Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Салом, (ф)Файзи Бадахшон!

Дӯстам, Файзи Мирасан, медонӣ, дар ёди ман чӣ гуна мондаӣ? Ҷавони хушандоми оҳучашм ва гитор дар дасту дар лаб таронаи дилгудоз дар мактабхонае дар канораи Уёлӣ, ки табдил ба хобгоҳи донишҷӯёни пахтачин шудааст. Дигар марди бовиқор ва хирадманде дар минбари Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми расондани паёми мардуми Бадахшон ба вакилон. Яке аз нахустин дидор ва дигаре аз охирин. Дар фосилаи ин ду ҳазорон порча хотираи дилнишин. Аммо ҷойи он ду дигар!

Continue reading

Advertisements

20.05.2017 Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Сарнавишт, Тоҷикистон | Leave a comment

Идомаи марсияи падар

Ҳоло дар идомаи он ҳама чизе, ки пештар навишта будам. Даргузашти падару модар барои инсон аз дардҳоест, ки ҳаргиз шифо намеёбад. Он мисли як захми носури равон то охирин нафаси умри инсон боқӣ мемонад. Зиндагии кас баъд аз реҳлати волидон аз реша иваз мешавад. Дард мемонад, аммо чорае надорӣ, бояд муросо кунӣ, ки ин як мусибати гурезнопазир аст. Муросо мекунӣ, вале бовар нахоҳӣ кард, ки азизонат дигар дар рӯйи замин нестанд ва дидор ба қиёмат мондааст.

Continue reading

15.05.2017 Posted by | Каме латра, Сарнавишт, Ҳолнома | | Leave a comment

Булбули ғамгусор

Намедонам, онҳое, ки хунёгари хушовоз Муродбеки Насриддинро азият медоданд, зинда бошанд ё не, вале медонам, ки на ҳоло ва на пас аз сад сол ҳам касе номи онҳоро нахоҳад донист. Онҳо мисли партовҳои гандида ба қаъри мурдобҳо фурӯ рафтаанд, мераванд ва хоҳанд рафт. Аммо ҳазорон нафар чакомаҳои Муродбекро бо тапиши дил мешунаванад ва барояш «аҳсант» мегӯянд. Ва ҳамин гуна идома хоҳад кард, чун «танҳо садост, ки мемонад…»

Continue reading

05.10.2016 Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар | | 35 Comments

Увидеть во сне Мухаммада Осими

1 Muhamad OsimiПромелькнуло тут, что мы пропустили день рождения великого ученого Мухаммада Осими. Пролетела строчка как пуля. Но мимо. Не зацепило. Пошел спать. Оказывается попала пуля мне в спящую совесть мою. Увернулся, заснул и мне приснился сон. Иду по улице Рудаки, не нынешней, а старой, кто знает, коротенькой, зеленой, у пединститута, а навстречу мне сам устод Мухаммад Осими… Continue reading

03.09.2016 Posted by | Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | 4 Comments

Дар кӯчаҳои холӣ… (Ёде аз Махсум Олимӣ)

Olimi 1Аҷаб симое гузошт аз худ дар ёдҳо Махсум Олимӣ – як сӯ шоири шоду сархушу ринду хандону ҳамешаҷавон ва як сӯ марди боимону оқилу инсондӯсту содиқу рӯҳоние, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонад. Чандбӯъдӣ ва фазоофарӣ танҳо хоси афродест, ки ҳиссу дарки амиқе аз андӯҳи зиндагӣ ва шебу фарози кавну макон доранд. Бардошти ман аз диду боздид ва нишасту бархостҳо бо Махсум Олимӣ ин буд, ки ӯ аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист.

Continue reading

17.08.2016 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Сарнавишт, Ҳолнома | | Leave a comment

Бобониёзи озода

hamkurson1Дардхабари даргузашти Бобониёз маро такон дод. Хабаре боварнакарданӣ. Марги касе аз аҳли хонадон, аз аҳли дил. Рафтани нобаҳангоме мисли гирифтани офтоб, заминларза, сел, таркиш. Чаро чунин зуд? Чаро бе огаҳӣ? Чаро бе интизории дидор? Чаро? Чаро?

Continue reading

18.06.2016 Posted by | Инсон, Сарнавишт, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳолнома | | 2 Comments

Гелоси Муҳаммадшарифи III

PragueГелоси ҷопоние дидам дар ин кӯчаи Прог, ки ба ду ранг шукуфтааст. Дидаму амаки Муҳаммадшарифам ба ёдам омад, ки айёми кӯдакии ман садбаргро ба гелоси боғамон найчапайванд карда буд. Одамон аз деҳу кӯйи атроф ба дидани гелосе меомаданд, ки дар як шохи баландаш садбарг шукуфта буд.

Continue reading

07.05.2016 Posted by | Инсон, Рӯзгор, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳолнома, Ҷомеа | Leave a comment

Праздник без радости

bbНикак не могу позабыть эту калитку, иссохшая курчавящаяся годами синяя краска, которой только местами светилась своей небесной голубизной, а за отваливающимся корочками как свежие раны были видны кусочки ореховой доски.

Continue reading

06.05.2016 Posted by | Инсон, Муҳоҷират, Сарнавишт, Таърих | | Leave a comment

Наврӯзи айёми ҷанг

GardЧун ваъда буд, ки идомаи қиссаи ёфтшудаи “Дарвозаҳои Кобул”-ро ин ҷо хоҳам гузошт, корро сари ин тарҳ давом додам ва инак, порчаи дигареро пешкaши хонандаи арҷманд мегунам. Боз ҳам ёдовар мешавам, агар касе бахши сеюми ин хотираҳоро дошта бошад, лутф кунад ва бароям бифиристад. Шумораи 4 ё 5-и “Чароғи рӯз”, соли 1991. Хеле сарфароз хоҳам буд. Дар зимн, Наврӯз бароятон шоду фархунда бод!

Continue reading

22.03.2013 Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт | , | Leave a comment

Иди артиши сурх

UazikИн яке аз қиссаҳои гумшудаи ман аст. Дастнависи ниҳоии он дар соли 1992, вақте манзили маро дар Душанбе ғорат карданд, ба яғмо рафт. Гумон мекунам, ба дасти ҷавонаки раҳгумзада ё ҷанговаре афтод, ки дар пешонӣ ситораи сурх ва дар камар тасмаи досуболғадори сохти Шӯравӣ, зери шиори ҳимоят аз низоми конститутсионӣ хонаҳоро ғорат мекарданд ва надониста ё дониста, ин дастнависро ба коми оташ афканданд ё ба носфурӯше доданд.

Continue reading

09.03.2013 Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳикоя | 1 Comment

Барно ва “Ятран”

yatranИн қиссаро ба ҳамаи онҳое мебахшам, ки ваҳшати ҷанги Тоҷикистонро пас сар кардаанд. Ва пеш аз ҳама ба зани тоҷик, ба бонувоне, ки ин ҷанг онҳоро дар айни ширинии зиндагияшон мотамзада карду танҳояшон намуд. Талош мекунам, дар симои яке аз онҳо дарду андӯҳ ва фоҷиаи ин наслро нишон диҳам. То куҷо ин бароям муяссар шудаву мешавад, ба Шумо, хонандаи арҷманд бастагӣ дорад.

Continue reading

09.12.2012 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Сарнавишт, Ҳикоя | | 4 Comments

Лабханди рӯзи борон

Даҳ сол аз он рӯзи тираи боронии реҳлати падари бузургворам гузашту ман ҳис мекунам, ки ҳамоно лаҳзаҳои дардомези он рӯзро аз сар мегузаронам. Ҳамон чак-чаки борон, ҳамон сояи ҳавлангези хавозаи ток ва тути пир, ҳамон мурғакони фурӯрафта дар паруболи худ ва ҳамон деворҳои намзада. Бухси нафасгир. Дили шикаста. Осмони фурӯафтода…

Continue reading

14.05.2012 Posted by | Инсон, Каме латра, Сарнавишт | , , | 2 Comments