Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“21 сабақи садаи 21”

Ёднавиште пас аз хондани китоби Ювал Нуҳ Ҳарорӣ “21 сабақи садаи 21”

Пеши рӯ ваҳшатест ногуфтанӣ ва ва бе ваҳдати ҷаҳонӣ наҷот номумкин аст. Дар ин ҳол башар торафт бесаводтар мешавад ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра намегирад.

***

Ҳамеша ҳамин тур аст, ки гоҳе китоберо мехонам, дилдодаи он мешавам, аз нукоти ҷолибаш ба ҳаяҷон меоям, ба печутоби риштаи андеша ва ширинию пурмағзии баёни нависандааш аҳсант мегуям, гоҳе мехоҳам, порчаҳои бузургеро аз он китоб ба дафтари хотираам кӯчонам. Чунин китоб ҳатман ба ман таъсир мекунад, вале ҳанӯз гуфта наметавонам, ки он аз имтиҳони ман гузаштааст.

Continue reading

22.03.2019 Posted by | Баҳс, Илм, Инсон, Китоб, Рӯзгор, Таҷриба, Ҷомеа | , | Leave a comment

Ойинаи Хоразми бостон

Чаҳор рӯзи охир саргарми хондани китоби  Николай Веселовский “Очерк историко-географических сведений о хивинском ханстве от древнейших времен до настоящего” будам, ки дар соли 1877 чоп шудааст. Аз нахустин сафҳааш маро ба мадори худ кашид ва шефтаи хеш кард. Бино бар одати деринаам, порчаҳои ҷолиби онро барои худ аккосӣ кардам ва хулосаи кӯтоҳеро дар бораи ин китоб барои хештан инҷо навиштам. Веселовский соли 1848 дар Маскав ба дунё омада, умре ба омӯзиши Ховарзамин машғул буд ва дар соли 1918 даргузаштааст.

Continue reading

15.09.2017 Posted by | Илм, Китоб, Таърих, Фарҳанг, Худшиносй, Эрон | Leave a comment

Иржи Бечка дар бораи Бобоҷон Ғафуров

Раҳбари пешини Тоҷикистон ва сарвари собиқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров бо ховаршиносони кишварҳои гуногуни ҷаҳон пайвандҳои наздик ва гарм дошт ва ҳамеша онҳоро водор мекард, барои тоҷикон ва Тоҷикистон корҳои хубе анҷом диҳанд.

Continue reading

01.11.2015 Posted by | Илм, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй | | Leave a comment

Чаро Ибни Синои нав надорем?

Вожаи инглисии “coaching” маро саргаранг кардааст. Ин чист? Тарбиятгарӣ? Мураббигарӣ? Парвариш? Машқдиҳӣ? Роҳнамоӣ? Ба як сабақгирие мерафтаму дар ин бора фикр мекардам ва ҳаргиз гумон надоштам, ки то ҳоло маънии ин вожаро дуруст нафаҳмидаам. Вақте онро мешунидам тренери варзиш ба ёдам мерасид, аммо… дунё воқеан печидатар шудааст.

Continue reading

18.06.2014 Posted by | Илм, Инсон, Табиат, Худшиносй, Ҷомеа | | Leave a comment

Банди Сино боз мешавад?

Як маркази илмӣ дар Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, то соли 2045 мушкили маргро ҳал хоҳад кард. Бандеро хоҳад кушод, ки Абӯалӣ ибни Сино бо вуҷуди ҳалли ҳамаи печидагиҳои ҷаҳон, “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зӯҳал” натавониста буд, онро боз кунад. Дмитрий Ичков, сухангӯйи ин марказ, ки “Initiative – 2045” ном дорад, гуфтааст, барои тарҳи мазкур 50 миллиард доллар ҷамъоварӣ шудааст.

Continue reading

14.10.2012 Posted by | Илм, Инсон, Табиат, Таҷриба | , , | 13 Comments

Шуберлин ба Остона меояд

Субҳи имрӯз номаи аҷибе гирифтам. Аз шахсе, ки чанд сол ба ин сӯ тамосе бо ҳам надоштем ва гӯё аз ёдам низ рафта буд. Аз профессори Донишгоҳи Ҳарвард, Ҷон Шуберлин, ки ҳоло ба ғайр аз мақолаҳои хубаш ду сӯҳбати тӯлонии рӯбарӯ бо ӯ дар Праг ба хотирам расид. То соли 2002 баъзан аз ӯ ҳамчун коршиноси умури Осиёи Марказӣ назар мегирифтам. Аммо навиде, ки дар номаи ӯ омада ҷолибтар аз худи расидани мактубаш буд.

Continue reading

01.07.2012 Posted by | Баҳс, Илм, Осиёи Марказӣ, Таърих, Фарҳанг, Ҷомеа | Leave a comment

Ситоиш аз “беморон”

Аз фарзандони худ ҳамеша талаб мекардам, ки дар ҳар як кори худ бодиққат, муназзам ва озода бошанд. Аҷиб аст, ки аз куҷо ин нукта ба зеҳнам нишастааст. Падари бузургворам чунин насиҳате ба ман накарда буданд. Хира-хира ба ёдам меояд, ки омӯзгори мактаби мо барои иншое, ки тозаву муназзам, бе хат задану ранг чакондан навишта шудааст, баҳои баландтар мемонд.

Continue reading

10.06.2012 Posted by | Баҳс, Донишнома, Илм, Инсон, Табиат, Таҷриба, Фарҳанг | 11 Comments

Озори Зафари Мирзоён

Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо  “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.

Continue reading

18.07.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Илм, Матбуот, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳунар | 4 Comments

Бозгашти Акбари Турсон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми наҷибе кард. Вай донишманди муҳоҷир Акбари Турсонро ба ватан баргардонд. Аз рӯйи шунидам олими тоҷик ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки “ҷои гарм”-и худ дар Амрикоро тарк кунад, вале, зоҳиран, пешниҳоди президенти кишварро рад накардааст ва ба Душанбе хоҳад баргашт.

Continue reading

31.03.2011 Posted by | Ватан, Илм, Таърих, Тоҷик, Турсон, Худшиносй | | 16 Comments

Як наврузии дигар аз устод Шакурӣ

Намедонам, шаҳрдории Душанбе ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ кӯмак карда бошад, ки манзили худро иваз карда, аз заҳу рутубат ва сардии тоқатфарсои табақаи аввал наҷот ёбад, аммо имрӯз устодро дар хонаи наве дидам, дар манзили интернетӣ, ки дараш ба тамоми ҷаҳон боз ва тамоми ҷаҳон аз они ӯ. Торнамои наве, ки осори донишманди бузурги тоҷикро ба аҳли ҷаҳон тақдим мекунад. Муборак бодо, устоди азиз.

Continue reading

06.03.2010 Posted by | Забони модарӣ, Илм, Таърих, Тоҷикистон | | 9 Comments

10 симои боризи садаи 20

gafurovПажӯҳишгари пуркор, устод Наҷмиддини Ковиёнӣ ақидае дорад, ки бояд таърих ва фарҳанги тоҷик дар расонаҳои Эрону Афғонистон муаррифии бештар пайдо кунад. Вай низ ба мисли устоди дигар, сардабири донишномаи “Ираника”, Эҳсони Ёршотир, бар ин аст, ки ҳавзаи илм ва фарҳанги порсигӯён фаротар аз марзҳои сиёсист ва ин қаламравро ба гуфтаи шоир Бозор Собир сарҳад забони муштарак аст.

Continue reading

26.09.2009 Posted by | Донишнома, Илм, Инсон, Таърих | | 42 Comments

Дархости профессор Комёр

map_region_centralasiaДар Тоҷикистон ё берун аз он оё ягон донишманди ҷуғрофиёро мешиносед, ки барои як китоби сатҳи ҷаҳонӣ ба забони инглисӣ фаслҳои марбут ба ҷуғрофиёи Осиёи Марказиро бинависад? Ин китоб қарор аст, соли 2010 аз чоп барояд ва сардабири он, донишманди эронии муқими Амрико, дар ҷустуҷӯи ҷуғрофидонони Осиёи Марказист.

Continue reading

23.08.2009 Posted by | Илм, Осиёи Марказӣ | | 3 Comments