Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фонуси ёд

Ниҳоят, пас аз шабҳои зиёди бехобӣ, навиштани ин достони кӯтоҳро ба поён бурдам. Худсито нестам, вале бояд бигӯям, ки чизи хубе навиштам. Сипос мегузорам аз ду дӯсти гиромиям, ки нахустхонандаи ин ҳикоя шуданд ва эроду ишораи онҳо буд, ки камукостиҳояшро дидам ва ислоҳ кардам. Ҳоло кораш тамом шуд. Шумо бихонед ва бигӯед, дар арзёбии кори худ ҳақбаҷонибам ё на? Бихонед ва бигӯед, оё сирри ин достонро пайдо кардед? Оё чеҳраҳо ва макони ошное пеши чашматон омад? Чӣ кунам, роҳи ман ин аст, ки чеҳраҳои воқеиро ба бофтҳои достонҳои худ мекашонам. Ҳамзамонони азизамро!

Continue reading

Advertisements

29.08.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | 30 Comments

Гирдгардони сирк

Мегӯянд, ҳар матне, ки ба сахтӣ навишта шудааст, ба осонӣ хонда хоҳад шуд. Ин ҳикояро солҳост, ки менависам. Ҳар бор ҳар хел мебаромад ва маро қонеъ намекард. Зеро мехостам, мисли нони фарахша бисёрқабатӣ бошад ва барои ҳар ҷур хонанда паёме хоси ӯро дошта бошад. Ниҳоят кораш тамом шуд. Сахт хастаам ҳам кард. Дигар на ҳарфе кам мекунам, на зам. Сипос аз дӯстонам Г.М., Абдуқодири Рустам ва И.С., ки аз аввалин хонандагон ва ноқидони ин навиштаанд. Ончиро, ки онҳо хуш карданд, шумо ҳам хуш хоҳед кард, бовар дорам.

Continue reading

06.07.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | | Leave a comment

Мурдану зинда шудан

Илҳом аз хондани кӯтоҳтарин достонҳо. Жанр — ҳикоячаи фейсбукӣ. Ҳадаф кӯтоҳ навиштан ва ғофилгир кардани зеҳн аст. Барои қарни 21 аз он лиҳоз муносиб аст, ки мардум вақт надоранд, навиштаи дарозеро бихонанд. Вақт доред? Тасмимам ин шуд, ки кӯтоҳакҳои навро дар дунболи ин матн хоҳам гузошт.

Continue reading

23.07.2014 Posted by | Адабиёт, Баҳс, Каме латра, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳикоя | 1 Comment

Лабханди пеш аз марг

bargНовеллае барои дӯстон. Бо умеди ин ки назару бардошти худро менависанд ва ба ин кори банда баҳо медиҳанду роҳи ӯро рӯшан мекунанд.

Continue reading

13.03.2014 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | 1 Comment

Нолаи мурғи шабовез

osmoni shabНаздикии бомдод аз гузаштани корвони вожаҳо бедор шудам ва дигар натавонистам, дар бистар бимонам. Ҳарчанд бархостан аз рахтихоби гарм сахт аст, наметавонам ин лаҳзаҳоро, ки андешаҳои деринаам ҷумла ба ҷумла дар зеҳнам ба чархиш меоянд, аз даст диҳам. Гоҳо барои он ки фикрҳо фаромӯш нашаванд, онҳоро чандборӣ такрор мекардам, вале чун шумораашон зиёд мешуд, мефаҳмидам, ки дигар ин ҳамаро дар ёд дошта наметавонам ва бояд бархезаму достонамро бинависам.

Continue reading

15.12.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | | 41 Comments

Иди артиши сурх

UazikИн яке аз қиссаҳои гумшудаи ман аст. Дастнависи ниҳоии он дар соли 1992, вақте манзили маро дар Душанбе ғорат карданд, ба яғмо рафт. Гумон мекунам, ба дасти ҷавонаки раҳгумзада ё ҷанговаре афтод, ки дар пешонӣ ситораи сурх ва дар камар тасмаи досуболғадори сохти Шӯравӣ, зери шиори ҳимоят аз низоми конститутсионӣ хонаҳоро ғорат мекарданд ва надониста ё дониста, ин дастнависро ба коми оташ афканданд ё ба носфурӯше доданд.

Continue reading

09.03.2013 Posted by | Афғонистон, Каме латра, Сарнавишт, Таҷриба, Ҳикоя | 1 Comment

“Каме латра”-и электронӣ

RusahfaНиҳоят бо роҳи “озмоишу ғалат” талош кардам, шакли электронии “Каме латра”-ро рӯйи ин сафҳа бигузорам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, 100 дарсад бовар надорам, ки таҷрибаи нав комёбона аст. Танҳо пас аз нашри ин ҷустор ва санҷидани тор хоҳам донист, ки тир ба нишон расидааст.

Continue reading

04.03.2013 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳикоя, Ҷомеа | 1 Comment

Хорхона

Аз касе шунидам, нависандае як достони худро ба гунае навиштааст, ки ҳамаи вожаҳои решаияш бо як ҳарф сар мешаванд, яъне ҳамаи калимаҳо бо ҳарфи “М” оғоз меёбанд. Достонро надидаам ва шояд он як суханбозиву шаклпарастист, вале ҳам шояд як шоҳкор. Ғазалҳои “шаҳрошӯб”-и бузургони адабиёти мо ва ҳам шакли “мувашшаҳ” ба ёдам омад. Аввалиҳоро ҳар мисраъ бояд бо “ш” шурӯъ шавад ва дар дувумӣ ҳарфи аввали ҳар байт бояд номи касеро бидиҳанд, ки мувашшаҳ ба ӯ бахшида шудааст.

Continue reading

28.05.2011 Posted by | Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | , | 1 Comment

Фариштаи барфӣ

Ба додари азизам, Илҳомҷон ин достони кӯтоҳ чандон писанд наомад. Менависад, ҳадаф нофаҳмост ва ҷузъиёт зиёд. Яъне пурҳарфии бемаъно. Бори дигар онро хондам ва андаке веросторӣ кардам. Соле ки ин достон дар “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд, чанд номаи гарме аз хонандагон гирифта будам, аз ҷумла аз Адолатҷӯи Ашкрез, ки тақрибан ҳамсоли Илҳомҷон аст. Нафаҳмидам, чаро ба яке аз онҳо хеле писанд омад ва ба дигаре хеле нописанд. Continue reading

20.10.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | 6 Comments

Сагзистон

Андешаи навиштани ин достон ҳанӯз замоне пайдо шуд, ки дар Гардези Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ кор мекардам. Вале рӯи коғаз овардани он бисёр сахт буд ва се дафъа навиштаву ноумед шудаву аз баҳраш гузашта будам. Нусхаи охирини он ҳамроҳи ҳамаи бойгониям дар солҳои ҷанг дар Душанбе ба ғорат рафт. Танҳо соли 1996 дубора ба он баргаштам ва ин ҳама сол аст, ки онро менавиштам. Гумон набояд кард, ки он танҳо саргузашти як саги бечора аст. Ва “Сагзистон” ҳам номи қадимии Сиистон, зодгоҳои Рустам аст. Continue reading

02.10.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | | 3 Comments

Достони алмоси сиёҳ

Ин ҳикояро ҳамчун паёми муҳаббат ба ҳамкурсони азизам, хатмкардагони соли 1982-и бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебахшам, ки ҳеч чизе даҳсолаҳост, ба пайвандҳои ҷонии онҳо газанде наовард. Вале нахуст як нуктаро бояд зикр кунам. Солҳое, ки донишҷӯ будем, аз нависандагон интиқод мекардем, ки чаро дар бораи ҳаёти донишомӯзон наменависанд ё хеле кам навиштаанд.

Continue reading

25.07.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Фарҳанг, Ҳикоя | 23 Comments

Гунги хобдида (Поён)

Дуруст мегӯянд, ки ҳар матнеро метавон то ба беохир оросту веросту перосту суфта кард. Ин бахш аз достони кӯтоҳи “Гунги хобдида” дар баробарӣ бо бахши пешинаи он хеле таҳрир дид. Ногуфта ва кетмонҳое будаанд, ки таҳтушшууран таҳт мондаанд ва нофаҳмидаҳое, ки акнун рӯ задаанд. Бознависӣ ҳамеша бознигарӣ ва бозкушоиҳое доштааст. Ҳоло дигар такмил ва том шуд ин достони кӯҳан. Шояд то бознависие дигар…

Continue reading

21.03.2010 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | | 4 Comments