Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мавлоно дар Амрико

Тазодомез аст, аммо пас аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001  дар Амрико таваҷҷӯҳ ба олами ислом ба маротиб боло рафт. Дар оғоз, албатта, матолиби таҳрикомез ва иғвогаронаи зиёде ба табъ расид, аммо ба зудӣ он хасу хорро об бурду мардуми оқил пайи дона шуданд. Амрикоиҳо мехоҳанд, бидонанд, ки ислом чист, пайравонаш кистанд ва чӣ мехоҳанд. Дар ин замина таваҷҷӯҳ ба таърихи ислом низ ба гунаи бесобиқа густариш ёфт ва ба илму адабе, ки дар фурӯғи он арзи вуҷуд намуд.

Continue reading

Advertisements

30.09.2017 Posted by | Адабиёт, Амрико, Дин, Ислом, Фарҳанг | | Leave a comment

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Ибораи “исломи сиёсӣ” хатост

Ба муносибати 70-солагии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, раиси Кумисюни Оштии Миллии Тоҷикистон.

10-уми июни соли 2005 ба аёдати мӯҳтарам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Мюнхен сафар кардам. Бадгӯиҳоеро шунидаам, ки гӯё аз хабари бемории эшон шитобзада шудаам, ки шояд вазъашон хуб набошаду рӯзҳои охири умрро ба сар мебаранд ва охирин мусоҳибаро ман гирам. Хуб, “неши ақраб на аз раҳи кин аст”, ба чунин бадҳарфиҳо одат дорам. Ҷаноб Нурӣ шахсе буданд, ки кас аз ҳар суҳбати эшон як ҷаҳон хираду дониш мегирифт ва аз сӯи дигар пурсишҳои зиёде маро монда буд, ки дар дидорҳои гузашта барояшон фурсат нарасидааст. Вале, оре, мусоҳиба баҳона буду дидор ғанимат. Ин дувумин дидори мо дар Олмон буд.

Continue reading

16.03.2017 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Дин, Таърих, Фарҳанг | , | Leave a comment

Набард бо нафс

Аз субҳи имрӯз ҳама одатҳо дигар мешаванд. Оҳ аз он одатҳое, ки ин ҳама солу моҳу рӯз мехоҳанд, бар ман пирӯз оянд! Акнун бояд ман бар онҳо дастболо шавам. Худоё, тавонам бидеҳ! Ин як имтиҳон аст. Аммо чӣ зарурат ба худситезӣ ва ранҷ додани бадани худ, ки назди ҷон арҷ дорад?

Continue reading

20.07.2012 Posted by | Дин, Инсон, Табиат, Таҷриба, Фарҳанг, Худшиносй | | Leave a comment

Ямшиков ва забони фарҳанг

Телевизиони РТР-Планета имшаб филми мустанадеро аз ҳаёти Савва Ямшиков намоиш дод, ки тавонистааст, ҳазорон ёдгориҳои калисои русро ҳифзу эҳё кунад ва пеши чашми миллионҳо нафар бигузорад. Сарнавишти як шахси нодир, ки дар баробари фишори замони коммунистӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳунарии Русия қад алам кунад. Ҳар бор чунин мустанадҳоро бинам, ба қадршиносии русҳо аз афроди бузургашон ҳасад мебарам.

Continue reading

19.07.2011 Posted by | Дин, Инсон, Русия, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | 4 Comments

Коргузории таблиғоти кажтоб

Як хонандаи доно бори дувум аст, ба ман нома мефиристад. Номаҳои хашмолуд ва гоҳе ҳам қабеҳ. Агар жожу мож ва ҳарзаҳои ӯро як сӯ гузорем, эроди умдааш ин аст, ки чаро ман дар китоби “Сад ранги сад сол” ва силсилаи мақолаҳои “Фақат ба хотири сулҳ” аз навиштани, ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат” дар бораи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода парҳез кардаам ва гӯё дар мавриди ин шахс асосан мусбат гуфтаам.

Continue reading

06.06.2011 Posted by | Баҳс, Дин, Сарнавишт, Сиёсат, Таърих | | 16 Comments

Мушкили фаннӣ?

Торнамои turajon.com дар хориҷ аз Тоҷикистон бе мушкил боз мешавад. Чандин нафар аз мавҷудияти ин сомона замоне огаҳӣ ёфтанд, ки Хадамоти мухобироти кишвар аз ширкатҳои интернетрасон дархост кард, дастрасӣ ба ин торнамо “бо сабабҳои техникӣ” маҳдуд гардад.

Continue reading

25.05.2011 Posted by | Баҳс, Дин, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Баъд аз сари бин Лодин

Бомдоди душанбеи 2-юми май нав барномаро хатм кардаву аз студия баромадам, ки дар тоблуҳои бузурги телевизионии утоки хабар аксҳои ҳазорон бор нашршудаи Усома бин Лодинро дидаму ҳадс задам, ки хабари наве аз ӯ рӯ задааст. Вақте навори хабарҳоро боз кардам, чанд ҷумларо дидам, ки ба нақл аз шабакаи телевизионии СNN омада буд: “Эҳтимол меравад, сарвари Ал Қоида Усома бин Лодин дар Покистон кушта шудааст.”

Continue reading

02.05.2011 Posted by | Амният, Амрико, Дин, Ислом, Сиёсат | | 6 Comments

Банди ҷудоиандоз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд. Continue reading

10.04.2011 Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Дин, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Чоркалид дар хиёбони Медисон

Вақте ки аз кӯчаи 46-уми Ню Йорк қадам задаву ба Медисон Авеню расидем ва ба дасти рост тоб хӯрдем, ман аз шигифтӣ “воҳ!” гуфтам ва дигаронро ҳам мутаваҷҷеҳ сохтам. Дар пештоқи биное, ки дар кунҷи кӯча ва хиёбон ҷойгир шудааст, свастикаро дидам. Он андаруни нақше буд, ки бист сол пеш дар Бухоро ва Самарқанд дида  будам. Оё касе аз гиребони амрикоиҳо мегирифта бошад, ки чаро “рамзи фошистӣ”-ро дар пештоқи биное дар дили шаҳри Ню Йорк ба намоиш гузоштаанд?

Continue reading

19.03.2011 Posted by | Амрико, Дин, Мазҳаб, Наврӯз, Таърих, Фарҳанг | Leave a comment

Нукоте дар бораи амнияти миллӣ

Як сиёсатшиноси тоҷик боре барҳаққу нишонрас гуфта буд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон масъалаи амният дар ҷои аввал аст. Табъан ҳар ҳукумате амнияти қаламрав ва мардумашро дар садри вазифаҳои худ қарор медиҳад ва бе амният дар ҳеч риштаи дигаре наметавон пеш рафт. Таҳдид ба амният таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии давлат аст. Continue reading

10.01.2011 Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Дин, Ислом, Таҷриба, Тоҷикистон | Leave a comment

Шодбодии соли нав

Фикр мекунам, касе нашумурдааст, ки чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон дар охирин шаби соли 2010 гирди дастархони ороста менишинад ва фаро расидани соли нави 2011-ро ид мекунад. Ҳадси ом ин буд, ки чунин хонаводаҳо сол то сол камтар мешаванд. Вале як дӯстам гуфт, баракс, дар қиёс бо 2-3 соли пеш имсол, зоҳиран, пешвозгирандагони соли нави милодӣ бештар шудаанд. Continue reading

31.12.2010 Posted by | Баҳс, Дин, Рӯзгор, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй | 4 Comments

Набарди носолим

Шояд на барои ҳама, вале барои онҳое, ки вазъи сиёсии Тоҷикистонро дунбол мекунанд ва хостори сулҳу осоишу шукуфоии Ватан мебошанд, хабари баста шудани масҷид дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26-уми ноябр як рӯйдоди нохушоянд ва озордиҳанда буд.

Continue reading

26.11.2010 Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Дин, Ислом, Таърих, Тоҷикистон, Қонун | 9 Comments