Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Синемои боБақо (Аз “Адонис” то “Имом Бухорӣ”)

Сарнавишти филмсози тоҷик Бақо Содиқ тақрибан шабеҳи филмҳои худаш аст. Як ҳаёти хеле сахту сангин ва пурпечутоб, фарру шукӯҳи ниҳон дар сиришт, арши шӯҳрат ва фарши нописандӣ, роҳи дарозе бо гирдбодҳо, парвозҳои баланд ва афтодан ба ҷазираи бекас. Бо авҷи шӯҳрати ногаҳонии ҷаҳонӣ ва талоши ронда шудан ба гӯшаи фаромӯшӣ. Корномаи ӯро, ки фарҳангшиноси тоҷик Муҳиддин Маҳмудов ба нашр расонд (“Кино Бако Садыкова”, Санкт-Петербург, 2016), варақ мезанам ва як зиндагии пурборро мебинаму як қадрношиносии дардоварро.

Continue reading

11.01.2017 Posted by | Синемо, Фарҳанг, Ҳунар | , | Leave a comment

Ато Муҳаммадҷонов, симое дурахшон ва худфидо

Ато МуҳаммадҷоновАто Муҳаммадҷонов дар ҳунари нақшофарӣ чеҳраест ҳамсанги Клинт Иствуд, Шоҳрух Хон, Ал Пачино, Шон Коннерӣ, Умар Шариф, Ҷек Николсон ва дигар ситораҳои синемои ҷаҳон. Аз қазо, вай ҳамсоли Ал Пачиност. Ҳарду дар соли 1940 ба дунё омадаанд, вале агар дувумӣ муҳите дошт, ки ба тамоми тавонмандиҳои ӯ роҳи фарох боз намуд, истеъдоди дурахшону худододи аввалӣ дар фазои тангу гирифтае ношукуфта хор гашт.

Continue reading

30.08.2015 Posted by | Инсон, Синемо, Театр, Ҳунар | | Leave a comment

“Тантана” барои “Диктатор”

Як ширкати тиҷорати филм бо номи “Тантана” тасмим гирифт, ки филми “Диктатор” дар Тоҷикистон намоиш дода нашавад, зеро мегӯяд, он даромади кофӣ нахоҳад дод. Аммо ин кори як ё ду нафар зарбае ба обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон зад ва ҳам сабаб шуд, расонаҳои ҷаҳон раисиҷумҳури ин кишварро дар сафи диктаторони араб гузоранд.

Continue reading

20.05.2012 Posted by | Баҳс, Матбуот, Синемо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | | 3 Comments

Абдусалом Раҳимов дар донишномаи синемои Амрико

Ҳар китоби энсиклопедӣ ё феҳрасту раддабандиеро бинам, монанди “Ҳазор адиби машҳури ҷаҳон” ё фаразан, “Зеботарин шаҳрҳои олам”, хонданашро аз охир шурӯъ мекунам, зеро ғолибан номи Тоҷикистон ва ё афроду макони марбут ба тоҷикон, агар дар он ҳузур дошта бошанд, ҳатман дар охири номгӯ меоянд. Ин бор ҳам китоби “Синемои ҷаҳон баъд аз соли 1945”-ро ба даст гирифтаму аз сафҳаҳои охираш ба пеш варақгардон кардам.

Continue reading

18.09.2010 Posted by | Донишнома, Синемо, Фарҳанг, Ҳунар | | 2 Comments

Марги “Равшан” ва “Джамшут”

Билоахира, симои ин ду ҳаюло аз оинаи нилгуни Русия гуму нест мешавад. Аммо дареғу сад дареғ, ки марги онҳо хеле дер расид. Замоне расид, ки онҳо кори сиёҳи худро карданд ва ному шамоили каҷи худро дар сафҳаи таърих гузоштанд.

Continue reading

02.08.2010 Posted by | Муҳоҷират, Осиёи Марказӣ, Русия, Синемо, Тоҷик | 11 Comments

Ба Галустян мадад кунем

Рости гап, бадӣ ё ҳатто фақат ангезаи он, яъне бадхоҳӣ, шадидан хилофи табиат ва арзишҳои ахлоқии ман аст. Вале ҳангоме ки сухан аз нанги миллӣ меравад, бадие, ки ҳадафаш на осебрасонию интиқом, балки сабақ додан аст, қобили қабул намудор мешавад.

Continue reading

09.02.2010 Posted by | Русия, Синемо, Тоҷик, Қонун | , | 35 Comments

Афсонаи лаънати Темурланг

Метарсам, ки шабакаҳои телевизионии Русия мисли он ки ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ филми «Тамасхури бахт»-ро намоиш медиҳанд, 22 –юми июн ва ё 9 – уми май – Рӯзи ғалаба бар фашизм филми «Лаънати Темурланг»-ро батакрор пешкаши бинандагон мекунанд.

Continue reading

06.02.2010 Posted by | Синемо, Таърих | , , , , | 3 Comments

Сказка о проклятии Тамерлана

Боюсь, что подобно ежедгодно-новогодному повтору “Иронии судьбы” российские телеканалы станут традиционно показывать фильм “Проклятие Тамерлана” каждый год накануне 22-го июня или 9-го мая, Дня Победы над фашизмом. Трудно назвать фильм документальным, где патриарх узбекского кино, военный оператор Малик Каюмов говорит, что вскрытие гробницы тимуридов в Самарканде в июне 1941-го года стало прелюдией нападения гитлеровской Германии на Советский Союз.

Continue reading

16.01.2010 Posted by | Синемо, Таърих, Узбакистон | , , | 33 Comments

Достони сафари Бухоро (Бахши 2)

4_bukhara__16 Вақте қатори мошинҳои мо аз кӯчае дар деҳаи Маҳаллаи Боло мегузашт, Ҳазрат Сабоҳӣ ба мо хонаеро нишон дод, ки Садриддини Айнӣ солҳои бачагияшро он ҷо гузарондааст. Дархости моро ба зиёрати ин манзил ва ҳам деҳаи Соктаре роҳбаладонамон бо баҳонаи тангии фурсат напазируфтанд. Аз алам ин кӯчаи пурдарахт ва дарвозаҳои мунаққаш ҷовидона дар ёди ман монд. Вале беш аз ҳама “девори Бухоро” хотирнишин буд.

Continue reading

07.11.2009 Posted by | Забони модарӣ, Синемо, Фарҳанг | | 18 Comments

Умдатарин мушкили ватани мо

12Зафар Сӯфии Фарғонӣ, дӯсту бародар ва ҳамкасби муваффақи банда аз Душанбе ба Прага паёми гарме фиристод. Номаашро мехондаму чеҳрааш пеши назарам меомад. Ҷавони ситорагарм, хоксору андешманд ва оромсухан дар ёдам бо он бакенбардҳои қатронияш шабеҳи кадом ҳунарпешаи филмҳои фаронсавӣ боқӣ мондааст.

Continue reading

04.11.2009 Posted by | Ватан, Матбуот, Синемо | , | 7 Comments

Ёдбуди сафари Бухоро ва Самарқанд

1MadrasaХотираҳои ин сафар дар лаҳзаҳои гуногун тикка-тикка ба ман бармегаштанд, аммо чун тасодуфан аз миёни китобу коғазҳо дафтарчаи қайдҳои ондаврагиамро ёфтам ва чашмам ба номҳову таърихҳо афтод, гӯё дубора худро дар ин ду шаҳри бузурги ниёкон ҳис кардам ва ҳар сонияи он сафари хуршедиро дигарбора ба сар бурдам.

Continue reading

31.10.2009 Posted by | Забони модарӣ, Синемо | , | 4 Comments

Нӯшатон бод пирӯзӣ, устод Бармак!

1-BarmakjonJoizaФилми Сиддиқи Бармак дар ҷашнвораи байнулмилалии Ботумӣ ҷои аввалро гирифт. Як рӯз баъдаш, дар озмуни Приштина Бармак барои ҳамин филм беҳтарин коргардон дониста шуд. Пештар “Ҷанги тарёкӣ” дар ҷашнвораи Рум ҷои аввал ва Ҷоизаи тилои Марк Аврелийро гирифта буд. Филми қаблии Бармак, “Усома” ба Ҷоизаи ҷаҳонии “Глобуси тило” мушарраф гаштааст.

Continue reading

04.10.2009 Posted by | Синемо, Фарҳанг | | 1 Comment