Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Яғноб ва яғнобиён

Китоби ҷолибе хондам. «Яғнобмарз ва мардуми он», чопи Душанбе, «ЭР-граф», 2013, навиштаи пажӯҳишгари тоҷик Рустам Ҷумъаев. Мисли ин буд, ки ниҳоят насибам гашт, ба Яғноб сафар кунам, бо мардуми наҷиби он ҳамнишин шавам, дар кӯчаҳои хокию сангини Кирионтеву Кансӣ, Пискону Марғтумайну Хшортоб қадам занам, аз оби сарду дандоншикани рӯду чашмаҳо бинӯшам, рӯйи пӯстаку зери дарахти пир биншинам ва ба сарнавишти таърихии мардуми хеш биандешам.

Continue reading

24.05.2017 Posted by | Ватан, Забони модарӣ, Муҳоҷират, Таърих, Фарҳанг, Ҷомеа | Leave a comment

Иауоэяӣ ё “вая вай кунед, ки вай шавад”

Паём расид, ки аз ин ба баъд Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ғалатнависӣ дар расонаҳои ҳамагонӣ ҷазо муқаррар мекунад. Вале барои ин нахуст шояд зарур аст, ки дастури имло ниҳоӣ ва марзи байни дурусту ғалат рӯшан шавад. Ҳоло ин марз начандон ошкор аст, ҳарчанд қоидаҳои имло ба андозаи зиёд онро нишона задаанд.

Вале ёрони зиёде бар инанд, ки дониши онҳо бартар аз ин дастуранд, ки акнун борҳост, бознависӣ мешавад. Ҳоло ҳар нависанда ва ҳар нашрия имлои хоси худро дорад. Бархе аз расонаҳо беибо ибора ва ҷумлаҳоеро ба забони бегона, ки дар гуфтори мардум нишастаанд, ба кор мебаранд ва бархе аз суханварон ба лаҳҷаи деҳаи худ нома менависанд.

Continue reading

20.03.2017 Posted by | Баҳс, Забони модарӣ, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҷомеа | 4 Comments

Корвожа дар+кор

harakatТавонмандии ҳар забон, ба пиндошти ман, зиёдтар аз ҳама ба шумора, гунҷоиш, корбурд ва маъниофаринии феълҳои он бастагӣ дорад. Забоне аз ҳама қавист, ки феъли бештар дорад. Дар забонҳои пешрафта, аз ҷумла инглисӣ, тақрибан ҳар исм метавонад, бино бар зарурат феъл шавад. Феъл кор аст. Амал, ҳаракат, тапу талош аст. Феъли бисёр – кори бисёр, кори бисёр — боздеҳи бисёр. Камшумории феълҳо нишонаи сустӣ, дармондагӣ, танбалӣ ва ғафлат аст.

Continue reading

27.01.2017 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Фарҳанг | 3 Comments

Иди поки забон

ploshad21Иди забон, ки то чанд сол пеш дар рӯзи 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд, чизе бузургтар аз иди забон буд. Появу бунаи онро на танҳо Қонуни забон, балки гиромидошти талошҳои фидокоронаи зиёиёни ҳақиқии тоҷик ташкил медод. 22-и июл на танҳо рӯзи қабули қонун, балки нуқтаи авҷи итоати як давлати худкома ба раъйи мардум буд.

Continue reading

22.07.2013 Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҷомеа | 21 Comments

Сабки забони мо

Забони нишонрас, пухта ва пурбор барои ҳар касе, ки бо сухан сари кор дорад, ҷовидона арзишманд хоҳад буд, чӣ барои як навқаламе, ки мехоҳад, биомӯзад ва чӣ барои як кӯҳнакоре, ки гумон мекунад, кайҳо дасташ рост шудааст. Рӯзгори ҷавонӣ аз омӯзгоре шунида будам, ки мегуфт, агар забони равон мехоҳед, ба ғайр аз шеъри бузургони гузашта “Ҳазору як шаб”,  “Гулистон”, “Чор дарвеш” ва “Самаки айёр” бихонед. Continue reading

15.07.2012 Posted by | Адабиёт, Забони модарӣ, Китоб, Таърих, Фарҳанг, Худшиносй | Leave a comment

Мағзи digital

Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.

Continue reading

07.03.2012 Posted by | Дурнамо, Забони модарӣ, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | | 1 Comment

Бори дигар дар бораи имло

Баҳсе, ки аз “Имолаи илмо” бархост ва махсусан равиши ғалати он ва ҳам пуштибонии тарафгиронаи як ҳамдиёри раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон маро водор кард, бори дигар ба ин мавзӯъ баргардам ва гумону шубҳаҳои бепояи дӯсти азизро, ки тамоми баҳсро бар сари маҳал бурду гумон дорад, ҳама мисли худаш маҳалгароянд, баҳам занам.

Continue reading

29.09.2010 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Забони модарӣ, Таърих, Худшиносй | 6 Comments

Имолаи* имло

Атои сиёсатмадоронро ба лиқояшон бахшед, ки аз онҳо бӯи умед нест. “Кишвару ҳаёти наве месозем,” – гуфтанду коре карданд, ки доштаҳои худро ҳам аз даст додем. Акнун бо тамоми нерӯ ба пеш ҳаракат мекунем, то ба гузаштаи худ бирасем. Давлатмардон як тараф, ҳоло донишмандони мо эълони навсозии забони моро кардаанд. Тарси ман ин аст, ки мабод онҳо корномаи ҳукуматдоронро такрор кунанд.

Continue reading

22.08.2010 Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун | 55 Comments

Тасвири “секс” ва марзи одоб

“Шумо хеле беодобона навиштаед. Махсусан дар бобати муносибати зану мард ва ё тасвири ҷисми зан.” Чунин навиштааст бонуи азизе дар мавриди китобчаи ман “Каме латра”, ки соли 2007 дар нашриёти “Деваштич” дар Душанбе ба теъдоди 500 нусха ба табъ расид.

Бо иҷозаи муаллифи ин нома ва ҳам хонандаи дигаре посухро аз тариқи торнигор пешниҳод мекунам.

Continue reading

05.07.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Забони модарӣ, Каме латра | | 3 Comments

“Боришот бориданд”

Чанде пеш як намояндаи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбати телевизионӣ роҷеъ ба селу обхезӣ дар кишвар мехост, бигӯяд, “борон зиёд борид” ё “бориш зиёд шуд”, вале ғалатеро, ки шояд аз касе омӯхта буд, батакрор ба забон овард: “боришот зиёд бориданд”, “боришот бориданд”.

Continue reading

20.06.2010 Posted by | Забони модарӣ, Матбуот, Фарҳанг | , | 8 Comments

Адабиёт дар ҳоли мурдан аст?

Номаҳои нависандаи тоҷик Қодири Рустам ҳамеша нукоти муҳиму ҷолиб, хотирмон ва ибратомӯз доранд. Ба вижа, наметавон аз номаи ахири ӯ осон гузар кард. Вай рукуди феълӣ дар Тоҷикистонро ба дур шудани мардум аз китобхонӣ, андеша ва маърифат бастагӣ медиҳад. Бемаърифатӣ дар навбати худ ҳама гуна эҳтиёҷ ба андешаро аз байн мебарад. Ин ҳам дар ҳоле ки андешидан шарти аввали инсон будан аст.

Continue reading

10.04.2010 Posted by | Адабиёт, Забони модарӣ, Китоб, Тоҷикистон, Фарҳанг | | 3 Comments

Як наврузии дигар аз устод Шакурӣ

Намедонам, шаҳрдории Душанбе ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ кӯмак карда бошад, ки манзили худро иваз карда, аз заҳу рутубат ва сардии тоқатфарсои табақаи аввал наҷот ёбад, аммо имрӯз устодро дар хонаи наве дидам, дар манзили интернетӣ, ки дараш ба тамоми ҷаҳон боз ва тамоми ҷаҳон аз они ӯ. Торнамои наве, ки осори донишманди бузурги тоҷикро ба аҳли ҷаҳон тақдим мекунад. Муборак бодо, устоди азиз.

Continue reading

06.03.2010 Posted by | Забони модарӣ, Илм, Таърих, Тоҷикистон | | 9 Comments