Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёдҳо, фарёдҳо…

Пас аз ҳар сафарам ба Ватан рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо дидаву шунидаву озмудаҳои худро хостаю нохоста, гаштаю баргашта, гоҳу ногоҳ, шабу саҳар дубора мебинам ва мешунавам. Чеҳраҳо ва манзараҳо ҳамеша пеши нигоҳам ба ҷилва меоянд. Хотираҳои ман дар шаби хобам ба фарёдҳо табдил мешаванд. Аз садои худам бедор мешавам ва мефаҳмам, ки чашмонам пуробанду болинам тар.

Continue reading

Advertisements

25.11.2016 Posted by | Ватан, Ислом, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҷомеа | Leave a comment

Гелоси Муҳаммадшарифи III

PragueГелоси ҷопоние дидам дар ин кӯчаи Прог, ки ба ду ранг шукуфтааст. Дидаму амаки Муҳаммадшарифам ба ёдам омад, ки айёми кӯдакии ман садбаргро ба гелоси боғамон найчапайванд карда буд. Одамон аз деҳу кӯйи атроф ба дидани гелосе меомаданд, ки дар як шохи баландаш садбарг шукуфта буд.

Continue reading

07.05.2016 Posted by | Инсон, Рӯзгор, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳолнома, Ҷомеа | Leave a comment

Мурдану зинда шудан

Илҳом аз хондани кӯтоҳтарин достонҳо. Жанр — ҳикоячаи фейсбукӣ. Ҳадаф кӯтоҳ навиштан ва ғофилгир кардани зеҳн аст. Барои қарни 21 аз он лиҳоз муносиб аст, ки мардум вақт надоранд, навиштаи дарозеро бихонанд. Вақт доред? Тасмимам ин шуд, ки кӯтоҳакҳои навро дар дунболи ин матн хоҳам гузошт.

Continue reading

23.07.2014 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Каме латра, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳикоя | 1 Comment

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: “Бале, ман гузашт кардам”

nuriПанҷ мусоҳибаи номатбӯъ ё нашрнашудаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Мехоҳам ин номи дувуми китоб бошад. Аз эшон даҳҳо бор мусоҳиба гирифтаам, вале сӯҳбатҳои чандсоатии мо шояд 7 ё 8-тоанд, ки бархе аз онҳо то ҳанӯз ба шакли пурра нашр нашудаанд ва ин яке аз чунин гуфтумонҳост. Бовар дорам, хеле чизҳоро рӯшан мекунад ва барои таърихнигорон ва сиёсатшиносон ганҷи шойгоне хоҳад буд.

Continue reading

27.06.2014 Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Таърих, Таҷриба, Худшиносй, Ҷомеа | 39 Comments

Дар оинаи Укрoина

ukrКадоме зиёдтар хотираҳои хуфтаи ҷанги Тоҷикистонро бедор мекунад — хабарҳои изтиробангези Украина ё тундгӯиҳои байниҳамии тоҷикон дар ин бора? Баъзе аз бархӯрдҳои байни ҳамдиёронам ба “рӯканию мӯйканию гулӯдаронӣ” монанд буда, ташнагии ҳарду тарафи баҳсро падид меорад.

Continue reading

06.03.2014 Posted by | Сиёсат, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон | , | 1 Comment

Дарси чандрасонаӣ

schoolОхирҳои моҳи июни соли гузашта ҳаво дар Душанбе гарм буд, вале баҳсҳои мо дар Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ ба маротиб гармтар. Бо як барномаи баҳсбарангези худ ман дар ин ҷо ҳамнишину ҳамсуҳбату ҳамкори 20 хабарнигори ҷавон будам. Ин маҳфил бо ташаббус ва сармоягузории Бунёди Сорос ва чанд созмони дигари ғайридавлатӣ бапо шуда, дарсҳо дар он хеле пуршиддат ва шавқангез ҷараён меёфт.

Continue reading

03.01.2014 Posted by | Душанбе, Матбуот, Таҳсил, Таҷриба | , | Leave a comment

Соли апаи Че

apai CheДу саҳна ё дақиқтараш, саҳнасозии соли 2013 дар театри сиёсии Тоҷикистон падидаи нав буданд. Яке намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе дар моҳи апрел ва дигаре балвои густохона дар ситоди Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар моҳи декабр. Дар ҳоле ки мақомот ба ҳама гуна ҷамъомади ҳамфикрон ҳассосият нишон медиҳанд, ин ду маврид барои ташаббускорон ва иҷрокунандагон бепайомад буд.

Continue reading

29.12.2013 Posted by | Баҳс, Интихобот, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон, Ҷомеа | Leave a comment

Нолаи мурғи шабовез

osmoni shabНаздикии бомдод аз гузаштани корвони вожаҳо бедор шудам ва дигар натавонистам, дар бистар бимонам. Ҳарчанд бархостан аз рахтихоби гарм сахт аст, наметавонам ин лаҳзаҳоро, ки андешаҳои деринаам ҷумла ба ҷумла дар зеҳнам ба чархиш меоянд, аз даст диҳам. Гоҳо барои он ки фикрҳо фаромӯш нашаванд, онҳоро чандборӣ такрор мекардам, вале чун шумораашон зиёд мешуд, мефаҳмидам, ки дигар ин ҳамаро дар ёд дошта наметавонам ва бояд бархезаму достонамро бинависам.

Continue reading

15.12.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | | 41 Comments

Андарзномаи ғуруб

gurubВақте ҷавон будаму чизе шабеҳи андарз менавиштам, устодон эрод мегирифтанд, ки ҷавонона навис, ҳанӯз вақти насиҳат хонданат ба дигарон нарасидааст. Ҳоло фикр мекунам, шояд он фурсате, ки устодон дар назар доштанд, кайҳо даромадаву нашояд хулосаҳои кас, ки аз гузашти рӯзгор ва дидаву шунидаву андешидаҳо бармеоянд, мояи шарму дудилагии ӯ бошанд.

Continue reading

09.10.2013 Posted by | Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй | , | 5 Comments

“Корти сабз” нест мешавад

Korti sabzЯке аз осонтарин роҳҳои муҳоҷират ба Амрико – бахтозмоӣ ё лотореяи “Корти сабз” ба зудӣ баста хоҳад шуд. Афсӯс, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки “хонахез” ба Русия муҳоҷир мешаванд, натавонистанд, аз он истифодаи хубе кунанд. Шумораи онҳое, ки ба воситаи ин толеъсанҷӣ дар се соли охир иҷозаи иқомат ва кор дар Амрикоро дарёфт карданд, дар баробари намояндагони ақвоми дигар “мушт”-е беш набудааст.

Continue reading

16.05.2013 Posted by | Амрико, Дурнамо, Муҳоҷират, Таҷриба, Тоҷик, Қонун | 1 Comment

Иди артиши сурх

UazikИн яке аз қиссаҳои гумшудаи ман аст. Дастнависи ниҳоии он дар соли 1992, вақте манзили маро дар Душанбе ғорат карданд, ба яғмо рафт. Гумон мекунам, ба дасти ҷавонаки раҳгумзада ё ҷанговаре афтод, ки дар пешонӣ ситораи сурх ва дар камар тасмаи досуболғадори сохти Шӯравӣ, зери шиори ҳимоят аз низоми конститутсионӣ хонаҳоро ғорат мекарданд ва надониста ё дониста, ин дастнависро ба коми оташ афканданд ё ба носфурӯше доданд.

Continue reading

09.03.2013 Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳикоя | 1 Comment

“Каме латра”-и электронӣ

RusahfaНиҳоят бо роҳи “озмоишу ғалат” талош кардам, шакли электронии “Каме латра”-ро рӯйи ин сафҳа бигузорам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, 100 дарсад бовар надорам, ки таҷрибаи нав комёбона аст. Танҳо пас аз нашри ин ҷустор ва санҷидани тор хоҳам донист, ки тир ба нишон расидааст.

Continue reading

04.03.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳикоя, Ҷомеа | 1 Comment