Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бе ягон охирсухан

Oinhol1Бардошти ман ин аст, ки мо, тоҷикон, пешгуфторро дӯст медорем, вале тоқати расидану таҳаммул кардани охирсуханро надорем. Шояд аз ин ҷост, ки на ҳамаи корҳоямон, ҳарчанд хуб оғоз меёбанд, ба беҳтарин шева анҷом мегиранд. Муқаддимаи интихоботи президентии Тоҷикистон ҷолиб буд ва шӯру шавқеро ба бор овард, аммо…

Continue reading

Advertisements

26.10.2013 Posted by | Интихобот, Сиёсат, Тоҷикистон, Ҷомеа | , | 12 Comments

Давраи дарози гузариш

asri 19Хулосаи коршиносоне, ки дар баҳс ширкат карданд, бо вуҷуди он ки ҳар кадом аз номзади дигаре ҳимоят менамуд, яксон буд: “Давраи гузариш дар Тоҷикистон ба марҳилаи наве ворид шудааст, ки ислоҳоти қатъӣ ва мудирияти беҳтарро тақозо мекунад.” Вагарна кишвар ба рукуд ва хатар рӯбарӯ мешавад.

Continue reading

05.10.2013 Posted by | Баҳс, Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | , | 35 Comments

Номзади сер зидди гурусна?

el23Дар баҳси сокинони шакабаҳои иҷтимоӣ ва дар шарҳу форумҳои ахир ҳарчӣ бештар ин ақида садо медиҳад, ки президенти “куҳна” беҳтар аз нав аст, зеро “куҳна” кайҳо ҷайбу ҳисобҳои бонкии хориҷияшро пур кардааст, ғами наберу аберашро хӯрдааст, дар хориҷа моликият дорад ва ҳоло метавонад рӯ ба мушкилоти мардум орад. Аз шахси нав ҳарос доранд, ки чандин сол зарур аст, то шикаму чашмаш сер шаванд.

Continue reading

29.09.2013 Posted by | Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | , | 52 Comments

Интихоб аз кист? Оё аз мардум?

3EFCC9CB-C438-4AF4-803B-2C5001BFB06D“Итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунанд ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.”

Continue reading

13.09.2013 Posted by | Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | , | 16 Comments