки гиромидошти талошҳои фидокоронаи зиёиёни ҳақиқии тоҷик ташкил медод. 22-и июл на танҳо рӯзи қабули қонун, балки нуқтаи авҷи итоати як давлати худкома ба раъйи мардум буд.

Continue reading

22.07.2013 Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҷомеа | 21 Comments

Озори Зафари Мирзоён

Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо  “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.

Continue reading

18.07.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Илм, Матбуот, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳунар | 4 Comments

Банди ҷудоиандоз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд. Continue reading

10.04.2011 Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Дин, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Оташаке нест?

Фикр мекунам, як бори дигар низ навишта будам, ки дар бист соли охир рӯҳи миллии мардуми тоҷик шикаста шуд. Имрӯз, вақте матлаби ҳамкорам Ҳарамгули Қодирро дар торнамо мегузоштем, боз ин андеша ба зеҳнам омад. Ин бор як пайомади рӯҳи шикастаро дидам.

Continue reading

06.04.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Худшиносй | 4 Comments

Наврӯзи дардомез

Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.

Continue reading

21.03.2011 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Муҳоҷират, Наврӯз, Худшиносй | | 7 Comments

Андаруни як шумхабар

Субҳи имрӯз аз хабари марги Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи саршиноси тоҷик сахт афсурда шудам. Ёдаш ба хайр, чеҳрааш пеши назарам омад ва хотираҳое дар зеҳнам зинда шуд, аммо аҷабам омад, ки дилам холӣ буд. Мо мехостем, бо ҳам дӯст бошем. Мехостам, аз як сайёра, як ватан, як диёр бошем… Continue reading

22.02.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Рӯзгор, Ҳолнома | 5 Comments

Замини моро ба Чин доданд

Бархе аз блогнависон ва расонаҳои ҳамагонӣ ин иқдомро як рӯйдоди камназири садаи 21 номиданд ва суол гузоштаанд, ки чаро дар муқобили чунин гузашти сангин кишвари бе ин ҳам кӯчак ва фақир чизе ба даст наовардааст. Чанде аз торнамоҳо ҷузъиёти баҳс дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба нашр расондаанд.

Continue reading

13.01.2011 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон | 6 Comments

Нукоте дар бораи амнияти миллӣ

Як сиёсатшиноси тоҷик боре барҳаққу нишонрас гуфта буд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон масъалаи амният дар ҷои аввал аст. Табъан ҳар ҳукумате амнияти қаламрав ва мардумашро дар садри вазифаҳои худ қарор медиҳад ва бе амният дар ҳеч риштаи дигаре наметавон пеш рафт. Таҳдид ба амният таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии давлат аст. Continue reading

10.01.2011 Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Дин, Ислом, Таҷриба, Тоҷикистон | Leave a comment

Афсуни Ленин

Аҷаб тазоде! Дар шаҳри Пушкини наздикии Санкт-Петербург (Ленингради пешина) ҳайкали Владимир Ленинро тарконданд, дар зодгоҳаш Симбирск ва дар Калининград бар сари ин ҳайкал мум рехтанд ва дар рӯзҳое, ки ин хабарҳо ба гӯш мерасид, аз тарси эътирози коммунистону коммунистмаобон муҷассамаи доҳии террористонро дубора дар шаҳри Кӯлоб устувор карданд. Continue reading

08.12.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷик, Худшиносй | | 32 Comments

Иди гузаштан аз худ

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мардуми мо садҳо сол ин идро дошт, дар замони Шӯравӣ таҷлил аз он мамнӯъ буд ва кормандони амниятии СССР намозгузорони рӯзи идро ба ҳабс мегирифтанд. Онҳое ки дар намози бомдоди рӯзи ид ширкат мекарданд, агар мансабдор мебуданд, аз мақоми хеш маҳрум гашта, ҷовидона ба “феҳрасти сиёҳ” меафтоданд. Танҳо дар соли 1991 бо ташаббуси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Иди Қурбон якҷо бо Иди Рамазон ба сафи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон шомил шуданд.

Continue reading

16.11.2010 Posted by | Ваҳдат, Дин, Инсон, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷик, Худшиносй | 24 Comments