Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Увидеть во сне Мухаммада Осими

1 Muhamad OsimiПромелькнуло тут, что мы пропустили день рождения великого ученого Мухаммада Осими. Пролетела строчка как пуля. Но мимо. Не зацепило. Пошел спать. Оказывается попала пуля мне в спящую совесть мою. Увернулся, заснул и мне приснился сон. Иду по улице Рудаки, не нынешней, а старой, кто знает, коротенькой, зеленой, у пединститута, а навстречу мне сам устод Мухаммад Осими… Continue reading

03.09.2016 Posted by | Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | 4 Comments

Бобониёзи озода

hamkurson1Дардхабари даргузашти Бобониёз маро такон дод. Хабаре боварнакарданӣ. Марги касе аз аҳли хонадон, аз аҳли дил. Рафтани нобаҳангоме мисли гирифтани офтоб, заминларза, сел, таркиш. Чаро чунин зуд? Чаро бе огаҳӣ? Чаро бе интизории дидор? Чаро? Чаро?

Continue reading

18.06.2016 Posted by | Инсон, Сарнавишт, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳолнома | | 2 Comments

Гелоси Муҳаммадшарифи III

PragueГелоси ҷопоние дидам дар ин кӯчаи Прог, ки ба ду ранг шукуфтааст. Дидаму амаки Муҳаммадшарифам ба ёдам омад, ки айёми кӯдакии ман садбаргро ба гелоси боғамон найчапайванд карда буд. Одамон аз деҳу кӯйи атроф ба дидани гелосе меомаданд, ки дар як шохи баландаш садбарг шукуфта буд.

Continue reading

07.05.2016 Posted by | Инсон, Рӯзгор, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳолнома, Ҷомеа | Leave a comment

Праздник без радости

bbНикак не могу позабыть эту калитку, иссохшая курчавящаяся годами синяя краска, которой только местами светилась своей небесной голубизной, а за отваливающимся корочками как свежие раны были видны кусочки ореховой доски.

Continue reading

06.05.2016 Posted by | Инсон, Муҳоҷират, Сарнавишт, Таърих | | Leave a comment

Хонаи мо куҷост?

Evening 01Китоби писари ман Исфандиёр ё Диёр, ки аз сарнавишти як навраси тоҷик ҳикоят мекунад, ба нашр расид. Рӯзҳои ноороми Тоҷикистон аз нигоҳи як кӯдаки 8-сола, ҳаёти як навраси тоҷик дар миёни мардумони бегона, талошҳои худҷӯӣ ва худшиносӣ ва рӯ овардан ба даргоҳи Худо баъзе аз бобҳои ин китоби 255-саҳифагиянд. Ӯ ҳунарпешаи синамо ва театр аст, аммо ба англисӣ аз дардҳои насли ҷангзада шеър менависад ва ин аввалин китоби насрии ӯст саршор аз хотираҳои Душанбе. Роҳи сафед, нури чашмонам! Дардҳои моро ба ҷаҳониён расон.

Continue reading

11.10.2015 Posted by | Ватан, Инсон, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | , | 10 Comments

Ато Муҳаммадҷонов, симое дурахшон ва худфидо

Ато МуҳаммадҷоновАто Муҳаммадҷонов дар ҳунари нақшофарӣ чеҳраест ҳамсанги Клинт Иствуд, Шоҳрух Хон, Ал Пачино, Шон Коннерӣ, Умар Шариф, Ҷек Николсон ва дигар ситораҳои синемои ҷаҳон. Аз қазо, вай ҳамсоли Ал Пачиност. Ҳарду дар соли 1940 ба дунё омадаанд, вале агар дувумӣ муҳите дошт, ки ба тамоми тавонмандиҳои ӯ роҳи фарох боз намуд, истеъдоди дурахшону худододи аввалӣ дар фазои тангу гирифтае ношукуфта хор гашт.

Continue reading

30.08.2015 Posted by | Инсон, Синемо, Театр, Ҳунар | | Leave a comment

Нафаси фаришта

Имшаб Ниёзбоқӣ ба хобам омад. Ногаҳон ва бе ҳеч ангеза. Вале бо дарди сахти шаҳидоне, ки дигар аз онҳо ёд намекунанд. Гуфтанду гузаштанд, аммо сӯхтани бепоён бо падару модар ва ҳамсару фарзандон мемонаду бас.

Continue reading

03.05.2015 Posted by | Инсон, Каме латра, Тоҷикистон | , | Leave a comment

Чаро Ибни Синои нав надорем?

Вожаи инглисии “coaching” маро саргаранг кардааст. Ин чист? Тарбиятгарӣ? Мураббигарӣ? Парвариш? Машқдиҳӣ? Роҳнамоӣ? Ба як сабақгирие мерафтаму дар ин бора фикр мекардам ва ҳаргиз гумон надоштам, ки то ҳоло маънии ин вожаро дуруст нафаҳмидаам. Вақте онро мешунидам тренери варзиш ба ёдам мерасид, аммо… дунё воқеан печидатар шудааст.

Continue reading

18.06.2014 Posted by | Илм, Инсон, Табиат, Худшиносй, Ҷомеа | | Leave a comment

Сафирони Тоҷикистон

migrants4Азбаски ин навиштаи як блоггери рус дар шабакаи пӯшида блогҳо ба номи “Лепр” нашр шуда, ба хонандаи ом дастрас нест ва танҳо ба воситаи Фейсбук дар гуруҳҳое паҳн шудааст, хостам, онро ин ҷо рӯбардор кунам, то дӯстон бихонанд ва бидонанд, ки “некӣ бимонад ҷовидон…”

Continue reading

14.07.2013 Posted by | Инсон, Муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон, Фарҳанг | | 13 Comments

Иде бидуни ид?

victory dayДаричае аз ёдам намеравад. Дар ду тарафи он девори фурӯрехта ду қабри кӯҳнаро ба ёд меовард. Ранги нилгуни равғании дарича мисли карахши рӯйи захми хушкида варақ-варақ хеста буд. Ин ранг дар ҷо-ҷое мисли осмони тобистон кабуд буд. Дар паланди дарбача чаҳоркунҷае сурхӣ мекард: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

Continue reading

09.05.2013 Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Таърих, Тоҷик, Ҷомеа | 1 Comment

Барно ва “Ятран” (3)

a34Аз номаҳои расида, нашршуда дар ин ҷо ва нашрнашудаи хусусӣ аз як сӯ рӯҳу илҳом гирифтам, аз сӯи дигар масъулиятеро дар дӯши худ ҳис кардам, ки сабаби таъхир дар нашри идомаи достон шуд. Жан Пол-Сартр гуфтааст, ман барои як нафаре менависам, ки навиштаи маро мехонад. Ҳоло ман бояд фахр кунам, ки на як ё ду нафар, балки наздик ба 300 нафар ин навиштаи маро хондаанд ва интизори идомаи онанд. Аммо…

Continue reading

06.01.2013 Posted by | Инсон, Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Ҳикоя | , , | 5 Comments

Одами хуб?

safedusiyohЁдам нест, аз кадом дӯсту ҳамнишинонам чизи ҷолибе шунида будам, ки нашояд инсонро “хуб” ё “бад” номид, чун инсонҳо хубу бад нестанд, балки ин одатро доранд, ки корҳои хуб ё баде мекунанд. Бояд ба хубӣ ё бадии кирдори онҳо таъкид кард, на бо як сифат ба таври куллию мутлақ гуфт, ки фалонӣ одами хуб асту он дигарӣ одами бад.

Continue reading

30.12.2012 Posted by | Баҳс, Донишнома, Инсон, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй | 14 Comments