Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Омос аз либоси Чин

libosБовар надорам, ки моли Чин дар бозорҳои Тоҷикистонро зери назорати қатъист ва лабораторияҳои Тоҷикистон қодиранд, таркиби онҳоро мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Дар ҳоле ки тамоми чизи мардуми мо, аз сарулибос гирифта, то рахти хоб ё ҳатто меваю сабзавоти он аз Чин меояд, хабари нав маро бисёр нороҳат кард. Дар такриби бархе аз маҳсулоти тавлиди Чин маводе ёфт шудааст, ки одамонро гирифтори саратон мекунад.

Continue reading

Advertisements

22.09.2013 Posted by | Тоҷикистон, Фалокат, Чин, Ҷомеа | , , | 6 Comments

Чини пешонӣ аз пештозии Чин

Дӯсти оҳангари ман, Баҳриддин, ки аз рессори мошин беҳтарин корду ханҷар ва аз оҳани кӯҳна садбарги шукуфон сохта метавонад, тобистони гузашта аз чиноиҳо шиква кард. Гуфт, як рӯз омаданду оҳангархонаашро ба видео гирифтанд, махсусан дасткорҳояшро ва моҳе баъд бозорашро касод карданд. Тамоми чизе ки ӯ месохт, аз ҷумла досу каланд, белу табар – ҳамаро акнун аз Чин меоранд ва дар ҳамин бозор мефурӯшанд.

Continue reading

24.01.2010 Posted by | Иқтисодиёт, Равобити байнулмилалӣ, Тоҷикистон | , , | 7 Comments